15:16:56 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«Ҳамешабаҳор» то тирамоҳ худоҳофизӣ кард

Ҷаласаи навбатии маҳфили адабии шоири шинохта Хайрандеш «Ҳамешабаҳор» ин дафъа на дар ҷойи ҳамешагии худ -яке аз толорҳои барҳавои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон, балки дар пояи муҷассамаи бунёдгузори шеъри оламшумули форсӣ -дарӣ –тоҷикӣ Абӯ Абдуллоҳ Рӯдакӣ дар Боғе, ки номи ӯро ба худ ихтисос додааст, баргузор гардид.

maftuna hameshabahor 1Зеро ин охирин ҷаласаи ин маҳфили адабӣ дар соли таҳсили 2013-2014 мебошад. Бояд гуфт, ки аксари аъзои ин маҳфил хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни донишкадаҳои олӣ аз тамоми гӯшаву канори кишвар мебошанд. Бинобар ин ҷаласаҳои ин маҳфил маъмулан аз моҳи сентябр шуруъ шуда то моҳи июн чун таҳсил дар мактабҳо идома мекунанд.

Чун анъана нахустин ва охирин ҷаласаҳои ин маҳфил дар пояи ҳайкали Одамушшуаро барпо мегарданд. Дар ҷаласаи ахири мавсими солҳои 2013-2014 раҳбари маҳфил Хайрандеш мухтасаран аз дастовардҳои он дар тӯли як сол ёдовар шуд. Сипас он аъзоёни маҳфил, ки дар ин мавсим бештар аз дигарон фаъол буданд, шеърҳои ба тозагӣ эҷоднамудаи худро дар назди мухлисони  шеъру адаб, ки миёни истироҳаткунандагони Боғ зиёд ба назар мерасиданд, қироат карданд.

Ба дӯстдорони назму адаб шеърхонии Мафтуна Назирова, донишҷӯи соли авали факултаи журналистии ДМТ, Шукронаи Фозилзода, донишҷӯи соли аввали факултаи химияи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе, шоир Холи Одина аз ноҳияи Рӯдакӣ, Давлат Латифӣ аз Шӯрообод, Мужда аз Донишгоҳи Омӯзгории шаҳри Душанбе, хонандагони синфи ҳафтуми мактабҳои таҳсилоти умумӣ Зарҳал аз Душанбе, Малика аз Норак, Шабнами Гулмаҳтоб, сокини деҳаи Буни Ҳисорак  хеле писанд омад.

Ҷолиб он буд, ки донишҷӯи рустабори ДМТ Татяна шеъри ба забони тоҷикӣ эҷодкардаи худро  дар васфи модар дар ин базм қироат кард ва гарм истиқбол гардид. Бонуи дигар Ҷейми амрикоӣ, ки номи тоҷикии Гулҷамолро ба худ гирифтааст, чанд панду андарзи маликушшуаро устод Рӯдакиро ба забони ширини тоҷикӣ қироат кард.

Дар ин маҳфил овозхонҳои шинохати тоҷик Ҷамшеди Исмоил, Иззат Шарифӣ ва овозхонҳои ҷавон Зафари Саидҷаъфар, Эҳсони Шарофиддин, Мино ва ансамли давлатии рақсии «Лола» хеле хуб ҳанарнамоӣ карданд.

Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор», ки ин маҳфили зеборо тамошо кардааст, барои муштариёни сомона инак гузориши мусаввареро аз ҷараёни ин маҳфил пешкаш менамояд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi