16:24:33 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

АҲМАД ЗОҲИР: «РИЁЗАТ МАРО АҲМАД ЗОҲИР КАРД!»-3

 

 

 

 Доктор Багромвол: Гоҳе сиёсат кардӣ?

Аҳмад Зоҳир: Чаро на? Сиёсат сардори улум аст.

Доктор Багромвол: Гоҳе фалсафа хондӣ?

Аҳмад Зоҳир: Бале, фалсафа модари улум аст.

Доктор Багромвол: Барои он, ки рӯзе раҳбар шавӣ ва қудрати сиёсиро ба даст оварӣ?


Аҳмад Зоҳир: Хандаи қаҳ-қаҳ!

Доктор Багромвол: Гапи ғалат задам?

Аҳмад Зоҳир: Дақиқан!

Доктор Багромвол: Пас таъбири дигар чист?

Аҳмад Зоҳир: Ман дар ҷомеаи худ курсие дорам, ки агар даҳҳо кудатҳо дар ватан анҷом шавад, ҷои маро ишғол наметавонанд. Зарурат нест, ки инсон ба курсие бинишинаду чаҳорто ҳозирбош дар атрофаш ба намоиш дароянд.

Ҳамон тавре, ки Ленин раҳбари инқилоб дар Русия буд, аммо Максим Горкий нақши умдатар дар танвири азҳони мардуми шӯравӣ дошт.

Ҳамон тавре, ки теотрчиён ғарбро бедор ва огоҳ сохт, дар саросари Афғонистон, ва дар хориҷи Афғонистон ман хона ба хона ҷой дорам. Вале Нурмуҳаммад Таракӣ агар дар чанд хонае вуҷуд дошта бошад! Он ҳам дар шак аст.

Ҳунарманде, ки аз сиёсат дур аст, ё аз хондани фалсафа тарс дорад, ӯ барои худ мехонад. Ҳунарманд низ ҳақ дорад, ки бо рисолат бошад. Ҳунарманд низ ҳақ дорад таъаҳуд бошад. Ҳунарманд низ ҳақ дорад, ки дар тағйир додани ҷомеа саҳм дошта бошад. 


 


Доктор Багромвол: Дӯст, тасаввур мекунед, ки ҳунармандони мо куллан ё қисман дар ин росто нокоманд?

Аҳмад Зоҳир: Ҳунармандоне, ки сирф ба хотири нон ба ҳунар васл шудаанд, чандон алоқае ба масоили умдаи мамлакат надоранд. Баъзан дар тарс зист мекунанд. Дар ҳоле, ки дар тарс зистан, дар марг зистан аст.  

Аммо ононе, ки қадамҳои бештар ва пештар бардоштаанд, ононе, ки сарнавишти худро дар сарнавишти миллати худ гиреҳ заданд, хоҳӣ на хоҳӣ мутолиат мекунанд, риёзат мекашанд, дар ҳунари худ ва дар мардуми худ, тағйир меоваранд. 

Доктор Багромвол: Мешавад як мисол биёваред?

Аҳмад Зоҳир: Мисоли бисёр мавҷуд аст. Аммо тарс аз он аст, ки аз овардани як мисоли маъсумона дарзе дар байни ҳунармандони ватан эҷод нашавад. Ҳоло, ки Иттиҳодияи ҳунармандон дар хориҷи кишвар ба вуҷуд омада, ин мавзуъот худ ба худ ба баҳс меравад. Ва авомили хориҷӣ низ дар заминаи рушди он таассири худро муваффақона ба ҷо мегузорад. 

Доктор Багромвол: Авомили хориҷӣ яъне чӣ?

Аҳмад Зоҳир: Намешавад, ки ҳунарманд дар Амрико зист кунад, вале аз хонум Маддона ё аз хонум Ҷаннат Ҷексон дар кори ҳунарии худ илҳом нагирад. Ё имтиёзоти онҳоро набинад. Ё ҷавоизи оскор, громмӣ ва эймиро тамошо накунад. Ё консертҳои ғулосоии онҳоро нодида бигирад. Ё теётар онҳоро набинад. Ва аз онҳо таъсир напазирад.

Доктор Багромвол: Ташаккур бародари гиромӣ. Ҳоло, ки аз театр ном гирифтед, назари худро дар робитаи театри Афғонистон иброз бифармоед?

Аҳмад Зоҳир: Вақте як ҷомеа рушд наёфта доред, аз мактабу муалим, аз мадрасаву мударис, аз донишгоҳу устод, аз сатҳи огаҳии омми ҷомеа чизи бештаре интизор наметавонед дошта бошед. Агар гоҳ-гоҳе талошҳои фарде намуна қарор бигирад, ҳасудон ба маргаш сайъ мекунанд. Театри мо ҳам монанди соири ургон ва абъоди ҷомеа дар қайди низоми ҳоким буд. Олитарин дуроми мо дар асри ман дуроми хушу буд, ки чандин моҳ ба намоиш рафт. Аммо либотизи дуроми хушу батарафи касе буд, ки наметавонист аз назми кӯҳнаи худи қадиме фаротар бигузорад. 

Нақши ҳунарӣ он нисбат ба таъсирандозии он дар ҷомеа чарб тар буд. Дар ҳоле, ки театр барои тағйир додани ҷомеа эҷод шуда, на барои сарфи хандодан!

Агар чи пулсозиҳои ваҳшатовар дар ғарб низ театрро аз ҷодаи худ, инҳироф дода. Бигузоремашон ба ҳоли худашон!

Лекин мо ба театр сарвати мубрам дорем. Ба хусус имрӯз, ки ҳар чизи мо ба ҳалокату нобудӣ рафта равон аст. Ҳатто муҷассамаҳои арзишманди мо.

Доктор Багромвол: Ташаккур, дар соҳаи ҳунари худ, аз худ беҳтартаре суроғ дорӣ?


Аҳмад Зоҳир: Воҳ! Чӣ саволи аҳмақона!  

Бубахш рафиқи хубам, Багромвол. Ман интизор надоштам, ки чунин саволе дар мағзат хутур мекунад ва ба забонат ҷорӣ мешавад. Ман як роҳрави кӯчакам, дар дунёи бузурге, ки ман дорам. 

Агар ҳар падидае ба таври муҷаррад мавриди арзёбӣ қарор бигирад, шояд ман беҳтар аз ҳама бошам. 

Агар равобити ҳамаҷониба ва ургоник падидаҳоро ба дурусти мутолиъа кунем, падидаи ҳунар, ки худ баҳри азиме ҳаст, моро ба мутолиъоти васеъ ва торихӣ даъват мекунад. Дар он сурат ҳар бузурге бароятон кӯчак менамояд. 

Агар ин систем ҷоз ва соири олоти мусиқӣ, ки чакидаи илм ва ирфон аст, набуд, ман кай будам?

Агар барқ набуд, родию ва телевизион куҷо буд? Агар родию ва телевизион набуд, ман куҷо будам? Агар ҳамон падар огоҳ набуд, ман чӣ будам? Агар ун Сорбон, Қоризода ва устод Найнавоз набуд, ман чӣ будам? Агар ун пешвоёни илм, ҳунар ва риёзат набуданд, устод Сорбон, Қоризода ва Найнавоз кай мебуданд?

Пас аз ту мехоҳам, ки то рӯзи абад чунин саволеро аз касе дигар матраҳ накунӣ! Ба хусус вақте, ки «Илм ва ҳунар»-ро пушт ва рӯи як сикка медонӣ. Ҳар яки мо бо бизоати кам ва ё зиёда худ «Ноқил» ҳастем, байни гузашта ва оянда. Ташаккур аз диққатат!

Доктор Багромвол: Маро ба хотири ҷаҳлам бубахш.

Аҳмад Зоҳир: Мебахшамат машрут ба он кӣ: Бидонӣ, ки гап задан, даҳон шӯр додан нест. Ҳарчи ки аз даҳони мо баромад, бодо бод гуфта наяндозем.

Доктор Багромвол: Ман аз тариқи родиюи Афғонистон тайи мусоҳибае аз забони худат шунидам, ки ба овози Сорбон бештар гӯш медиҳӣ. Имрӯз бори дигар тайид кардӣ, ки ӯ дар ту ишқ офарид ва роҳи ояндаатро тайин кард. Мешавад пурсон кунам, ки ба овози кадом ҳунарманди зан алоқаи бештари дорӣ?

Аҳмад Зоҳир: Занони мо дар он мавқеъият қарор надоранд, ки байнашон фарқгузорӣ шавад. Ман ҳар якеашонро қадр мекунам. Дар ҷомеаи торику тори мо вақте як зан ба сари истежӣ боло мешавад ё ба родию ва телевизион овоз сабт мекунад, ҷиддан қобили қадр аст. Аммо баранда касонеанд, ки дар маслаки худ талоши бештар ба харҷ медиҳанду навофаринӣ мекунанд. Ё бо иборати дигар аҳли риёзатанд.

Доктор Багромвол: Аҳли риёзат ё аҳли раёсат?

Аҳмад Зоҳир: (Хандаи қаҳ-қаҳа). Тасаввур кун ҳардуяш.

(Давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi