04:07:24 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШАБНАМ, БАҲРОМ ВА ҶОНИБЕК ДАР АМРИКО

16 ноябр дар Манҳеттен-Сентри Ню Йорк, ё ба истилоҳ, маркази “пойтахти дунё” маросими супоридани ҷоизаҳои Big Apple Award доир гашт. Дар консерт беш аз 35 нафар овозхон, навозанда, дастаҳои рақс ва ҳунармандон аз Арманистон, Гурҷистон, Озарбjйҷон, Узбакистон, Тоҷикистон, Исроил ва Амрико ширкат варзиданд. 

Дар баробари ситораҳои сатҳи байналмилалӣ назири Араш, Анди, овозхони саршинос аз Исроил Алабина Иштар, ҳунарманди шоистаи Узбакистон Насиба Абдуллоева ва дигарон бори нахустин се хонандаи ҷавони тоҷик Шабнами Сурайё, Баҳром Ғафурӣ ва Ҷонибек Муродов ҳунарнамоӣ намуда, ба ҷоизаҳои мухталиф ноил гаштанд. Дар толори Манҳеттен-Сентр, ки ғунҷоишаш беш аз 3 000 нафар аст ягон курсии холӣ намонда буд ва тамошобинон ҳунарнамоии овозхонони тоҷикро бо кафкӯбиву аҳсангӯиҳо истиқбол намуданд.

Ба Ҷонибек Муродов ҷоизаи беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон, Шабнами Сурайё Беҳтарин овозхони зан аз Тоҷикистон ва Баҳром Ғафурӣ беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон супурда шуд. Ба тамошобинон ба вижа ҳунарнамоиҳои Шабнам ва Баҳром писанд омад ва тамоми толор ки дар он намояндагони қариб тамоми миллатҳои ҷаҳон буданд, дастонашонро боло бардошта, дар ҷойҳояшон мерақсиданд.

Дар сӯҳбатҳои ихтисосӣ Шабнам, Ҷонибек ва Баҳром ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки ширкат дар чунин ҳамоиши санъткорон барояшон мояи ифтихор аст ва онҳо тамоми кушишро ба харҷ супориданд, то ки обрӯи мусиқии тоҷикро боз ҳам баланд бардоранд.

Консерт дастикам севу ним соат идома кард ва дар фарҷомаш ситораҳои саршиносӣ эронӣ Анди ва Араш ва овозхони маъруф Алабина Иштар сурдхонӣ намуданд ва ҷоизаҳои волотарин низ насиби онҳо гашт.

Хонум Алабина Иштар аз Исроил сурудҳоро бо забони арабӣ иҷро мекард ва дар поёни баромадаш гуфт ки исроилиҳо ва арабҳо ду халқи бародаранд ва санъат метавонад ин ду миллатро бо ҳам тифоқ кунад. Вай изҳори умедворӣ намуд ки пешвоёни ин миллатҳо рӯзе тавонанд ба чунин созиш дар арсаи сиёсӣ низ бирасанд.

Дар консерт, овозхонон Дато аз Гурҷистон, Ҷовид Шариф аз Афғонистон, Фирдавс аз Узбакистон, Коби Перетс аз Исроил, дастаҳои раққсии "Лезгинка" ва "Кавказ"-и Ню Йорк, "Арманик"-и Лос Анҷелес ва дигарон низ ширкат варзиданд.

Латифи Латифӣ, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi