04:51:06 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Коргардоне, ки даст болои набзи ҷомеа дорад

Мирзоватан Миров 65-сола шуд. Ӯ дар санъати муосири тоҷик, ба хусус дар соҳаи театру ҳунари мусиқии чил соли ахири кишвар, шахсияти нодиру нотакрор ба шумор меравад. Ӯро ба ҳайси коргардон, ҳунарпешаи театр, овозхон, омӯзгор, драматург ва нависанда дар доираи илму адаб ва фарҳанги кишвар хуб мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Ва аммо мо дар ин мақола танҳо сифати яке аз ин ҳунарҳои ӯ, ҳунари коргардонияшро хоҳем кард.

Театр бояд спектакл намоиш диҳад

1_mirzovatan-12214545Фаъолияти меҳнатии Мирзоватан Миров ҳамчун коргардони театр асосан аз соли 1975, аз ҳамон рӯзе, ки устодаш шодравон Одинаи Ҳошим, Ҳофизи Халқии Тоҷикистонро дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализода шаҳри Кӯлоб директор таъйин карданд, ба таври ҷиддӣ шуруъ мешавад. То он замон дар театри мазкур раҳбарияти он ба таҳияи барномаҳои консертӣ бештар аҳамият медод. Намоишномаҳое, ки ба нудрат ба саҳна гузошта мешуданд, чандон мавриди истиқболи гарми тамошобинон қарор намегирифтанд. Зеро аз ҳар ҷиҳат: режиссура, бозии актёрҳо, ороиши саҳна, мусиқӣ аз камбудиҳои ҷиддӣ холӣ набуданд. Сабабаш маълум буд. Актёрони касбӣ дар ин театр чандон зиёд набуданд. Ба замми он интизоми меҳнат бо ду по мелангид. Мирзоватан корро дар ин ҷо аз таълиму тарбияи актёрон, махсусан онҳое, ки дар мактабҳои соҳа таълим надида буданд, оғоз кард. Чунин кор натиҷаи мусбат дод. Мирзоватан тавонист дар се моҳи аввали фаъолияташ ба ҳайси коргардон се намоишномаеро, ки бо сабабҳои гуногун ( камбуди  актёрон, набудани коргардон) намоишашон қатъ шуда буд, барқарор намояд. Инҳо намоишномаҳои «Робияи Балхӣ»-и Абдусалом Атобоев, «Комбриг Томин»- Рабиев ва М. Бегматов ва «Се нафар хушдор»-и Абдумалик Баҳорӣ буданд. Ба илова дар ҳамин давра ӯ аввалин намоишномаи калонҳаҷми худ «Шамшер ва рангинкамон»-и Абдуҷаббор Қаҳҳориро ба саҳна мегузорад. Ҷаҳду талоши Мирзоватанро ба назар гирифта апрели соли 1976 ӯро саррежиссёри Театри мазҳакаи мусиқии Кӯлоб таъйин мекунанд. Аз ин ба баъд кори театр дар Кӯлоб равнақ гирифт. Театр худи ҳамон сол моҳҳои ноябру декабр бо даъвати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бо спектаклҳои « Шамшер ва рангинкамон»-и А.Каҳҳорӣ, «Шаби пиесаҳои якпардагӣ»-и А.П. Чехов, « Се нафар хушдор»-и А.Баҳорӣ, «Комбриг Томин»-и Рабиев ва М.Бекматов, « Робиаи Балхӣ»-и А.Атобоев ва ду барномаи консертӣ бо иштироки Одина Ҳошим ва Сурайё Қосимова ба сафари ҳунарӣ ба Душанбе омад ва ба истиқболи гарми тамошобини пойтахт рӯ ба рӯ шуд.

Се сол баъд сафари дуввуми театр ба пойтахт баргузор мегардад. Ин дафъа ҳунармандон ба Душанбе намоишномаҳои «Карим-Девона»-и Т.Аҳмадхонов, «Андро ва Сандро»-и Георгий Хугаев, «Тӯй рӯзи шанбе таъин шудааст»-и Максим Каримов, «Писари калонӣ»-и А.Вампилов, « Ҳукмномаи хотимавӣ»-и Нодар Думбадзе, оварданд, ки се спектакли аввалро Худи Мирзоватан Миров таҳия намуда буд. Воқеан мусиқии «Карим Девона» -ро низ ӯ навишта буд. Дар намоишномаи «Ҳукмномаи хотимавӣ бошад» ӯ нақши Лиму Довдорианиро иҷро кард. Ин сафари ҳунарӣ дар муқоиса бо сафари аввал ба комёбии бештаре ноил гардид.

Мирзоватан аз Плучек, Менглет ва Папанов сабақ мегирад

Мирзоватанро баъди ин ҳамчун коргардони умедбахш барои гирифтани таҷриба ва таҳсили илм ба Курси дусолаи олии режиссёрӣ, ки дар нади Театри академии ҳаҷву танзи шаҳри Маскав фаъолият мекард, мефиристанд. Ӯ дар он ҷо донишу малака ва таҷрибаи худро аз дарсу сабақҳои бузургтарин коргардонҳову хунарпешаҳои машҳури шӯравӣ аз қабили Валентин Николаевич Плучек, Георгий Павлович Менглет , Анатолий Папанов, Андрей Миронов, Юрий Афшаров, Катя Градова, Анатолий Гузеко ва ғайра боз ҳам ғанитар намуд.

2_mirzovatan-12214545

Баъди хатми таҳсил дар Маскав Мирзоватан дар Театри мазҳака ва мусиқии Кӯлоб ба ҳайси раҳбарӣ бадеӣ таъйин гардид. Ҳамзамон ҳамчун коргардон аз ин ба баъд намоишномҳои «Раиси сездаҳум»-и А. Абдулин, «Хусрав ва Ширин»- А. Деҳотӣ ва Мирзо Турсунзода (1981), «Тангкӯча»-и Меҳмон Бахтӣ, «Шабистон»-и Ҷумъа Қуддус (1982), «Найрангҳои Скапен»-и Молер, «Офарин Шерак»-и А.Инин, «Мукофот»-и Есиненко (1983), «Раъно»-и Н. Исломов, «Салом падарони азиз»-и Р. Отколенко (соли 1984), «Маҷруҳон»-и В. Кримко, «Бе пир марав»-и Т. Аҳмадхонов (1985), «Писари ситора»-и О. Уайлд, «Дар чорсӯ»-и Нур Табаров (1986), «Падаршоҳи вопасин»-и А. Абдулин, «Сокини сайёраи хирад»-и Меҳмон Бахтӣ, «Октябри бахтовар»-и А. Исмоилов, «Ҳуррият»-и Ғанӣ Абдуллоҳ, «Қасри сиёҳ»-и Мирзоватан Мировро (1987), рӯи саҳна овард.

Ҷаҳду талошҳои хастагинопазиронаи Мирзоватанро дар ҳукумати Тоҷикистон ба назар гирифта соли 1987 ба ӯ унвони «Арбоби хизматнишондодаи Тоҷикистон»-ро сазовор донистанд. Қадршиносӣ ӯро руҳбаланд сохт. Соли 1988 ӯ дар баробари «Доми Фиреб»-и Р. Тома ва «Ҷавонмардро кӣ дуздид»-и И. Боташев драмаи манзуми шодравон Сафармуҳаммади Аюбӣ «Фишор»-ро низ таҳия кард.

«Фишор» фишоре буд болои намоишномаҳо…

Дар байни намоишномаҳое, ки Мирзоватан то ин вақт ба саҳна гузошта буд, спектакли «Фишор» аз ҳар лиҳоз, ҳам аз нуқтаи назари интихоби мавзуъ, режиссура, бозии ҳунарпешаҳо, ороиши саҳна (рассом П. Гейвандов), ороиши мусиқӣ (оҳангсоз Талабшоҳ Сатторов) як сару гардан фарқ мекард. Бояд гуфт, ки ин аввалин бор буд, ки аз саҳнаи як театр, он ҳам бошад театри музофотӣ, тамоми камбудиҳои ҳаёти иҷтимоии кишвар чун дар оинаи кафи даст манзури тамошобинони сершумор мегардид. Камина аз хурдӣ ба санъати театриву ҳунарпешаҳои театру синамо ҳусну таваҷҷуҳи хоса дорам. Дар айёми донишҷӯӣ ин меҳру муҳаббати маро ба театру кормандони он устоди гаронқадр профессор Соҳиб Табаров бештар афзун карда буданд.

3_mirzovatan-12214545Ҳар гоҳе, ки устод ба театр мерафтанд, аз пули худашон ҳатман чор-панҷ билет мегирифтанд ва ҳар бор бо худ се-чор донишҷӯи факултаи филологияи Донишгоҳии Давлатии Тоҷикистонро ба тамошои намоишномаҳо, махсусан нахустнамоишномаҳо мебурданд. Шукри бепоён Худовандро, ки ифтихори якҷо бо устод ба театр рафтан шояд аз дигар ҳамкурсон бештар насиби ман мегардид. Устоди бузургвор баъди тамошои намоишномаҳо онҳоро ҳатман мавриди баҳс қарор медоданд.

Фикру андешаҳои моро мешуниданду баъдан хулосаву ҷамъбаст мекарданд, ки барои боло бурдани ҷаҳонбинӣ ва зебоифаҳмии мо нақши муҳиме доштанд. Аз ин ба баъд ба театр рафтан барои мо дигар яке аз эҳтиёҷоти ҳаёти маънавӣ шуда монд. Ман бо ин руҷуъ гуфтаниям, ки ҳамчун тамошобини театр собиқадорам. Ва аз ҷумлаи ҳамон хушбахтҳое ҳастам, ки соли 1989 аз 14 нахустнамоиши пайдарҳами «Фишор» дар саҳнаи театри Кӯлоб қариб дар нисфи он ҳамчун тамошобин ширкат намуда онро бо завқ борҳо тамошо кардаам.

Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, дар ҳамаи 14 нахустнамоиши ҳамин спектакл ҳамеша толор пур буд, дарҳо кушода ва мардум аз берун ҳам рост истода бозии ҳунарпешаҳоро тамошо мекарданд. Ман на қабл аз намоишномаи «Фишор» ва на баъдан ( албатта ба истиснои «Шоҳ Эдип»-и Ҳошим Гадову «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон»-и шодравон Фаррух Қосим) чунин бо шавқи зиёд ба театр рафтани тамошобини одӣ ва барои харидани чиптаҳо навбатҳои дароз поидани онҳоро дар Тоҷикистон надида будам ва мутаассифона, то ҳол ҳам дигар надидам.

Бале, имрӯзҳо баъзан дар театрҳо мо аншлаг, яъне толори пур аз тамошобинро мебинем, Вале мутаассифона, бояд гуфт, ки ин толорҳои мамлу аз одамон, бисёр вақт ба таври сунъӣ, баъзан иҷборӣ пур карда мешаванд. Баъзан ин гуна «тамошобинон» ба ҷои тамошои спектакл дар рафти он ба истеҳзои ҳунарпешаҳо машғуланд. Ба ҳар як сухани онҳо бо овози баланд хӯрдагирӣ менамоянду тавҳину масхара мекунанд. Ба кори ҳунармандон халал мерасонанд.

…Ва на танҳо болои намоишномаҳо

«Фишор» реклама надошт. Вале нахустнамоиши аввалини он кофӣ буд, ки ба 13 нахустнамоиши дигар мардум худҷӯшона, довталабона  сарозер шаванд. Зеро нахустин тамошобинони «Фишор» наметавонистанд он таассуротеро, ки дар рафти ин намоиш гирифта буданд, бо дӯстону пайвандон, наздикони худ дар миён нагузоранд. Охир, онҳо бори аввал медиданд, ки аз саҳнаи театр, масалан дузде бо овози баланд мегӯяд, ки дузди калонтар аз ӯ милиса ҳаст. Аниқтараш ӯро дар ин дуздиаш милиса пуштибонӣ мекунад. Зеро дузд моли дуздидаашро бо милиса тақсим менамояд. Прокурор бошад эътироф мекунад, ки барои аз ҷавобгарии ҷиноят озод кардани ҷинояткор аз ӯ ба маблағи муайяне пора мегирад ва ғайраву ҳоказо. Хулоса, дар намоишнома ҳама камбудиву норасогиҳои мавҷудаи ҳаёти иҷтимоӣ тавассути образҳои мухталиф, диалогу монологҳои қаҳрамонон ва персонажҳои он ва хусусан бо усулу шеваҳои коргардонӣ, ки аксаран бозёфтҳои Мирзоватан буданд, ошкоро ифшо мешаванд. Одамоне, ки як умр аз театр дур буданд ва дар деҳоти дурдасти минтақаи Кӯлоб зиндагонӣ мекарданд, баъди шунидани овозаи «Фишор» талош мекарданд, ки ба шаҳр омада ҳамин намоишномаро боре ҳам бошад, тамошо кунанд. Тақрибан беш аз як моҳ сухани рӯзи мардуми шаҳри Кӯлоб намоишномаи «Фишор» буд. Тамоми мансабдорони идораҳои ҳукуматӣ ба театр омада ин намоишномаро тамошо карданд. Аҷиб он буд, ки ҳар яке аз онҳо баъди тамошо дасти муаллифи пиеса ва коргардонро фишурда мегуфтанд, ки «рост мегӯед, дар мо камбудиҳо аз ин гуфтаҳои шумо  бештаранд, агар худро ислоҳ накунем, Худо медонад, ки ба чи балоҳое гирифтор хоҳем шуд». Баъди гузашти се-чор моҳ эҳсос шуд, ки ин намоишнома болои мардуми шаҳр як андоза таъсири худро гузоштааст. Мардуми одӣ дар талаби ҳаққи ҳалоли хеш, ҳуқуқҳои худ нисбатан боҷуръаттар шуда буданд. Онҳое, ки дар симои қаҳрамонони манфӣ худро медиданд, дигар мекӯшиданд, ки дар ҳалли масоили иҷтимоӣ ба амалҳои ношоиста, аз қабили порахӯриву ёру ошнобозиву маҳалгароӣ камтар даст бизананд. Инро дар шаҳри на чандон калони Кӯлоб бо чашмони одӣ ҳам як муддати муайян мушоҳида карда метавонистед.

«Шоҳ ҷоиза»-ро бо «Фишор» гирифт

4_mirzovatan-12214545 «Фишор» соли 1989 дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Парасту» ба гирифтани «Шоҳ ҷоиза» (Гран-при) ноил шуда, ҳуқуқ пайдо кард, ки дар фестивали байналмилалии театрҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон ширкат варзад. Дар Алмаато низ ин намоишнома ба комёбии назаррасе ноил гардид. Театршиносону мунаққидони соҳа на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам ба ин намоишнома таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда баҳои арзанда низ доданд.

Кофист дар ин ҷо суханони мунаққиди театр аз шаҳри Москва доктор Соколянскийро хотирасон кунем, ки ҳамон вақт баъди тамошои спектакл гуфта буд: «Фишор» бояд дастраси доираи васеътарини дӯстдорони театр гардад- онро ҳатман бояд аз доираи ҷумҳурӣ берун баровард, то ҳама фаҳманд, ки дар мамлакат эпоси наву замонавие пайдо шуд, ки саршор аз ҷаҳонфаҳмии нозуки шоирона ва дарки файласуфонаи замон аст».

Ҳампеша ва собиқ ҳамкорӣ Мирзоватан Миров Толибҷон Бобоев, ки феълан директори Театри давлатии Ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мебошад, дар сӯҳбат бо мо  гуфт, ки Мирзоватан Миров чун як фарди огоҳ хусусиятҳои ба худ хоси дарк кардани дарди ҷомеъа ва дуруст арзёбӣ кардани таҳаввулоти иҷтимоиву сиёсии рӯзро доро ҳаст. Ӯ дар асарҳояш ҳатто кӯшиши нишон додани роҳҳои баромадан аз ин мушкилотро мекунад. Ҳамин хусусият ва хислатҳои фардиву инсонии ӯ дар таҳияи асарҳои саҳнавӣ ва на танҳо саҳнавияш таъсиргузор мебошанд. Толибҷон Бобоев барои тақвияти фикраш як таҳлиле аҷиберо пешниҳод кард.  Ба қавли ӯ «агар дар намоишномаи «Фишор» (соли 1989) Мирзоватан Миров аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ва заволи партияи коммунистӣ то андозае дарак дода бошад, дар асари драмаи мусиқии «Заволи Чамбули Мастон» (соли 1990, муаллифи пиеса Сафармуҳаммад Аюбӣ) рақобати байни қавму миллатҳои Осиёи Марказиро баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ пешгӯӣ кардааст. Дар спектакли «Ромео ва Ҷулета»  (муаллифи пиеса Уилям Шекспир), ки ҳанӯз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ таҳия ва ба саҳна гузошта шуд (1995), ӯ зиддияти қавмӣ ва маҳалгароиро сахт маҳкум карда, талқин менамояд, ки фараҳу нишоти зиндагӣ дар сулҳу суботи ҷомеа аст. Барои он ки тамошобин хубтар сарфаҳм биравад, ки сухан дар бораи худи мост, аввалин бор ин асари Шекспир бо декоратсия ва мусиқии сирф тоҷикӣ рӯйи саҳна омад. Сару либоси ҳунармандон ва урфу одати персонажҳо, тарзи гуфтору рафтори онҳо тоҷикӣ буд. Бинанда дар симои қавмҳои ба ҳам мухолифи монтекҳо ва капулетҳо тоҷикони паҳну парешон ва дар ҳоли ба ҳам дар набардро медиданд. Сулҳи байни капулетҳо ва монтекҳо дар саҳна ин орзу ва хоҳиши дидани чунин як сулҳ дар зиндагии тоҷикони коргардон буд. Шукри Худованди бузург, ки соли 1997 ба ин орзуву ниёзи худ расидем. Хулоса, агар коргардон Мирзоватан Мировро ҳамқадами замон бигӯем кам аст. Ӯ қадаме пештар аз замон мегузорад».

Бо «Чашмони бародари қиёматӣ»-аш Ҷоизаи Рӯдакиро ҳам дид

Соли 2010 Мирзоватан Мировро барои таҳияи намоишномаи Нур Табаров «Чашмони бародари қиёматӣ» сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯадбуллоҳ Рӯдакӣ донистанд. Ин намоишномаи Мирзоватан низ дар фестивали 6-уми байналмилалии театрҳои миллӣ, ки дар пойтахти Давлати Исломии Афғонистон соли 2010 баргузор гадид, се ҷоизаи аввалро касб кард. Ҳакамон ҷоизаи «Беҳтарин нависанда»-ро ба Нур Табаров, «Беҳтарин коргардон»-ро ба Мирзоватан Миров ва «Бозингари беҳтарин нақши мардона»-ро ба иҷрокунандаи нақши калидии ин намоишнома Ғолиб Исломов лоиқ ҳисобиданд.

Баъди тамошои «Чашмони бародари қиёматӣ» дар Театри ҷавонон ман аз як тан аз алоқамандони театр, Файзалӣ Султонов, устоди Донишгоҳи Иқтисодии Тоҷикистон, хоҳиш кардам, ки бардошти хешро аз тамошои ин спектакл ба мо иброз дорад. Ӯ чунин гуфт: «Мазмуни намоишнома агарчӣ аз ҳаёти даврони қадими мардуми машриқзамин гирифта шуда бошад ҳам, вале коргардони он масъалаву мушкилоти имрӯзи ҳаёти моро хеле моҳирона ва дурандешона дар миён гузоштааст. Проблемаҳои ҷангу сулҳ, адолати додгоҳӣ, дур шудан аз меҳнати фоиданоки ҷамъиятии бархе инсонҳо бо баҳонаи гӯшаи узлатнишинӣ ва ғайра инҳо проблемаҳое ҳастанд, ки дар рӯзгори ҷомеъаи имрӯзаи мо низ мубрам ҳисоб меёбанд. Ман ҳамин хел фаҳмидам, ки коргардон бо ин асараш моро аз вуҷуди ин камбудиҳо дар ҷомеъаи имрӯза огоҳ карда, ба он даъват менамояд, ки ҳар кас дар ҷойи худ барои ислоҳи ин камбудиҳо бикӯшад…».

Ин буд чанд андешае дар бораи Мирзоватан Мирови коргардони театр. Ба сабаби тангии чорчӯбаи мақола мо нагуфтем, ки ӯ ҳамчун овозхону оҳангсоз барои алоқамандони ҳунари мусиқии ин миллату кишвар чӣ хизмат кардааст, ҳамчун актёр, арбоби ҳунар, омӯзгор ва муаллифи ду китобу даҳҳо мақолаҳои таҳлилӣ дар бораи ҳунармандону вазъи театр дар мамлакат кадом корҳоро анҷом додааст. Тавсифи ин ҳама ҳунари ӯро дар як мақола ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон баён кард. Умедворем, ки фурсати дигаре даст хоҳад дод. Ва дар ин ҷо ба Мирзоватан Миров аз даргоҳи Худованди бузург тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори хушу комёбиҳои бештареро дар корҳои эҷодияш орзу менамоем.

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi