09:57:36 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Китобе, ки дигар бе он наметавон таърихи адабиёт навишт!

Дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон муаррифии китоби олими адабиётшинос, профессори зиндаёд Худойназар Асозода «Таърихи адабиёти тоҷик» баргузор гардид. Китоб бо ибтикори вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба теъдоди 3000 нусха дар чопхонаи «Маориф ва фарҳанг» ба нашр расидааст. Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» аз ин нишаст гузориши муфассал ва мусавваре омода кардааст, ки ҳамакнун пешкаши Шумо муштариёни арҷманд менамоем.

Асар бо диди нав таълиф шудааст

2.sayfiddin-nazarzoda-2121

Сайфиддин Назарзода, директори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон бо як сухани муқаддимавӣ ба ин ҳамоиш ҳусни оғоз бахшид. Сипас риштаи суханро ба Раҳматуллоҳ Мирбобоев, ҷонишини аввали вазири маориф ва илми ҶТ дод. Мавсуф азҷумла иброз дошт, ки «устод Асозода дар баробари дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриямон бо таълиму тарбия сару кор доштан инчунин дар тадқиқи илми адабиётшиносӣ саҳми бениҳоят калон гузоштаанд ва дар тарбияи шогирдон ба хусус, онҳое, ки ба илми адабиётшиносӣ сару кор доранд, саҳим ҳастанд.

Имрӯз шогирдони устод Асозода худашон ба сифати муҳаққик, тадқиқотчии илми адабиётшиносӣ дар саҳнаи тадқиқоти илми адабиётшиносӣ саҳми бузург гузошта истодаанд. Саҳми устод Асозода дар таҳқиқи шеъру адаби Эрону Афғонистон низ хеле бузург мебошад. Таълифоти ӯ «Адабиёти форсӣ ва се шохаи он», «Адабиёти Эрон дар садаи 20», «Адабиёти Афғонистон дар садаи 20», «Адабиёти тоҷик дар садаи 20», «Устод Улуғзода ва фоҷиаи ӯ» усули нави тадқиқро фаро гирифта дар ҷумҳурӣ ва берун аз он маъруфият доранд.

3.rahmatullo-mirboboev 21

Замони мудирии профессор Худойназар Асозода дар кафедраи Адабиёти навини форсӣ- тоҷикии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон солҳои 1993-1996 буд. Он солҳо чӣ гуна солҳои даҳшатовар буданд, ба ҳар яки мову шумо маълум аст. Устод Асозода дар ҳамон шароит тавонистанд, ки иқтидори илмии кафедраро нигоҳ дошта ба парокандашавии устодони соҳибунвони кафедра роҳ надиҳанд. Дар ин давра дар назди кафедра кабинети «Махзани адаб» таъсис ёфт, ки дар он осори нодири илмӣ-адабӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои адабиву фарҳангии дар Тоҷикистон ва хориҷи он чопгардида ва аксҳои камёфти шахсиятҳои маъруфи фарҳангии ҷумҳуриямон гирд оварда шудаанд».

Дар идома Мирбобоев афзуд: «Устод Асозода ба таърихи адабу фарҳанги садаи 20 дар замони соҳибистиқлолӣ таҷдиди назар намуда  зиёда аз 20 барнома, дастуру васоити таълим ва китобҳои дарсӣ таълиф намуда дастраси устодону толибилмон кардааст. Дар ин миён метавон аз китоби дарсии «Адабиёти тоҷик барои синфи 11» бо ҳамроҳии устод Аламхон Кӯчаров ва барномаи таълимии «Адабиёти садаи 20-и тоҷик»- бо ҳамроҳии Абдуҷаббор Раҳмонов, навишта шудаанд,  ном гирифт. Дар китоби «Таърихи адабиёти тоҷик» бори нахуст ба таври муфассал дар бораи намояндагони адабиёти солҳои ахири қарни 19 ва қарни 20, дар бораи заминаҳои иҷтимоии ва фарҳангии адабиёти қарни 20, марҳилаҳои рушди адабиёти даврони шӯравии тоҷик, адабиёти тоҷик дар даврони истиқлолият ва ғайра сухан рафтааст.

4.abdulhamid-samad 2154

Абдулҳамид Самадов, муовини аввали Раиси Иттиҳодияи Нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, кидар шароити соҳибистиқлолӣ зарурат ба вуҷуд омад, ки адабиёти даврони истиқлол ва ҳамзамон адабиёти даврони шӯравӣ аз дидгоҳи нав арзёбӣ карда шавад. Хушбахтона, китоби профессори марҳум Худойназар Асозода ҷавобгӯи ҳамин талабот аст. Дар марҳилаи кунунӣ ҳам устодони донишгоҳҳо ва ҳам толибилмон ба чунин як маъхази муҳим ниёз доранд. Чун кори бузург аст дар баробари дастовардҳои олимонаи хуб шояд ҷо-ҷо норасогиҳо дошта  бошад. Онҳоро ба назар гирифта талош кунем, ки дар оянда китобро мукаммал намоем.

Муҳаққиқе, ки назари тоҷикона ва мунсифона ба таърихи адабиёт дошт

Носирҷон Салимов, узви пайвастаи АУ ҶТ, ректори Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ устод Худойназар Асозодаро олиме гуфт, ки «сабк, равиш, диди хоси худро доштанд. Шахсияте буд мутмаин ба худ, фозил, донишманд ва хайрхоҳ. Шахсиятҳое, ки тамоми ин фазилатҳоро дар вуҷуди худашон ҷамъ оварда бошанд, воқеан он қадар зиёд нестанд.

5.nosirjon-salimov-54

Устод, ки бо камоли фурӯтани чунин мақоми арҷмандиро дарёфт карда буд, корҳои бисёр муҳимеро анҷом дод, ки холигии мақоми маънавияшро имрӯз ҷуброн мекунад. Чандин китобҳое, ки таълиф карда буд ва баъди даргузашташ чоп шуд, аз ҷумла китоби имрӯза китоби «Таърихи адабиёти тоҷик» ва китоби «Таърихи нақди тоҷик», ки ҳанӯз чоп нашудааст, аз хизматҳои муҳими устод Худойназар Асозода ба шумор меравад. Устод бисёр корҳои муҳимро дар зиндагӣ анҷом дод, вале корҳои дигари он кас баъди маргашон ба нашр расида истодааст».

То ин вақт чанд китоби «Таърихи адабиёти давраи нав» доштем, ки дар замони шӯравӣ таълиф шуда буданд, гуфт Носирҷон Салимов ва афзуд: «Ин китобҳо дар баробари фазилатҳо боз нуқсонҳое низ доштанд. Дар хориҷ аз кишвар ҳам чандин чунин китобҳо ба нашр расиданд, ки онҳо низ аз камбудӣ холӣ набуданд. Баъзеашон ҳатто муғризона навишта шуда буданд. Бояд ин корро донишманде аз ҷумлаи устодони донишгоҳҳои худамон анҷом медод. Устод Худойназар Асозода аз ин назар тадқиқот ва ковишҳои зиёде доштанд. Хеле аз маводҳои тоза ба муомилоти илмӣ ворид карда буданд. 

Аз ҳама муҳимаш як назари хосу муҳим ва бисёр тоҷикона ва мунсифона ба таърихи адабиёт доштанд. Шояд ниятҳо доштанд, ки ин китоб се-чор ҷилд шавад. Ин китоб дар худ чунин имкониятро дорад. Нирӯи зиёди дигар дорад, ки метавонад маводҳи дигарро ҳам баррасӣ, таҳлил ва ҳам манзур намояд. Ин китобе ҳаст, ки минбаъд бе он намешавад мо таърихи адабиёти муосирамонро ҳам дар айни замон ва ҳам дар оянда таълиф кунем. Яъне он як навъ марҷаи асосӣ ба шумор меравад. Вазорати маориф ва илмро барои ин иқдоми хубашон табрик мегӯем ва умедвор мешавем, ки он ба тамоми китобхонаҳои донишгоҳҳои ҷумҳурӣ тақсим мешавад ва аз он толибилмон васеъ истифода мебаранд».

Ин китоб арзиши илмӣ ва таълимии зиёд дорад

6.abdunabi-sattorzoda-54

Сипас профессор Абдунабӣ Сатторзода оиди ин китоб ибрози андеша намуд. «Ман дар бораи китоби профессор Худойназар Асозода «Таърихи адабиёти тоҷик» ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ин нахустин китобе ҳаст, ки баъд аз сари он кас ба дасти ман расид. Марҳум ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон ҳар китоберо, ки ба нашр мерасонданд, ҳатман ба ман дастрас мекарданд. Ҳамаи навиштаҳояшон дар дасти ман бо соядасту суханҳои некашон маҳфуз аст.

Ман вазорати маориф ва илм ва он касонеро, ки дар нашри китоб даст доранд, мусоидат карданд, табрик мегӯям. Устод Худойназар Асозода аз ман як сол калонтар, вале ба ҳукми тасодуф ман раҳбару муаллимашон ҳам будам. Ӯ дертар ба Донишгоҳ омада буд. Профессор Асозода яке аз аввалин донишмандоне буд, ки як мақолае навишт ва зарурати таълифи таърихи адабиётро бо нигоҳи нав, бо равиши нав, бо биниши нав таъкид карда буд. Хушбахтона, чуноне ки имрӯз мебинед, мо намунаи ҳамин гуна як китоби «Таърихи адабиёти тоҷик»-ро ки бо биниши нав, нигариши нав навишта шудааст, дар даст дорем. «Таърихи адабиёти тоҷик»-и профессор Асозода хеле навигариҳо дорад.

0.tarikhi-adabiyoti-tojik 3

Дар сарсухани китоб худашон ишора кардаанд, ки ин кас дар ин китоб даврабандии нави адабиёти имрӯзаро амалӣ карданд. Бо такя ба як гуфтаи устод Айнӣ, ки воқеан ҳам адабиёти нави мо на аз солҳои бистум, балки андаке барвақттар, аз оғози асри 20 сар мешавад. Бинобар ин дар ин ҷо бисёр дуруст ва хуб кардаанд, ки профессор Асозода оғози таърихи адабиёти муосири моро аз солҳои авали асри 20 нишон додаанд. Ин китоб арзиши илмӣ ва таълимии зиёде дорад.

Як арзиши дигараш ба назари ман ин аст, ки имрӯз як ангезае барои навиштани таърихи адабиётамон- чи адабиёти гузашта ва чи муосираш мешавад. Як таконе барои таълифи китобҳои адабиёт ҳам барои мактабҳои миёна ва ҳам барои донишгоҳҳо мешавад. Воқеан ҳам зарурати таълифи китоби «Таърихи адабиёт»-ро солҳои ҳаштодум бисёре аз адабиётшиносон ва донишмандони мо, азҷумла устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурӣ ва дигарҳо таъкид карда буданд. Ва тарҳҳои бисёре ҳам буд. Чунин як тарҳе дар Донишгоҳи Миллӣ буд. Мутаассифона, он ҳам амалӣ нашуд.

Ҳамин гуна як тарҳ дар институти забон ва адабиёт буд. Як силсилаи очеркҳо иборат аз даҳ ҷилд бояд чоп мешуд. Чанд ҷилдаш чоп шуд. Вале нотамом монд. Таърихи адабиёти муосир ҳам бо дигар шудани замона нашри ҷилдҳои ахираш ҳал шуда буд. Донишгоҳи Хуҷанд ҳам ҳамин гуна як нияте дошт. Ва ҳоло институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ҳамин гуна як нияте дорад. Ман боварӣ дорам, ки ин китоби профессор Асозода барои мо яке аз манбаъҳои асосӣ барои таълифӣ минбаъдаи таърихҳои адабиёти гузашта ва имрӯза хизмат хоҳад кард».

Адабиёти муосир ба таври нав даврабандӣ шудааст

7.alamkhon-kucharov 5478

Профессор Аламхон Кӯчаров, устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон чопи китоби «Таърихи адабиёти тоҷик ( давраи нав)» -ро бисёр ба маврид ва муносиб донист. Зеро, ба андешаи он кас, китоб бо назари нав навишта шудааст. Масалан, дар давраи шӯравӣ адабиёти тоҷики давраи нав аз соли 1917, аз давраи Инқилоби Октябр, шуруъ мешуд. Ҳоло бошад дар ин китоб оғоз таърихи адабиёти муосири тоҷикро аввали садаи 20 ҳисобидаанд.

Ҳозир ҳам дар байни олимҳо ду фикр мавҷуд аст. Баъзеҳо гуфтаи Е. Э. Бертелсро ба назар гирифта мегӯянд, ки адабиёти давраи нав аз замони Аҳмади Дониш оғоз ёфтааст, яъне аз нимаи дуюми асри 19. Дигарон бошанд мегӯянд таърихи адабиёти давраи нав аз ибтидои асри 20 оғоз ёфтааст, ки инро устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» гуфтааст. Дар ҳақиқат, устод Айнӣ исбот мекунад, ки ҳарчанд дар нимаи дуюми асри 19 дар адабиёти тоҷик баъзе дигаргуниҳо пайдо шуда бошанд ҳам, вале дар ибтидои асри 20 ин дигаргунӣ бо омадани рӯзномаҳову маҷаллаҳо хеле ҷиддӣ шуданд.

Бинобар ин устод Асозода  дуруст карданд, ки дар такя ба устод Айнӣ оғози давраи нави адабиётро оғози асри 20 ҳисоб карданд, гуфт профессор Кӯчаров ва идома дод: «Дар китоб тамоми шахсиятҳои адабӣ аз рӯи мақому манзалат арзёбӣ шудаанд. Баҳо ба эҷодиёти онҳо бисёр мунсифона, ҷиддӣ ва илмӣ дода шудааст. Масалан, дар бораи устод Айнӣ дар ду фасл сухан меравад ва қариб 100 саҳифа ба ӯ бахшида шудааст. Ба баъзе аз лаҳзаҳои торики зиндагиномаи устод, масалан таъқиб шуданаш дар соли 1937, равшанӣ мебахшад.

0.tarikhi-adabiyoti-tojik 4

Дар ҳамин ҷо омадааст, ки доғи сиёҳи он солҳо аз домани устод Айнӣ бо кӯмаки устод Лоҳутӣ бардошта мешавад. Дар бораи бархе аз адибон агар дар се-чор саҳифа маълумот дода бошад ҳам, вале он пурра аст ва хонандаву толибилм иттилои кофиро дар бораи он адиб гирифта метавонад. Дар фасли шашуми китоб сухан дар бораи адибони даврони истиқлол меравад. Хонанда аввалин бор дар ин китоб аз ҳаёту фаъолияти шоиру нависандагоне ҳамчун Фарзона, Рустами Ваҳҳоб, Сиёвуш, Муҳаммадзамони Солеҳ иттилои дақиқу зарурӣ мегирад.

Ин китоб маҳсули ранҷи 10-15 сола нест. Ин китоб маҳсули меҳнати якумра ҳаст. Устод Асозода аз соли 1968 дар Донишгоҳи Миллӣ ба кор шуруъ кард ва аз ҳамон вақт ҳаёти худро бо пажуҳиши адабиёти муосири тоҷик пайваст ва то охир дар ҳамин раҳ содиқ монд. Ин китобро ӯ тамоми умр навиштааст. Устод Асозада дар ҳамин давра адабиёти нави Афғонистон ва адабиёти нави Эронро омӯхтаву тадқиқотҳое низ дар ин самтҳо кардааст. Устод соли 1999 китобе таҳти унвони «Адабиёти тоҷик дар садаи 20» аз чоп бароварда буданд, ки як навъ оғози ҳамин кори бунёдӣ ба шумор мерафт».

 Бори аввал аз нақши матбуот дар рушди адабиёт ёд шудааст

8.murtazo-zayniddinov 54454

Муртазо Зайниддинов, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар суханронии худ гуфт, ки устоди зиндаёд, профессор Худойназар Асозода пеш аз таълифи ин китоби фундаменталӣ чандин китобҳои дарсии дигарро навишта буданд. Яъне як навъ заминаеро барои ба вуҷуд овардани чунин китоб омода карда буданд.

Ҳар нафаре, ки китоби «Таърихи адабиёти тоҷик»-ро ба даст мегирад, пеш аз ҳама бояд ба ду нукта эътибор диҳад. Ва ҳарду нукта ҳам аз ҷониби муаллифи китоб таъкид шудааст. Яке дар пешгуфтори китоб ва дигаре дар фароварди китоб, дар хулосаи он. Устоди зиндаёд таъкид кардаанд, ки китоби мазкур ин сирф китоби тадқиқотӣ нест. Ин китоби дарсӣ аст. Ин як китоби ёрирасон аст, ки барои донишҷӯёни факултетҳои филологии мактабҳои олии кишварамон пешбинӣ гардидааст. Устод ҳамчун як донишманди воқеъбин таъкид кардаанд, ки адабиёт дар як ҷо қарор намемонад.

Дар ҳар панҷ-даҳ сол шоирону нависандагони нав ба майдони адабиёт ворид мегарданд. Дар ин ва ё он соҳаи адабиёт мақом пайдо мекунанд ва онҳо ҳам дар давраи минбаъда ҳуқуқ доранд, ки ба таърихҳои минбаъдаи адабиёт ворид гарданд ва маҳсули эҷоди онҳо барои хонандагон муаррифӣ гардад. Дигар ҷиҳати ҷолиби китоб он аст, ки давраҳои адабиёт дар ин китоб бо назардошти фикри устод Айнӣ ба се марҳила тақсимбандӣ шудааст, ки хеле хуб аст ва айни муддаои ҳам пажуҳишгарон ва ҳам толибилмон аст.

0.tarikhi-adabiyoti-tojik 5

Дар ҳамин се марҳила ё давра устод маҳсули 120 солаи адибону донишмандони моро муаррифӣ кардаанд, ки дар қолаби як китоб ҷо додани чунин маълумоти муфид кори саҳл нест. Дар ҳамин китоб устод аз нақши рӯзномаву маҷаллаҳо дар ташаккул ёфтану рушд кардани адабиёти нави мо сухан гуфтаанд. Барои донишмандони мо айён аст, ки нақши рӯзномаву маҷаллаҳои зиёде, ки дар анҷоми қарни 19-ва оғози қарни 20 аз Россия бо забонҳои мухталиф ба мо меомад, воқеан ҳам дар бедории фикрии мардуми мо нақши муҳим бозидааст.

Устод дар хусуси нақши тарҷумаи адабӣ дар рушди робитаҳои адабӣ ва ҳам дар рушди адабиёт дар ин китоби дарсиашон нуктаҳои муҳимеро ироа кардаанд. Аниқтараш ба саргаҳи ҳамин падида як назари ибратбин дӯхтаанд. Устод ният доштанд, ки идомаи адабиёти даврони истиқлол дар китоби дигар навишта шавад. Барои ҳамин ҳам дар фасли панҷум андак мухтасарбаёнӣ шудааст. Адибони мо бояд ин чизро ба инобат бигиранд».

Алифбои Лоҳутӣ, баррасии маводи 150 соли адабиёт ва забони асар

9.abdulhay-mahmadaminov 544

Абдулҳай Маҳмадаминов, профессор, доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба нашр расидани китоби профессори зиндаёд Худойназар Асозодаро дар ҳаёти илмӣ, адабӣ, фарҳангии ҶТ як падидаи тоза, як иқдоми ҷиддӣ ва қӯшиши навоварона арзёбӣ кард.

Баъзе лаҳзаҳои таърих такроршавандаанд, гуфт ӯ ва ҳозиринро ба сайри таърихӣ бурд. «Вақте, ки ҶТ дар солҳои 1925-25 акнун қомат рост мекард, бинои вазорати маорифи Тоҷикистон дар як ҳолате қарор дошт, ки дар атрофи мизи аввалин вазири маориф Аббос Алиев ва ҷонишини ӯ, муовини аввал, устод Абулқосим Лоҳутӣ аз чанд тараф борон мечакид. Ана дар ҳамон шароит  илм, адабиёт, фарҳанг, махсусан навиштани китобҳои дарсӣ, аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кард. Бесабаб нест, ки устод Садриддин Айнӣ дар яке аз мақолаҳояш, ки «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик» ном дорад ва чоруми сентябри соли 1924 ба табъ расидааст, таъкид мекунад, ки яке аз масъалаҳое, ки имрӯз ҳаёту мамоти қавми тоҷик ба он вобастаанд, масъалаи мактаб ва маориф аст.

Дар ин замина таъкидан иброз медорад, ки пешрафти тамаддуни ҳар як халқ, ҳар як қавм ва ҳар як миллат ба масъалаи мактабу маориф вобастагии узвӣ дорад. Ба ин муносибат ҳамин нуктаро бояд ёдовар шуд, ки дар солҳои аввали таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин китоби Алифборо устод Абулқосим барои мактаббачагони тоҷик ҳамчун китоби дарсӣ таълиф кард, ки агар дар оянда дастрас гардад, бисёр як воқеаи фараҳбахш хоҳад буд. Акнун ҳам навиштани китобҳои дарсӣ дар тамоми солҳои мавҷудияти ҶТ ҳамеша дар мадди назар будааст.

0.tarikhi-adabiyoti-tojik 6

Инҷо кӯшиши ҷиддии вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саидовро махсус бояд таъкид кард. Чунки ҳамин китоб дар муддати хеле кӯтоҳ, бо сифати хеле баланд ба табъ расидааст ва эҳтиёҷи хеле зиёди ҳам устодони мактабҳои олӣ, ҳам донишҷӯёни тамоми мактабҳои олии ҷумҳуриро қонеъ гардонидааст. Китоб аз панҷ фасл, хулоса ва китобнома иборат буда ҳар як фасл муҳтавои арзишмандро дар худ фароҳам овардааст. Муаллифи китоб профессор Худойназари Асозода ҳарчанд дар аввал ва охири китоб таъкид мекунад, ки ин китоб фарогири таърихи яксаду сездаҳсолаи таърихи адабиёт аст, вале маводи асар гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар ин китоб таърихи бештар аз яксаду панҷоҳ солаи адабиёти тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Яъне аз соли 1862, аз Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, ки албатта намунаи осори ӯ ва ҳамасрони вай чун Қозӣ Абдулвоҳиди Садри Саид, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Исо Махдум, Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Тошхоҷаи Асирӣ, Муҳаммадҳусайн Ҳоҷии Хатлонӣ, Нақибхони Туғрал, Саидаҳмадхоҷаи Аҷзӣ, Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Абдурауфи Фитрати Бухороӣ, Саид Зуфархони Ҷавҳарии Истаравшанӣ ва ниҳоят ҳамон давраи фаъолияти устод Садриддин Айниро фарогир мебошад ва аз ҳар ҷиҳат маълумоти арзишманд медиҳад.

0.tarikhi-adabiyoti-tojik 7

Он чиз қобили таваҷҷуҳ ҳаст, ки дар баёну таҳлили рӯзгор ва осори чи намояндагони адабиёти давраи асри 20 ва чи замони истиқлол мусаннифи китоб муҳимтарин лаҳзаҳо, ҳарактерноктарин лавҳаҳо ва он чизҳое, ки барои муҳаққиқ, барои толибилм, барои устодон аз ҳар чиҳат арзишманданд, онро манзури хонандагон мегардонад. Аз ин ҷиҳат аст, ки баъди интихоби ҳар як фасл, фарз кардем ана фасли дуюм, пеш аз оне, ки ба баёни рӯзгор ва осори адибон шуруъ карда шавад, муаллифи китоб панҷ зерсарлавҳа меоранд.

Яъне мавзуъҳои абзорие, ки хонандаро омода мекунанд, барои дарку фаҳмиши ҷараёну зиндагӣ ва фаъолияти эҷодӣ, симоҳои мавриди назар маълумоти зарурии ҳидояткунанда медиҳад. Ана ҳамин чизро дар мисоли рӯзгор ва осори Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Лутфӣ Обидхоҷа, Муҳиддин Аминзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ ва ҳамчунон адибони насри комсомол Ҳаким Карим, Ҳабиб Юсуфӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршаккар, Раҳим Ҷалил ва баъдтар Файзуллоҳи Ансорӣ равшан дидан мумкин аст. Инҷо профессор Аламхон Кӯчаров гуфтанд, ки баёни рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ қариб сад саҳифаро ташкил додаст, дуруст аст.

Аниқтараш 85 саҳифаро ташкил додааст ва ин барои он аст, ки чун асосгузори адабиёт, соҳиби мактаби илмӣ-адабӣ ва фарҳангӣ, барои адибон баъдина ҳам рӯзгор ва ҳам осори устод Айнӣ хусусияти ҳидояткунандагӣ дорад. Дар хусуси навовариҳо, навпардозиҳо ва далелҳои ҷолибе, ки дар ин ҷо устодони муҳтарам арз карданд, ҳамин чизро бояд ба назар гирифт, ки ин асар ҷамъбаст, тасҳеҳ ва такмили китоби пештараи устод Худойназари Асозода мебошад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мо шахсан шоҳид будем, ки устод дар таълифи ҳамин китоби дарсӣ муддати 20 солро ба харҷ дод ва дар нашри дуюм дар як муддати хеле кутоҳ онҳоро ҷамъбаст ва ба хонандагон пешниҳод кард.

0.tarikhi-adabiyoti-tojik 8

Бинобар ин таҳқиқи адабиёти солҳои шасту навад фасли сеюми асарро ташкил медиҳад ва эҷодиёти чеҳраҳои адабии чун Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ғаффор Мирзо, Гулрухсори Сафӣ, Гулназар Келдӣ, Наимҷон Назирӣ ва Аскар Ҳакимро дар бар мегирад, албатта барои ҳар як муҳаққиқи осори адибони зикршуда, махсусан маълумот барои толибилмони мактабҳои олӣ бағоят зарур аст. Ба ҳамин монанд дар фасли чоруми асар панҷ мавзӯи муҳими адабиёти солҳои шасту навад баррасӣ гардида ва сипас зикри ҳол ва фаъолияти эҷодии Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Пӯлод Толис, Саттор Турсун, Сорбон, Ӯрун Куҳзод, Абдулҳамиди Самад ва Сайф Раҳимзоди Афардӣ манзур гардонида мешавад.

Баъзе аз нуктаҳо ва лаҳзаҳо рӯзгор ва осори адибони зикршуда бори аввал ба таври тафсилӣ баён мегардад ва маълумоти мушаххас дода мешавад. Чизи бисёр муҳим ва зарурие, ки дар фасли панҷум мавриди тадқиқ қарор шудааст, ин адабиёти давраи истиқлол аз соли 1991 то соли 2012 мебошад, ки дар он се мавзӯи абзорӣ ва зикри чеҳраҳои назми ин давра чун Фарзона, Рустами Ваҳҳоб, Сиёвуш ва намояндагони насри даврони истиқлол Саттор Турсун, Кароматуллоҳи Мирзо, Ҷонибек Акобиров, Муҳаммадзамони Солеҳ ва Бароти Абдураҳмон манзур гардонида мешавад.

0.tarikhi-adabiyoti-tojik 9

Як ҷиҳати бағоят муҳими ҳамин китоби дарсӣ аз он иборат аст, ки мусаннифи китоб ба поэтикаи осори адибони муттаваффо ва муосир диққати аввалиндараҷа додааст ва масъалаҳои поэтикӣ дар даврони ҳозира дар адабиётшиносии тоҷик ва дигар халқҳо яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Ин китоб аз нигоҳи интихоби парчаҳои манзуму мансури адабӣ низ хеле муҳим мебошад. Ҳамон як порчаи мансур ё манзуме, ки муаллифи китоб ба хонанда манзур мегардонад, ҳам аз ҷиҳати мавзуъ, ҳам аз ҷиҳати муҳтаво, ҳам аз ҷиҳати арзиши илмиву адабиву фарҳангву махсусан худшиносии миллӣ хеле арзишманд мебошад.

Калиди ҳамаи дарҳои илмомӯзӣ забон аст. Забони муаллифи китоб Худойназар Асозода ҳамин хел ҳаст, ки китобро вақте, ки хонанда ба даст мегирад, онро дигар ба замин гузоштан намехоҳад. Мехоҳад саҳифаҳои дигарро бо шавқу завқ мутолиа кунад. Яъне бо як забони муассир, ҷаззобу фасеҳу малеҳ ин китоб тасниф ёфтааст, ки бағоят арзишманд мебошад. Дар хусуси хизматҳои профессор Худойназар Асозода суханҳои арзишманд гуфтанд. Ман ҳамин чизро ҳамчун шахси шоҳид арз мекунам, ки устод профессор Худойназари Асозода дар таълифи ҳамин китоб як кори рустамонаро дар як муддати кутоҳ анҷом додаанд. 

Пешоҳанги устодони китобнавис

10.majlisi-kitob-5454

Боймурод Шарифов, декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, ки яке аз шогирдони профессор Асозода ба шумор меравад, дар ин ҳамоиш азҷумла гуфт, ки устод Асозода шояд аз бевафоии умр огаҳ буданд, ки соли гузашта тамоми қувваташонро болои ҳамин китоб сарф мекарданд, ки ҳамин китоб ҳарчи тезтар нашр шавад. Устод Асозода, агар «Достони зиндагӣ»-ашонро сарфи назар кунем, беш аз сӣ китоб навиштаанд.

Ҳанӯз соли 1993, вақте, ки мудири кафедра шуда ба Донишгоҳи Миллӣ омаданд, маҷлис намуда ба мо гуфтад, ки аз ҳама чизи муҳиме, ки имрӯз барои донишҷӯ лозим аст, китоб аст. Барои ҳамин ҳам тамоми донишҳоятонро сарф карда китоб нависед, таъкид мекарданд он кас. Худашон дар ин масъала пешоҳанг буданд. Ҳамон солҳои 1995-97 аввал китоби «Таърихи адабиёти садаи 20 тоҷик» навиштанду чоп карданд, баъд «Адабиёти садаи 20-и Эрон» ва сипас «Адабиёти садаи 20-и Афғонистон»-ро ба нашр расонданд. Ман фикр мекунам ин китобҳо беҳтарин дастурот барои донишҷӯён буданд.

Баъдан китоби «Таърихи адабиёти тоҷик»-ро дар ҳаммуаллифӣ бо устод Аламхон Кӯчаров китоби дарсӣ барои синфҳои 11 карданд, ки аз сӯи омӯзгорони мактабҳои миёна бисёр баҳои баланд гирифт. Пас аз ин устод ба хулосае омаданд, ки ин китобро муфассал намоянд. Соли гузашта ба ман гуфтанд, ният дорам, ки як китоб дар бораи мактабҳои адабиётшиносии адабиётшиносони муосир нависам. Мутаассифона, ин мақсадашон ҷомаи амал напӯшид. Ба фикри ман беҳтарин китобе, ки дар бораи адабиёти садаи 20-и тоҷик навишта шудааст, ин китоби «Таърихи адабиёти тоҷик»-и устод Асозода ҳаст. Агарчи устод дар ҳамин китобашон хоксорона мегӯянд, ки китоби маро ҳамчун асари пажуҳишӣ қабул накунед, ин танҳо як китоби дарсӣ ҳаст, вале ман фикр мекунам, ки ин китоб арзиши баланди илмӣ низ дорад.

Берунмондаҳо низ дар «Таърихи адабиёт» ҷойи худро ёфтанд

11.sharifmurod-isrofiliyon

 Шарифмурод Исрофилниё, корманди масъули вазорати маориф ва илми ҶТ, дар суханронии худ бештар сари масъалаи вижагиҳои китоби мазкур ҳарф зад. Ин китоб чанд хусусият дорад, гуфт ӯ. «Аввалан он, ки дар он таърихи адабиёти навини тоҷик  ба тарзи нав даврабандӣ шудааст. Дигар он, ки шахсиятҳое, ки аз таърихи адабиёти берун монда буданд, монанди Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ ва ғайра дар ин китоб ҷойи худро ёфтанд.

Чизи дигари муҳим ин нуктаҳоест, ки дар замони шӯравӣ гуфтанашон мамнуъ буд, дар ин китоб бозгӯ шудаанд. Масалан аз зиндагии устод Айнӣ ва устод Лоҳутӣ паҳлуҳое кушода дода шудаанд, ки дар замони шӯравӣ аз гуфтани онҳо адабиётшиносон маъмулан худдорӣ мекарданд. Устод Асозода дар бораи устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Улуғзода тадқиқотҳои алоҳида доранд. Дар ин китоб фишурдаи ҳамон тадқиқотҳо дарҷ шудааст. Ин китоб пеш аз ҳама хусусияти таълимӣ дорад.

Устод Абдулҳамид Самадов ҳам ишора карданд, ки шояд норасоиҳо ҳам бошад. Вале андешаи устод Асозода пеш аз ҳама ба донишҷӯёни мактабҳои олӣ нигаронида шудааст, ки ниёз ба ҳамин китоб доштанд. Муҳаққиқон низ метавонанд аз ин китоби устод баҳра бардоранд. Зеро маводи боеро дар бар гирифтааст. Дар навиштани таърихи адабиёт рӯзномаву маҷаллаҳо сарфи назар шуда буданд. Дар ин китоб нақши рӯзномаҳо дар таҳаввули адабиёти мо ҳамчун рӯзномаҳое чун «Бухорои шариф» ва дигару дигарҳо арзёбӣ шудааст, ки метавонад дар таърихи рӯзноманигорӣ низ ҳамчун маводе барои муҳаққиқони рӯзноманигор истифода гардад.

Шаш китоби дигари устод Асозода чоп хоҳад шуд

12.muso-asozoda-4545

Мӯсо Асозода, сиёсатмадор, бародари профессори зиндаёд Худойназар Асозода дар навбати худ азҷумла чунин иброз дошт: «Пеш аз ҳама ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид, муовини он кас, устод Мирбобоев, раҳбарони нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ва дигар ашхосе, ки дар омодаи чоп кардану ба нашр расондани ин китоби пурарзиши бародари зиндаёдам профессор Худойназар Асозода хизматҳо кардаанд,  аз номи худам, аз номи дигар бародаронам ва аҳли хонаводаи устоди марҳум ибрози сипос менамоям.

Устоди бузургвор аз он хурсанд буданд, ки имрӯз замоне барои ин миллат фаро расидааст, ки донишмандонаш имконияти эҷод кардану китоб чоп карданро доранд. Вале аз он ранҷ мекашид, ки китобхон дар қиёс камтар шудааст. Чи тавре, ки дар ин ҷо ишора ҳам карданд, китоби бародарам шояд аз камбудиҳо холӣ набошад, шояд бошанд адибоне, ки зикри номашон дар ин китоб нарафта бошад, вале чи тавре, ки худаш мегуфт, ин нигоҳи ӯ ба адабиёт аст. Нигоҳи он кас, дунёи он кас аз дигарон фарқ мекард. Он кас дарки масъулияти баланд доштанд.

Ман баъди хондани китоби он кас «Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ» бо устоди шодравон ба баҳс пардохтам. Он кас ба ман гуфтанд, ки «фикри профессор Асозода, диди Асозода дар ҳамин масъала ҳамин аст. Касе фикри дигар дошта бошад бигузор онро баён бикунад. Ҳақиқат зодаи баҳс аст». Ман боварӣ дорам, ки солҳо мегузаранду китобҳои дигари зиёд нашр мешаванд. Вале ин китоби бародари марҳумам ҳамеша рӯи мизи кории устодону донишҷӯёнро зеб хоҳад дод. Боз шаш китоби дигари бародарам омодаи чопанд. Ман талош мекунам, ки он китобҳои бародари бузургам дар оянда низ ба чоп бирасанд ва мову Шумо дар ҳамин толор боз зикри хайри ӯро бикунем.

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi