09:53:52 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Театри ҷавонон: Сӯҳбати Айнӣ бо Сталин

Бахшида ба 75-солагии устоди зиндаёд Маҳмудҷон Воҳидов дар Рӯзи байналмилалии театрҳои ҷаҳон дастандаркорони Театри ҷавонони кишвар аз рӯзгор ва пайкори аллома Садриддин Айнӣ саҳнаеро бо номи «Гирдоб» омодаву пешкаши ҳозирон гардониданд.

teatri-javonon_45784545.jpgДар ин намоиш бештар иштирокдорон донишҷӯёни ДДОТ буданд. Бояд гуфт, ки ин драма аз рӯйи навиштаи Нур Табаров ба саҳна гузошта шуда, нашқши Айниро дар он Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Абдулмӯъмин Шарифӣ мебозад. Роҳбари бадеӣ ва таҳиягар Ҳунарешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов, коргардон Нозим Маликов, рассом Ҷамшед Холиқов ва оҳангсоз Арбоби ҳунари Тоҷикистон, барандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Қудратулло Яҳёев мебошанд.

Пеш аз оғози намоиш саррежисёри театр Шавкат Халилов ба саҳна баромада, ҳозиронро хушомадед гуфту табрик кард: «Хуш омадед. Аввалан, Наврӯзи хуҷастапай муборак! Дар Наврӯз нияти нек бояд кард. Бо фикру ақидаҳои нек бояд ҳатто бо душманони худ мадоро карда истода, бо табъи болида рӯзгузаронӣ намуд. Чи навъе майса месабзад, мо ҳам месабзем, фикру ақидаамон боз дигар мешавад. Имӯз мо нахустнамоиши «Гирдбод»-ро, ки эҷодиёт, кор ва фаъолияти аллома устод Садриддин Айниро фарогир аст, пешниҳод мекунем. Ин ҳам бошад, дар бораи фикру андешаи ӯ, задухӯрди ӯ, мақсаду орзуҳое, ки ӯ дошт.

directori-teatr-54451212.jpgБо шахсияти ин марди бузург шинос мешавем. Махсусан шумо - донишҷуёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон маълумот мегиред. Мо - аҳли ҳунармандон имрӯз кӯшиш кардем бори дигар ба мардуми худ фаҳмонем, ки аллома Айнӣ кӣ буд ва ба ин миллату халқ чӣ хизмате кард. Нисбати ватан, нисбати забон чи корҳое анҷом дод. Имӯз мо бояд худро бишносем дар нисбати ин қаҳрамони халқ. Мо бо нишон додани ин намоиш тариқи фикру ақидаҳое, ки дорем, бароятон маълумот медиҳем ва минбаъд конфронсҳое, ки мекунеду баъди намоши мо шурӯъ мешавад, бояд ҷолибтар гузарад».

Шавкат Халилов ҳамзамон шарҳ дод, ки имрӯз дар нақши Айнӣ Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Абдулмӯъмин Шарифӣ ва боқӣ аҳли ҷавонони театр ҳунарнамоӣ мекунанд.

- Ягон савол пайдо шуд, баъди намоиш. Гӯш додан лозим аст, чун фикру андешаҳои шумо ҳам хеле зарурист,- афзуд Халилов.

Акнун оғоз гардид намоиш ва парда аз рӯйи саҳна бардошта шуд. Дар саҳна сурфае гирд нишонда шуда, аз пеш ду қатор ҷавонписарону ҷавондухтарон дар мизҳо пуштгардон менишастанд. Чун парда бардошта шуд, ҷавонон ҳам ба ҷунбиш омада, ҳар яке бархостагон аз кору пайкори Айнӣ сухан гуфта, ӯро ситоиш ё гоҳе ба қавле ин ё он амалу ақидаашро накӯҳиш менамуданд.

Яке мегуфт, ки устод Айнӣ адабиёти замони худро ба оламиён муаррифӣ карду барои маҳв нагаштани миллати мо ҷаҳд дошт. Дигарӣ дайн мезад, ки ӯ яке аз сабагорони гузаштан ба хати сирилик буду моро аз хати ниёгонамон дур сохт. Вале нафаре далел меовард, ки устод тамоми умр бо ин хати ниёгон осорашро менигошт. Инҷо боз ҳам он рӯҳияву андеша боло мегирифт, ки Садриддин Айнӣ яке аз пояҳои пойдории миллати тоҷик дар замони худ буд, ки ба минбаъдиён осор гузошт.

Дар ин фавҷи андешарониҳо назаре ҳам садо дод, ки «барои мисол, 13-уми соли 1920 баъди як навиштааш Ленин фармоиш медиҳад, то харитаи этнографӣ тартиб дода шавад, ки онҷо дар бораи тоҷикон ҳарфе нест. Натиҷаи тақсимоти миллии ҳудудии Осиёи Миёна ҳамин буд, ки воқеияти аслӣ ба инобат гирифта нашуд. 3-юми феврали соли 1930 дар Кумитаи марказии иҷроияи СССР ба Тоҷикистон ҷудо кардани вилоти Сурхандарё қабул шуд, аммо баъди 10 рӯз қарор бекор карда шуд ва сабабаш то ҳол номаълум. Ба ман бисёр алам мекунад, ки роҳбарони Туркистон Абдулло Раҳимбоев  ва Файзулло Хоҷаеви рӯсиёҳ, ки худ тоҷиканд, миллати худро туркони форсигӯ меноманд». Инҷо зикр ҳам шуд, ки онҳо фарзандони бонанги миллат буданд, ки бо таблиғи илму адаби тоҷик ин милатро аз фаношавӣ вораҳониданд.

Хуб, ки баробари баҳси ҷавонони рӯйи саҳна дар як гӯшаи баланди толор экране рӯшан буд ва тариқи наворҳо аз ҳаёти Садриддин Айнӣ, гоҳе дар минбар сухан гуфтану гоҳе аз раф китоб гирифтаву варақгардон намуданаш нишон дода мешуд.

Саҳнаи баъдӣ он аст, ки чун аз як гӯша парда бардошта шуд, як идда ҷавонон бо шиорҳое бо хати форсӣ ба мадҳ гузашта, гоҳ «Зинда бод амири адолатпаноҳу раиятпарвар» мегуфтанду гоҳ аз ину он доду шеван бардошта, ба юриш мехестанд. Инҷо дар саҳна аллома Садриддин Айнӣ бо қабои сафед нишон дода мешавад, ки ҷавононро ба омӯзиши илму зиракии сиёсиву ҳамдигафаҳмӣ даъват мекунад. Ҷавонон бошанд, муқобили ӯ бархоста, Айниро кӯҳнапараст мехонанд. Гарчи ӯ мегӯяд, бояд яке мадҳ, яке нифоқ дар ҷомеа набошад, танҳо як нафар ҷонибдорияш мекунад, ки ба сари ӯ ҳам дигарон мушт кашиданӣ мешаванд. Дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассос, ки шӯриш бархоста, чандин ҷавон кушта мешаванд, Айнӣ дар байни издиҳоми ҷавонони аз пой афтода ва кушташуда ба даст меафтад. Ӯ ҳарчанд ба ниқобпӯшон мефаҳмонад, ки ҷавонони хундарҷӯшро аз варта раҳониданӣ буд ва ба захмиён кӯмак расонидан мехост, касе ба ҳарфаш гӯш намедиҳад. Ва ҳаминҷо, дар болои саҳнаи миёнҷои майдон гардон, ба масал дар зиндон ба бадани Айнӣ қамчинкорӣ мекунанд. Баъде, ки ӯро ба ҳолаш мегузоранд, рӯ ба Худо нидо мекунад, ки «илоҳо, зулм ва маснади золимон бақо набинад!».

Баъдан аскарони сурхро нишон медиҳанд, ки бо шиори «Вся власть советам» ба саҳна меоянд. Сипас, ҷавонони огоҳ нишон дода мешаванд, ки ҳар кадоме курсиеро гирифта, дар ду тарафи саҳна саф меороянд ва инҷо Айнӣ либоси шинамтар байнашон меояд. Ӯ сухан мекушояд:

- Азизон, мо бояд ҳамаи ин нуктаҳоро дарк намуда, ба дигарон талқин намоем, ки забони форсии дарии тоҷикӣ забони аҳли илм, забони наҷибзодагоне чун Одамушшуаро Рӯдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, аллома Хайём, Сино, Ҳофизу Бедил барин садҳо нобиғагони дигар аст, ки ҷаҳон мешиносадашон. Мо бояд ҳушманд бошему огоҳ. Зеро ҳадаф аз се пора намудани як дарёи зулоли ин забон се шоха намудани Хуросони бузург ва фарҳанги ғании он буд. Аз ин хотир, мо бояд дар ҳама ҳолат ҳамеша ҳушёр ва омода бошем.

- Устод, мо аминем, ки ҳамаи ин нуктаҳоро шумо дар анҷуман баррасӣ хоҳед кард,- изҳори умедворӣ мекунад ҷавоне.

- Албатта, вагарна, ин сафари ман маънӣ намекунад. Рисолати инсонӣ ва ватандории ҳар яки мо ин аст,- меафзод Айнӣ ва бо оҳанг мехонад:

… Хунхории ушоқи ҷигархор чӣ донӣ…

… Ҳаргиз нахалида ба кафи пойи ту хоре,

Осудадило, ҳоли дили зор чи донӣ…

Ва бо хондани суруд Айнӣ дар миёнаву ҳама даст ба китфи ҳам саф меороянд.

Ҷавонон мегӯянд, ки шояд мо ҳам шуморо ҳамроҳӣ кунем?

Айнӣ мегӯяд:

- Агар шумо ба маъракаҳои гуселу қабул машғул шавед, кӣ менависад? Беҳтараш инҷо бошеду озодандешона бинависед.

Сипас саҳнаи анҷумани умумихалқӣ.

Баъди нутқу маърӯзаи Айнӣ яке ба эрод дода мешавад, ки «ин анҷумани адибон аст, ё ҳамоиши сиёсии тоҷикон?». Ва мешунавад, ки имрӯз ҳар тоҷик метавонад аз фарҳанги бойи худ ҳарф бизанад. Эроди дигаре садо медиҳад, ки «вазифаи мо тарғиби Ҳизби коммунист аст. Шумо бошед, аз тамаддуну бозёфтҳои худ ҳарф мезанед. Шумо байни халқиятҳо нифоқ меандозед. Асари шумо «Намунаи адабиёти тоҷик» гувоҳи ҳол аст». Боз ҳам ҷонибдорӣ садо медиҳад, ки тоҷикон ҳама сар аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Лоҳутӣ аҳли илму адабанд. Дар тохтутозҳои Чингизхон ва баъдан ҳам зарари зиёд диданд, вале фарҳангашонро нигоҳ доштанд. Гарчи яке ҳам мегӯяд, ки фақат дар бораи ақидаҳои худ гап задану мардуми худро ситоиш кардан хуб нест, боз ҳам ҷонибдорӣ, ки тоҷикон аз азал иттилоъ доранд, пушт ба пушт мударрис буданд ва адабиёти тоҷик, хоса Осиёи Миёна аз адабиёти ғарб болотар аст.

Минбаъд ҳам баҳс мечархад, ки яке ин асари Айниро шиносномаи миллат мехонаду дигарӣ мегӯяд: «Аз 227 адиб ёдовар шудед, ки тоҷиканд. Ин миллатчигӣ нест магар? Номи китоб худ гувоҳи ҳол аст».

Сипас дар бораи таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро, нигоштаҳои Фитрат ва алоқа бо Лоҳутӣ сухан меравад. Яке ҳам мегӯяд: «Эй, вой бар он рӯз, ки ҷосуси Эрон будани шумо фош шавад!».

Мешавад ҳолате, ки Айниро бо ғараз ва тӯҳмат ҳабси хонагӣ ҳам мекунанд. Ин аст, ки ӯ гоҳе бо банди сарбаста суфраи гардони рӯйи саҳнаро мечархонад ва гоҳ миёни панҷараҳои аз курсиҳо сохташуда алам мекунад, ки «имрӯз 6-уми октябр аст. Ҳама ба 20-солагии октябр тайёрӣ мебинанд, аммо дили ман хун аст». Инҷо хандаи кӯдакону ҳар якро ном гирифтани модарашон садо медиҳаду Айнӣ мегӯяд: «Васияти охирини ман, ба кӯдаконам фаҳмонед, то ба ман чун ба хоин нанигаранд!».

Лоҳутиро дар саҳна бо чанд ҷавон нишон медиҳанд, ки мегӯяд ин вазъият қазияи сиёсӣ гирифтааст. Инсӯ ҳаракати ҷадидон дар Бухоро. Номаи мо ба Сталин расида бошад? Маълум мешавад, ки Лоҳутиро вогузор кардаанд, то тадқиқ намояд, ки Айнӣ гуноҳе надорад.

Инак сӯҳбати Айнӣ бо Сталин, ки мегӯяд таваҷҷӯҳи мо ҳамеша барои беҳбудии ҳукумат аст. Инҷо гарчи Айнӣ мегӯяд сиёсат бе хато нест, Сталин ӯро ситоиш мекунад, ки шумо ба ҷуз адиб будан маълум мешавад сиёсатмадори хуб ҳам ҳастед. Айнӣ меафзояд:

- Мо ба тасвир мекашем, шумо ба дор…

Вақте мепурсад, ки «шумо бо ин ҳама чӣ гуфтан мехоҳед?», мешунавад, ки «ман рисолати инсонии худро иҷро мекунам».

Дар пайи ин баҳс сар мезанад хитобҳои Айнӣ, ки чаро маҷалла ва мактабҳои тоҷикӣ баста мешаванд? Дар кӯча ва ҷойи кор бо тоҷикӣ ҳарф бизанӣ, намегузоранд…

Ва якбора Сталин ошуфта мегӯяд:

- Магар идора кардани ин гуна давлати бузург осон аст?

Ӯ меафзояд:

- Шумо ҳоло ҳам бо ҳуруфи форсӣ менависед…

Мешунавад:

- Халқе, ки имрӯз ё фардо ба завол аст, лузум аст илму савод…

Баъдан андешаҳои дигари ӯ садо медиҳанд, ки замона тақозо мекунад, наҷоти ҳар як миллат дар дасти худи ӯст. Роҳ сӯйи озодӣ - ин роҳ сӯйи худ аст. Ва… ҳасрат, ки «сад ҳайф, ки душманон тавонистанд бо истилоҳи ҳамҷавор моро аз ҳам ҷудо созанд. Ҳамон Хуросони бузург, ки бузургии моро дида натавонистанд, бехабар аз он, ки миллати тоҷик борҳо аз чанголи нестӣ раҳо шуд, ин навбат низ хоҳад раҳид, яъне растагории миллӣ…».

Ва хонд:

- Дили гумгашта зи кӣ мегӯям, зи чӣ меҷӯям?…

Пушти саҳна аз миёна парда боло шуду Айнӣ либоси сафед ба бар аз он дари намоён бадар рафт ва ҷавонон рӯй оварданд ба аҳли толор…

Ҳаминҷо ба диққати ҳозирон расонида шуд, ки аз ҷониби президенти кишвар ба Айнӣ унвони Қаҳрамони Халқи Тоҷик дода шавад. Чун ин эълон садо дод, иҷрокунандаи нақши Айнӣ аз даре, ки берун рафта буд, чеҳракушода дубора омад ва бо аҳли ҳунар лаҳзае пешорӯй буданд.

Вақте саҳна ҳусни анҷом ёфт, муовини директори Театри ҷавонон Зиёбой Тошев ба минбар баромаду пурсид:

- Намоиш маъқул шуд?

Ва дар ҷавоби «бале»-и ҳозирон бадоҳатан гуфт:

- Набераҳои Айнӣ ки бошед, албатта маъқул мешавад!

Ҳама бо табъи баланд аз толор берун мешуданду аз ин пазироии гарм ҷаноби Тошев ифтихормандона дар сӯҳбати кӯтоҳ афзуд:

- Ин гуна намоишҳо ба хотирест, ки ҷавонони мо аз асли худ бохабар бошанд. Масалан, дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ки мехонанд, донад, ки ин шахсият чӣ қаҳрамониҳое кардаанд, бо кадом азобу машаққат ба ин арзандагӣ расидаанд. То ин замон 14 президент доштем, аммо ягон нафарашон қаҳрамони халқ нашуд, ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон. Айниву Бобоҷон Ғафурову Нусратулло Махсуму Ширишоҳ Шоҳтемур ва ё Мирзо Турсунзода ҳам ҷонфидоиҳо карданд, ки қаҳрамон шуданд.

Муовини декани факултаи филологияи ДДОТ Фатҳуллоев Қутбиддин бошад, мегӯяд, ки дарвоқеъ донишҷӯёнашон на маҷбурӣ, бо ҳавасу шавқе инҷо омаданд, то дар бораи аллома Айнӣ маълумотҳои тоза пайдо кунанд.

- Ин шавқашон бештар шуд, вақте мо гуфтем, ки бояд дар бораи рӯзгори устод иншо нависед. Чун мавзӯъ муҳим буду мехостанд маълумоти бештар пайдо кунанд, тозон омаданд. Фикр мекунам, бояд аслан театрҳои мо мавсимӣ бошанд, то бинандаи доимӣ пайдо кунанд. Масалан тирамоҳ, ки аввали дарси донишҷӯён асту ҷашнҳои зиёди милливу давлатӣ, дар ин бора, зимистон дар бораи сардиҳову мушкилоти мардуму норасоиҳои барқу ҳолати нерӯгоҳҳо, баҳор боз ҳам идҳое дорем чун Иди модарону Наврӯзу дар пеш иди ҷавонон… Ҳар чи ки дар бораи мардуму хоса ҷавонон бошад, худ ба худ тамошобин меёбад,- афзуд ӯ.

Шогирди ДДОТ, донишҷӯйи соли якуми факултаи филологияи тоҷик Ситора Мирзоева бошад, мегӯяд, воқеан ҳам барояш шавқовару хотирмон буд, ки бештар аз пештар дар бораи кору рӯзгори Айнӣ маълумот ёфт.

- Хоса он печидагиҳо, кашмакашу растагориҳо ва эҷоду иншои мондагори устод барои мо сабақи бузург аст,- мегӯяд Ситора.

Зулолаи НУР, «Рӯзгор»   



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi