09:48:06 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28      

Дар Ҷашнвораи байналмиллалии театрии «Нигоҳи нав»

Дар Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов  5-умин Ҷашнвораи  байналмиллалии театрии «Нигоҳи нав» идома дорад. Имрӯз боз як гуруҳи дигари ҳунармандони ҷавон аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба сафи ширкаткунандагони ин Ҷашнвора мепайванданд.

jashni-teatr 5235656Дирӯз  Театри давлатии  ҷавонони Тоҷикистон дар ин Ҷашнвора драмаи «Замоне барои ишқ…»-ро ба намоиш гузошт. Ин намоишнома, чи тавре ки муаллифи пиеса ва коргардони он Қамариддин Мирзоев, ҳунараманди маъруфи театри мазкур ба мо гуфт, аз рӯи асари нависандаи машҳури эронӣ Парвиз Қозӣ Саид «Замоне барои ишқ, замоне барои гиристан» таҳия шудааст. Мавзӯи асар ҳаёти ҷавонони  муосирро дар бар мегирад.

Ҷавононе, ки ба айшу нӯшу мастигарӣ дода шуда билохира даст ба ҷиноят мезананду ҳаёти худ ва дигаронро барбод медиҳанд. Нақшҳоро дар он Заррина Бадалова (Садаф), Далер Мирхонов (Фарҳод) ва Шокири Зоҳир (Фаромарз) иҷро карданд. Агарчи тамошобинони сершумор намоишномаро дар хотимаи он бо кафзаниҳои бардавому нидоҳои «Браво!» хеле  гарм истиқбол карданд, вале доварони сахтгири ин Ҷашнвора  театршиноси маъруфи кишвар Тамара Абдушукурова, коргардони маъруф Султон Усмонов, ҳунарпешаи театри мазкур Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова, дар суҳбате, ки баъди анҷоми намоишнома бо тамошобинон  баргузор гардид, дар баробари ҷиҳатҳои хуби ин спектакл аз камбудиҳои он низ гуфтанд ва роҳҳои ислоҳи ин камбудиҳоро пешниҳод карданд.

Ҷашнвора то 20-уми май идома хоҳад кард.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi