01:35:24 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«Қалами найшакарӣ» нӯши ҷон бод!

«Қалами найшакарӣ»-и Шоири Халқии Тоҷикистон устод Назри Яздонӣ дар рӯзҳои фарорасии Наврӯзи оламафрӯз ҳадяи хубе барои алоқмандони шеъри ноб гардид.

nazri-yazdoni-kiton2017Ин маҷмӯаи зебои шеъриро нашриёти «Хуросон»-и шаҳри бостонии Хуҷанд бо теъдоди маъдуде аз чоп баровардааст. Дар он ҳам шеърҳои тоза ва ҳам абёти қаблан нашргардидаи шоир, ки вирди забонҳо гардидаанд, ба табъ расидаанд. Дар хотимаи китоб мақолаи таҳлилии ин шоири маъруфи кишварамон «Дар ҳошия шеър», ки дар бораи шеъру шоирӣ баҳс мекунад ва инчунин зиндагиномаи ӯ дарҷ гардидааст.

Ашъори Назри Яздонӣ дар китобҳои азин пеш банашррасондаи ӯ «Меҳрбон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Нурборон», «Дилнигора», «Нурполо» ва маҷмуаҳои дастҷамъӣ чоп шудаанд. Шеърҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, эстонӣ, немисӣ тарҷума ва нашр гардидаанд.

Соли 2014 ба унвони «Шоири Халқии Тоҷикистон» мушарраф гардидааст.

Устод Назри Яздонӣ ва дӯстдорони шеъри нобро бо ин рухдоди муҳими фарҳангӣ ва инчунин фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфта, барояшон дар соли нави аҷдодӣ пеш аз ҳама тансиҳатӣ, барори кор, бахту саъодати рӯзгорро орзумандем.

Инак, чакидаеро аз ҳамин «Қалами найшакарӣ» пешкаши шумо дӯстони азиз мекунем.

Ин саҳар пайки саҳар дар зада буд

Ин саҳар пайки саҳар дар зада буд,

Чатр дар гунбади ахзар зада буд.

Чун шабу рӯз баробар омад,

Бар тару хушк баробар заду буд.

Файзи наврӯз дар ин дайри куҳан,

Ҳама ҷо анбару оҳар зада буд.

Нахли навруста ба сар чатри бунавш,

Ба ҷигар ханҷари аҳмар зада буд.

Сарв дар мижжаи сабзаш ба ҳавас,

Сабзтар сурмаи дигар зада буд.

Ашки шукрона зи мижгони қатор,

Ҳама дурдонаву ахтар зада буд.

Сафи дурдона зи мижгони қатор,

Бар сари сабзаҳаки тар зада буд.

Назри Яздонӣ

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi