03:54:20 21-уми Августи 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Феврал 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26 27
28            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Бо армуғон ба зиёрати устод Рӯдакӣ

Ё чӣ тавр олими покистонӣ се байти номаълуми Одамушшуароро аз сарчашмаҳои нодир пайдо кардааст

Орифи Навшоҳӣ донишманди машҳури адабиётшиноси покистонӣ 7 сол муқаддам ба саволҳои ман ҳозир шуд танҳо дар «Мақбаратушшуаро»-и Лучоб, дар назди оромгоҳи шодравон устод Лоиқ Шералӣ посух гӯяд. Барои чӣ? Фикри мекунам донистани ин сир барои ҳар як тоҷике, ки фарҳангу адабиёташро дӯст медорад, зарур ва ба манфиат аст. Дӯстони азизам, бовар дорам, ки ба дарки ин роз баъди мутолиаи ин мусоҳиба, ки дар маҷаллаи «Истиқбол» ба нашр расида буд, хоҳед расид.

1 musohiba 54545544

Орифи Навшоҳӣ-устод ва раиси бахши форсии Донишкадаи давлатии Гурдани Равалпинди соли 1956 дар Панҷоби Покистон таваллуд шудааст. Ӯ дорои унвони доктори забон ва адабиёти форси Донишгоҳи Теҳрон мебошад. Рисолаи докториро дар Эрон дар мавзӯи «Аҳвол ва осори Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор» ҳимоя кардааст. Китобҳои зерин намунае аз фаъолияти илмии ӯ ба ҳисоб мераванд:

Феҳристи китобҳои форсии чопи сангӣ ва камёби китобхонаи Ганҷбахши маркази таҳқиқоти форсии Ирону Покистон Исломобод, Исломобод 1986-89, 2 ҷилд.

Китобшиносии фаҳориси насхи хаттии Ирону Афғонистон, Лоҳур 1993

Аҳвол ва суханони Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор, ба таълиф ва тасҳеҳи Орифи Навшоҳӣ, Теҳрон, 1380 шамсӣ

Мақолоти Ориф, Теҳрон, 1381-1386-и шамсӣ, 2 ҷилд.

Маҷолиси Ҷаҳонгирӣ, таълифи Абдусаттор бинни Қосими Лоҳурӣ, бо тасҳеҳи Орифи Навшоҳӣ ва Муъини Низомӣ, Теҳрон, 1385-и шамсӣ

Иршод дар маърифат ва ваъзу ахлоқ, таълифи Абдуллоҳ Муҳаммад бинни Абубакри Қалонисии Насафӣ (вафоташ 500 ё 550-и қамарӣ), бо тасҳеҳи Орифи Навшоҳӣ, Теҳрон 1385-и шамсӣ.

Тазкираи Навшоҳия, таълифи Муҳаммад Ҳаёти Навшоҳӣ ба тасҳеҳи Орифи Навшоҳӣ, Исломобод, 1389-и шамсӣ.

Ёри ошно, таълифи устод Халилуллоҳи Халилӣ, бо кӯшиши Орифи Навшоҳӣ, Лоҳур, 1389-и шамсӣ.

Бо Орифи Навшоҳӣ дар ҷараёни муаррифии китоби ӯ «Дар кӯйи Халил», ки 21-уми июл дар толори Академияи Улуми ҶТ баргузор гардид, шинос шудам. Ҳоҳиши бо ӯ мусоҳиба намуданро кардам. Гуфт фардо ба мизбони ӯ мудири Китобхонаи устод Халилӣ ҷаноби Ранҷбар занг бизанам ҷой ва вақти мулоқотро ӯ таъйин хоҳад кард. Рӯзи дигар субҳи барвақт буд, ки худи ҷаноби Ранҷбар ба ман занг заданд ва гуфтанд, ки бо ҳамроҳии меҳмон ба зиёрати «Мақбаратушшуаро»- и Тоҷикистон ба мавзеи Лучоб рафтанианд. Ва агар банда майл дошта бошам онҳоро ҳамроҳӣ кунам. Масъалаи мусоҳиба бо эшон ҳамзамон онҷо ҳал хоҳад шуд. Албатта ман ин пешниҳодро пазируфтам.

Инак зиёрати қубури шуарои фақиди тоҷикро аз мақбараи устод Мирзо Турсунзода шурӯъ кардем. Устод Навшоҳӣ ба ёдам оварданд, ки шодравон Мирзо Турсунзода дар достони «Ҷони ширин»-аш чунин мисраъҳоеро ба ҳамватани ӯ шоир Файз Аҳмади Файз бахшидааст:

Ёд дорӣ аз мубориз шоирон,

Файз буд дар хонаи мо меҳмон.

Аз Ватан гап сар кунӣ дар мегирифт,

Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.

Ҳамин тариқ аз як тараф оромгоҳҳои устод Мирсаид Миршакар, устод Одина Ҳошим, устод Қутбӣ Киром… ва дигар бузургонро зиёрат карда расидем ба сари мақбараи устод Лоиқ Шералӣ. Аз суханони устод Навшоҳӣ ҳувайдо буд, ки дар бораи ин бузургон ӯ маълумоти ҷолибе дорад. Масалан устод Мирсаид Миршакарро ба ҳайси таҳиякунанда ва бачопрасонандаи аввалин китоби Аллома Муҳаммад Иқбол дар Тоҷикистон бо ҳуруфи кириллӣ мешинохтааст. Аз устод Одина Ҳошим ҳамчун аз овозхоне ном гирифт, ки дар Покистон ҳаводорони зиёд дорад. Раҳматӣ Қутбӣ Киромро ба ҳайси бедилшинос ва тарҷумони ашъори Файз Аҳмади Файз ном бурд. Устод Навшоҳӣ баъди хондани оёте чанд аз Қуръони карим ва талаби дуъо ба ҳаққи арвоҳи гузаштагони мазори Лучоб ғайричашмдошт ба ман гуфт, ки омодааст ба саволҳоям дар ҳамин сари мақбараи устод Лоиқ посух бигӯяд. Мо низ фурсатро ғанимат донистем.

-Мӯҳтарам Орифи Навшоҳӣ, Шумо дар суханронии худ, ки дирӯз дар маросими муаррифии китобатон «Дар куйи Халил» дар толори Академияи Улуми ҶТ доштед, худро табааи қаламрави забони форсӣ эълон кардед. Тоҷикистон низ қаламрави ҳамин забон аст. Аз ин рӯ нахуст ташрифи Шуморо ба Ватани худ хайра мақдам мегӯем. Тоҷикистон низ Ватани Шумо ҳаст.

2 musohiba 54545544

- Бисёр сипосгузорам аз ин суханони самимӣ. Дарвоқеъ Тоҷикистонро ва ҳарҷоеро, ки бо забони форсӣ ҳарф мезананд, онҷоро Ватани худ медонам. Махсусан дар ин лаҳзаҳое, ки дар «Мақбаратушшуаро»-и Тоҷикистон, бахусус дар канори оромгоҳи устод Лоиқ Шералӣ қарор дорем, маро як эҳсосоти аҷибе фаро гирифтааст. Ин бузургони шеъру адабу фарҳангу санъату мусиқӣ, ки дар ин ҷо хонаи охирати худро ёфтаанд, фақат мутааллиқ ба як сарзамин нестанд. Инҳо мутааллиқ ба тамоми ҷаҳони адаб, махсусан, мутааллиқ ба қаламрави забони форсӣ ҳастанд.

-Шумо, мӯҳтарам профессор, дирӯз бо баъзе аз намояндагони илму адаби тоҷик аз наздик рӯ ба рӯ сӯҳбатҳо доштед. Имрӯз бошад ба ба зиёрати мазори баъзе аз намояндагони аҳли илму фарҳанги тоҷик ба мавзеи зебоманзари Лучоб омадед. Баъди хондани оёте чанд аз Каломуллоҳ дар ҳаққи арвоҳи гузаштагони ин макону ин манзил шумо омодагии хешро ба сӯҳбати қаблан тарҳрезишуда бо мо ғайримунтазира дар сари мақбараи зиндаёд устод Лоиқ изҳор доштед. Чӣ чиз Шуморо ба ин иқдом водор кард?

-Мо, ки донишҷӯйи адабиёти форсӣ ҳастем, устод Лоиқро ба унвони яке аз шоирони беҳтарини Тоҷикистон мешиносем. Ӯ яке аз бузургтарин шоири сарзамини тоҷикон аст. Шоирест, ки ашъораш чӣ аз лиҳози маъно ва чӣ аз лиҳози алфоз хубу дилкаш аст. Ӯ дар ҳақиқат шоири миллист.Чун дар зиндагӣ натавонистам ба дидори муборакаш мушарраф бишавам, мехоҳам рӯҳашро ба дуо ва зикри хайр шод намоям. Боварӣ дорам чун мо ин ҷо дар бораи шеъру адаби форсӣ ҳарф мезанем рӯҳи ин бузургвор шод хоҳад шуд.

- Бале, дуруст мегӯед. Устод Лоиқ низ худ бо ашъори шуарои Эрону Афғонистону Покистон хеле хуб шинос буд. Ёдам меояд ӯ дар як шеъраш, ки ба шоири афғон Сулаймон Лоиқ бахшида буд, мегӯяд;

То бубинад халқи афғон сурҳо,

Дар раҳи мақсуд дуродурҳо,

Мефиристам ман суруд аз Панҷрӯд,

Мефиристам ман зи Норак нурҳо.

Шумо низ бо иншои китоби «Дар кӯйи Халил» хизмати шоистае на танҳо барои мардуми афғон, балки барои тамоми мардуми қаламрави забони форсӣ кардаед.

Шумо азҷумлаи он муҳақиқони камназире ҳастед, ки солҳо бо устод Халилуллоҳи Халилӣ равобити зичи эҷодӣ доштед. Мехостам дар бораи таассуроти хеш аз мулоқотҳоятон бо ин устоди сухани форсӣ чанде қисса кунед.Ва инчунин дар бораи чӣ гуна навишта шудани ин китоб сухане чанд бигӯед?

-Шукри Худовандро мегӯям, ки дар канори оромгаҳи як абармард сухани форсӣ дар бораи дигар шаҳсутуни адабиёти форсӣ ҳарф мезанем. Ин хушбахтии ман буд, ки вақте устод Халилӣ дар соли 1982 ба Покистон омаданд, тасодуфан ба идораи мо ташриф оварданд. Агарчӣ то ин замон ягон мулоқоти рӯ ба рӯ бо устод надоштем мо ғойибона иродати эшонро дар дил мепарваридем. Баъди ин мулоқоти нахустин мо то вопасин нафаси устод бо он кас дар тамос будем. Устод тақрибан панҷ сол дар Исломобод иқомат доштанд. Тамоми ин муддат мо дар хизмати эшон будем ва аз сӯҳбати эшон файзёб мешудем. Як шахсияти барҷаста буданд. Нуфузи тамом ба адабиёти форсӣ доштанд. Вуҷуди эшон дар Исломобод барои мо бисёр-бисёр муғтанам буд. Ба маҷолиси мухталиф эшонро мебурдем, худашон мерафтанд. Шоирону адибони Покистон, ки ба Исломобод меомаданд, ҳатман ба зиёрати устод меомаданд. Ман ҳамон замон хотироти ҳар мулоқотеро, ки бо устод медоштам, менавиштам, ёддошт мекардам. Устод аз ман китоб мегирифтанд, ман аз эшон китоб мегирифтам. Мубодилаи китоб доштем. Умуман, ман омодагиеро доштам, ки дар бораи устод Халилӣ мақолае бинависам. Дар фикри навиштани чунин мақолае низ будам. Соли гузашта, яъне соли 2009, дӯсти азизи мо оқои Ҷаъфари Ранҷбар ба Покистон омаданд ва аз мо хоҳиш карданд, ки хотироти хешро дар бораи устод Халилӣ бинависам. Ва ҳамон даврае, ки оқои Ранҷбар дар Покистон буданд, ман шурӯъ кардам ба навиштани хотироти худ дар бораи устод Халилӣ. Дар аввал дар назар доштам, ки танҳо хотироти худро дар бораи устод бинависам. Баъдан вақте, ки вориди мавзӯъ шудам, гуфтам масалан номаҳое, ки ман аз устод Халилӣ дорам, онҳоро вориди китоб бисозам. Устод ҳам сокини Исломобод буданд, ман ҳам сокини Исломобод будам, устод барои ман нома менавиштанд. Замоне, ки дар Ню Ҷерсии ИМА зиндагӣ мекарданд, аз он ҷо ҳам нома мефиристоданд. Ин номаҳоро ҳам дар ин китоб ҷо додам. Баъдан, он китобҳоеро, ки аз ман барои мутолиа мегирифтанд, вақте ба ман пас медоданд, медидам, ки дар ҳошияи он китобҳо ёддоштҳои эшон ҳаст. Назари худро медоданд ва агар иштибоҳе буд дар китоб, онро ислоҳ мекарданд. Ман ба эшон се-чорто китоб дода будам. Эшон дар канори ин китобҳо назари худро навиштаанд, яъне ҳавошӣ навиштаанд. Баъдан гуфтам ин ҳавошӣ бисёр донишмандона ҳаст, олимона ҳаст. Инҳоро бояд дар ин китоб биёрам. Ин ҳавоширо низ ман вориди китоб кардам. Ҳамон замон ман корҳои илмӣ мекардам. Корҳои илмиамро ба устод нишон медодам ва аз ӯ раҳнамоӣ мегирифтам. Устод маро дар ин ҷода бисёр ташвиқ мекарданд. Дар он замон ман дуто китоб чоп кардам. Яке тарҷумаи китоби донишманди эронӣ Алиасғар Ҳикмат дар бораи Ҷомӣ ба забони урду буд. Ин соли 1982 буд. Ман ҳамон замон аз эшон хоҳиш кардам ба ин китоб муқаддимае ва ё тақризе бинависанд. Устод лутф карданд ва як муқаддимае бо насри хеле шевое навиштанд. Баъдан меҳрубонии мазид ин буд, ки як қитъа шеър ҳам барои ман ба хотири чопи он китоб навиштанд. Ин чизҳоро низ ман вориди ин китоб кардам. Китоби дуввум маҷмӯаи ашъори як шоире ба исми Муҳаммад Моҳ Садоқати Кунҷой аз шуарои қарни 12-и Панҷоб буд. Маҷмӯаи ашъори ӯро ман гирд оварда будам. Ба ин маҷмӯа ҳам устод як муқаддимаи муфассале навиштанд, ки он ҳам чоп шуд.

-Дар баробари китоби «Дар кӯйи Халил» дирӯз ба аҳли илму фарҳанги тоҷик инчунин китоби «Ёри ошно» муаррифӣ шуд, ки онро устод Халилуллоҳи Халилӣ дар бораи Аллома Муҳаммад Иқбол навиштаанд. Шумо дар чопи ин китоби устод оё нақше доштед?

3 musohiba 54545544

- Устод ин китобро бори аввал соли 1982 дар Исломобод ба нашр расонда буданд. Ва дар мулоқоти нахустинамон устод лутф карданду ба ман нусхае аз он китоб дода буданд. Ман китобро дар он вақт хонда будам. Аммо замоне, ки китоби «Дар кӯйи Халил»-ро менавиштам, яъне хотироти худамро дар бораи устод, ба ин фикр афтодам, ки чун он китоб марбут ба Покистону Иқбол ва ин сарзамин ҳаст, беҳтар аст онро ҳам омодаи чоп кунам. Ва ба Иқболакдемии Лоҳур пешниҳоди чопи ин китобро додам. Ба онҳо гуфтам, ки чун вазифаи шумо чоп кардани китобе дар бораи Иқбол ҳаст ва ин яке аз беҳтарин китобҳо аз як нависандаи бисёр мӯътабари Афғонистон ҳаст, беҳтар аст ин китобро чоп кунед. Гуфтанд мо омодагӣ дорем. Он мавқеъ ин китобро ҳам омода кардам. Ман фақат як муқаддимае барои ин китоб навиштам ва дар он муқаддима гуфтам, ки заминаи пайванди Иқбол бо Афғонистон чӣ гуна буд ва дар ин мавзӯъ то кунун чи тадқиқоте шудааст дар Покистон. Мо се китоби бисёр муҳиме дорем, ки дар ин мавзӯъ дар Покистон навишта шудаанд. Он китобҳоро муаррифӣ кардам. Баъдан ҷойгоҳи китоби «Ёри ошно»-ро миёни он китобҳо гуфтам. Дар ин китоб исми баъзе аз шахсиятҳое омада буд, ки на ҳама хонандаҳо онҳоро хуб мешинохтанд. Дар поварақҳо дар бораи ин шахсиятҳо маълумоти иловагӣ додам. Масалан устод исми Убайдуллоҳи Синдиро дар китоб овардаанд. Убайдуллоҳи Синдӣ кӣ буд? Дар посух ман ҳавошӣ навиштам. Чун ҷаноби оқои Ранҷбар бохабар шуданд, ки ман китоби мазкурро барои Академии Иқболи Лоҳур омодаи чоп кардам, гуфтанд хуб мебуд, ки онро мо низ аз тарафи китобхонаи устод Халилӣ дар Душанбе чоп кунем. Як нусха барои ҷаноби Ранҷбар фиристодам, ки эшон онро ҳамзамон бо китоби «Дар кӯйи Халил» дар ин ҷо чоп карданд.

-Устод Халилӣ забони урдуро медонистанд?

- Фикр мекунам, ки мефаҳмиданд. Яъне мутуни урдуро мефаҳмиданд. Чун дар ин китоб омадааст, ки устод Халилӣ як қасидаи ба забони урду навиштаи Муҳаммад Иқболро ба забони дарӣ тарҷума кардааст. Устод дар муқаддимаи он қасида навиштаанд, ки «маълум мешавад, ки чӣ қадар муштаракот байни дариву урду ҳаст, чун бештари таркибот яке ҳаст. Фақат баъзе калимоте, ки якдигарро васл мекунанд, мумкин урду бошанд, аммо боқӣ дигар таркибот ҳама дарӣ ё форсӣ ҳаст». Эшон урдуро мефаҳмиданд, агарчӣ ба забони урду ҳарф намезаданд. Устод мисли Аллома Иқбол буданд. Аллома Иқбол ҳам ба форсӣ ҳарф намезаданд. Наметавонистанд ҳарф бизананд. Аммо ашъори форсиашон чӣ қадар зебову дилангез аст!

-Мӯҳтарам Навшоҳӣ, Шумо дирӯз дар суханронии худ дар баробари устод Халилӣ ва аллома Иқбол инчунин дар бораи тадқиқотҳои дигари худ, ки марбути адабиёти классикии мо мебошанд, чанд сухане гуфтед. Азҷумла гуфтед, ки дар Покистон шумо се китоберо ба нашр расондед, ки то ба имрӯз ба доираи васеи уламо номаълум буданд. Дар ин китобҳо маълумоти тозае дар бораи баъзе аз шоирони то ба ҳол номаълуми форсӣ ва ашъори ношинохтаи шуарои шинос омадааст. Барои намуна Шумо яке аз ҳамон китобҳоро, китоби «Иршод»-ро муаррифӣ кардед ва гуфтед, ки дар ин китоб се байти то ба ҳол номаълуми устод Рӯдакӣ оварда шудааст. Мешавад, ки дар ин бора муфассалтар ҳарф бизанед ва он байтҳоро дар сари гӯри устод Лоиқ, ки худ аз зодгоҳи устод Рӯдакӣ ҳастанд, бихонеду арвоҳи ин бузургонро шод намоед?

-Чаро не? Ҳазор дафъа. Китоби «Иршод дар маърифат ва ваъзу ахлоқ,» дар авохири қарни панҷум ва ё аввали қарни шашум навишта шуда ва муаллифаш Абдуллоҳ Муҳаммад бинни Абубакри Қалонисии Насафӣ мебошад. Муаллиф дар саҳифаи 99 –и китоб дар «Фасли фи тадобир вал бухл» ин ду байти устод Рӯдакиро меорад:

Сангу гуҳар якест чун нахӯрӣ,

Чи кунӣ хонумони худ пури санг.

Ба ду тангӣ басандакор мабош,

Тангии гӯру зиндагонии танг.

Баъдан дар саҳифаи 15-и китоб дар «Фасли фи талаб-ул-илм» муаллифи «Иршод» чунин байти Одамушшуароро пешкаши хонандагон мекунад:

Тозиву порсӣ ҳама наздики мо якест,

Наздики Ӯ гиромӣ парҳезгортар.

Баъди хондани ин байтҳо ман барои аниқ кардани он ки оё ин байтҳо дар китобҳои устод Рӯдакӣ ҳастанд ё не, «Девони Рӯдакӣ»-ро варақ задам. Ман ин байтҳоро дар «Девони Рӯдакӣ» пайдо накардам. Маълум мешавад, ки ин се байт аз назари муҳаққиқон пӯшида буданд. Ва аввалин бор аст, ки ба василаи китоби «Иршод» нашр ёфтаанд. На танҳо ин байтҳои Рӯдакӣ, балки абёти шоирони дигари ҳамзамони ӯ дар ин китоб омадаанд, ки ин шоирон ҳам дар таърихи адабиёти форсӣ шинохташуда нестанд. Аз ин лиҳоз китоби «Иршод» бисёр китоби муҳиме ҳаст.

-Он ду китоби дигар кадомҳоянд ва чӣ хусусияте доранд?

-Китоби дигар «Маҷолиси Ҷаҳонгирӣ» буд. Ин китоб дар дунё ҳамагӣ як нусха ҳаст. То нашри оммавии он касе аз олимони пажӯҳишгар ҳатто исми онро нашунида буд. Ин китобро ҳам дар Теҳрон чоп кардам. Исми ин китоб дар ягон сарчашмае низ сабт нашудааст. Китоб дар бораи маҷолиси шабонаи Нуриддин Ҷаҳонгир подшоҳи темурии Ҳинд аст. Ҳамааш ҳикояти маҷолиси шабонаи фарҳангиву адабиест, ки маъмулан бо иштироки шоирону мусиқидонону овозхонҳо дар ҳузури ин подшоҳ мегузаштанд. Аксари шоирон аз Мовароуннаҳр ба қораи Ҳинд мерафтанд ва дар ин маҳфилҳо менишастанд ва сӯҳбатҳо меоростанд. Ин китоб хеле нуқоти ҷолибе дорад барои таърихи фарҳангӣ ва адабии Мовароуннаҳр ва Ҳиндустону Покистон. Китоби саввум ҳам марбут ба таърихи тасаввуфи форс ҳаст. Қозрун як ноҳияе дар Эрон аст. Ва дар ин китоб дар бораи Ҳоҷа шайх Умар, ки яке аз суфиҳои силсилаи шайх Абӯисҳоқи Қозрунӣ мебошад, сухан меравад. Ин китоб ва ин шахсро дар Эрон то чопи оммавии он касе намешинохт. Ман як нусхаи ин китобро дар Туркия пайдо карда дар Теҳрон онро ба чоп расондам. Воқеан ин ҳар се китоб дар Эрон чоп шуд ва аз тарафи давлати Эрон ва мақомоти адабии он ҷоиза ҳам гирифтанд.

Мехостам як чизро изофа кунам. Тадқиқоти ман бештар рӯйи Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор буд, ки яке аз машоихи нақшбандия ҳаст, ки ин ҷо ба исми Хоҷа Аҳрори Валӣ маъруф аст. Рисолаи доктории ман дар бораи эшон аст. Дар Теҳрон чоп шудааст. Китобест иборат аз 800 саҳифа. Ин яке аз аввалин тадқиқотҳоест ба забони форсӣ бораи ин бузургвор. Дар ин китоб ҳам шарҳи ҳоли Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор таълиф гардидааст ва ҳам осори ӯ гирд оварда шудааст. Ин китоб ҳам дар Эрон ба ҳайси китоби беҳтарини сол, ки дар мавзӯи ирфон навишта шудааст, эътироф шуда соҳиби ҷоиза гардидааст.

- Шунидам, ки ба мақсади зиёрати мақбараи устод Рӯдакӣ сафаре ба Панҷрӯд доштед?

- Вобастагии мо ба Тоҷикистон ба хотири ҳамин бузургони адаб буд ва ҳаст. Агар имрӯз он бузургон дар миёни мо нестанд аз лиҳози ҷисмӣ вазифаи мо ҳаст, ки барои эҳтироми онҳо, шод кардани арвоҳи онҳо ба зиёрати қубури онҳо биёему оёти чанде аз Қуръони азимушшаън бихонему дар ҳаққи онҳо дуо бикунем. Ба ҳамин мақсад ман сари оромгоҳи устод Рӯдакӣ рафтам, дар Хуҷанди бостони оромгоҳи Шайх Муслиҳиддини Хуҷандиро зиёрат кардем. Дар худи Душанбе мақбараи устод Айнӣ, устод Муҳаммадҷон Осимӣ ва имрӯз ба истилоҳ «Мақбаратушшуарои Тоҷикистон»-ро зиёрат кардем. Ин амали мо танҳо ва танҳо адои эҳтиром ба ин бузургон аст. Чун вобастагии мо ба шарофати ин бузургон аст. Агар ин бузургон намебуданд, мо ҳеҷ гоҳ ин васли фарҳангиро намедоштем. Мо устод Лоиқро он ҷо мешиносем. Барои ман саодати бузурге ҳаст, ки ман ҳам хонаи устодро дар зодгоҳаш дар Мазори Шариф дидам ва инак хонаи охирати ӯро низ зиёрат кардам.

- Дар оянда мехоҳед чӣ корҳоеро анҷом бидиҳед?

- Умр кӯтоҳу корҳо бисёр, мегӯянд мардум. Ва боз мегӯянд кори дунёро касе ба итмом нарасондааст. Ба ҳар ҳол ният дорам, ки дар ҳамкорӣ бо мудири Китобхонаи устод Халилӣ ҷаноби Ранҷбар осори насрии устод Халилиро, ки дар ҳолати парокандагӣ қарор доранд, ҷамъ оварда дар як ҷилд ба нашр бирасонем. Ва инчунин таассуроти худро аз ин сафарам ба Тоҷикистон дар шакли сафарномае рӯйи чоп биёрам.

-Худованд Шуморо дар ин раҳ комёб бигардонад ва боз як бори дигар ташаккур барои ин сӯҳбати самимӣ.

Мусоҳиб Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1