02:50:26 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Зиёрати авлиёи Файзобод - 1

Рӯзи 06.06.2017 бо дӯстонам Абубакру Бурҳону Ҷамшед ва Асадуллоҳ ба зиёрати мақбараҳои авлиёи Файзободи бостонӣ рафтем. Нахуст мақбараи Ҳотами Асамм, яке аз бузургони машоихи Балхро, ки дар наздикиҳои маркази ноҳияи Файзобод мавқеъ дорад, зиёрат кардем.

1 avliyo 2017

Маълумоти мухтасар дар бораи Ҳотами Асамм

Абдураҳмон Ҳотам ибни Юсуфи Балхӣ, муллақаб ба Ҳотами Асамм, соли 761 дар Балх чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Яке аз муридони пешқадами Шақиқи Балхӣ (оромгоҳаш дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара) ба шумор мерафт. Дар зуҳд, риёзат, адаб, варъ (парҳезгорӣ) ва маърифати тасаввуф беназир буд. Яке аз муътабартарин машоихи Хуросон Аҳмад Хизравияи Балхӣ шогирди Ҳотами Асамм буд. Соли 810 бо мақсади тарғиб ва таблиғи дини мубини ислом ба Вашгирд (Файзобод)-и имрӯза меояд. Ҳотами Асамм соли 852 дар Вашгирд дунёи фониро падруд мегӯяд ва дар ҳамин ҷо ба хок супурда мешавад.

2 avliyo 2017

Ҳикоёте аз «Тазкират-ул-авлиё»-и Шайх Аттор дар бораи Ҳотами Асамм

Саъид ибни Муҳаммади ар-Розӣ гӯяд: «Чанд сол Ҳотамро шогирдӣ кардам, ҳаргиз надидам, ки ӯ дар хашм шуд, магар вақте ба бозор омада буд, ки якеро дид, ки шогирдеро аз они ӯ гирифта буд ва бонг мекард, ки чандин гоҳ аст, ки колои ман гирифтааст ва хӯрда ва баҳои он ба ман намедиҳад. Шайх гуфт: «Эй ҷавонмард! Мувосоте (созише С.Ҳ.) бикун! Мард гуфт: «Мувосо надонам, сим хоҳам». Ҳарчанд гуфт, суд надошт. Дар хашм шуд ва ридо аз китф баргирифт ва бар замин зад дар миёни бозор, пури зар шуд ҳама. Гуфт: «Ҳало, баргир ҳаққи хешро ва зиёдат бармагир, ки дастат хушк шавад!». Мард зар барчидан гирифт, то ҳаққи хешро баргирифт. Низ сабр натавонист кард, даст дароз кард то дигар бардорад, дасташ дарсоат хушк шуд.

3 avliyo 2017

Ва яке аз машоих Ҳотамро пурсид, ки: Намоз чӣ гуна кунӣ? Гуфт: Чун вақт дарояд, вузӯи зоҳир кунам ва вузӯи ботин кунам. Гуфт: Зоҳирро ба об пок кунам ва ботинро ба тавба. Ва он гоҳ ба масҷид дароям ва масҷиди Ҳаромро мушоҳида кунам ва мақоми Иброҳимро дар миёни ду абрӯи худ биниҳам ва биҳиштро ба рости худ ва дӯзахро бар чапи худ ва сирот зери қадами худ дорам ва малакулмавтро паси пушти худ ангорам ва дилро ба Худой супорам, он гоҳ такбир бигӯям бо таъзим ва қиёме баҳурмат, қироате боҳайбат, суҷуде ботазарруъ ва рукуъе ботаваззуъ ва ҷулусе баҳилм ва саломе башукр бигӯям. Намози ман инчунин бувад.

4 avliyo 2017

Нақл аст, ки рӯзе дар Балх маҷлис медошт. Мегуфт: Илоҳо! Ҳар ки имрӯз дар ин маҷлис гунаҳкортар аст ва девон сиёҳтар аст ва бар гуноҳ далертар аст, Ту ӯро биёмурз! Марде буд наббошӣ кардӣ. Ва бисёр гӯрҳоро боз карда буд ва кафан бардошта; дар он маҷлис ҳозир буд, чун шаб даромад, ба одати хеш ба наббошӣ рафт.Чун хок аз сари гӯр бардошт, аз лаҳад овозе шунуд, ки : Шарм надорӣ, ки дар маҷлиси Асамм дӣ омурзида гаштӣ, дигар имшаб ба кори худ машғул шавӣ? Наббош аз хок баромад ва бар Ҳотам рафт ва қисса бозгуфт ва тавба кард.

5 avliyo 2017

6 avliyo 2017

7 avliyo 2017

(давом дорад)

Аз саҳифаи фейсбуки Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi