00:48:24 16-уми Декабри 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Зиёрати авлиёи Файзобод - 2

Зиёрати марқади Шайх Абдураҳими Давлат

Баъди зиёрати мақбараи ҳазрати Хоҷа Ҳотами Асамм мо дӯстон бо роҳбаладии Абӯбакри Азиз, ки аз Душанбе моро ҳамроҳӣ мекард, роҳи деҳаи Элоки ҷамоати деҳоти Қалъаи Даштро пеш гирифтем. Дар ин ҷо турбати яке аз намояндагони барҷастаи тариқати нақшбандияи тасаввуф дар Мовароуннаҳр Шайх Абдураҳими Давлат, ки миёни мардум мулаққаб ба Ҳазрати Бузургвор машҳур аст, макон дорад.

1 shaykh 2017

Баробари ба наздикии зиёратгоҳ расидан садои намози пешин аз масҷиди ҷомеъи хеле зебое, ки дар назди зиёратгоҳ дар баробари мадрасае қомат афрохтааст, баланд шуд. Табиист, ки аввал намози пешинро бо имоматии Қорӣ Муҳаммадносир – яке аз наберагони Ҳазрати Бузургвор хондем. Пас аз анҷоми намози пешин аз Қорӣ Муҳаммадносир хоҳиш кардем, ки моро то марқади Ҳазрати Бузургвор ҳамроҳӣ кунад.

Қабл аз нақли шунидаҳоям аз Қорӣ Муҳаммадносир мехоҳем чанд сухане дар бораи зиндагиномаи Шайх Абдураҳими Давлат ё Ҳазрати Бузургвор гуфта бошем.

Шайх Абдураҳими Давлат соли 1881 дар деҳаи Лижаки собиқ ноҳияи Обигарм ба дунё омадааст. Таълими ибтидоиро Шайх Абдураҳим дар назди қиблагоҳаш домулло Давлат, ки донишманди маъруфи замонаш будааст, мегирад. Баъдан падараш ӯро барои идомаи таҳсил ба Бухорои шариф мефиристад. Дар Бухоро шайх Абдураҳими Давлат дар назди Мавлоно Худойбердӣ, ки яке аз донишмандони маъруфи исломии замон ва пешвои тариқати нақшбандия будааст, таҳсили илм мекунад.

2 shaykh 2017

Ҷидду ҷаҳди Шайхи Абдураҳими Давлат дар роҳи андӯхтани илму дониш самараи дилхоҳ медиҳад ва ӯ яке аз пешқадамтарин олимони давраш дар ирфону тасаввуф мегардад. Шайх Абдураҳими Давлат аз худ осори бойи хаттие ба ёдгор гузоштааст. Намунаи ин осораш китобҳои «Ишқнома», «Кашф-ул-асрор», «Рамз-ул-асрор», «Ҳаждаҳ доираи тасаввуф», «Девони ғазалиёт», «Маснавинома» ва ғайра мебошанд.

Шайх Абдураҳим соли 1947 дар синни 66 солагӣ доии аҷалро лаббайк гуфта ба ҷавори Ҳақ пайваст.

3 shaykh 2017

Чӣ тавре, ки пайвандони Ҳазрати Бузургвор мегӯянд, шайх Абдураҳими Давлат дар зиндагӣ соҳиби ҳашт писар шудааст. Эшони Ҳабибуллоҳ, эшони Насруллоҳ, эшони Шайх Асадуллоҳ, эшони қорӣ Ҳикматуллоҳ, эшони қорӣ Ибодуллоҳ, эшони Саъдуллоҳ, эшони Фатҳуллоҳ, ки Худо раҳматашон кунад ҳамагӣ дар синну соли аз 23 то 66 солагӣ аз дорулфано ба дорулбақо реҳлат кардаанд ва эшони Зубайдуллоҳ, ки Худованд ҳифзаш кунад, дар қайди ҳаёт аст.

Шайх Абдураҳим дар таълиму тарбияи бархе аз олимони маъруфи исломии кишвар саҳми бузург дорад. Чунончи орифони бузург Эшони Тоҷиддин, домулло Искандар ва Эшони Абдураҳмонҷон аз шогирдони пешқадами ӯ ба шумор мераванд.

4 shaykh 2017

Қорӣ Муҳаммадносир, набераи ҳазрати Абдураҳими Давлат, пеш аз он ки моро ба дохили зиёратгоҳи Ҳазрати Бузургвор бибарад, чанд қиссаеро аз зиндагиномаи бобояшон нақл карданд, ки ҳамагӣ дар як ҳикояти хурде пайваст шудаанд.

Баҳор буд. Моҳи майи соли 1947. Ҳазрати эшони домулло Абдураҳими Давлат ба ҳамин ҷое, ки марқадаш дар Элок ҳоло истодааст, омада ба муридонаш мегӯяд, ки ман тирамоҳ сафари охират дорам. Марқади маро дар деҳаи Элок маҳз дар ҳамин ҷое, ки истодаем, дар ҳамин ҷо бунёд кунед. Он вақт Ҳазрати Бузургвор дар деҳаи Хуҷа Ёқуб, болотар аз ин ҷо дар оғӯши кӯҳҳо, зиндагонӣ мекардаанд.

5 shaykh 2017

Хешу табор аз ин тасмими Ҳазрати Бузургвор изҳори норозигӣ мекунанд. Яъне ба он маънӣ, ки чаро намехоҳад марқадаш дар ҷои истиқоматаш бунёд шавад. Ӯ ба хешу табораш мегӯяд, ки рози инро баъдтар хоҳанд фаҳмид. Ва мақбараро дар шакли аввалааш то тирамоҳи соли 1947, яъне то вафоти Ҳазрати Бузургвор месозанд. Дар ҳақиқат, пас аз ду соли вафоти Ҳазрати Бузургвор мардуми деҳаи Хуҷаи Ёқубро ба водиҳо муҳоҷир мекунанд. Сабабаш ин заминҷунбии соли 1949 Ҳоит буд. Зеро баъди заминҷунбии Ҳоит мардуми бисёр деҳаҳои куҳистониро, азҷумла деҳаи Хуҷа Ёқубро низ ба водиҳо муҳоҷир мекунанд.

Дар ҳамон суҳбати моҳи майи соли 1947, ки муридонаш низ дар он ҷо ҳузур доштанд, Ҳазрати Бузургвор боз як сухани барои он замон боварнокарданӣ мегӯянд. Ҳазрати Бузургвор гуфтаанд, ки замоне фаро мерасад, ки дар назди мақбараи ман масҷид ва мадраса бунёд мешавад. Одамон дар масҷид озодона намоз мехонанд ва дар мадраса кӯдакон таълими исломӣ мегиранд. Аз ҷумлаи ҳамон шогирдонашон, ки ин суханонро шунида буданд, як нафарашон то ба имрӯз дар қайди ҳаёт аст, мегӯяд Қорӣ Муҳаммадносир. Ҳамин муриди Ҳазарати Бузургвор ба ман нақл кард, ки «ман ҳамон замон аз дил гузаронидам, ки чӣ гуна давлате, ки даҳ сол пеш муллоҳоро ба қатл расонду маҳбус кард, бадарға намуд, розӣ мешавад, ки мардум масҷиду мадраса бисозанд.

6 shaykh 2017

Ҳамон лаҳза дидам, ки Ҳазрати Бузургвор ба тарафи ман нигоҳ карда гуфт: «Ҳоло замоне фаро мерасад, ки давлати шӯроҳо аз ин ҷо худаш баромада меравад. Як мусалмони худамон ба сари қудрат меояд ва дар дину диндориямон сабукиҳо ва пешравиҳо мешавад». Инро бубинед, ки ҳоло дар сари қудрат мусалмону мусалмонзодаҳои худамон, ҷаноби олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст. Ва ин масҷиду мадрасае, ки Шумо мебинед, самараи ҳамин истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати раҳбарони давлати мусалмонзодаҳои худамон мебошад».

Ва боз як қиссаи дигар, ки бо бунёди ҳамин марқад иртибот дорад. Шумо ҳатман Эшони Абдураҳмонҷонро Худо раҳматаш кунад, хуб мешиносед.

Эшони Абдураҳмонҷон яке аз муридони содиқи Ҳазрати Бузургвор буданд. То он дараҷа ба Пири худ содиқ будаанд, ки зимистонҳо вақте, ки ба хоб мерафтаанд, оби таҳорати Пирашонро дар кӯзаи сафолӣ гирифта шаб дар бағалашон хоб мекардаанд. Ҳазрати Бузургвор одатан ҳар шаб соати 2 барои гузоштани намози таҳаҷҷуд аз хоб бедор шуда дар таррадуди гирифтани вузуъ мешудаанд. Ҳама вақт Эшони Абдураҳмонҷон пеш аз дигар муридони Ҳазрати Бузургвор кӯзаи оби гарми таҳоратро дар пеши пойи Пирашон мегузоштаанд.

7 shaykh 2017

Барои бунёд кардани ҳамин мақбараи Ҳазрати Бузургвор сангро қариб 300 метр поёнтар, аз лаби яке аз шохобҳои дарёи Элок меовардаанд. Сангҳоро муридонаш дар пушташон мекашонданд. Дар миёни муридоне, ки санг мекашонданд, Эшони Абдураҳмонҷон низ буд. Эшони Абдураҳмонҷон ба гуфтаи суфие, ки ин қиссаро ба мо нақл кард, дар тан як куртаи сафед ва аз болояш як яктаӣ доштааст. Суфӣ мегӯяд, ки дар тани ман ҷомаи пахтанок буд. Ба ӯ пешниҳод кардам, ки барои азоб накашад ҷомаи маро, ки дарунаш пахта дорад, бипӯшад. Эшони Абдураҳмонҷон, ки як ҷавони навхати қадрас буд, ба пешниҳодам розӣ нашуд.

Баръакс хоҳиш кард, ки ба пушти ӯ сангҳои калонтарро бигузорам. Хулоса аз вазнинии сангҳо аввал яктаӣ дарид, баъдан курта ҳам дарид. Оқибат пусти пушти эшони Абдураҳмонҷон ҷароҳат бардошт. Ман ба ӯ гуфтам, ки ана гапро нагирифтӣ пусти пуштат ҳам ҷароҳат бардошт. Эшони Абдураҳмонҷон дар посух гуфт, ки бигузор пусти пуштам ҷароҳат бардорад. Муҳим мо дуъои Ҳазрати Бузургворро бигирем.Ин ҳамаро Ҳазрати Бузургвор аз дур мушоҳида мекарданд. Дар поёни кор Ҳазрати Бузургвор ҳамаро ҷамъ карда дуъо доданд.

8 shaykh 2017

Пеш аз дуо додан ба эшони Абдураҳмонҷон аввал чанд маротиба ба тарафи ҳамон суфӣ ва худи эшони Абдураҳмонҷон нигоҳ кардаанд. Сипас даст бардошта ба тарафи эшони Абдураҳмонҷон нигоҳ карда ду маротиба гуфтаанд: «Худо эшонат кунад, эшони Абдураҳмонҷонат кунад» ва маротибаи сеюм гуфтаанд: «Худо эшонат кунад эшони Абдураҳмонҷонат кунад, ки дар хидмати Пираш на танҳо пусташро фидо кард, балки ҷонашро ҳам фидо мекунад».

Ҳамин хидматҳо ва дониши амиқу ҳаматарафаи Эшони Абдураҳмонҷон буд, ки Ҳазрати Бузургвор пеш аз даргузашташон васият мекунанд, ки муридонаш ҳамагӣ баъд аз сари ӯ Эшони Абдураҳмонҷони 25 соларо бо ҷои ӯ Пири тариқати нақшбандия бидонанд ва бо ӯ байъат кунанд».

Сипас ҳамроҳи Қорӣ Муҳаммадносир вориди зиёратгоҳи Ҳазрати Бузургвор шудем ва ӯ оёте чанд аз Каломуллоҳи шариф барои шод кардани руҳи Ҳазрати Бузургвор қироат намуд. Мо ҳамагӣ даст ба дуъо бардошта омин гуфтем. Баъдан вориди зиёратгоҳи эшони Шайхи Асадуллоҳ, писари Ҳазрати Бузургвор, ки дар паҳлӯи зиёратгоҳи падар қомат афрохтааст, шудем ва он ҷо низ Қорӣ Муҳаммадносир оёте чанд аз Қуръони маҷид тиловат намуд ва савобашро ба руҳи ин бузургвор бахшид.

Бояд як нуктаро бигӯем, ки дуруст ҳангоме, ки мо зиёрати ин ду бузургворро анҷом медодем, чунон ҳам раъду барқ шуд ва борону жолаи шадид борид, ки замин сафед гардид…

(идома дорад)

Аз саҳифаи фейсбуки Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1