16:46:26 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ӯ шоирона зист

maybaliev 22115555

Ончунон зӣ, ки чу аз ҳодиса барбод равӣ,

Ҳусни маънӣ нагузорад, ки ту аз ёд равӣ.

Шоми 30 декабри соли 2011 қалби пурэҳсоси  яке аз арбобони намоёни санъати касбии тоҷик, коргардони маъруфи театри миллии кишвар, устод ва мурабии даҳҳо истедодҳои баркамол ва ҳунрпешагони шинохтаи ҷумҳурӣ, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Хушназар Майбалиев баъди бемории вазнин аз таппиш боз монд.

Устод Хушназар Майбалиев тамоми умри пурбори хешро сарфи ҳунар ва зебоӣ, сарфи тарбияи маънавии ҷомеа, сарфи санъати касбии театр кард. Ӯ аз сарсупурдатарин ходимони фарҳанг ва ҳунари асил буд, ки дар ин ҷодаи басо душвору мураккаб, вале пурифтихор содиқонаву бошарафона хидмат намудааст.

Устод Хушназар воқеан ҳам марди хушдилу хушзамир, хушзавқу хушсалиқа, хешфеълу хушмуомила, инсони шарифу дилогоҳе буд. Ӯ яке  аз коргардонҳои тавонои театри шӯравӣ маҳсуб мешуд, ки бо вуруди худ ба олами ҳунари театри тоҷик, ба ин муҳит насими тозае, ангезаи наве ворид сохт.

Ҳар як намоиши таҳиякардаи ӯ бо бори маъниву ҳикмат, бо арзишҳои бадеӣ ва талқини ғояҳои баланди умумибашарӣ, бо инъикоси андешаву афкор, зиндагии пуршӯрӯ пурсавдо, розу ниёзҳо ва ҷаҳони ботинии инсон падидае буд, ки тамошогарро ба сӯи хайру накӯӣ ҳидоят менамуд.

Бо донишу истеъдоди баланд ӯ дар театр мактаби эҷодии худро бунёд намуд ва дар тарбияи насли нави эҷодкорони навҷӯ дар пояи афкору андеша ва таҳлили амиқи намоишномаҳо заминаи қавӣ гузошт.

Хушназар Майбалиев чун устод ва омӯзгор дар Донишкадаи ҳунарҳои зебо низ шогирдони зиёдеро ба воя расонда, ба роҳи мураккабу душвор, вале пурифтихори ҳунар раҳнамун сохтааст. Саҳми устодонаи ӯ ҳам дар   театрҳои касбӣ ва ҳам театрҳои халқии ҷумҳурӣ ва умуман дар ҳама риштаҳои фарҳангу ҳунари кишвар назаррас буд.

Х. Майбалиев 20 апрели соли 1938 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони ВМБК дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Зери таъсири муҳити хонаводагӣ ӯ аз овони хурдӣ ба санъат шавқу рағбат пайдо намуда, баъди хатми мактаби миёна ба ҳайати ансамбли овозадори этнографии тарона ва рақси «Помир»-и назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон шомил гашта, завқу эҳсоси зебошиносии худро нахуст дар заминаи ҳунарҳои шифоҳии мардумӣ дар ҳамин ансамбл такмил додааст. Соли 1957 ӯ дар хайати  ансамбли мазкур дар Фестивали 6-уми байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯён, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардида буд, ширкат намуда, Лауреати ин ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон гардидааст. Баъди 6-соли фаъолият (1956-62) дар ҳайати ансамбли «Помир» ӯ барои таҳсил дар риштаи режиссёрии барномаҳои ҳунарӣ ба Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Маскав раҳсипор мегардад. Баъди ду соли таҳсил дар ин донишкада ӯ бо тавсияи дӯстон ба факултаи режиссёрии Донишкадаи давлатии санъати театрии (ГИТИС) ба номи Луначарский (ш. Маскав) дохил гардида, нозукиҳои санъати ҳирфаии режиссёриро аз коргардони шӯҳрати ҷаҳонидоштаи театри шӯравӣ Анатолий Эфрос меомӯзад. Соли 1969 Х. Майбалиев баъди хатми донишкадаи мазкур ба сифати режиссёри таҳиягар ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор меояд.

Аввалин намоише, ки ӯ дар саҳнаи ин театр гузоштааст, кори дипломии ӯ   «Дуэл»-и Мар Бойҷиев (адиби маъруфи қирғиз) мебошад. Аз нахустин намоишҳои дар саҳна гузоштаи худ Х Майбалиев ба театри тоҷик сабку услуби ҷадид ва рӯҳияи нави эҷодиро ворид сохт. Коргардони навҷӯю тозаандеш бо дидгоҳи ҷадид дар фаъолияти режиссёрии театри миллии тоҷик марҳилаи наверо оғоз бахшид.

Қаблан дар саҳна намоишномаҳо бештар бо сабки романтикӣ ва риояи комили пайнавиштҳо (ремарка)-и муаллифон таҳия шуда, ҳунарпешагон нақшҳои худро бо оҳанги хос (пафос)-и театрӣ ва бештар бо инъикоси зоҳирии хислату рафтори қаҳрамонон бозӣ мекарданд. Пас аз омадани Майбалиев дар кори эҷодии театр масъалаи андешаву равоншиносӣ (психология) ва амиқрафти ҷаҳони ботинии қаҳрамонон, таҳлили воқеаҳо, образҳо, бархурди хислатҳо, ба маънӣ ва таҷассуми ҳадафу мақсад тобеъ гаштани шакл, ороиш, мусиқӣ ва дигар унсурҳои саҳнавӣ басо қавӣ гардида, мактаб ва лабораторияи нави коргардонӣ арзи ҳастӣ намуд. Ба таъбири дигар бигӯем, то Майбалиев театри тоҷик театри актёр, театри бозии актёрӣ маҳсуб мешуд.

Дар асарҳои саҳнавии он давра вижагии (ҳусни хати) дромнавис дар қолаби махсуси бозии актёрҳо бо роҳнамоии коргардонҳо комилан ҳифз мегардид. Вале агар дромнавис муаллифи намоишнома (пйеса) бошад, пас режиссёр муаллифи намоиш (спектакл) аст. (Ба ин маънӣ Майбалиев мақому ҷойгоҳ ва ҳуввияти Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутиро ба сатҳи касбияти баланд, чун театрҳои машҳури Ғарб ба мартабаи театри режиссёр боло бурд.

Устод дар мусоҳибаи охирини худ рӯзҳои аввалини кори эҷодии худро ёдовар шуда гуфта буд: «... насли калонсоли ҳунармандон ҳангоми иҷрои нақш ба нутқи пурҷӯшу хурӯш ва тарзи гуфтори  мутантан (пафос) одат карда буданд ва қолабҳои кӯҳнаро шикастан заҳмати зиёдеро тақозо дошт. Аз таҳияи «Дуэл» шурӯъ карда мо дар ҳамкорӣ бо ҳунарпешагони насли нав тадриҷан ба он ноил гаштем, ки дар саҳнаи театр сохтакорӣ ва романтизми ҳавоиро решакан кунем…»

Он тавре, ки театрҳои маъруфу номдори дунёро бо исми коргардонҳои шӯҳратёри онҳо ном мебаранд, (масалан театри Вахтангов, театри Любимов, театри Мейерхолд, театри Эфрос, театри Товстаногов, театри Марҷонашвили в.ғ.) солиёни мадиде, хусусан он солҳое, ки шодравон саркоргардони театри ба номи Лоҳутӣ буд, ин театрро дар доираҳои фарҳангӣ театри Майбалиев низ меномиданд. Далели ин гуфтаҳо бештар аз 40-намоиши таҳия кардаи Х. Майбалиев мебошанд, ки бо арзишҳои баланди бадеӣ, ҳикмату фалсафаи хоси худ, тобишҳои равоншиносӣ (психологӣ), умқи маънӣ ва драматизми ботинии қаҳрамонон, хислат (характер)-ҳои равшан, бархурди ҳодисаҳо, ороиши саҳнавию мусиқӣ ва дигар аносири театрӣ аст, ки ҳар кадом як саҳифаи тозаву рангин ва ҷолибу мондагорро барои театри миллии тоҷик боз намудаанд, дар тарбияи маънавии ҳазорон мухлисон ва чандин насли тамошогарони тоҷик хидматҳои пурарзише кардаанд.

Асарҳои таҳия намӯдаи ӯро ба чандин бахшу қисмат ва фаъолияти эҷодии ӯро дар ҷабҳаҳои мухталиф метавон арзёбӣ кард. Аз ҷумла ду самти муҳимми фаъолияти коргардонии ӯ:-таҳияи асарҳои драматургони миллӣ ва рӯи саҳна овардани драматургияи рус ва классикаи ҷаҳониро ба вижа қайд кардан ҷоиз аст.

Дар фазои ҳамкории судманди эҷодӣ бо дромнависони тоҷик ва таҳияи асарҳои эшон ӯ дар рушду камолоти драматургияи миллӣ саҳми босазо гузоштааст. Лозим ба ёдоварист, ки кори аввалини дипломии ӯ дар саҳнаи Театри драмаи мусиқии ш. Хоруғ аз рӯи асари М. Миршакар «Бахти шумо, бахти ман» соли 1968 таҳия шуда буд.

Дар саҳнаи театри ба номи А. Лоҳутӣ ӯ бо таҳияи асарҳои «Корвони бахт», «Вафо ба аҳд» (М. Миршакар), «Дасти дӯст» (М. Назаров), «Беватан», «Ҳақиқати талх» (С. Сафаров), «Ҳуррият», «Фарёди ишқ» (Ғ. Абдулло), «Лаҳзаи ҷовид», «Захми забон» (М. Бахтӣ), «Бо имзои доҳӣ» (А. Атобоев), «Ибтидо» (А. Ҳамдам) ва дигарон дар жанри драммаи миллӣ таҳаввулоту марҳилаи тозаеро эҷод намуд.

Ҳамкории драматург бо коргардоне, ки асосҳои драма ва қонуниятҳои илмии санъати театрро хуб медонист, самараи дилхоҳ ба бор меовард. Барои мисол офарида шудани намоиши «Фарёди ишқ»-и Ғ. Абдуллоро аз рӯи достони «Дувалронӣ ва Хизрхон»-и Амирхусрави Деҳлавӣ ёдовар шудан кофист.

Фоҷеаи ишқи пок, драматизми баланд дар заминаи ихтилофҳои мазҳабӣ ҳирси ҷоҳу мансаб, талош барои тоҷу тахт-ин аст мавзӯъ ва хатти сужаи асар. Он дар таҳияи Х. Майбалиев то ба ҳадди як фоҷеа ва мавзӯи доғи умумибашарӣ расонида шуда, ғоя, хатти амалиёти қаҳрамонон ва суръати таҳаввулоту ҳодисаҳо бо зуҳури хор ва ҳикматҳои пурбаҳои «Тутии Ҳинд» (А. Деҳлавӣ) қавитару гӯётару равшантару муассиртар ҷараён меёбанд. Дар болои саҳна тоҷи бузурге овезон аст, ки ба равону андеша ва эҳсосоти қаҳрамонон, хоса ҷуфти ошиқ Хизрхону Дувалронӣ фишор меоварад. Коргардон нерӯи ишқро аз маргу ҳирс ва ҳама эҳсосоти дигари инсонӣ қавитару болотар маънидод кардааст. «Фарёди ишқ» чун исёни ақл ва муҳаббати пок тамошобинонро сахт ба ваҷд меовард. Онҳо ашкрезон дуру дароз ба ҳунару истеъдоди  ҳунарпешагон М. Воҳидов, А. Муҳаммадҷонов, М. Тоҳирӣ, М. Исоева, Ф. Қосимов, Н. Муҳаммадҷонова, Б.Наматиев, Н. Ҳасанов ва таҳиягари намоиш кафкӯбӣ мекарданд. Суханони пурҳикмати драматурги Юнони бостон Еврипид, ки гуфта буд, «Фоҷеа мисли ҳаммом одамонро шуста пок мегардонад» дар ин маврид комилан собит мешуд. Ин фоҷеа бештар аз 30-сол рӯи сахна буд ва чандин насли ҳунармандони театр дар он нақшҳо бозида, ҳунару истеъдоди хешро дар мактаби эҷодии Х. Майбалиев сайқал додаанд.

(Сад афсӯс, ки ин тифли нозпарварди коргардони беназири тоҷик қабл аз фавти офарандааш саҳнаро тарк гуфт ва шояд яке аз сабабҳои бемориву марги ногаҳонии коргардони ҳассосу нозукзамир аз намоиш боз мондани чунин офаридаҳояш буда бошад).

Намоишҳои дар заминаи драматургияи муосири шӯравӣ ва классикаи ҷаҳонӣ таҳия кардаи ӯ (ба мисли «Машварат»-и А. Гелман, «Лавҳаи инқилобӣ»-и М. Шатров, «Писари калонӣ»-и А. Вампилов, «Марати бечораи ман»-и А. Арбузов, «Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ниёзӣ, «Ревизор»-и Н. Гогол, «Антигона»-и Ж. Онуй, «Ваня-тағо»-и А. Чехов, «Дод аз дасти ақл»-и А. Грибоедов, «Сид»-и Корнел, «Сиёҳ ва сафед»-и Ж. Сартр, «Раду барқ»-и Тсао Юй ва ғайра) тамошобини тоҷикро бо арзишҳои волои адабиёти ҷаҳонӣ ва театри муосир ошно сохт.

Аввали солҳои 70-уми асри гузашта, ки банда донишҷӯ будам, хуб ёд дорам, ки ба бисёр нахустнамоишҳои асарҳои таҳиякардаи Х. Майбалиев билет пайдо кардан осон набуд. Театр қадамгоҳи адибону олимон, омӯзгорону донишҷӯён ва аксари кулли зиёиёни кишвар гашта буд ва ҳазоррон мухлисону ҳаводорони ин санъати воло ошиқона, бо амри дил ба театр меомаданд.

«Ревизор»-и адиби бузурги рус Н. В.Гоголро дар бисёр саҳнаҳои бузурги дунё коргардонҳои шӯҳратёри театри ҷаҳонӣ гузошта, ҳар кадом тавассути таҳияи он сухани наве гуфта, андешаву ҳадафҳои хешро талқин кардаанд. Ба ақидаи бисёр театршиносони маъруфи шӯравӣ «Ревизор» дар таҳияи Х. Майбалиев яке аз беҳтарин ва гӯётарин ҳарфи тозае буд дар таърихи саҳнавӣ гаштани ин асари безавол. Коргардон ба ин мазҳакаи классикӣ рӯҳи замонавӣ бахшида, дар даврони ҳукумронии идеологияи шадиди шӯравӣ ҷасорати баланде нишон дод. Ҳар як нақш дар намоиш то ба ҳадди образи мукаммал сайқал ёфта, комил гардида буд. Мизи мудавваре дар саҳна рамзи ҷаҳон ва бо фасоду пора, фисқу фуҷур олуда гаштани тамоми оламро ифода мекард. Образҳои равшану муассири офаридаи ҳунармандоне чун Ҳ. Гадоев, Б. Раҷабов, М. Тоҳирӣ, Н. Ҳасанов, А. Назриев, Ф. Ғуломова, Г. Сафаралиева, С. Сабзалиева ва дигарон аз мактаби қавии коргардониву педагогии устод Х. Майбалиев башорат медод.

Коргардон нерӯву ҷазаба ва меҳварест, ки дар фаъолияти худ (пиромуни худ) корҳои эҷодиву ҳунари актёрон, рассомон, оҳангсозон, пардозгару ороишгарон ва дигар хадамоти эҷодиву техникӣ (фаннӣ)-и театрро тавъаму ҷамъбаст месозад.

maybaliev 5689554554

Ҷанбаи дигари фаъолияти эҷодии Х. Майбалиевро ҳамчун омӯзгору мурабӣ (режиссёр-педагог) дар тарбияву ба камолоти эҷодӣ расидани даҳҳо истедодҳои соҳибзавқу хушсалиқа метавон арзёбӣ кард. Ӯ дар театри тоҷик мактабу сабки нави санъати режиссёриро роиҷ сохт, ки дар он коргардонҳое чун Фаррух Қосимов (рӯҳаш шод бод), Давлат Убайдуллоев, Баҳодур Миралибеков, Мирзоватан Миров, Ориф Набиев, Шералӣ Абдулқайсов ва чандин дигарон тарбияву камол ёфта худ ба мақоми устодӣ расиданд.

Насли баъдинаи актёрони тоҷик ва ҳатто зумрае аз насли кӯҳансол низ худро бо муҳаббату ифтихор шогириди устод Хушназар Майбалиев меҳисобиданд. Устод дар тӯли фаъолияти эҷодии худ ба ҳайси роҳбари бадеии театр ё худ коргардони қаторӣ ҳеҷ гоҳ донишу истеъдод ва меҳри падаронаи худро аз аҳли эҷод-коргардонҳову ҳунарпешагон дареғ намедошт...

Ӯ чунон нармдилу меҳрубон буд, ки дар ягон ҳолат, ҳатто ҳангоми асабонӣ шудан ҳам садо баланд намекард. Бо нармиву хушгуфторӣ ба ҳунармандон вазифаву мақсад ва ҳолати ботинии қаҳрамонро вобаста ба воқеаҳо шарҳ медод. Гаштаву баргашта бо таҳлили амиқи ҳодисаву ҳолатҳо, хатти амалиёти қаҳрамонон ва ҷавҳари ғоявии асар бо тамкиниу таҳаммул ва оромии ба худ хос ҳунармандонро бо ҳадафу рисолаташон ошно месохт. «Кор бо аштёр яке аз вазифаҳои асосии режиссер аст. Устодам А. В. Эфрос таъкид мекард, ки коргардон бояд бо ҳунарпеша бо эҳтиром ва муҳаббат муносибат кунад»-гуфта буд. Х. Майбалиев. Ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки ҳунарпешаи асил мисли шоир аст ва нақша меофаридаи ӯ мисли шеър бояд таъсирбахшу зебо бошад.

Бале, ҳар як намоиши таҳиямекардаи ӯ низ шоирона ва орифона буд. Худ низ шоирона ва ошиқона зист ва аз худ нақшу осор ва хотироти накӯе мисли шеъри ноб боқӣ гузошт...

Чеҳраи гарму нуронии ӯ дар навори синамо, дар филмҳои «Нур дар кӯҳсор»  чун ҷавони ошиқ ва «Хонавори Ғаюровҳо» чун марди ғуюру солору ботамкин ҷовидонӣ боқӣ мондааст… 

Зимистони соли 1977 мо донишҷӯёни соли 3-уми шӯъбаи актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба шаҳри Маскав барои таҷрибаомӯзӣ (ба ГИТИС) раҳсипор гаштем. Шуғлу фаъолияти ҳаррӯзаи мо дар тӯли як моҳ асосан тамошои намоишҳо дар театрҳои Маскав буд. Рӯзе дар барномаи театри «На малом Броне», ки бо номи театри Эфрос маъруф аст, эълони намоиши «Отелло»-и Шекспирро дида, азм кардам, ки ҳатман онро бояд тамошо кунам. Мо аллакай медонистем, ки дар Маскав ба тамошои ин ё он намоиш билет ёфтан кори басо сангин аст. Аз ин рӯ ман ба назди хазинаи театри Эфрос қариб 3 соат пеш аз намоиш ҳозир гашта, интизорӣ кашидам. Даричаи хазинаҳо махкам ва дар оинаашон эълони зерин часпонида шуда буд: «Тамоми билетҳо фурӯхта шудаанд». Тибқи мушоҳида ва шеваи чандрӯза ман худро ба тирезаи дафтари сармаъмур ҷафс карда, «хирагии эҷодӣ»-и худро давом додам. Сармаъмур бо қатъият хоҳишу исрори маро рад мекард, ки ягон илоҷе надорад, зеро билетҳо кайҳо фурӯхта шудаанд.

Хушбахтоне, ки чанд моҳ қабл билет дархост (брон) карда буданд, бо нишон додани ҳуҷҷат билетҳои худро дастрас карда, вориди театр мегаштанд. Ман ҳатто бо пешниҳоди «пора»-ду дона анору чор дона себи Тоҷикистон низ ба гирифтани билети беҷой муваффақ нагаштам. Ногаҳон марди сурхинаи кӯлӯлаандоме вориди ҳуҷраи сармаъмур гашта, ба ӯ дастуру супорише дод. Дар ин вақт марде аз паҳлӯи ман ба равзана наздик шуда ба ӯ: «Анатолий Василевич, пайёму дуруди Ӯзбакистонро бипазиред»-гӯён бо лутф муроҷиат кард ва бо амри А. Эфрос соҳиби билети беҷой гардид. Ман низ ҷуръат пайдо карда бо садои баланд ба ӯ аз Тоҷикистон, аз шогирдаш Хушназар Майбалиев салому дуруд ироа кардам. Сармаъмур бошад дар хусуси «хирагиву» интизории чандсоатаи ман ба ӯ хабар дод. А.В. Эфрос бо табассум аз шогирдаш Майбалиев пурсон шуд ва ба сармаъмур фармуд, ки ба ман ройгон билети беҷой бидиҳад. Ин барои мани роҳҷӯи ҳунар беҳтарин тӯҳфаи тақдир ва лаҳзаи хушбахтӣ буд...

Тобистони соли 1978 мо хатмкунандагони шӯъбаи актёрии Донишкадаи санъат барои супоридани корҳои дипломии худ омодагӣ мегирифтем. Намоиши корҳои дипломии мо маъмулан дар Театри ба номи Лоҳутӣ баргузор мегардид ва охирин тамринҳоро низ чанд рӯзе қабл дар саҳнаи он мегузаронидем. Бо хоҳиши устодонамон 4-рӯзи охир Хушназар Майбалиев дар тамринҳои намоиши «Писари калонӣ»-и А. Вампилов иштирок намуда, барои такмили намоиш, такмили ҳар як нақш, равшану амиқ гаштани вазифаву мақсадҳо ва хислату рафтори қаҳрамонон беҳтарин дастурҳо ва маслиҳатҳоро дода, моро на ба бозидани нақшҳо, балки ба зиндагӣ кардан дар саҳна, зистан дар ҳаёти қаҳрамонони асар раҳнамоӣ кард. Мо ва хусусан, ман ки иҷрои нақши падар – мӯйсафед Сарафановро ба ӯҳда доштам, дар тӯли 4-рӯз аз донишу малака, истеъдоди волои коргардониву омӯзгории (педагогии) устод Х. Майбалиев он қадар баҳра бардоштем, ки баробари чандин моҳҳои таҳсили мо арзиш дошт...

Банда бо роҳхати Вазорати фарҳанг ба Театри ба номи А. Лоҳутӣ ба кор омадам ва аз зумраи хушбахтоне будам, ки аз баракати ҳунару истеъдод, донишу таҷриба, меҳру самимияти падаронаи устод Х. Майбалиев бархурдор гаштаам. Устод Х. Майбалиевро чун коргардону мураббии баландпоя, шахсияти наҷиб, дорои донишу фарҳанги воло, тамкину хоксорӣ, нармдиливу хушсуханӣ, меҳрубониву хайрхоҳӣ ва беҳтарин фазилатҳои накӯи инсонӣ беҳтару бештар шинохтам.

Ҳамаи аҳли театри ба номи А. Лоҳутӣ тамоми ҳунарпешагони театрҳои пойтахт ва театрҳои касбиву халқии ҷумҳурӣ, ки аз сабақу меҳри устодонаи Х. Майбалиев бархурдор гаштаанд, ӯро бо муҳаббату эҳтироми бепоён дар ғоибу ҳузураш «муаллим» меномиданд.

25-апрели соли 2008 таҷлили ҷашни 70-солагии устод дар саҳнаи театри ба номи А. Лоҳутӣ чун ҷашни фарҳанги воло ва ҳунару зебоӣ басо муассиру хотирмон сурат гирифт. Дар арафаи ҷашн банда бо устод мусоҳиба анҷом дода будам, ки овардани чанд иқтибосеро аз он  ин ҷо ба маврид мешуморам:

-«Орзу дорам, ки дар театр симои зебои миллати азизамро дар ҳамдиливу ягонагӣ баҳри амалӣ сохтани ормонҳои  бузурги ниёгонамон бубинам.

Намоишеро, ки тамошобин дар вай сухани навро ҳис кунад, орзу дорам, чуноне ки Носири Хисрав фармудааст:

Нав кун суханеро, ки куҳан шуд ба маонӣ,

Чун хоки куҳанро ба баҳор абри гуҳарбор.

Намоишеро, ки дар он бинанда қудрати суханро дарк созад, зеро ба қавли Ҷомӣ:

Сухан аз арши барин омадааст,

Баҳри покон ба замин омадааст.

Фазли килку шарафи нома ба ӯст,

Ақлро гармии ҳангома ба ӯст.

А. П. Чехов гуфта буд, ки «Маъниҳои нав шакли навро тақозо доранд». Аз ин лиҳоз тамошобини имрӯзаро ба шаклҳои нави мавҷноки ҳавасангези намоишҳо ҷалб бояд кард».

Устод Майбалиев қариб як сол барои таҳияи намоишномаи «Боғи олуболу»-и А. П. Чехов ва бо шаклу маънии нав рӯи саҳна овардани он омодагӣ мегирифт…

Даҳшатҳои ба сари миллат омада, нобаробариву беадолатиҳо, дурӯғу ҳуққабозиҳои замон, ахлоқи зишту фарҳанги паст дар ҷомеа ва ба ин монанд зуҳуроти номатлуб устодро бармаҳал пир кард, қалби ҳассоси ӯро озурдаву захмӣ сохт...

Устод ормонҳои зиёдеро, нияту орзуи саҳнавӣ кардани асарҳои баланғояеро бо худ ба хок бурд...

Эй чарх, ҳама харобӣ аз кинаи туст,

Бедодгарӣ шеваи деринаи туст.

В-эй хок, агар синаи ту бишкофтанд,

Бас гавҳари бебаҳо, ки дар синаи туст.

Ортиқи Қодир, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi