16:44:13 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Маросими видоъ бо профессор Худоӣ Шариф

Маросими видоъ бо олими адабиётшиноси маъруф, узви вобастаи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Худоӣ Шариф, ки дирӯз бар асари сактаи қалбӣ дар синни 80-солагӣ даргузашта буд, имрӯз қабл аз намози пешин дар саҳни ҳавлии назди хонаи марҳум воқеъ дар кӯчаи Шарқи Душанбе бо ширкати аҳли хонавода, ҳамкорон, пайвандон, хешу ақрабо, дӯстону шогирдон, аҳли илму фарҳанг ва адаби кишвар баргузор гардид.

marosim 0165655656565665

Ҳамоишро Президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимов ифтитоҳ намуд. Ӯ азҷумла иброз дошт, ки марҳум Худоӣ Шариф дар тӯли умри бобаракаташон аз худ беш аз 400 асари илмӣ ва ҳазорҳо нафар шогирдонро ба мерос гузоштанд. Ҳамагӣ як ҳафта пеш ҷилди дуввуми китоби «Шоҳнома ва назми замони Фирдавсӣ»- ро ба анҷом расонданд. Ин китоб имрӯз дар дасти таҳрир аст ва дар роҳи шинохти Фирдавсӣ ва ҳуввияти мардуми тоҷик асари безавол аст . Ҳамин аст, ки имрӯз тамоми мардуми Тоҷикистони азиз дар сӯги мотами ӯ нишастаанд. Имрӯз аз тамоми гӯшаву канори кишвар дӯстон, ёрон, шогирдон, касоне, ки натавонистанд ин ҷо ҳузур дошта бошанд, занг заданд ва хоҳиш карданд, ки арзи тасаллият ба ҳамаи шумо, хешу табори марҳум расонем. Яке аз шогирдони устод Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши иҷтимоӣ, ки дар сафари хидматиянд, аз Париж занг заданд ва ба ҳама хешу табори марҳум изҳори тасаллият карданд-, иброз дошт Президенти АИ.

Абдушукур Абдусаттор, яке аз донишмандони тоҷик дар суханронии худ азҷумла гуфт, ки даргузашти устод Худоӣ Шариф натанҳо талафоти ҷуброннашавандае барои Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон буд, балки илми адабиётшиносӣ дар қаламрави форсизабонҳои дунё шахсияти нотакрореро аз даст дод. Шодравон Худоӣ Шариф ҳудуди беш аз 60 сол дар ДМТ фаъолияти пурсамар карданд. Дар ин муддат беш аз 40 нафар докторону номзадҳои илмро тарбия намуданд, ки ҳамаи онҳо имрӯз дар истеҳсолот пурмаҳсул заҳмат мекашанд. Илми адабиётшиносии тоҷикро устод Худоӣ Шариф на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он дар Эрону Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои минтақа бо асарҳои пурмазмуни худ маъруфу машҳур карданд. Устод олимеанд, ки нахустин шуда мактаби илмии худро дар Тоҷикистон таъсис доданд. Ин мактаби илмӣ то имрӯз амал мекунад. Устод Худоӣ Шариф дар адабиётшиносии қаламрави форсзабонон бори нахуст назарияшиносӣ ва назарияи насрро бунёд гузоштанд.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода,ки бо ашки ҳалқа дар чашм сухан мегуфт, ёдовар шуд, ки шиносии бо устод Худоӣ Шариф як кам шаст сол қабл, ҳанӯз аз даврони донишҷӯияшон ба вуқуъ пайваста буд. Устоди ҳарду донишҷӯ ва ҳарду аспирант як нафар олими маъруфи кишвар, устоди сахтгиру ҳалим, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода буданд. Панҷоҳу нуҳ соли ҳаёти гузашта бисёр пастиву баландиҳо дошт. Аммо ман як бор надидам, ки устод ба ман «ту» гуфта бошанд ва ё ман ба устод «ту» гуфта муроҷиат карда бошам. Инсони хеле самимӣ, меҳрубон ва хеле ғамхор буданд. Устод Худоӣ Шариф ҳамчунин нақши падарро дар хонадон хеле хуб иҷро карданд. Додарону хоҳаронеро, ки аз падар хеле барвақт сағир монда буданд, калон карданд, ба воя расонданд, хононданд. Духтарону писарони амак ва дигаронро тарбия карданд. Воқеъан, мисли номашон инсони шариф буданд.

Корҳое, ки дар илми адабиётшиносӣ карданд, фавқулодда аз кори дигарон фарқ мекунанд. Бисёр олими ҷиддӣ, воқеӣ, тавоно ва донишманд буданд. Ҳар коре ки карданд, воқеъан корҳои бунёдӣ ва мондагор аст, гуфт дар идомаи суханаш устод Абдунабӣ Сатторзода. Нисбат ба худашон бисёр серталаб буданд. Ду рӯз пештар яке аз шогирдони азизашон Ҳокимшоҳи Қаландариён ба ман китоби навашон «Рози ҷаҳон» дар бораи Носири Хисравро туҳфа кард. Китоби ҷолибе аст. Ҳамагӣ ду рӯз гузаштааст аз чопи китоб. Марги устод бароямон ғайриинтизор буд. Ҳамин ҳоло бо Нависандаи Халқии Тоҷикистон устод Сорбон дар ҳамин ҷо суҳбате доштам. Устод Сорбон гуфтанд, ки баъди ду рӯз романи навашон «Барзгар» бо охирсухани профессор Худоӣ Шариф аз чоп хоҳад баромад. Яъне олими воқеӣ, олими ҳақиқӣ мурдан надорад. Устод Худоӣ Шариф муҳаққиқи ҳақиқӣ буданд. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ гуфтааст:

Аз муҳаққиқ то муқаллид фарқҳост,

Ин чу Довуд асту в-он дигар садост.

Манбаи гуфтори ин сӯзе бувад,

В-он муқаллид куҳнаомӯзе бувад.

Ман бовар дорам, ки номи бародари азизам Худоӣ Шариф ҳамеша ба туфайли асарҳояш, кори некаш, хислати некаш, хулқи некаш боқӣ хоҳад монд. Руҳаш шод бод, ҷояш ҷаннат бод!

Шоири Халқии Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар оғози суханронияш шеъреро қироат кард, ки матлаъаш ин буд:

Бимирам, ки шамъе ба маҳфил бимирад,

Чароғе ба хилватгаҳи дил бимирад.

Дар идомаи суханаш Ато Мирхоҷа афзуд, ки васфи устод Худоӣ Шарифро ҳарчи қадар бигӯем кам аст. Зеро доираи андешаву парвози хаёлоти устод он қадар баланду фароз аст, ки ҳар қадар таҳқиқ кунем, шояд ба умқаш нарасем. Устод дар баробари он ки ба илм ҳамеша пайваста машғул буданд, дар адабиёт низ корҳои хеле бузурге кардаанд. Устод инчунин ҳикоя менавиштанд Як қисми ҳикояҳояшон соли гузашта дар маҷаллаи «Садои Шарқ» , дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шуданд. «Ёддоштҳо»-и бисёр хубе доранд. Дар бораи таърихи Дарвоз ҳикояҳои аҷоибе ба чоп расонданд. Устод муддати понздаҳ сол узви Раёсати Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон буданд ва барои пешравии адабиёти мо талош меварзиданд.

Устод зиёии ҳақиқӣ буданд,- идома дод Ато Мирхоҷа. Пок буданд. Пок менавиштанд. Пок ҳаракат мекарданд. Ва бо ҳамин покӣ аз назди мо ба назди он Зоти пок рафтанд. Ман фикр мекунам, ки охирин сӯфие, ки дар байни мо буданд, ин Худоӣ Шариф буданд. Умри порсоёнае доштанд. Ҳам ба ислом ва ҳам ба ҳаёти дунявӣ арҷи зиёд мегузоштанд. Устод намунаи барҷастае барои инсонҳо дар рӯзгори имрӯз буданд. Руҳашон шоду хонаи охираташон обод бод!

Дар хотима бародари марҳум Абдуғаффори Шариф суханронӣ кард. Азҷумла гуфт, ки чун аз падар хеле барвақт ятим монданд, масъулияти нигоҳубини бародарони хурдсол ба шонаҳои кӯчаки бародари бузургашон Худоӣ Шариф, ки худ он вақт ҳамагӣ ҳафт сол дошт, бор шуд. «Мо ба туфайли ҳамин бародарам, ки ҳоло даруни ин тобут ба хоби абадӣ рафтааст, ятимиву бекасиро эҳсос накардем. Бародарам бо ҳамон хурдияш ҳам масъулияти падарӣ, ҳам масъулияти бародарӣ ва ҳам масъулияти муаллимиро хуб адо кард. Мо дар кӯдакӣ ба туфайли ин бародарам ҳеҷ азоб накашидем. Вале имрӯз дар ин пиронсолиям бо рафтани ӯ аз ин дунё сахт эҳсос кардам, ки ятим шудам …

Дар хотима Абдуғаффор Шариф аз ҳозирин, ҳамкорону шогирдони марҳум барои дар ин мусибат дар паҳлӯи онҳо будану таъзия баён карданашон ибрози миннатдорӣ намуд.

Намози ҷанозаи устод Худоӣ Шариф дар Масҷиди марказии пойтахти кишвар бо имоматии Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Абдуқодир Саидмукаррамзода баргузор гардид. Қабл аз намози ҷаноза Раиси Шӯрои уламо, ки марҳум ба ӯ ҳаққи устодӣ дорад, чанд лаҳза зикри хайр ва тавсифи ахлоқи ҳамидаи эшонро кард.

Ҷанозаи устод Худоӣ Шариф дар оромгоҳи шахсиятҳои шинохтаи илму адаб ва фарҳанги кишвар воқеъ дар минтақаи Лучоб дар паҳлӯи қабрҳои бузургоне ҳамчун устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Хушназар Майбалиев, Зафар Нозимов ва дигарон ба хок супурда шуд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi