18:45:59 25-уми Апрели 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Сентябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ғазале чанд аз «Девони Фонӣ»

Хонандаи хеле закӣ ва дӯстдори суханҳои ноб. Шукри Худованд, ки бо ибтикори сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Ҷанобони Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дӯстӣ ва рафтуомади мо аз сари нав оғоз шуд.

Nizamaddin-Mir-Alisher-Navoi 1Дубора ҳайкалҳои якҷояи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ зеббахши шаҳрҳои Самарқанд ва Душанбе гаштанд. Навоӣ баробари шеъри ноби ӯзбекиаш ба забони тоҷикӣ «Девони Фонӣ»-ро офаридааст. Ин «Девон» то имрӯз дар Тоҷикистон ба таври комил мунташир нашудааст. Чопи Тошканд хеле пурхатост. Тасмим гирифтем ,ки бо муқоиса бо чопи теҳронии ин асар онро пешкаши хонандагон гардонем. Агар хотири касеро шод намоям, хеле хушҳолам.

1. Ҳаваси мо

Эй хоки сари кӯи ту гаштан ҳаваси мо,
Бар пои сагат бӯса задан мултамаси мо.
Гар дам задани мо бувад аз меҳри ту чун субҳ, 
Сад шом сияҳрӯз шавад аз нафаси мо. 
Дар бодияи шавқи ту чун роҳила бандем, 
Зикри малак ояд зи фиғони ҷараси мо.
Бо неши ғаму ҷисми заиф оҳ барорем, 
Сӯят магар ин бод барад хору хаси мо. 
Бечорагии мо ҳаваси чорагарон шуд, 
То ту шудӣ аз лутфу карам чорараси мо. 
Ҳар кас, ки зи афтодагӣ орад ба касе рӯй, 
Мо рӯ ба кӣ орем, туӣ чунки каси мо?! 
Фонисифатам, рӯҳ кунад сӯи ту парвоз,
Эй, аз шакаристони ту қути магаси мо.

2.Татаббӯъи шайх Саъдӣ

Эй, ба гулистон ҳазор наргиси шаҳло,
Дар гилу гулзори оразат ба тамошо. 
Лолаву гул аз таҷаллии ту ба хубӣ,
Қумрию булбул зи шавқи ту ба алоло.
Дар рухи рӯз аз рухи ту бориқаи меҳр, 
Дар дили шаб аз ғами ту мояи савдо. 
Ошиқи бедил зи шавқи рӯи ту Маҷнун ,
Карда баҳона, вале муҳаббати Лайло. 
Орази Юсуф намуда ламъаи рӯят, 
3-ӯ шуда машъуфу зори ишқ Зулайхо. 
Гоҳ дар оини ошиқӣ шуда зоҳир, 
Ҳам шуда бар ҳусни хеш волаву шайдо. 
Гоҳ ба маъшуқ шеваги-т тасаҳҳуб, 
Ҳам ба худ аз ноз карда ғорату яғмо. 
Ошиқу маъшуқу ишқ ҷумла худӣ, бас, 
Ҳар нафас аз як либос гашта ҳувайдо. 
Дар ду ҷаҳон ошиқи ту гашт чу Фонӣ, 
Соз фано ҳам ба ишқи хештан ӯро.

3. Наът

Зиҳӣ, бинишонда оби абри раҳмат гарди роҳатро,
Малоик рӯфта аз болу пари худ такягоҳатро. 
Ба соле гар шаби қадрест, дар як маҳ ду шоми қадр, 
Бувад аз гесувони анбарин рӯи чу моҳатро. 
Туӣ бе соя, лекин оламе дар офтоби ҳашр, 
Панаҳ созанд ҳар сӯ сояи олампаноҳатро.
Задй чун боргоҳи қурби худ, бар Арши Аъзам шуд ,
Фалак як тугмаи фирӯза шодурвони чоҳатро. 
Сипоҳи фатҳу нусрат чун кашидӣ, ҳар тараф бурданд,
Зи баҳри тӯтиёи равшан он гарди сипоҳатро. 
Аз он дидори Ҳақ дидӣ, ки ҳам нури илоҳӣ кард ,
Мунир аз сурмаи мозоғ чашмони сиёҳатро. 
Чу ҳар сӯ чашми раҳмат афканӣ, аз гӯшаи чашме ,
Ба Фонӣ бин, ки ӯ ҳам чашм дорад як нигоҳатро.

4. Татаббӯъи Хоҷа

Румузул-ишқ конат мушкилан бил-каъс ҳаллилҳо, 
Ки он ёқути маҳлулат намояд ҳалли мушкилҳо.
Сӯи дайри муғон бихром, то бинӣ дусад маҳфил, 
Саросар з-офтоби май фурӯзон шамъи маҳфилҳо.
Дилу май ҳар ду равшан шуд, намедонам ,ки тоби май,
Зад оташҳо ба дил, ё тоби май шуд з-оташи дилҳо. 
Ба мақсад гарчи раҳ дур аст, агар оташ расад аз ишқ, 
Чу барқ осон тавон кардан ба гоме қатъи манзилҳо.
Ману беҳосилӣ, к-аз илму зуҳдам, он чи шуд ҳосил,
Якояк дар сари маъшуқу май шуд ҷумла ҳосилҳо.
Бувад чун бар асири ноқаи Лайлӣ, ки дар водӣ ,
Фиғон аз чоки дил Маҷнун кашад, не занги маҳмилҳо.
Чу дар дашти фано манзил кунӣ як рӯз, эй Фонӣ, 
Зи ман он ҷонфизо атлолро фасҷуд ва қаббилҳо.

5. Татабӯъи Мир

Гар парда андозад маҳам он рӯи оташнокро, 
Сӯзам ба оҳи оташин нуҳ пардаи афлокро. 
Хоҳӣ чу қатл, эй каҷкулаҳ, ҳоҷат ба теғат нест, ваҳ, 
Ин бас, ки бишкастӣ ба таҳ тарфи кулоҳи чокро. 
Афтад ба мардум сад хатар, гӯяд малоик алҳазар, 
Ҳар сӯ, ки созӣ ҷилвагар, он қомати чолокро. 
Бо ҳар кас, эй симинбадан, манмой рӯи хештан, 
Бояд чу чашми поки ман з-он сон ҷамоли покро. 
Соқӣ, зи бедоди ҷаҳон сад ғам ба дил дорам ниҳон,
Ҷоме бидору вораҳон з-онҳо мани ғамнокро. 
Бояд ки мастӣ фан кунӣ, кӯи фано маскан кунӣ,
Гар боядат равшан кунӣ оинаи идрокро. 
Фонӣ, дар ин дайри алам чун муҳликат шуд заҳри ғам,
Ҷӯ муршиди ҷонбахшдам,з-ӯ нӯш кун тарёкро.

6.★★★

Гар аввал оташи ишқ осон намуд моро,
3-ӯ як шарар баровард аз сина дуд моро. 
Орому хоб аз мо, эй ҳамдамон, маҷӯед, 
Рафт он, ки чашми роҳат хуш меғунуд моро. 
Шоми висолро маҳ, хуршед буд аз ҳаҷр, 
Дар рӯзи тира афканд чархи ҳасуд моро. 
Бас, дер агар муяссар шуд базмгоҳи мақсуд,
3-он ҷо фалак бурун ронд бисёр зуд моро.
3-ин сон ки васл маъдум афтоду ҳаҷр мавҷуд, 
Нобуд беҳтар, эй дил, сад раҳ зи буд моро. 
Санги ҷунун фиканда дар қатл кӯшад имрӯз, 
Он к-ӯ ба зиндадорӣ шаб меситуд моро.
Аз куфри ишқ дар дин шуд рахнаҳо, ки карданд ,
Сад гуна сарзанишҳо габру ҷуҳуд моро. 
Соқӣ, зи ҳад фузун деҳ май, к-аз малоли даврон,
Ҳар дам малоли дигар дар дил фузуд моро. 
Фонӣ, чӣ сон тавон буд, дар шаҳрбанди ҳастӣ,
Чун рӯ ба нестиҳо ҳиҷрон намуд моро?!

7. ★★★

Ғайри хуноб наёбанд ба чашму дили мо, 
Гӯиё ишқ ба хун кард мухаммар гили мо. 
Аз раҳи ишқ гузаштан нашуд, эй пири тариқ,
То ки шуд кӯи хароботи муғон манзили мо.
Мушкили мо ҳама бошад зи хумор, эй соқӣ, 
Ҷуз ба як ратли гарон ҳал нашавад мушкили мо. 
Гарчи дар дайр гадоем, вале гоҳи нишот ,
Раҳ наёбанд шаҳон бар тарафи маҳфили мо. 
Ҳосили умр шуд, эй муғбачаи бодафурӯш,
Ваҷҳи май бӯ, ки қабули ту фитад ҳосили мо. 
Тири дилдӯз ба ҳар дил занӣ, эй қотили маст,
Новаке чанд нигаҳ дор барои дили мо. 
Фонӣ, уммед чунон аст, ки дар водии ишқ,
Маскани қофиласолор бувад маҳмили мо!

8. ★★★

Маҳи ман дар шабистон, чунки нӯшад ҷоми май шабҳо, 
Намояд бар шафақ май аз ҳубоби реза кавкабҳо.
Даҳан шуд чашмаи ҳайвон, туро аз айни ноёбӣ, 
Ду лаъли ҷонфизои дилкашат он чашмаро лабҳо.
Биё, эй соқии маҳваш, бидеҳ он ҷоми чун оташ, 
Ба динам сӯз чун дар ҳаҷр месӯзонадам табҳо. 
Чу орад турктоз он шӯх, баҳри пойбӯс афтад,
Ҳазорон моҳу анҷум аз нишони наъли маркабҳо.
Шаробам боиси ихлоси риндони харобот аст,
Бале омезиши ёрон бувад аз қурби машрабҳо. 
Чунон ушшоқ ҳар шаб бе ту бардоранд растохез,
Ки дар руҳониён ғавғо фитад з-он оҳу «ё Раб!» ҳо.
Агар Фонй хиромад ташналаб з-инсон ба майхона,
Аз он дарёкашӣ хумҳо тиҳӣ созанд қолабҳо.

9 ★★★

Зиҳӣ гулҳо зада чок аз ғами рӯят гиребонҳо,
Ки он чоки гиребонҳо расида то ба домонҳо. 
Ба мулки боғ бозори чаман бин, к-аз гулу насрин, 
Паи сайри ту оин баста дасти сунъ дӯконҳо.
Набошад чун даҳонат бо дури дандону лаъли лаб,
Зи гулбарг арчи ғунча лаб намуд аз жола дандонҳо.
Чаман аз мақдамат ҷон ёфта, н-аз боди наврӯзист,
Таҳаррук дар шаҷарҳо, ҷилва дар гулҳою райҳонҳо.
Замоне ончунон хуррам, бидеҳ паймона, эй соқӣ, 
Ки хоҳам чун замона бишканам оини паймонҳо.
Лаби лаълу даҳан, эй муғбача, к-аз бода олудат,
Асираш ғунчаи дилҳо, фидояш ҷавҳари ҷонҳо. 
Ман аз дайри муғон май ҷустам аз сад гуна расвоӣ,
Дар он ҷо рафтаму омад ба пешам як ба як онҳо.
Зи баҳри васли матлубе, ки бошад дар ҳарими дил,
Набошад ғайри саргардоният қатъи биёбонҳо. 
Агар Фонӣ, ҳавои васл дорад, кай аҷаб бошад, 
Чу абраш оҳи оташбору оби чашму афғонҳо.

10 ★★★

Кунад з-иқболи ишқу дарди айшу комрониҳо, 
Дилам дар номуродиҳо, танам дар нотавониҳо.
Намонад халқро дил гулбунеро, балки як ғунча,
Чу дар гулшан хиромад сарви ман бо дилситониҳо.
Ба меҳри чарх натвонам, ки бинам баски бар мардум,
Намудам меҳрубонӣ, ёфтам номеҳрубониҳо. 
Калону хурд агар ханданд бар ҳолам, аҷаб набвад, 
Ки зори хурдсоле кард ишқам дар калониҳо.
Фиғони булбулу қумрӣ чӣ санҷад неши ман дар ишқ,
Ки бо Фарҳоду Маҷнун кардаам ҳамдостониҳо. 
Ба ёди ман, ки душманкоми ишқам, як қадаҳ даркаш, 
Ба коми дӯстон ҳар гаҳ, ки нӯшӣ дӯстгониҳо. 
Расонда дар дарунам новакат озорҳо ҳар гаҳ, 
Ба теғам сина созӣ чоку бинмоям нишониҳо. 
Ба пирӣ, эй ҷавон, гар давлати айнуляқин хоҳӣ,
Ғубори роҳи пирон тӯтиё кун дар ҷавониҳо. 
Равоносо аз он шуд назми Фонӣ, эй сиҳиқомат, 
Ки дар васфи хиромат кард кӯшиш дар равониҳо!

11. Мухтареъ

Мо ба куҷо, зуҳду ибодат куҷо? 
Маст куҷо, тақвию тоат куҷо?
Ғунча ба захм асту дилам дардманд, 
Дард куҷо бину ҷароҳат куҷо? 
Аз гулу сарвам дигар, эй боғбон, 
Дам мазан, он оразу қомат куҷо? 
Кони намак н-оядам, эй дил, ба кор, 
Гӯӣ, ки он кони малоҳат куҷо? 
Хонақаҳи зуҳд зи мо шуд ба танг, 
Шоҳраҳи дайри маломат куҷо? 
Шайх риё, пири муғон май намуд, 
Зарқ куҷо гӯю, каромат куҷо? 
Фонӣ агар бе ту нахоҳад ҳаёт, 
Кор чу саъб омада, тоқат куҷо?

12. Татаббӯъи ёри азиз

Чӣ суд, жола ба гулбарги оташин моро? 
Кӣ бурда хуш зи дил он хӯи чунин моро?
Чу заъфи мо зи хаёли руху лаби шӯхест, 
Дило, чӣ муҷиби қувват гул ангубин моро? 
Лаби ту хотами лаълу фиғони мо беҳад, 
Бисоз мӯҳри хомушӣ аз он нигин моро. 
Ба чарх мезанад он маҳ кулоҳи гӯшаи ноз, 
Аз он ки рӯи ниёз аст бар замин моро.
Зи гиряву задани даст бар дили сӯзон, 
Даме тар асту даме хушк остин моро. 
Чӣ ошиқест, ки пиронасар зи хеш раҳонд, 
Маю маломати он тифли нозанин моро. 
Куҷост мутриби софу маи нишотангез, 
Ки шуд малул зи даврон дили ҳазин моро. 
Фароғи васл чӣ имкон, ки аз хавотир ҳаст, 
Ҳазор раҳзани андеша дар камин моро.
Расид муғбачаи масту дил бирафт аз даст, 
Набуд ҳеч гунаҳ, Фониё ,дар ин моро.

13. ★★★

3-он сабаб дайри муғон омада кошонаи мо, 
Ки гаҳе сар занад он муғбача дар хонаи мо. 
Он парӣ дар варақе сурати Маҷнунро дид, 
Ханда зад, гуфт: «Шабеҳаст ба девонаи мо». 
На ки зуҳҳод, асас низ ба танг омадааст, 
Ҳама шаб з-арбадаву наъраи мастонаи мо.
Ринди дарёкаши дайрем, аз он бодафурӯш ,
На сабӯ, балки зи хум сохта паймонаи мо. 
Дил чӣ бошад, ки сухан ҷумла ба ҷон мегузарад,
Дилрабоӣ кунад оғоз чу ҷононаи мо?! 
Дил, ки вайрони ғами туст, туӣ ганҷ дар ӯ, 
Байти маъмур ба рашк аст, зи вайронаи мо. 
Фониё, ошиқӣ ар ҷурм намояд бари ёр, 
Зи дусад қатл фузун омада ҷурмонаи мо. 
Фониё, ошиқӣ ар ҷурм намояд бари ёр,
Зи дусад қатл фузун омада ҷурмонаи мо.

14.Татаббӯъи яке аз акобир

Дилам чу гашт асири хами каманд ӯро, 
Сарам хуш аст ғубори суми саманд ӯро. 
Лабат, ки гиряи талхам зи шавқи ӯст, бувад 
Паи тааҷчуби ин гиря нӯшханд ӯро. 
Ҷавону ҷуръакашу нозанину ғарра ба ҳусн, 
Тазаллуми дили ошиқ, чӣ судманд ӯро? 
Сухан ба тарки ҷафо гӯямаш, чӣ сон шунавад, 
Ки медиҳам мани Маҷнуни маст панд ӯро?. 
Шаҳон гадои дару ман кам аз сагон сад раҳ, 
Куҷо муҳаббати ман уфтад писанд ӯро. 
Ба дил, ки ваъда кунӣ, куштану вафо накунӣ ,
Ба ваъда куштану дар интизор чанд ӯро? 
Чи нақшҳои ғариб оварад бурун, Фонӣ, 
Агар дар ӯ фитад ойини нақшбанд ӯро.

15. Татаббӯъи ёри азиз Суҳайлӣ

Ба кашфи ҳоли даврон нест Ҷоми Ҷам ҳавас моро,
Ҳамон ҷоме, ки соқӣ акси рӯй афканд, бас моро!
Зи шайх ҳеҷ кас, чун ҷониби дайри муғон рафтем, 
Кунун дар хонақаҳ дигар набинад ҳеҷ кас моро.
Нишаста фориғ-ул-болем дар даври тағори май, 
Ба рондан дур натвон кард аз он ҷо чун магас моро.
Ба фарёди хумор, эй пири дайр, афтода бадҳолем, 
Ту хоҳӣ буд, ё худ муғбача фарёдрас моро. 
Ғиреви кӯси шоҳ аз хоби мастӣ дарнамеорад, 
Чи бедорӣ диҳад, эй корвон, бонги ҷарас моро? 
Ба ҷуз номи бутонам бар забон н-ояд гаҳи мастӣ, 
Хуш он ринде, ки ӯ аз даври соғар хонд асморо.
Гадоем, илтимоси мо бувад як ҷуръа май дар сар

Нахоҳад буд лаъли тоҷи шоҳӣ мултамас моро. 
Аз он риндон шумар моро, ки дар мастию шабгардӣ ,
Чу мастон аз асас бигрезад ар бинад асас моро. 
Чу Фонӣ ғарқи май гаштем, лекин оқибат ёбанд,
Ҳарифон бар канор афканда ин дарё чу хас моро.

16. Мухтареъ

Гули рӯят, ки зоҳир гашта ранги ёсамин ӯро, 
Чӣ бошад, к-аз маи гулранг созӣ оташин ӯро?
Намедонам зи май шуд сурх чашми кофират, ё худ
Либоси ол пӯшондӣ ба қатли аҳли дин ӯро. 
Маро ҳам ғунчаи дил бишкуфад чун он даҳан ҳар гаҳ ,
Зи хай шабнам чу биншинад ба гулзори ҷабин ӯро. 
Чу акси суратат дар бода зоҳир гашт, натвонад ,
Бад-ин сон обу ранге сохтан наққоши Чин ӯро. 
Ба мукнат чун Сулаймон аст пири майфурӯш, инак 
Зи ҳар хум оламе дигар шуда зери нигин ӯро. 
Чу авҷи рифъаташ аз осмон бигзашт, аз он маънӣ ,
Гадо гаштанд шоҳони ҳама рӯи замин ӯро. 
Баҳористони гетиро гуле эмин куҷо ёбӣ? 
Ки набвад сарсари боди хазон андар камин ӯро. 
Аз он дур афтад аз вай, к-аз барои чораи васлаш,
Макон таъйин намояд зоҳиди хилватишин ӯро.
Даромад дар хароботи фано, эй дил, дигар Фонӣ ,
Зи аҳли тавбаву тақво нагӯӣ баъд аз ин ӯро.

17 Татаббӯъи Хоҷа Ҳофиз

Гар он турки Хито нӯш созад ҷоми саҳборо, 
Нахуст орад сӯи мо турктозу қатлу яғморо.
Рухаш дар нозукӣ барбод дода сафҳаи гулро, 
Қадаш дар чобукӣ бар хок шонда сарви раъноро. 
Ба манъи бӯси он лаб чун дусад тир аст он мижгон,
Ки дар хотир тавонад роҳ додан ин таманноро?
Баҳори оразашро тозагулҳои аҷаб бишкуфт,
Худоро, муддаӣ, монеъ машав як дам тамошоро.
Ману кӯи муғон в-он муғбача, к-аз лаъли ҷонпарвар , 
Ба нукта карда з-ин дайри куҳан берун Масеҳоро. 
Чу дар кӯи хароботаш ба як соғар намегиранд, 
Бар оташ афканам беҳ ин либоси зуҳду тақворо. 
Чӣ пӯшонам зи мардум, к-оташи ишқу маи равшан,
Зи чоки сина зоҳир кард сирри махфии моро?! 
Бигӯ, к-оранд Ҷоми Ҷам зи махзан, эй шаҳи динӣ, 
Ки бинмоям ба шоҳон бевафоиҳои дунёро. 
Ғазал гуфтан мусаллам шуд ба Ҳофиз, шояд, эй Фонӣ,

Намоӣ чошнӣ дарюза з-он назми ҷаҳоноро.

18.Татаббӯъи Амир Хисрав ва дар таври Хоҷа Ҳофиз

Кай ба чашм орам либосу маснади шоҳонаро? 
Ман, ки хоҳам далқи фақру гӯшаи майхонаро. 
Тоири фархундаи айш аст роми нуқлу май, 
Аз паи сайде чунин мерезам обу донаро. 
Баҳри мо дарёкашон бояд ки созад майфурӯш,
Аз тағораш ҷомро в-аз хумми май паймонаро.
Хешро куштам, чу май кардӣ илоҷам, эй ҳаким,
Ҳар киро бошад хирад, май диҳад девонаро? 
Мастӣ орад бӯи хоки майкада, эй пири дайр, 
Гӯӣ андудӣ ба лои бода ин кошонаро. 
Ғафлат орад, воизо, дар дил мусалсал гуфтанат, 
Сохтӣ гӯё зи баҳри хоб ин афсонаро.
Як дамам бо ёр не аҳбоб ояд, не рақиб, 
Чун нагунҷад ошно, кай ҷо бувад бегонаро? 
Кулбаам сад рахна аз санги ҳаводис кард чарх, 
Бар сарам хоҳад фикандан гӯӣ ин вайронаро.
Ҷон фидоят созам, эй Фонӣ, агар хоҳӣ расонд, 
Вақти ҷон додан, ба сарвақтам даме ҷононаро.

19. ★★★

Ба сарват ҷӯйбори дидаи ман ҷилвагаҳ бодо! 
Ба гоҳи ҷилва ҷонам зери поят хоки раҳ бодо! 
Ба гармо, эй шаҳи хубон, ба чашмам чун кунӣ манзил,
Саводи дидаи ман бар сарат чатри сияҳ бодо!
Сипаҳ ҳар сӯ, ки хоҳӣ ронд, ҷони хоксори ман ,
Зи баҳри гирди сар гаштан туро гарди сипаҳ бодо! 
Зи бедоди ҳаводис чун гурезад ҳар касе як сӯ, 
Маро дар соҳати майхона дар кунҷе панаҳ бодо! 
Агар он муғбача ҷуз бо муғон соғар нахоҳад дошт,
Зи ҷаври куфри зулфаш хонаи динам табаҳ бодо! 
Чу пири дайр бо дурдикашон ратли гарон дорад,
Тағори ӯ сипеҳру ҷоми давраш меҳру маҳ бодо!
Сабӯ бар гардан овардан, ба риндон гар гунаҳ бошад,
Туро дар гардан, эй Фонӣ, ҳамеша ин гунаҳ бодо!

20 Татаббӯъи Махдумӣ

Аз тағори май чунон нӯшам шароби нобро, 
К-абр натвонад зи дарё ончунон бурд обро.
Дар ҷафо дорад қарор он чашму дар бедод хоб, 
3-он ки бурданд аз дилу чашмам қарору хобро. 
То қиёмат шоми танҳоӣ бувад дар дида хоб,
Як сабӯҳӣ муғтанам дон сӯҳбати аҳбобро. 
Гар вафо з-аҳли замон хоҳӣ, шароби лаъл нӯш,
3-он ки ҳаргиз кас надид ин гавҳари ноёбро.
Эй, ки гӯӣ дар ҷавонӣ бода нӯш, инак бубин, 
Маст дар дайри муғон афтода шайху шобро.
Куштаи он чашми хунрезам, ки баҳри қасди дин, 
Карда ҷо дар айни мастӣ гӯшаи меҳробро. 
Аз дари аҳли ҷаҳон ҷустан мурод аз фақр нест, 
Васл хоҳӣ, Фониё, масдуд кун ин бобро.

21 . Татаббӯъи Махдумӣ

Сӯзиям то барфурӯзӣ рӯи оташнокро, 
Созӣ оташгираи он шӯъла ин хошокро. 
Аз шикофи ғунча пиндорӣ намоён гашт гул, 
Гар зи чоки синаам бинӣ дили сад чокро. 
Гардсон хезад замин з-он рӯ, ки дар вақти хиром, 
Ҷон диҳад рафтори чун оби ҳаётат хокро.
Ҳоҷиби қасрат гарам ронад аҷаб набвад, ки нест ,
Расм, мондан пеши шаҳ девонаи бебокро.
Соқиё, аз меҳнати даврон замирам тира гашт,
Бода, то сайқал диҳам оинаи идрокро. 
Чун гадои дайр май нӯшад, бувад сад гуна рашк,
Аз сафоли кӯҳнаи ӯ соғари афлокро.
Гар на мақсудаш маи гулранг бошад, дасти сунъ,
Хӯшаҳои лаълу ёқут аз чӣ бандад токро? 
Бандаи пири хароботам, ки ҷоми ҷуди ӯ, 
Сӯзад аз як барқи май сад хирмани имсокро. 
Фониё, кори ҷаҳон ҷуз ғам набошад, бода нӯш, 
Лаҳзае гар шод хоҳӣ хотири ғамнокро.

22.Татаббӯъи ҳазрати Махдумӣ

Эй, аз баҳори ҳусни ту бар чеҳраам гулзорҳо, 
Дар чеҳра з-он гулзорҳо дорам халида хорҳо. 
Аз пеши ҳаҷраш муттасил, гӯ риштаи ҷонам гусил, 
Чун дӯхт натвон чоки дил, з-он сӯзану з-ин торҳо.
Дар кулбаи ғам гар барам, оӣ, наёбӣ пайкарам,
Бас, хоки хорӣ бар сарам, к-афтода аз деворҳо. 
Аз ҳумрати рухсор кай битвон шудан ҳамранги вай,
Моро ба хун, ӯро ба май, чун ранг шуд рухсорҳо. 
Чун з-он бути ошуфтахӯ, орам ба сӯи қибла рӯ, 
Баста чу аз ҳар тори мӯ бар гарданам зуннорҳо. 
Будам ба ақли зуфунун, пири хирад пеш аз ҷунун, 
Тифлон давонандам кунун дар кӯчаю бозорҳо. 
3-ин назми нав чархи куҳун, якбора гӯ ҳайрат макун, 
Фонӣ, чу таълими сухун дорад зи Ҷомӣ борҳо.

23. Татаббӯъи Махдумӣ

Бе рӯи ту шуд тира аз ашк маро шабҳо,
Равшан нашавад шабҳо бе моҳ зи кавкабҳо. 
Аз тирагии ҳаҷрат шуд рӯзу шабам яксон, 
К-аз шаб сияҳам рӯз аст в-аз рӯз сияҳ шабҳо. 
Ушшоқ, ки аз ҳаҷрат гардида тиҳиқолиб, 
Боз аз лаби ҷонбахшат ҷон рафт ба қолабҳо. 
Бе қадди ту дар бӯстон ҳар шох, ки барг аст он, 
Морест маро, к-аз вай овехта ақрабҳо.
Як қатра май, эй соқӣ, бас гар диҳиям лекин, 
3-он май, ки туро гардад олуда ба он лабҳо.
Ман масти шароб, эй дил, зуҳҳоду ғами Кавсар ,
Дурӣ бувадам з-эшон аз дурии машрабҳо. 
Дар дайри муғон, Фонӣ, як ҷом чу зад акнун, 
Як ҷоми дигар хоҳад бо нолаю «ё Раб»-ҳо.

24. Татаббӯъи махдуми Ҷомӣ

Ман, ки дорам аз мижа бар дида чандин хорро, 
Ҷумла дар чашмам нарӯбам гар дари хамморро.
Майфурӯш ар лутф нанмояд, ҳарифон, чора чист? 
Баҳри май ваҷҳи каму махмурии бисёрро. 
Чарх пуранҷум шавад аз макри шайх андар самоъ,
Чун бипӯшад бахя карда хирқаи пиндорро. 
Тарки дину зуҳд чун фармудиям, эй муғбача, 
Боз кун хишти хуму бикшо гиреҳ зуннорро. 
Даври соғарро ғанимат дон, ки наққоши азал ,
Карда мубҳам сирри ин нуҳ гардиши паргорро. 
Дар хароботи муғон риндони дарёдил диҳанд,
Аз паи як ҷуръа май ин гунбади заркорро. 
Умр зоеъ шуд ба «лояънӣ» паи охирнафас, 
Як нафас ҳам сарфа мекун баҳри истиғфорро. 
Чун мани олуда ҷӯям, чунки накшоданд боз, 
Бар рухи покони олам пардаи асрорро. 
Фониё, роҳи фано натвон ба пиндори худӣ, 
Қатъи ин раҳ боядат, афкан зи худ ин борро!

25. Татаббӯъи Махдумӣ

Зи абри тира барқе ҷаст тарфи кӯҳсоронро, 
Ки равшан кард ҳар сӯ шамъи гулҳои баҳоронро. 
Чу наргис ҷоми зар бигрифт, лола соғари ёқут, 
Салои бода зад мурғи чаман парҳезгоронро.
Ту низ, эй пири дайр, андар чунин фасле ба сармастӣ,
Зи кунҷи майкада сӯи чаман каш майгусоронро.
Фикан, эй муғбача, аз як муғона ҷоми мардафкан,
Ба рақс аз аввали шаб то саҳар шабзиндадоронро.
Сабӯҳи айш бо ёрон қадаҳ хӯр, нест чун маълум,
Ки ёбандат шаби оянда ёрон, ё ту ёронро? 
Дар ин саҳро зи боди ҳодиса ҳар сӯй чун лола, 
Ба хок афтода бин, тоҷи ғурури комгоронро. 
Ба сар гарди фано, дар зери паҳлӯ хоки навмедӣ, 
Зи тоҷу тахти Ҷам озод дорад хоксоронро. 
Сафоли кӯҳна пур май созу Ҷоми Ҷам бинеҳ, номаш 
Дар ӯ наззора кун аҳволи давру рӯзгоронро. 
Чу охир ҷуз фано коре нахоҳад буд, эй Фонӣ, 
Дар ин дайри фано бигзор айби ҷуръахоронро.

Аз саҳифаи фейсбукии устод Исмоил Зарифӣ

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1