«Мӯъмин Қаноат - сарояндаи корномаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ»
(Ба муносибати 73 солаги ғалаба дар ҶБВ ва зодрӯзи устод Мӯъмин Қаноат)
Моҳи октябри соли 2014 дар вохӯрии навбатии кишварҳои аҳдномаи Шанхай (ШОС), ки воқеъан дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе муваффақона анҷом пазируфт, президенти Россия Владимир Владимирович Путин ба сарони кишварҳои аъзои ин ташкилоти бонуфузи байналмиллалӣ пешниҳод намуд, ки тантанаи ҷашни 70 солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ якҷоя дар пойтахти Россия шаҳри Москва қайд карда шавад. Ин пешниҳод низ аз ҷониби кишварҳои ин аҳднома якдилона пазируфта шуд. Ин ҷашн бо як шукӯҳи хосса дар Масков пешвоз гирифта шуда, дар он тантана сарони бесёре аз кишварҳо аз ҷумла Пешвои миллат, Раиси ҷумҳури мӯҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат варзид.
Дар ин асос вазъи нобасомони сайёра, зиддиятҳо дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ, пайдо шудани қувваҳо ва гурӯҳҳои ифротгаро ва зӯровари ғайрибашарӣ, аз байн рафтани мувозинати қувваҳои ҳарбӣ ва ҳам сиёсӣ, ки замони пойдор будани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷаҳонро дуқутба нигоҳ медошт ва бо аз байн рафтани ин империяи бузург талотум ва номувозинатиеро тайи зиёда аз 25 соли охир дар миқёси ҷаҳон ба бор овардааст, ки ҳар инсони соҳибақл ва ҳар як шахси башардӯстро водор ба он мекунад, ки ба андешаи чуқур фурӯ равад ва он воқеаҳоеро, ки бар асари номувозинатӣ ҷаҳони асри ХХ ба вуҷуд овард ва боиси ду ҷанги ҷаҳонӣ (ҷанги якуми ҷаҳон, солҳои 1914-1918 ва ҷанги дуюми ҷаҳон солҳои 1939-1945) рӯ оварад.
Оре, табиати насли одамӣ ҳамин аст, ки аз таҷрибаи гузашта, фоҷеаю воқеаҳои гузашта меомӯзад, таҷриба мебардорад, то дар оянда ба наслаш, рӯзгораш, фарҳангаш газанде нарасад. Дар ин асос табиатан насли инсони гоҳо, он гуна хомхаёл ва фаромӯшхотир аст, ки бо гузашти чанд даҳсола ин воқеаҳои даҳшатнок, ки замин - модари башарро ба ларза оварда буданд, аз хотирааш зудуда мегардонад, беҳуда зарбулмасали тоҷикӣ хуб садо надодааст: «Фарзанди одамӣ шири хом хӯрдааст». Ҳикмати ин зарбулмасал он аст, ки бани одамизод аз афтодану хестанҳо, куштанҳо ва бомбаандозиву харобкории ҷадди гузаштаи худ дар ҳолатҳои ҳассос ёде намеоварад ва ҳатто гузаштаҳои натанҳо дури худ, балки гузаштаи дирӯзи худ, гузаштаи 60-70 сол пеши худро, ки бо саҳве, хатое боиси фоҷиаи ҷаҳонӣ ва куштори 70 миллион нафар инсон, инҳисороти вазнини ҷаҳонӣ гашт, кам андеша мекунад. Бо гузашти чанд соле насли нисбатан ҷавон ин ҳама фоҷиаро ва шикастанҳои бобоёни худро афсона, шӯхӣ мепиндоранд.Фикр намекунанд, ки ҳамон ду ҷанги ҷаҳонии рухдода 100 миллион кушта, миллионҳо нафар маъюбу маслуқ ва ҳазорон шаҳру деҳоти сӯхта ва валангорро аз худ ба ёдгор монда, аз худ ба ҷуз ғаму андӯҳи миллионҳо одамон дар ҳама гӯшаи олам ва қаҳтиву гуруснагӣ, қатли ому сӯхтанҳо нақше дар пешравии тамаддуни башарият дар равоқи таърих ба ёдгор нагузоштаанд.
Имрӯз ҳам дар ҷаҳони Ғарб ва ҳам дар Шарқ гурӯҳҳои нави неофашистӣ, ки барои худ кору пайкори Гитлер, Муссолинӣ, Чингизхон, Темурланг ва дигар чеҳраҳои наҳси таърихро ифтихор мешуморанд, пайдо гашта, оромона, озод фаъолият мекунанд. Барои онҳо шабеҳаи Гитлер ва салибу косахонаи сари одам ва шамшери каҷдами чингизхонӣ мояи ифтихор аст. Аламовараш он аст ки бархе аз кишварҳо чунин ашхоси сифлаи таърихиро падари маънавии миллати худ тарошида, ба хотираашон ҳайкал гузошта, фурудгоҳҳо, кӯчаву шаҳрҳоро ба ифтихорашон номгузорӣ мекунанд. Гарчанде ки баъди ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ва дар ин замина созмон ёфтани СММ, гузаронидани мурофиаҳои судии ҷинояткорони фашистӣ ва миллитаристӣ ,ки бо номҳои «Мурофиаи Нюрнберг» ва «Мурофии Токио» дар ҷаҳон машҳур астанд, қатъномаҳои зиёде оиди пешгирию тарғиби идеалҳои фашистӣ ва дигар зуҳуроти ғайрибашарӣ қабул гашта бошанд ҳам, тайи 25 соли охир тарғиби бедории фашистӣ ва дигар зӯровариҳо кулли ҷаҳони муосир, ҷаҳонеро ки дар рушди босуръати нанотехнологӣ қарор дорад, фаро гирифтааст.
Чанд сол пештар нависандаи бузурги қирғиз Чингиз Айтматов дар мусоҳибааш бо маҷаллаи бонуфузе аз бедор гаштану сиёсӣ кардани номи Чингизхон ва ифтихор аз ин шахсияти манфури таърихӣ изҳори ташвиш карда иброз дошта буд, ки чун Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд, фазои идеологии бархе аз кишварҳо холӣ монд ва ба ҷои тарғиби ному кори фаъолияти чеҳраҳои мусбати таърихӣ, фарзандони фарзонаи бани башар ба бедор намудани чунин чеҳраҳои манҳус машғул мешаванд, ки чунин амалҳо барои насли ҷавон, ки оянда аз ҷанг бӯе намебаранд ва барои башарият нохушоянд хоҳад буд. Мутаассифона, ин суханҳои пайғамбаронаи нависандаи оламшумул ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб исботи худро ёфта истодаанд, ки насли солиму воқеъбини ҷомеаи ҷаҳониро бетараф гузошта наметавонад. Дар он росто фикр мекунем, ки тарғиби ин чеҳраҳо манфури таърихӣ ва кибру ғуруру бузургманишию ифтихор аз чунин чеҳраҳои олудаи хуни башарият, пайомади манфии чунин таблиғотро дар асри алоқаи зудраси техникаи иттилоотӣ бар зидди сулҳу оштӣ, ҳамзистии осоишта ба бор хоҳад овард. Агар халқи фарҳангии имрӯзаи муғул андеша намояд чӣ лозим аст, халқи хурдакаки муғулро бо марзи калону аҳолии кам (1,6 миллион километри мураббаъ марз ва зиёда аз 2 миллион аҳолӣ) аз чеҳраи манфури таърихи башарият Чингизхон нозидан?
Ҳақ ба ҷониби академик, собиқ директории пажӯишгоҳи ховаршиносии АФ-и СССР, олими забардасти тоҷик Бобоҷон Ғафуров аст, ки дар китоби «Тоҷикон» менигорад: «Чингизхон бо ин амалҳои номақбул ва ҷангҳои бемантиқи худ натанҳо ҷаҳонро ба харобазор табдил дод ва миллионҳо нафар фарзанди одамизодро қатли ом кард, балки дар пайи ҷаҳонгирии беандешонаи худ садҳо ҳазорон ҷавонони солими муғулро низ ба дами теғи рақиб бурда, ҳамаро ба ҳалокат расонид». Оре, дар ин ҷо ховаршиноси нуктасанҷу борикбин ҳақиқати таърихро нисбати фоҷиаи натанҳо мардуми ҷаҳон, балки халқи муғул, ки бар асари ҷангҳои бардавоми ташкил намудаи Чингизхон ин халқро низ қариб ба нестӣ овард, нишон додааст. Натиҷааш имрӯз ин аст,ки халқи муғул як миллати хурдест, ки аҳолии Муғулистон аз аҳолии як вилояти Тоҷикистон, (вилояти Хатлон қариб 3 миллион аҳолӣ дорад) камтар аст. Танҳо дар асрҳои 16-17 пайдо гаштани дини нисбатан прогрессивӣ, дини будоия, ки он фарҳанг ва андешаи фалсафӣ дорад, ин миллати замоне сершуморро аз фоҷиаи пурра нестшавӣ нигоҳ дошт, вагарна ин миллат бо амалҳои нангини Чингизхону ворисонаш дар арафаи маҳвшавӣ қарор дошт. Боиси таассуф аст,ки дар сайтҳои интернетӣ ҷавонони муғул ташкилотҳои фашистӣ доранд, сурати Адолф Гитлеру Темучин (Чингизхон) ва нишонаҳои фашистон зеби утоқҳои кории онҳост, ки ин худ нишонаи фаҳмиши пасти ин ҷавононро баъди пошхӯрии системаи социалистӣ ва дигар шудани сохти давлатии Ҷумҳурии халқии Муғулистон нишон медиҳад.
Аз ин рӯ, ҷашнгирии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва итмоми ҷанги дуюми ҷаҳон ва заволи фашизм бояд дар сар то сари ҷаҳон ҷашн гирифта шавад. Одамзоди имрӯза дар шароити ҷанги иттилоотӣ, вуҷуд доштани алоқаи фавқулсурати нанатехнологӣ, аз қабили интернет вазифадор аст, ки баҳри пешгирии ғояҳои фашистӣ (ҳаракати фашистӣ, ҳаракати ифродгароии динӣ ва ғайраҳо) бояд оқилона рафтор намояд.Алалхусус таърихи ҷанги ҷаҳонӣ, сабабу моҳияти фашизм, оқибати сиёсати онҳо ва қатлҳои омми онҳо насли навро ҳушдор диҳанд, вагарна дар чунин шароити ҷаҳонишавии тамаддунҳо оқибат дер хоҳад шуд. Он гоҳ дар олам насли нав , на ба насли ояндасоз, боандеша ва тасхиркунандаи Мирриху Зуҳал, балки ба як шахси бесавод, ифротгаро, бадҷаҳл ва бетаваҷҷӯҳ нисбати замину кайҳон табдил хоҳад ёфт.Таҷрибаи талхи таърихи фашистон дар Германия, ки дар давоми 10-15 сол ҷавонони олмониро бо тарғиби дурӯғин ва бешармонаи худ ба ифродгароии миллӣ ва нажжодӣ кашиданд, нишон ва мисоли мушаххасест ин ҷо. Фаромӯш набояд кард, ки чунин бологузории нажодӣ ва бо чашми кароҳат ба дигар миллату халқҳо нигаристан айнан замони Чингисхон ва авлоди ӯ Темурланг низ ба чашм мерасид ва ҳисси бадбинии ин золимон ва ӯрдуи онҳо нисбати башарият ва фарҳанги онҳо ва доираи таассуб ва нотавонбинияшон ҳам дар асри 12, (Чингисхон), ҳам дар асри 14 (Темурланг) ва ҳам асри 20 давраи Адолф Гитлер яксон будааст! Ин монандии зиёди андешаҳои ин се артиш, ин се шахси манфур ва ҳукуматдориашон дар фосилаи дурӣ аз Темучин, яке 150 сол (Темурланг) ва дигаре зиёде аз 700 сол (Гитлер) аз ҳам баёнгари он ҳаст,ки таърих такрор хохад шуд, ҷиноятҳои чунин роҳбару чунин ашхос ҳатман такрор хоҳанд шуд, агар андешаи оқилона ва башардӯстона дар доираи танге дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ маҳдуд карда шавад!
Сари ин масъала ҷомеъаи ҷаҳони, алалхусус СММ ва дигар созмонҳонҳои бонуфузи ҷахонӣ бояд андеша намоянд.
Дар сатҳи кишварҳои собиқи шӯравӣ, ки аз фоҷиаи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ҳама зиёд ранҷу азоб кашидаанд, корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотӣ оид ба муборизаи диловаронаи сарбозони шӯравӣ зиёдтар бояд анҷом дода шаванд.Умуман насли башар бояд донад, ки кадом кишвар, кадом мардум муқобили фашизми гитлерӣ ҷангида, башариятро аз ин вабо наҷот додаанд. Бахусус насли пасошӯравии мардуми собиқ шӯравӣ бояд дар ин бора зиёдтару зиёдтар донад, то насли баъди замони шӯравӣ таваллудёфта дар ин давраи мураккаби ҷаҳонишавӣ сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонад. Боиси таассуф аст,ки бархе аз кишвархои ғарбӣ аз мавҷуд набунаи ғолиби аслии ин чанги фалокатбори ҷаҳонӣ Иттиходи Шӯравии бузург истифода бурда,таърихро таҳриф кардан мехоханд. Ин амали онҳо бошад нишонаи бехирадӣ ва поймол кардани ҳаққу ҳуқуқҳои ворисони музаффари ин ҷанг, насли ҷанговарони диловари Артиши сермиллати шӯравӣ,насли имрӯзаи кишварҳои пасошӯравист!
Кор то он дараҷа рафта расидааст, ки дар бархе аз кишварҳои шӯравии собиқ ба хотири маъқул кунонидани сиёсаташон ба кишварҳои ғарбӣ аз собиқ ӯрдуҳои хунхори СС-и фашистӣ, ки ҷинояткории онҳо кайҳо ба ҷаҳониён маълум ҳаст ва аъмоли зишт ва қатлу куштори онҳо дар садҳо саҳифаҳои парвандаҳои ҷиноятии давраи ҷанг оғоз намудаи прокуратураи шӯравӣ ва дигар кишварҳои аврупоӣ мафҳузанд ва мурофиаи суди байналмилалии Нюрнберг ҷинояткории онҳоро зидди тухмаи одамизод маълум ва маҳкум кард, қаҳрамон ва башардӯст тарошида,ба хотираашон санги ёдгорӣ мегузоранд! Ҳолатҳои кандану поймол намудану нообод гузоштани садҳо лавҳаҳои ёдгории болои қабристонҳои артиши наҷотбахши башарият,артиши шӯравӣ низ дар ин асос ҷой дорад.(ин амали номатлубро дар мисоли кишвари Лаҳистон метавон дид). Боиси тааҷҷуб аст, ки маҳз ҳамин гунна қувваҳо ҳатто замоне ба телевизионҳои вориси аслии СССР кишвари Россия роҳ ёфта, афонаҳоеро рӯи об бароварда,ба хотираи манфиатҳои гурӯҳӣ ва бозории хеш ба арвоҳи миллионҳо шаҳрвандони қурбошудаи ин ҷанги барои халқи шӯравӣ ҳақиқатан ҳам адолатнок иснод меоварданд. Мақсадам ин ҷо филми беасоси «Лаънати Темур» аст, ки коргардонҳои пасипардагии он мехостанд аз он манфит бардоранд ва бехабар аз он, ки бо ин филми дурӯғин ва беасосашон арвоҳи поки миллионҳо сарбозони ҷавону далери халқи шӯравиро, ки ба хотири озодии ватан ва пешгирии ҳаракати қувваҳои аҳримании гитлерӣ ҷон бохтаанд хоҳанд ранҷонд! Аз ин филм чунин маъно сар мезад,ки чунин шахси сифлаи таърих Темурланг он чунон бузург будааст, ки маҳз кушодани қабри ӯ боиси сар шудани ҳуҷуми Гитлер ба СССР гаштааст! Гузашта аз ин рӯҳи садҳо ҳазор ҷанговарони ормонии шаҳри Сталинградро,ки бо диловарии бе мислу монанд ӯрдуи фашистиро инҷо шикаст додаанд ранҷонида ғалаби артиши сурхро дар ин шаҳр ба устухонҳои ин шахси дур аз одамият нисбат додаанд!
Беандешагӣ, бемулоҳизагӣ ва ба назари банда беақлӣ ба хотири манфиатбардорӣ аз ин зиёд намешавад! Аввалан вақто, ки аввалин бомбапартоии ҳавопаймоҳои Олмони фашистӣ дар Украинаи ғарбӣ ва Белоррусияи ғарбӣ ва ҳуҷуми танкӣ ба хоки шӯравӣ соатхои 4-и саҳарӣ санаи 22-юми июни соли 1941 сар шуда буд, дар шаҳри Самарқанд соат 1-и шаб буд ва олимони археолог ҳамагӣ дар хоби ноз буданд! Кандани қабри Темурланги алайҳи лаъна баъди чанд соати ба хоки шуравӣ тариқи Полша зада даромадани дивизияҳои танкии Гудериан сурат гирифт ва худ аз худ пайдост, ки ин ду ҳодиса бо ҳам ягон рабте надоранд.Хандаовар ва дардовар боз рабт додани ғалабаи артиши сурх дар муҳорибаи Сталинград алайҳи артиши фелдмаршал Паулюс бо устухонҳои пӯсидаи Ланги Темур аст! Таърих гувоҳ аст,ки артиши шуравӣ бо ҷоннисориҳо ва қаҳрамониҳои бемислу монанди сарбозони гуногунмиллати шӯравӣ дар ин мубориза ва муҳорибаи бемислу монанди ҷахонӣ, ки таърих мислашро ёд надорад ғолиб омадааст ва артиши Паулюс рӯҳан аллакай аз аввали ҷанг бой дода буд. Пас чи лозим буд, намоиши филми дурӯғин дар сатҳи собиқ кишварҳои пасошуравӣ ва ба даҳони неофашистон алайҳи таърихи пурифтихори сарбозони сермиллати шӯравӣ луқма андохтан? Фикр мекунам,ки ҳамаи ин намоишҳо, мазҳакаҳо, таҳрифкории таърихи ҷанги фалокатбории ҷаҳонии 2-юм ва паст задании қаҳрамониҳои халки сермиллати шӯравӣ бе сабаб ба вуҷуд оварда нашудаанд.
Рӯи рост бояд иқрор шуд, ки имперализми ҷаҳони гургест, ки барои ӯ сармоя ва ишғоли заминҳо ва ёфтани сарват асос буда, барои ба даст овардани онҳо аз чизе ва кори зишттарине низ рӯй наметобанд.Ҷанги якуми ҷаҳон ва ҷанги 2-юми ҷаҳон асосаш ҳамин буд. Ҷангҳои Чингизхон ва Темурланг низ ба хотири молу сарвати ҳангуфт буд на чизи дигар! Империализми имрӯза низ зери ниқоби озодии баён ва демократия мақсад аз соҳибият ба даромади муфт ва ҷамъ намудани сарвати ҳангуфте дорад на чизи дигар! Тамоми ҳаракатҳои террористии дар кишварҳои исломӣ имрӯз падид омада низ кори дасти империализми имрӯза ҳаст. Натиҷаи ҳосилашро дида истодаем, ки башарият чи гуна «меваҳоро чида истодааст»! Пораабри манфури Чингизхон бо борони наҳсу бесаводияш имрӯз , дар асри 21 дар натиҷаи сиёсати номувозинат ва духӯраи бархе аз абарқудратҳо ва ҳамтоёнашон имрӯз ҷомеъаи ҷаҳониро ба инқилобҳои рангаи дурӯғин, ноороми ва пайдо гаштани ҳарактҳои фашистии террористӣ ва ифротгароии мағзҳо кашида истодааст.
Бо мақсади шиносонидани ҷавонон ва тарбияи дурусти онҳо,пешгирии таҳрифкориҳо нисбати фидокорию ҷанги адолатноки падару бобоёнамон- сарбозони ватанпарвар ва шуҷоъи собиқ ватани бузургамон СССР ва дар асоси вазъи ҳассоси ба вуҷуд омада дар кишварҳои пеш аз ҳама шӯравии собиқ бояд нашри китобу мақолаҳо ҳарчи зиёдтар аз сар гирифта шавад.
Дар бораи ҷанги адолатноки халқҳои Шӯравӣ ҳазорҳо китоб чоп гашта, садҳо филмҳо ба навор гирифта шуда, ҳазорон тадқиқотҳо анҷом дода шудаанд ва хуб мешуд, ки мисли замони шӯравӣ ин китобу достонҳо боз ба тиражи миллионҳо нусха дар сатҳи давлатӣ ба чоп раванд. Аз он иборае, ки имрӯз роиҷ аст «иқтисодиёти бозоргонӣ» (яъне агар китобро харанд чоп мекунам) куллан бояд даст кашид! Дар он ҷое, ки сиёсат рафта истодааст, фардо миллионҳо доллар сарф кунӣ низ ба кор нахоҳад рафт.Мислашро дида истодаем, ки имрӯз бархе аз кишварҳои ғарбӣ ғалабаи бузурги халқи шӯравиро дар ин ҷанг нодида гирифта истодаанд ва ҳатто артиши шӯравиро чун озодкунандаи ҳақиқии лагери марги Освенсим ,ки чанде пеш 70 солагии озодкунияшро дар Лаҳистон ҷашн гирифтанд надонистанд! Ҳоло он,ки дар озодкунии ин лагери даҳшатбортарини одамкушӣ якчанд артишу дивизияҳои шӯравӣ ширкат варзида ,садҳо нафар ҷанговарони шӯравӣ ҷон бохтаанд! Мояи ифтихори миллати тоҷик низ бояд бошад,ки ҷанговарони тоҷик низ дар озодкунии 7,5 ҳазор асирони зиндамондаи ин «қалъаи марг» фаъолона ширкат варзида,бархеашон ҷони азизи худро аздаст додаанд.Пас мантиқан мебуд,агар роҳбарони худхоҳи ғарбӣ,ки аз набудани шер(манзурам СССР аст) ва худро имрӯзхо дар масофаи паланг меҳисобанд намояндагони тамоми ҷумҳуриҳои иттифоқии собиқ шӯравиро бо як эҳтироми хоса ба ин маърака даъват ва қадрдонӣ мекарданд!
Аз ин рӯ омузондану иттилло додан ба аҳолӣ оиди ҳақиқати таърихӣ дар ин раванди басо ҳассоси ҷаҳонишавӣ, ки бархе аз қудратҳо онро мехоҳанд ба манфитҳои худ ба кор баранд кори имрӯзаи ҳар яки мост.
Ин омил ва пешгирии изофанависиҳо ва таҳрифи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз тарафи бархе аз кишварҳо амали иттилоотии дастҷамъонаи кишварҳои ИДМ-ро хоҳон аст.Зеро аввалан зарбаи аз ҳама сахтарин ва қурбониҳою инҳисороти зиёдро низ ин кишварҳо чашидаанд,озодкунии башарият низ аз ин вабо бар дӯши ин мардум будааст ва баъдан ин ҷанг ва қурбониҳои он , як қисми фарҳангу таърихи ин миллатҳо гашта,замони шӯравӣ ва баъди он даҳҳо асарҳои назмию насрӣ, филмҳо,асарҳои мусиқӣ ва пайкараҳо офарида шуда , зиёда аз ним аср ин мавзӯъ, мавзӯъи тарбияи ватандӯстӣ,ифтихори ватанпарастӣ ва гузашта аз ин ифтихори миллии ин мардум будааст.
Мисоли барҷастаи он офарида шудани асарҳои зиёде фарз кардем дар адабиёти шӯравии тоҷик аст. Достонҳое чун достони «Ғалабаи Таня»-и устод Лоҳутӣ, достони «Писари Ватан»-и устод Турсунзода, романҳои «Вафо» ва «Ҳар беша гумон мабар,ки холист»-и устод Фотеҳ Ниёзӣ ва дигарон дар сатҳи шӯравӣ сару садоҳоро ба вуҷуд оварда,тариқи нашрияҳои даврии умумииттифоқ чандин маротиба бо тиражҳои калон нашр ва ба фурӯш рафтаанд. Мавзӯъи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва корномаҳои халқи шӯравӣ ва фиристодагони Тоҷикистон дар ин набарду фоҷеъаи ҷаҳонӣ мавзӯъи ҳамешагии достонсарои забардасти тоҷик устод Мӯъмин Қаноат будааст.
Аз тарафи устод достонҳои машҳури «Сурӯши Сталинград», «Мавҷҳои Днепр», «Китобҳои захмин», «Ситораи Исмат», монологи «Гули Бодом», шеъри «Хоби қаҳрамон» офарида шудааст, ки устод бо ин навиштаҳои худ замони шӯравӣ тавонист, ки қадру манзалати шеъру достонҳои тоҷикро ба маротиба боло барад ва сару садоҳоеро дар доираи шеъри иттифоқ ва ҷаҳон баланд кунад.Махсусан достони «Сурӯши Сталинград» устод замони шӯравӣ бисёр машҳур гашт ва ба як достони дӯстдоштатарини мардуми шӯравӣ табдил ёфт. Ин достони хаммосӣ,ки рӯҳияи мустаҳками ватанпарастӣ дорад ва ба гуфти аъзо-корреспонденти АФ-и СССР-и собиқ, муҳаққиқи шинохта Ломидзе достони эпикӣ-психологист, дар тарбияи ватанпарастии ҳазорон ҷавонони шуравӣ нақши муҳиме гузоштааст.Хушбахтона то имрӯз ин шоҳкории эпикӣ-психологӣ дар тарбияи ватанпарастии ҷавонони рус дар Россия нақши муҳими худро ба ҷой мегузорад ва ҳамасола дар шаҳри Волгоград озмуни достонсароёни достони «Сурӯши Сталинград» байни мактабиёни шаҳри қаҳрамони Волгоград гузаронида шуда, дар тарбияи ватанпарастии мактабиёни рус нақши боризи худро дорад. Дар ин вилоят ва дигар мавзеҳои Руссия доири ин достон ва қаҳрамонони он ҳатто аз тарафи муаллимаҳои фани математика низ хонишҳои ғайрисинфӣ ба хонандагон то ҳанӯз дода мешавад. Дар асоси ин достон чанде пеш намоши театрии «Сурӯши Сталинград»-и театри «Белая птица»-и Челябинск намоиш дода шудааст. Дар асоси ин достон аз тарафи роҳбари Академияи Русӣ-итолиявии бастакорон Алла Ферони мусиқаи «Сурӯши Сталинград» офарида шудааст,ки тамошобинони хушзавқи русу итолиявиро ба худ ҷалб намудааст.
Асарҳои устод Мӯъмин Қаноат ҳамчунин дар доираи хонандагони Белорус ва Украина низ ҳаводорони худро доранд.Умуман мардуми славянитабор аз навиштаҳои ин нобиғаи достонҳои эпикӣ-психологӣ дар тарбияи ватандӯстӣ ва дарки ҳодисаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба хуби истифода мекунанд, ки омил бешубҳа боиси ифтихору эътибори миллати сарбаланди тоҷик низ ҳаст.
Хушбахтона , устод Мӯъмин Қаноат яке аз он нафарони камтарини адабиёти форсист, ки тавонистааст, бо офаридаҳои амиқу дақиқи худ, достонҳои хаммосии худ оиди давраҳои муайяни таърихии миллат возеҳу равшан саҳифаҳои рангини миллат ва дарду доғи замон, корномаҳои фарзандони ҷудогонаи онро ба риштаи тасвир кашад.Ба ин достонҳои бисёр машҳури шоир аз қабили «Мавҷҳои Днепр», «Китобҳои захмин», «Суруши Сталинград», «Ситораи Исмат», «Ҳаммосаи дод», ки дар онҳо оиди набардҳои қаҳрамонона ва бемислу монанди халқи шӯравӣ ва сарбозони тоҷик алайҳи фашизм – душманони насли инсоният ва башар бо ҷузъиёташ, бо таъриху набардҳояш ҳақиқатнигорона тасвир ёфтаанд, мисол шуда метавонанд.Алалхусус достони «Суруши Сталинград», ки бо хусусиятҳои хоси худ ва жанри махсуси эпикӣ - психологии худ (аз рӯи гуфти мунаққади машҳури шӯравӣ , аъзои пайвастаи Академияи Фанҳои СССР - Ломидзе) фоҷиаи халқи шӯравӣ (миллати тоҷик он вақт як ҷузъи он) ва қаҳрамонияш алайҳи хасми бадкеш нишон дода шудааст мисоли ин гуфтахост.Дар ин достонҳо ва дигар навиштаҳои худ устод бо як маҳорати том қаҳрамононии фарзандони миллати тоҷик ва тоҷикистониён аз қабили Саидқул Турдиев, Аҳмад Эргашев, Саидаҳмад Каримов , Исмат Шарифов, Тӯйчӣ Эрҷигитов ва дигаронро нишон додааст. Ногуфта намонад, ки навиштани достонҳои таърихӣ ва алалхусус иншои достонҳои мавзӯъи ҷанг кори саҳл нест ва хонандаи закитабъи ман онро осон машуморад.
Ба ғайр аз истеъдоди худододии шеър гуфтану шоирӣ доштан, дар ин жанри назмӣ ҳамчунин оиди ҳодисаҳои таърихӣ ,тафаккури қаҳрамонони он замон, шахсиятҳо, муҳити давр, то истифодаи намудҳои техникаи ҳарбӣ, лашкаркашони худӣ ва рақибон, ҷуғрофияи минтақаи ҷанг ва дигар ҳолатҳо бояд мадраку дониши хубро дар худ дошта бошӣ.
Навиштани чунин достонҳо табиист, ки кори саҳл ва мисли навиштани шеъри лирикӣ кори якрӯза нест, он моҳҳо ва баъзан солҳоро талаб мекунад.
Ҳаким Фирдавсии бузург низ пеш аз навиштани «Шоҳнома» -и безаволи худ чанд солеро дар омӯзиши таърихӣ пурғановати Ирону корномаи далерони он масраф кард. Чун дақиқан бо маъхазҳои таърихӣ, ки дар забони арабӣ ва юнонии он вақт оиди Ирон мавҷуд буданд шинос гашту ҳамчунин то андозае бо мадракҳои муаррихони византӣ ва арманию гурҷӣ шинос ва «Ёдгори Зарирон» ва дигар навиштаҳои тоисломии аз дасти арабҳои бадавӣ боқимонда ва осебнадидаро пайдо кард , дар забони асл (паҳлавӣ) онҳоро мавриди омӯзиш қарор дод ва дониши бузурги таърихӣ оиди таърихи миллати арҷманди ориёӣ ба даст овард. Аз он пас ба эҷоди «Шоҳнома» ба қавли худаш «Кохи назм» пардохт ва баъди солҳои зиёди шабзиндадорӣ онро ба итмом расонид.
Имрӯз ба хубӣ исбот гашта, ки «Шоҳнома» пеш аз ҳама асари таърихист. Ҳатто дар осори гаронмояи худ, аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» дар бисёр мавридҳо барои равшан намудани саҳифаҳои норавшани таърихи миллати арҷманди тоҷик ба «Шоҳнома» рӯй меорад, зеро он сарчашмаи аниқи таърихии миллати мост ва устод Ғафуров ҷо-ҷо барои исботи фикри худ байтҳои «Шоҳнома»-ро мисол меорад.
Чунончӣ, вобаста ба гирифтани шаҳри Бухоро аз тарафи сулолаи Ҳайтолиён барои исботи худ ин масраъҳои «Шоҳнома»-ро пеш меорад:
Бухоро пур аз гурзу кӯтвол буд,
Қадамгоҳи шоҳони Ҳайтол буд.
Устод Мӯъмин Каноат навиштани ин кори вазнинро ба зимма гирифта, пеш аз ҳама ба мадракҳои таърихӣ, аз он ҷумла Бойгонии марказии Вазорати дифоъи СССР, бойгонии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, қаҳрамонони бевоситаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ шинос шуд, бо онҳо сӯҳбат орост, аз осори мақолаҳои доири муҳорибаҳои алоҳидаи ҷанг чоп шуда, ҷамъоварӣ намуд, онҳоро моҳҳои дароз омӯхта баромад ва баъдан нишаст сари эҷоди достонҳои машҳури ҷаҳонии хеш.
Устод барои эҷоди достонҳои ҳарбӣ - қаҳрамонии худ, алалхусус «Суруши Сталинград» зиёд заҳмат кашида, ба ин шаҳри каҳрамон чанд бор сафар карда, ба мавзеъи ҷанг рафта, хонаи машҳури Павловро зиёрат карда, аз байни муҳофизони Сталинград рафиқон пайдо сохта, дар сохтмони «Қӯрғони Мамай»-и машҳур, дар бригадаи сохтмоние ба сохтмончиёни ин мақбараи хотиравӣ набарди Сталинград ёрии ҷисмонии худро дареғ надоштааст.
Дар шаҳри қаҳрамони Сталинград ӯро бо сарфармондеҳи мудофиаи Сталинград, ду карат қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Чуйкови машҳур ва дигар қаҳрамонони набарди машҳури Сталинград генералҳо Родимцев, Лелющенко, Шумилов шинос намуданд. Онҷо шиносҳои волгоградияш ба Чуйкови машҳур дар бораи навиштани достони қаҳрамонӣ оиди ин набард аз тарафи ин шоири тоҷик иттилоъ доданд. Маршали дар ҷаҳон машҳур Чуйков ба чеҳраи хело ҷавони шоири тоҷик назар андӯхта изҳор намуда, ки «шубҳа мекунад, охир ӯ хело ҷавон аст, дар бораи ҷанг чиро медонад?!».
Устод Мӯъмин Қаноат ҳамон лаҳза порае аз достони худ «Мавҷҳои Днепр»-ро бо номи «Мавҷҳои бародарӣ», ки ҳамон вақт дар тарҷумаи Ярослав Смеляков дар Маскав чоп шуда , дар сатҳи шӯравӣ шӯреро андохта буд, бо русӣ қироат намуд. Маршалро аз таъсири шеъри шоири тоҷик ҳиссиёти ҳаяҷоноваре фаро гирифт ва изҳор дошт : «Ба ман писарам метавони такя кунӣ!».
Ҳамроҳ бо маршал Мӯъмин Қаноат тамоми шаҳри соҳили Волгаро тай кард ва бо чашмони худ ҷойҳои набарди бузургтарини таърихии ҷаҳонро дид ва ҳамон вақт дар дилаш барои фармондеҳи Сталинград боби алоҳидае дар достонаш бо номи «Василий Иванович Чуйков» ҷудо намуд.
Ин достон саҳифа ба саҳифа, ҳарф ба ҳарф таърих аст ва бесабаб нест, ки ин достони машҳур мавриди муҳокимаи Котиботи Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР бо ширкати фармондеҳони Қувваҳои Мусаллаҳи Олии СССР сурат гирифт ва тибқи иттилои нависандагони Шӯравӣ дар чунин пояи баланд хеле боз асари адабӣ мавриди муҳокима қарор нагирифта буд. Онҷо тибқи ёддошти нависанда Михаил Левин устод Турсунзода ба ҳаяҷон омад. Он ҷо ҳамчунин шогирдаш Мӯъмин Қаноат низ ба ҳаяҷон омад. Асар бошад, баҳои олӣ гирифта, ин нишонаи арҷгузорӣ ба адабиёти тоҷик буд, нишонаи ворисии адабиёти тоҷик ба «Шоҳнома» - и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ буд. Хотиррасон бояд намуд, ки ҳамасола шоиру нависандагони зиёде ҷоизаи Давлатии СССР-ро мегирифтанд, лекин қисмати зиёди онҳо ба зудӣ фаромӯш гашта, мавриди муҳокимаи ҷаласаи баландпояи Раёсати ИН-и СССР ва боз бо ширкати фармондеҳони Қувваҳои Мусаллаҳи -и СССР ҳатто осорҳои мавзӯъи ҳарбӣ низ ҳеҷ гоҳ қарор намегирифтанд ва ин ҷо беихтиёр навиштаи устод аз ин достон ба ёди кас меояд:
Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд.
Оре, таъсири сахти равонии ин достон, услуби хоса, диди баланди шоирона ба ин набарди бузург ва муқаддас роҳбарияти Иттифоқи Нависандагони СССР-ро маҷбур сохт, ки онро дар пояи баланд муаррифӣ намуда, бузургии сухани адабиёти шӯравиро назди маршалу генералу адмиралҳои номдор ба намоиш гузоранд ва дар ин асос ин бурди калони адабиёти тоҷик ва миллати мо буд. Зеро хоҳ нохоҳ чунин фармондеҳони баландпоя ва роҳбарони Иттиҳоди нависандагони СССР ба Тоҷикистон ва миллати тоҷик бо як таваҷҷӯҳ ва эҳтироми дигаре муносибат хоҳанд кард ва ҳамин тавр низ буд.
Дақиқӣ ва нуқтасанҷии устод дар достони дигараш бо номи «Ситораи Исмат» ба хубӣ айён мегардад. Ӯ дар сарсухани ин достон, ки соли 1989 бори аввал нашр гашта , он оиди қаҳрамониҳои тоҷикписар Исмат Шарифови Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ нақл мекунад ба хубӣ оиди маргу фоҷиаи ин тоҷикписару аҳлу оилааш, вафоти наздиконаш, се маротиба, аз ҷумла маротибаи охирон санаи 9-уми майи соли 1945 ба зодгоҳаш омадани хати сиёҳи ӯ нақл карда, ҳамаи набардҳо, қаҳрамониҳои ӯ ва фоҷиаи аҳли оилаашро бо як тасвири олидараҷаи шоири достоннавис ба риштаи тасвир кашидааст. Яъне устод барои ба назм даровардани қаҳрамониҳои ин тоҷикписар хело заҳмат кашида, лаҳзаҳои зиндагӣ, корнамоиҳои ӯ, фоҷиаҳои ба сари аҳли оилааш омадаро аз мадракҳои таърихӣ, саҳифаҳои таърихӣ оиди ҷанги мавзеъҳои Курландия (мавзеъи Калинингради ҳозира) ба хубӣ омӯхта баромада, баъдан ин достони бисёр хуби маргу фоҷиаи қаҳрамонии тоҷикписрарро ба назм даровардааст.
Дар ин асос бояд дар сатҳи ИДМ ба нашри бештари асарҳои адабӣ ва таърии замони ҷанг, қаҳрамонони он диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳамчунин ба телевионҳои Россия низ лозим ҳаст, ки аз баҳодиҳии яктарафа ба ин давраи таърихӣ хотима бахшад, зеро мешунавем, ки бисёре аз барномаҳо ва баромадҳо танҳои оиди халқи шарафманди рус ҳастанд. Албатта миллати рус чун миллати меҳварӣ ва халқи аз ҳама зиёдтар қурбонӣ додаи ин ҷанги барҳақ фоҷианок ва барои ҳар яки мо мукаддас ҳаст ва инро кассе инкор намекунад,лекин фаромӯш набояд кард,ки дар қатори фарзандони халқи рус ҳамчунин миллионҳо фарзандони кишвари сермиллати шӯроҳо ҷонбозиҳо карда,сари сабзи худро ба хотири озодию истиклолияти ватанишуравӣ ва пеш аз ҳама Россия дар ҷангалзорҳои паҳновари Рус ва дигар кишварҳо ба хоки сард ниҳодаанд. Аз ин рӯ хуб мешуд, ки оиди ҷонбозиҳои дигар миллату халкиятхо, фазои дӯстӣ ва ваҳдати умумишӯравӣ алайҳи Олмони фашистӣ низ менавиштанд, мегуфтанд ва намоиш медоданд.
Зеро дар муносибатҳои таърихии байни миллатҳо ва кишварҳо, ҳодисаҳо ва омилҳое ҳастанд,ки онҳо дар рӯҳияи абадзиндаи халқу миллатҳо аз насл ба насл сад солаҳо хоҳанд гузашт,агар он манфӣ бошад ё мусбат,он ба фалсафаи маргу зиндагии ин миллатҳо табдил хоҳад ёфт.
Ҷанги Бузурги Ватании халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ хушбахтона яке аз нодиртарин давраҳои таърихию фоҷиабори ин миллатҳост, ки онҳо дар тангтарин фурсат бо якдилӣ,якруӣ, муттаҳидӣ, ғамшарикӣ, меҳру шафқат, ишки ватан, ҷонфидоӣ ва дӯстию рафоқат дар канори ҳам омада, башариятро аз вабои аср-терорризми фашистӣ барои даҳсолаҳо наҷот бахшиданд.
Аз ин рӯ мо ҳуқуқи фаромӯш кардану яктарафа баҳо додан ба онро надорем. Имрӯз зиёдтар ба дарси он давраи фоҷиабор ва дар айни замон дарси мардонагӣ ва якдилии байни халқҳо зиёдтар ниёз дорем. Ҳамагонро ва дар ин асос пеш аз ҳама устоди бузургвор Мӯъмин Қаноатро бо фарорасии зодрӯзи муборакашон ва иштирокчиёни ин ҷанги ҷаҳонӣ, заҳматкашони қафои фронт ва бачагони забони ҷангро ба ин рӯзи таърихӣ 73 солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватани табрик гуфта, хоҳони оромӣ ва осудагии сайёраи Заминам.
Рӯҳи шаҳидони ин ҷанги барои мардуми шӯравӣ одилона шод бошад!
«Модарон то ҳол мепоянд роҳи аскарон,
Охирин умеди ин умедворон зинда бод».
Варқа Зайниддин, Узви ИЖ - и ҶТ Аълочии матбуоти ҶТ, ш. Бохтар