22:07:06 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЧӢ ҲОЛ ДОРӢ, МУҲОҶИР?

Сарсухани ин китоб, ки замоне шодравон Султон Ҳамад бо дастони худ навиштаанд, маро хеле мутаассир кард. Он замоне навишта шуда будааст, ки шодравон дар қайди ҳаёт будаанд. Китоб омодаи чоп буда, вале бемориву ранҷурӣ ва билохира марги беамону ногаҳонӣ имкон надод, ки муаллиф худ самараи заҳмати худро бубинад. Бо талоши фарзандон ин китоб имрӯз ба дасти мо расид ва қарор аст як маросими рӯнамоӣ ҳам доир шавад.

muhojir 1254665455Матолиби китоб бароям куллан ошно буд. Ман ҳар сатри ин навиштаҳоро хонда будам, шоҳиди рӯйи кор омадани баъзе аз онҳо будам. Баъзеро ҳангоми кор дар “Рӯзгор” тасҳеҳ ҳам кардаам. Дар мавриди баъзе изҳори андеша ҳам доштам.

Мо зиёд мегуфтем ва дар меҳвари гуфтугӯҳои мо мавзуъи муҳоҷират ҳам мечархид. Ва устоди шодравон хеле ҳарфҳои гуфтанӣ доштанд, ки қисмеро дар навиштаҳо бо ҳар баҳона гуфтанд. Аммо қисмеро ба гуфтан фурсат наёфтанд. Ва он ногуфтаҳо аз ин китоб берун монда.

Ва чун китобро варақ мезадам, саҳфаҳое аз муколамаҳоямон ёдам омад ва ман дигар натавонистам онро то ба охир варақ занам. Ҳарчанд матолибаш ошнову хондаам, вале ҳоло бояд боз ҳам бихонам.

Ман аз сарсухан садои устодро шунидам. Ва чӣ садои хуше, чӣ ҳарфҳои гӯшнавозе. Мегуфтанд ангезаи дар як китоб гирд овардани матолибе аз ҳаёти муҳоҷирин ё мавзуъи муҳоҷират навиштаи як дӯсташон дар шабакаи иҷтимоӣ буда, ки эрод гирифтааст. Гӯё устод Султон ба мавзуъҳои нолозим даст задаву, мавзеъи лозимеро чун муҳоҷират нодида гирифтаанд.

Устод Ҳамадро ба ҳеч ваҷҳ наметавон ин гуна муттаҳам кард. Устод худ заҳри муҳоҷиратро чашидаву дар миёни анбӯҳи муҳоҷирин дар бадтарин шароит зистаанд ва хуб медонистанд, ки муҳоҷират, яъне чӣ. Аммо дар ин китоб аз он муҳоҷират ёд накардаанд, ҳарчанд навиштаҳои хеле зиёде доштанд. Хостанд онро мавриди дигар пажӯҳиш кунанд. Вале муҳоҷирати кории ҳамватанонро гирдоварӣ кардаанд. Гуфтаанд, ки “зиёд ҷустуҷӯ накардам. Бойгонии навиштаҳоямро аз соли 2003 ба ин тараф дидам. На камтар аз 20 мақолаву мусоҳиба ва вокунишҳоямро ба ин ё он воқеаи муҳими ҳаёти муҳоҷират пайдо кардам...”

Оре, Султони Ҳамад барин журналисти касбӣ наметавонист мавзуъеро назири муҳоҷират нодида гирад ва на 20 шояд бештар матолибе доштанд, ки ҳамаро аз ҳофизаи компутер пайдо накарданд. Ёд дорам, ки як сафаршон ба Қазоқистон сабаби навишта шудани китобе бо номи “Маҳбуби дилҳо” шуда буд, ки дар таҳияи он шоҳид будам. Ва ин худ мавзуъи як гуфтори дигар аст.

Чопи китоби “Чӣ ҳол дорӣ, муҳоҷир”-ро ба кулли иродатмандон, шогирдон, пайвандони устод Султон Ҳамад муборакбод мекунам. Ин навиди хуш пайғоме бароям дод: Фарзандони некном ҳаргиз нахоҳанд гузошт чароғи маърифати падар хомӯш гардад. Иҷоза нахоҳанд дод навиштаҳову гуфтаҳо парешон шаванд. Нақшаҳои дигар доранд, ки худашон хоҳанд гуфт.

Бобоҷони Шафеъ

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi