04:43:02 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАҲФИЛИ “ГУЛДУХТАРОНИ ТОҶИК”

Авоили даҳаи 60 – 70 –и қарни гузашта як зумра бонувони хушовози кӯҳистон рӯи саҳнаи ҳунар омаданд, ки воқеъан даврони ҳақиқии гулгулшукуфии санъати Бадахшон ба шумор мерафт.

1.mahili-guldukhtaroni-tojik 2021Сарояндаҳое, ки дар муддатзамони кӯтоҳ тавонистанд бо шеваи мухталифи иҷрои оҳангҳои маҳаллӣ ва мардумие, ки дарбаргирандаи сабкҳо ва осори гунонуне аз таронаҳои маҳаллӣ ва мардуми ҳастанд ба дили ҳазорҳо алоқамандону ҳаводоронашон дар саросари Тоҷикистон ва берун аз он бо оҳангу таронаҳои зебои худ роҳ ёбанд.

Аз зумраи ҳунармандони нотакро ба монанди, Сафарбегим Тошхуҷаева, Нуқра Раҳматова, Майсара Дилдорова, Улфатмо Мамадамбарова, ва боз чанде дигар аз ҷавонони соҳибистеъдод, ки ҳамеша гули сари сабади тамоми маъракаву чорабиниҳои мардумӣ ва давлатӣ буданд.  

2.mahili-guldukhtaroni-tojik 202113 март дар толори меҳмонхонаи “Серена” ва 18 март дар Маркази Исмоилии шаҳри Душанбе маҳфили зебое зери унвонии “Гулдухтарони тоҷик” бо шикати устодони санъат Сафарбегим Тошхуҷаева, Майсара Дилдорова ва Улфатмо Мамадамбарова баргузор шуд.

Ҳолу ҳавои ин маҳфил тамошочиён ва алоқамандони фарҳагу ҳунари мусиқии асили Бадахшонро ба ностолжи ва ё дилтангиҳои замони гузашта мебурд. Замоне, ки хотироти хубу ширине аз он, дар ёдҳо боқи монда. Бо ташаббуси ташкилоти "Равшандилон", маҳфили "Гулдухтарони тоҷик", ки ба истиқболи Ҷашни Наврузи оламафрӯз , бо иштироки ситораҳои саньати тоҷик - Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Нуқра Раҳматова, Майсара Дилдорова, Сафарбегим Тошхуҷаева ва Улфатмо Мамаданбарова дар Маркази Исмоилияи ш. Душанбе баргузор гардид.

3.mahili-guldukhtaroni-tojik 2021Барои нахустин бор пас аз 25 сол сукут Сафарбегим Тошхуҷаева ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар рӯ ба руи алоқамандони ҳунараш овозхонӣ кард. Теъдоди зиёди аз ҳаводоронаш, ки солиёни зиёд орзӯи чунин рӯзро доштанд дар толор ашки шодӣ мерехтанд.  

Ҳамчунин алоқамандони зиёди Майсара Дилдорова сарояндаи мумтоз ва овозхони нотакрор, ки шурӯъ аз соли 1960 ва то ба имрӯз миёни мардум шуҳрати бемисл дорад, бо диданаш дар ин барномаи консерти ҳаводоронаш бе ниҳоят хушу хурсанд шудан.

4.mahili-guldukhtaroni-tojik 2021Улфатмо Маммадамбарова ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке дигар аз узви гурӯҳи “Гулдухтарони Тоҷик” дар саросари кшвар ҳамчун сарояндаи шинохта ва маҳбуб шинохта шудааст.

Муттасифона ба далели беморӣ бонуи ҳунар Нуқра Раҳматова ҳунарпешаи Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон натавонист дар ин барномаи ҳунари ширкат кунад ва маҳфили зебои “Гулдухтарони Тоҷик”-ро бо ҳузури худаш мунаввар кунад.

5.mahili-guldukhtaroni-tojik 2021Дар арафаи ҷашни Наврӯз ин иқдоми гурӯҳи ташабускори "Равшандилон", ки ҳамчунин маҳфили зебои фарҳангиеро бо ҳузури ситораҳои маҳбубу маъруфи замони гузашта баргузор кард ва дилбохтагони фарҳангу мусиқии мардумиро ба ностолжи ва ё дилтангиҳои замони гузашта бурда хотироти хубу ширине аз он замонҳо дар ёдҳо бедор намуд изҳори сипос мекунем.

Зеваршо Муҳаммад

6.mahili-guldukhtaroni-tojik 2021

7.mahili-guldukhtaroni-tojik 2021

8.mahili-guldukhtaroni-tojik 2021

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi