01:50:36 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«ЧАНД АНДЕША АЗ ХОТИРАҲО» - I

Андешаҳо оид ба хотираҳои Е.Е. Алексеевский «Як люблю эту землю» ва нисбати 90-солагии шурӯъи азхудкунии заминҳои водии Вахш бахшида мешавад...

Камина одате дорам, ки дар ҳар як сафари хизматӣ ё шахсиям ба шаҳру ноҳияҳои кишвар аз мавҷуд будани мағозаҳои китобфурӯшӣ ва пеш аз ҳама китобҳои замони шӯравӣ пурсон мешавам, зеро хуб медонам, ки он китобҳои замони шӯравӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр гашта, ганҷи нодире ҳастанд, ки шояд дигар дар садсолаҳои наздик вориди Тоҷикистони азиз нагарданд.Инро ҳар як зиёии бомаърифат хуб дарк мекунад.

1 shoiri rus qissa-1Дар чунин мағозаҳо дар рафҳои китобҳои дар зарфи 30 соли охири баъди фурӯпошии ватани бузургамон Иттиҳоди Шӯравӣ метавон бо асарҳои классикони адабиёти шӯравӣ, ҷаҳон, асарҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, фалсафӣ, иқтисодӣ, оморӣ ва ғайраҳо дучор гашт.Он гоҳ хонандаи закитабъ аз дидани дунёи пурарзиши чунин китобҳо шод хоҳад шуд. Ба назараш чунин менамояд, ки ба ӯ ганҷинаи тиллоиеро пешниҳод кардаанд. Хубии ин «хазинаи китобҳои замони шӯравӣ» дар он аст, ки чунин китобҳо бо нархи ночизе аз тарафи китобфурӯшони бехабар аз оламу одам чун китобҳои нодаркор фурӯхта мешаванд. Аслан ин ба манфиати хонандаи бофаросат низ ҳаст. Солҳои охир диққати маро асарҳои хотиравӣ, ки дар онҳо оид ба ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои алоҳида муаллифон андеша меронанд, ба худ сахт ҷалб намудааст.Тавонистам, ки аз файзи китобҳои замони шӯравӣ чопгашта баҳраи комил бардошта, китобҳои зиёдеро оид ба хотираҳои олимону адибон, генералу маршалҳо, ходимони сиёсӣ ва ҳизбӣ ҷамъ оварам. Соли 2008 низ чун анъана ба мағозаи китобфурӯшии маркази ноҳияи Кӯшониён сар халонидам. Он ҷо дар қатори осорҳои ба тозагӣ нашргашта дар мағозаи китобфурӯшӣ ба рафҳои пур аз гарду чанги китобҳои замони шӯравӣ назар дӯхтам.

Диққатамро китоби муқовааш сабз мутаваҷҷеҳ кард. Китобро аз раф бардошта гарду чангашро тоза карда мехонам: Е.Е. Алексеевский «Як люблю эту землю» (воспоминания). Нашриёти Адабиёти сиёсӣ, Москва- соли 1988.

Аз саҳифаҳои ин китоби бо сифати баланд нашргашта дармеёбам, ки нависанда доири кишвари ман Тоҷикистон низ хотираҳо дорад.Аз ин хушнуд гашта, ин китоби наву аъло, чанд даҳсола пеш чоп гаштаро, ки 280 саҳифа дорад, бо чанд дирамаке харида, аз мағоза шоду мамнун берун мешавам…

Ин китоби хотираҳоро қироат намудам ва он ба ман хело ҳам маъқул афтод. То андозае дониши маро доир ба воқеаҳои таърихӣ, шахсиятҳои арсаи меҳнат ва ҷанг, солҳои пурошӯби 20 ва 30-юм, замони ҶБВ ва заминкушоии замони шӯравӣ баланд бардошт.

Евгений Евгеневич Алексеевский фарзанди фарзонаи халқи рус, аввалин вазири мелиорация ва хоҷагии оби СССР буда, хизматаш дар барқароркунӣ, оёбрии заминҳои кишвари шӯроҳо ва хосатан Тоҷикистон бисёр калон аст. Ин шахсияти маъруф соли 1907 дар губернияи Воронеж таваллуд гаштааст. Тамоми зиндагии вазнин, пуртаззод ва замони инқилобу шурӯ ошуби замони бачагиро пушти сар карда, соли 1921, замоне, ки ҳамааш шуда 14 сола будааст, аз вазифаи ёрдамчии нозири андоз сар карда, дар ҳамаи вазифаҳои масъули комсомолӣ бо як бурдборӣ ва серҳаракатии ба ҷавонону наврасони он давра хос иҷрои вазифа намудааст. Соли 1925 ин ҷавони 18 соларо комсомол барои ёрии амалӣ ба Осиёи Миёна мефиристонад.

Ӯ дар ташкилотҳои комсомолии Тошканд, Туркманистон кор кардааст. Дар ёддоштҳои худ ӯ дар бораи мулоқоташ бо Ҷунайдхон, сарвари босмачигарӣ дар Туркманистон, дар бораи И.А. Зеленский, муншии Бюрои Осиёимиёнагии ВКП, ки баъдан котиби аввали КМ КБ-и Белоруссия таъин мешавад, дар бораи Файзулло Хоҷаев, Акмал Икромов, Юлдош Охунбоев, Аҳмадбек Мавлонбеков ва дигарон маълумот додааст. Хотираҳои ӯ оид ба Алексей ва Таричан Дяковҳо , ки нақши ин бародарон дар барқарор кардани ҳукумати Шӯравӣ дар Помир ва кулли Тоҷикистони азиз бисёр калон аст бисёр аҷиб аст.Он чиз хотирмон аст, ки Алексей Дяков забони шуғнониро медонистааст ва муаллиф дар ин хусус, ки Алексей якумин аврупоие ҳаст, ки забони 20 ҳазор шуғнониро медонистааст ва дар ҳар деҳаи Помир Алексейро бо номи «духтур» мешинохтаанд бо ҳарорат сухан меронад. Дар хусуси Алексей Дяков мо мефаҳмем, ки ӯ 5-6 забони хориҷиро медонистааст, аз ҷумла забони англисиро бо лаҳни ҳиндӣ аз савдогарони ҳиндӣ дар Помир омӯхта будааст. Алексей Дяков ба ҳайси комиссари тандурустии Тоҷикистон кор намуда, баъдан ба ҳайси майори хизмати интендентӣ дар ҶБВ ширкат варзида, ӯро аз хати ҷабҳаи Маскав қафо гардонданд, зеро, ки забони урдуро медонистааст ва ин забон он давра лозим шуда будааст ва ӯ он замон ягона донандаи ин забон будааст.Дяков баъдан доктори илми таърих гашта, мудири шуъбаи ҳиндушиносии институти шарқшиносии АФ-И СССР таъин мегардад. Алексеевский менигорад, ки баҳори соли 1974 ӯ ҳайати намояндагии СССР-ро дар яке аз конферансияҳои Аврупоӣ роҳбарӣ мекард. Ба ҷаласаи хотимавӣ ҷамъ омада буданд. Ба назди ӯ мухбири ТАСС омадааст.Ба суоли ӯ оид ба хабарҳо аз ватан, мухбир ба ӯ шумораи нави «Известия»-ро медиҳад. Он ҷо ӯ шабеҳаи мотамии Дяковро мебинад. Ӯ аз дил мегузаронад, «Духтури мо» ва Тоҷикистонро ба хотир меорад.

Алексеевский дар хотираҳояш оид ба рафтанаш бо округи Кӯлоб, вохӯриҳояш бо аҳолӣ дар мавзеъи Қурбоншаҳид гарму ҷӯшон ҳикоя кардааст. Аз баҳори соли 1929 ӯ дар округи Қӯрғонтеппа ба вазифаи масъули муовини котиби комитети округии ҳизб таъин карда мешавад.

Аз хотираҳояш маълум мешавад, ки он давра роҳи оҳан дар Тирмиз тамом шуда, то Душанбе тариқи автобуси «Штер» (мошини боркаш) мерафтанд. Ӯ дар бораи водии Вахш, водии Ҳисор, шаҳри онвақтаи Душанбе маълумоти муфиде додааст.Дар бораи шахсиятҳои таърихӣ аз ҷумла муншии дуюми кумитаи вилоятии ҳизбии Ҷумҳурияти мухтори шӯравии сусиёлистии Тоҷикистон ва мунши масъул(аввал)-и Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистони шӯравӣ ва баъдан раиси КИМ Шириншо Шотемур суханҳои некеро арзонӣ доштааст.Аз хотираҳои Алексеевский маълум мешавад, ки округи Қӯрғонтеппа дар он давра аз 5 ноҳия иборат будааст. Водии Вахшро ӯ яке аз беҳтарин мавзеъҳои пахтакории шӯравӣ донистааст.Дар ёддоштҳояш ӯ оиди саршавии сохтмони умумииттифоқии дар ҷаҳон машҳури «Вахшстрой» ва мардуми заҳматкашу ободкори заминҳои води Вахш бо ҳарорат нақл менамояд. Аз хотираҳои Алексеевский оиди ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 1929 ва дар бораи ободонӣ ва ба соҳаи пахтакорӣ табдил ёфтани водии Вахш маълумоти аниқ гирифта метавонем.Дар хотираҳои муаллиф оид ба тайёрӣ ва қабули конститутсияи аввали ҶМШТ, ҳуҷуми Фузайл Махсум тариқи ағбаҳои Қалъаи Хумб ба шаҳраки Рашт, мудофиаи он ба пуррагӣ нақл кардааст. Ӯ оид ба агроном Артёмов, ки бо ӯ дар Сарой-Камар вохӯрдааст маълумот медиҳад.Иброз медорад, ки дар СССР он вақт пахтаи миёнанах парвариш мешуд.Саноати бофандагӣ бо чунин навъи пахта то андозае таъмин карда мешудааст, лекин дар ҷаҳон чунин навъи пахтае будаст, ки бо дарозии нах ва ғафсии он беҳтарин навъ дар ҷаҳон будаст. Ин навъи пахта дар Миср кишта шуда бо номи пахтаи мисрӣ маъруф будааст. Монополияи ин пахта дар дасти Англия будааст Ба СССР низ ба миқдоре фурӯхта шуда, он дар саноати муҳиму махсус истифода мешудааст. Лекин англисҳо фурӯши тухми онро ба СССР иҷозат намедодаанд. Артёмов изҳор доштааст, ки дар яке аз намоишҳои саноати бофандагии Англия, мутахассисони шӯравӣ аз англисҳо тухмии мисриро хоҳиш кардаанд. Онҳо изҳор доштаанд, ки ин тухмӣ дар иқлими шумо ба кор намеравад. Ҳангоми аз толор баромадан яке аз кормандони осорхона ба назди яке аз муттахассисони шӯравӣ омада мегӯяд, ки ҷаноб рӯймолчаатонро афтондед.

Ӯ рӯймолчаро дароз мекунад, намояндаи мо эътироз кардан мехоҳад, ки чизеро наафтонидааст, аммо суханҳои ходими толор боварибахш буданд ва ӯ ташаккур гуфта «рӯймолчаи афтонда»-и худро мегирад.Дар меҳмонхона «рӯймолчаи худ»-ро кушода 27 тухмии пахтаи мисриро меёбад. Ана ҳамин тухмии пахтаи маҳиннахи мисриро агрономии варзида Артёмов дар Сарой-Камар кишта, ҳосили пахтаи навъи олиро рӯёнидааст, ки сабзиши ин 27 дона тухмиро Алексеевский худаш низ дидааст. Баъди оне, ки Англия мебинад, ки ҷамъоварии тухмии пахтаи маҳиннах ба тоннаҳо расида истодааст ва монополияҳои онҳо афтида истодаанд, Англия ба СССР таклиф мекунад, ки пахтаи маҳиннахро аз онҳо харидорӣ намояд.Дар ёддоштҳои худ оиди ба идораи ӯ ба кор омадани муҳандиси ҷавон Свириденко сухан меравад.Оид ба обёрӣ намудани водии Вахш нақл намуда, хотираеро нақл мекунад, ки барои тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо деҳқононро ба ҳашар ҷеғ мезаданд.Боре дар деҳаи Уялии ноҳияи Арал, директории корхонаи пахтатозакунии Қӯрғонтеппа Яршо ба деҳқонон иброз медорад, ки агар онҳо корро дар мӯҳлати кӯтоҳ ва бо сифат иҷро кунанд, он гоҳ ӯ ба оксақоли умумииттифоқ Михаил Иванович Калинин бо телефон дар ин хусус хабар хоҳад расонид.Тамоми мардум ба кор баромада, дар муддати кӯтоҳ ба тоза кардани ҷӯюбор комёб гашта, ба назди Яршо омада оиди иҷрои кор хабар медиҳанд.Яршо трубкаи телефонро, ки ҳатто сим надошт, аз дастгоҳ бардошта ҷиддиёна иброз медорад:Маро бо Маскав, бо М.И. Калинин пайванде…Ба Шумо ваколатдор Яршо тамос гирифтааст. Деҳқонони деҳаи Уялӣ бисёр хуб кор карданд.Дар мӯҳлати кӯтоҳ каналро тоза ва онро барои мавсими баҳор тайёр карданд… Хуб мерасонам Михаил Иванович. Трубкаро ба ҷояш гузошта бо табассум сӯи деҳқонон нигаристааст.

Деҳқонон ӯро гирд намуда суолборон кардаанд, ки Калинин чӣ гуфт. Яршо иброз медорад, ки Михаил Иванович ба шумо ташаккур гуфта, боварӣ дорад, ки шудгори баҳориро низ ҳамин тавр анҷом медиҳед. Инро аз шумо ҳукумати шӯравӣ интизор аст.Ин ҷавоб шодии деҳқононро ба бор оварда, чанд тӯппӣ ба ҳаво бархоста, садоҳои «Яшасин Ҳукумати Шӯро», «Яшасин уртоқ Калинин» (маълум мешавад, ки деҳқонон ҳама мардуми ӯзбактабор будаанд-шарҳи Варқаи Зайниддин) ҳама ҷоро фаро гирифтааст. Ҳол он, ки телефон кор намекард ва ноқил низ надоштааст.

Чанд вақт баъд Алексеевский бо М.И. Калинин вохӯрда оид ба ин ҳодиса нақл мекунад ва «оқсақоли Умумиттифоқ» дуру дароз хандидааст.Дар ёддоштҳо оид ба сохтани канали Вахш, обёрии заминҳо, ҳуҷуми Иброҳимбек дар соли 1931 Евгений Евгеневич чун шоҳиди ҳол нақлҳои аҷибе овардааст. Ба ӯ дидани Иброҳимбеки асир муяассар шудааст.Оиди фаълияти Бруно Ясенский(нависандаи романи машҳури «Одам пӯсташро иваз мекунад» шарҳи Варқаи Зайниддин) дар Вахшстрой қисса кардааст.

Идома дорад...

Варқаи Зайниддин, Узви ИЖҶТ,

Аълочии матбуот, фарҳанг ва маорифи ҶТ.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi