10:52:09 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

“СИТОРАҲОИ ШӮРАВӢ” ВА Ё ЁДИ ДӮСТОНИ УСТОД МӮЪМИН ҚАНОАТ”

(Ба хотираи устод Мӯъмин Қаноат бахшида мешавад)

Соли оянда ба зодрӯзи устоди бузурги шеър, достонсарои муваффақи асри ХХ Мӯъмин Қаноат расо 90 сол пур мешавад. Аз ин рӯ тасмим гирифтам, ки дар ин асос дар бораи қисме аз дӯстони устод Мӯъмин Қаноат, шоирони маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо номи ситораҳои шеъри СССР, “аждарҳои шеъри нави Шӯравӣ”, шоирони солҳои шастум дар собиқ кишвари паҳновари СССР ва ҷаҳон маъруф буданд ва хушбахтона устод Мӯъмин Қаноат фурӯ аз солҳои 1961- 1964 инҷониб ба ин қатор дохил мешуд ва дар ин гурӯҳи ба ном “Ситораҳои шеъри Шӯравӣ” мавқеъ ва манзалати хело баланде дошт қисса намоям.

10 mumin qanoat 2021Қариб ҳама ин шоирон аз ҷумла устод Мӯъмин Қаноат таваллудшудагони солҳои 30-юми асри пор, бачагони замони ҷанг, хатмкардагони донишгоҳҳо, шоирони навпардозу навовар, эҷодкорони солҳои охири асри рафта (солҳои 50-ум ва 60-ум), қисмати бузургашон котибони ИН СССР, лауреатҳои мукофотҳои Давлатии СССР,ВЛКСМ, Вакилони Шӯрои Олии СССР ва ё Вакилони мардумии Шӯрои Олии кишвар буда, дар ҳаёти фарҳангӣ, адабӣ ва сиёсии солҳои 1960-1990-и Иттиҳоди Шӯравӣ нақши мондагори худро доштанд

Ин ситорҳои шеър дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он бисёр машҳур буданд ва сухани онҳо маҳбуби империяи аз лиҳози иқтисодӣ хело бузургу 300 миллионаи ҷаҳон буд ва халқ онҳоро зиёд дӯст низ медошт. Чи тавре, ки аллома Мӯъмин Қаноат дар хотираҳояш менигорад солҳои 60-уми асри пор дар саҳнаи адабиёти рус тағироту таҳаввулоте ба вуҷуд омад. Борис Пастернак бо шогирдонаш Евтушенко, Вонесенский, Белла, Рождественский ва дигарон шеърро нав намуданд.Бори аввал бо Роберт Рождественский, Евгений Евтушенко, Андрей Вознесенский, Римма Казаков, Бела Ахмадулина, Олжас Сулаймонов ва дигарон бо устод Қаноат дар семинари шоирони ҷавони СССР дар Москва вохӯрда аз наздик шинос мешаванд.Чи тавре,ки устод менигорад аз соли 1962 то инҷониб(то навиштани ёддоштҳо дар соли 2012- шарҳи Варқаи Зайниддин) бо ин шоирон робитаи бисёр наздики дӯстӣ вуҷуд доштааст, зеро чизҳои муштараке чун андеша, зебопарастӣ, ҳадафмандӣ ва дигар омилҳо будаанд,ки онҳоро бо ҳам пайваст мезадаанд.Устод дар бораи ин шахсон боз чунин менигорад: “Ин шоирон дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ бештар аз дигарон садоқату самимият доштанд.Шеърашон асолат дошт.Зеро кору зиндагӣ ва марому мақсадашон яке буд.Ровиёни ҳуввияту бедории миллӣ, шеъри зебо ва шево буданд!”

Хӯш, ба андешаи банда, суханро аз дӯсти наздики устод Мӯъмин Қаноат, Роберт Рождественский, тарҷумони достони “Сурӯши Сталинград” шурӯъ намоем беҳтар аст.

1 robert 2021Рождественский Роберт Иванович санаи 20-уми июни соли 1932 дар деҳаи Косихаи кишвари Олтойи Федератсияи Россия дар оилаи лаҳистонӣ, ки баъдан дар НКВД хизмат намуда дар ҶБВ ҳалок гардидааст ба дунё омадааст. Роберт баъди хатми мактаби миёна соли 1951 ба Донишгоҳи адабии ба номи М. Горький воқеъ дар шаҳри Москва дохил гашта, онро соли 1956 ба итмом мерасонад. Аз солҳои 50-уми асри 20 ба таври доимӣ шеърҳояш ва маҷмӯъаҳои шеърияш дар дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасиданд. Якумин маҷмӯъаи назмии шоир бо номи “Парчами баҳор” соли 1955 дар Калерия ба нашр мерасад. Маҷмӯъаи дигари шеърияш “Озмоиш” ном дорад. Баъдан соли 1956 достони “Ишқи ман”-ро ба чоп мерасонад. Аз ин пас маҷмӯъаи шеъру достонҳои зиёди шоир чоп гашта , дар сар то сари хоки шӯравӣ маъруфияти хосае пайдо менамоянд. Сурудҳои ӯ дар бисёре аз кинофилму телефилмҳо истифода гашта, ӯро маҳбуби ҳамагон намудаанд.

Барои ашъори зебояш соли 1972 ӯ Лауреати Мукофоти Комсомоли Умумииттифоқ гашта, соли 1979 барои достони “210 қадам” ӯ Мукофоти давлатии СССР-ро соҳиб мешавад.

Аз соли 1976 ӯ котиби Иттифоқи Нависандагони СССР буд. Роберт Иванович бармаҳал, санаи 19 августи соли 1994 дар синни 62 солагӣ, дар Москва вафот намуда, қабраш дар Москва воқеъ ва ҳамеша гулпӯш ҳаст.

Онҳо бо устод Мӯъмин Қаноат ҳамсинну сол буда, аз аз солҳои 60-ум бо ҳам дӯст будаанд ва ин дӯстии онҳо то лаҳзаҳои охирини зиндагии Роберт давом дошт.Тарҷумаи олии достони “Сурӯши Сталинград”-ро Рождественский бо забони русӣ ба итмом расонида, дар ин асос назми устод Мӯъмин Қаноат ва хосатан мавзӯъи ҷангии ӯ дар ашъори Роберт таъсиргузор будааст. Дар бораи Роберт Рождественский метавон соатҳо ҳарф зад, лекин ба ҳаминаш қаноат намуда гуфтан мехоҳам, ки дар зодгоҳаш дар кишвари Олтой ва умуман Руссия ба ӯ арзи зиёде гузошта шуда, ба номаш мактабу, кӯчаву муассисаҳои зиёди фарҳангӣ ва адабӣ номгузорӣ гашта, ҳамасола дар Олтой “Хониши Рождественский” гузаронида шуда, ба дӯсташ Қаноат низ онҷо арз гузошта шуда, ба поси хотири шоири тоҷик баъди вафоташ маҷмӯаи ашъори Қаноат дар шаҳри Барнаул чоп гаштааст. Воқеан дар бораи Роберт устод Мӯъмин Қаноат дар китоби “Ёддоштҳо ва бардоштҳо” суханҳои некеро арзонӣ доштааст.Бояд гуфт, ки Рождественский барои дӯстони ҷонияш , ситораҳои дурахшонтарини адабии шӯравӣ , устодон Мӯъмин Қаноат, Олжас Сулаймсонов ва Виталий Кротич ҳанӯз соли 1972 шеъри машҳури худро бо номи “Эй дӯстон” бахшидааст.Дар Руссия ҳамасола рӯзи “Хониши Рождествескийхонӣ” доир гашта, Ҳукумати Руссияи федеролӣ ба хотирааш ташкилоту муассиаву кӯчаву хиёбонҳои зиёдеро номгузорӣ намудааст.

2 evtushenko 2021Евтушенко Евгений Александрович, шоири маъруфи русу шӯравӣ дӯсти дигари устод Мӯъмин Қаноат буд. Ин шоири тавонои шӯравӣ, санаи 18-уми июли соли 1932 дар деҳаи Зимаи вилояти Иркутски Руссия дар оилаи шоири ҳаваскор Александр Александр Гагнус ва геологу ҳунарпеша, Зинаида Евтушенко ба дунё омадааст. Солҳои 1952-1957 дар Донишкадаи адабии ба номи Горкий дар шаҳри Москва таҳсил намуда, барои ҷазои интизомӣ ва дастгирии романи нависанда Владимир Дудинтсов “ Танҳо бо нон ягона нестем» аз донишкада хориҷ карда шудааст. Соли 1952 китоби аввалини ӯ бо номи “Кашоффони оянда” ба чоп мерасад. Соли 1952 ҷавонтарин аъзои Иттифоқи нависандагони СССР мегардад.

Баъдан маҷмуъаҳои шеърии дигари шоир бо номҳои “Барфи сеюм”, “Роҳи ҳавас”, “Паймон”, “Назми солҳои гуногун”, “Себ”, “Маҳин” “НОБ-и Бурятск”, “Донишгоҳи Қазон”, “Шамоли субгоҳон”, “Ташаккур”, “Шаҳрвандон ба ман гӯш диҳед” ва ғайраҳоро чоп намудааст.Достонҳое чун “Истгоҳи Зина”, “Бабий Яр”, “Ағбаи Пушкин”, “Барф дар Токио”, “Кабутар дар Сантяго”, “Модар ва бомбаи нейтронӣ”, “Сенздаҳ”, “Бо тамоми қомат” ва ғайраҳо ба қалами ин шоири тавоно тааллуқ дошта, ибораи гуфтаи ӯ “шоир дар Руссия болотар аз шоир аст” дар байни халқи рус масал гардидааст.Ӯ солҳои 1986-1991 дар вазифаи котиби Иттифоқи нависандагони СССР иҷрои вазифа намуда, соли 1991 ба Иёлоти Оклахома, шаҳри Талсаи ИМА барои зиндагии доимӣ кӯчида рафтааст.

Евгений Евтушенко чун шоири маҳбуб , Вакили мардумии Шӯрои Олии СССР интихоб гашта, барои ашъори баландмазмунаш бо мукофотҳои адабӣ қадршиносӣ гашта , ҳамчунин бо як қатор ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Соли 1963 ин шоири ҷавону навовари шӯравӣ барои гирифтани мукофоти байналмиллалии Нобелӣ пешниҳод гашта буд.Барои достони “Модар ва бомбаи нейтронӣ” соли 1984 сазовори Мукофоти давлатии СССР гашта буд. Мавсуф санаи 1-уми апрели соли 2017 дар ИМА баъди бемории вазнин вафот намуда, дар қабристони Переделкинои шаҳри Москва ба хок супорида шудааст.

Ба хотираи ин шоири маъруфи русу шӯравӣ, ки шоири дӯстдоштаи мо мактаббачагону ҷавонони тоҷик низ буд, дар Руссия мактабу муассиса, кӯчаву хиёбонҳо номгузорӣ ва пайкараҳои хотиравӣ гузошта шуда, эҳтироми ӯ чун шоири тавоно дар Руссия хело баланд ҳаст. Евтушенко яке дӯстони ҷонии устод Мӯъмин Қаноат буда, хотираҳои хуберо устод Мӯъмин Қаноат дар бораи ин дӯсташ арзонӣ доштааст. Дар омади гап, санаи 17-уми апрели соли 2017 ҳангоми гузаронидани ҷашни ниҳоят бошукӯҳи 85 солагии устод Мӯъмин Қаноат бо дархосту хоҳиши зиёди хонандагону омӯзгорон дар яке аз мактабҳои ноҳияи А. Ҷомӣ, камина ба устод Мӯъмин Қаноат нисбати даргузашти ҷонсӯзи ин дӯст ва ҳамсафаш Евтушенко, ки шоири дӯстдоштаи замони бачагиям буд ҳамдардии худро баён доштам ва устод аз ин ҳамдардии банда шод гаштаву ба ман ташаккур гуфта, лаҳзаҳои муносибатҳои эҷодию ҳамкориҳо бо ин дӯсташ ба хотир овард, ки умуман ин ёддоштҳо ва таҳлили ашъори Евгений Александрович зебандаи як мақолаи калон дар оянда хоҳанд буд.Бояд гуфт,ки нисбати даргузашти ин шоири маҳбуби замони ҷавониям, моҳи апрели соли 2017 як баромади зебои нимсоатаро тариқи ТВ “Хатлон” анҷом дода будам, ки устод Қаноат ба ман ташаккур гуфта буд.

3 vitaliy 2021Виталий Алексеевич Коротич, шоири дигари маъруф, ситораи шеъри шӯравист, ки бо устод Мӯъмин Қаноат риштаи мустаҳками дӯстӣ дошт ва дар ин асос нисбати тоҷику Тоҷикистон арҷи зиёде мегузошт. Мавсуф санаи 26 майи соли 1935 дар шаҳри Киеви Украина таваллуд гашта , соли 1953 мактаби миёнаро бо медали тилло ва соли 1959 Донишкадаи тиббии Киевро бо дипломи сурх ба итмом мерасонад. Қайд бояд намуд, ки эшон аспирантураро низ дар назди ин донишгоҳ хатм намудааст.Адиби маъруф хатмкардаи донишкадаи забонҳои хориҷии шаҳри Киев низ ҳаст. Баъдан худро чун шоир, нависанда, журналист, шореҳ муаррифӣ намуда, бо навиштаҳои худ дар сатҳи СССР ба зуди ном баровард. Аввалин маҷмӯъаи шерҳояш бо номи “Дастони тиллоӣ” соли 1961 чоп гаштаву аз ҷониби хонандагон хуш қабул гаштааст. Баъдан маҷмӯъаҳои “Бӯи осмон” , “Қонуни замин” , “Ангури сабз” , “Шараф” ва ғайраҳоро нашр намудааст. Достонҳои шоир “Ленин, ҷилди 54” ва “Мазори сарбози номаълум” дар вақташ хело машҳур буданд.

Аввалан ба ҳайси котиби Иттифоқи нависандагони Украина ва солҳои 1981-1991 ба ҳайси котиби Иттифоқи нависандагони СССР, солҳои 1986-1991 ба ҳайси сармуҳаррири маҷаллаи хело маъруфи “Огонёк” (бароришаш то 4,5 миллион нусха) иҷрои вазифа намудааст. Солҳои 1991-1998 дар ИМА кору фаъолият намудааст. Замони фаъолияташ Вакили халқии СССР интихоб гаштааст.

Бо мукофоти комсомоли ленинии Умумииттифоқ, мукофоти давлатии СССР соли 1985 барои романи “Башараи манфурӣ” ва бо дигар ордену медал ва мукофотҳо қадршиносӣ гаштааст. Ин шоиру нависандаи маъруф дар сарсухани китоби устод М. Қаноат дар соли 1984, ки дар нашриёти маъруфи “Художественная литература”-и Маскав чоп гаштааст суханҳои арзишмандеро ба устод Мӯъмин Қаноату миллати тоҷик ва кишварамон арзонӣ доштааст.Ҳоло дар қайди ҳаёт буда, дар шаҳри Киев зиндагӣ дорад.

4 boris 2021Олейник Борис Ильич, дӯсти дигари украинии устод Мӯъмин Қаноат, шоири маъруфи СССР, санаи 22-юми октябри соли 1935 дар вилояти Полтаваи Украина ба дунё омадааст. Бояд гуфт, ки ин шахсият ходими намоёни ҷамъиятӣ ва давлатии замони худ буд. Факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Киевро соли 1958 ба итмом расонидааст.

Аз солҳои 50-уми асри пор ба навиштани шеър шурӯъ варзида маҷмӯъаҳои зеринро чоп намудааст: “Пӯлод оҳангаронро обу тоб медиҳад”, “Садо”, “ Дар замин истодаам”, “Роҳ”, “Дар оинаи гуфтор” ва ғайраҳо.

Мавсуф соли 1975 барои маҷмӯъаи шеърҳо бо номи “Дар замин истодаам” бо мукофоти давлатии СССР қадрдонӣ карда шудааст. Ҳамчунин бо дигар мукофоту ордену медалҳо қадршиносӣ гаштааст. Санаи 21 октябри соли 2005 барои фаъолият дар соҳаи адабиёт ва кор дар соҳаи давлат, баланд бардоштани обурӯи байналмиллалии Украина чун шоири обрӯманди замони СССР, бо унвони олии Украина, Қаҳрамони Украина қадршиносӣ гаштааст. Мавсуф Вакили парлумони СССР, котиби аввали Иттифоқи Нависандагони Украина ва солҳои 1976-1991 ба ҳайси котиби Иттифоқи Нависандагони СССР иҷрои вазифа намудааст. Санаи 25 январи 2010 бошад бо нишони эътироз аз вазифаи раисӣ ва аъзои Комиссия оиди мукофотҳои давлатӣ бо сабаби ба Остап Бендер додани унвони Қаҳрамони Украина истеъфо додааст. Санаи 5-уми июли 2010 ба вазифаи раиси комитети мукофотҳои давлатии Украина ба номи Тарас Шевченко таъин шудааст.

Мавсуф санаи 30 апрели соли 2017 дар синни 81 солагӣ вафот кардааст. Бо нишонаи эҳтиром нисбати ин шоири дар сатҳи СССР машҳур халқи адабпарвару фарҳангию босаводи Украина ба номаш мактабу кӯча ва муассисаҳои зиёдеро арзонӣ доштааст. Воқеан ба устод Мӯъмин Қаноат (ҳарду якҷоя солҳои дароз котиби аввали Иттифоқи нависандагони Тоҷикистону Украина, котибони Иттифоқи нависандагони СССР ва вакилони Парлумони СССР буданд) таъзияи худро барои марги ин дӯсташ расонида будам ва устод Қаноат аз ин шоири мумтози украинӣ ва дӯсти худ бо некӣ ёд мекард. Ёди Борис Ильич, ин дӯсти Қаноати бузург гиромӣ бод!

5 andrey 2021Андрей Андреевич Вознесенский адиби шӯҳратёри СССР, адиби дигаре ҳаст , ки бо аллома Мӯъмин Қаноат бешакку шубҳа риштаи дӯстӣ ва бародарӣ дошт. Мавсуф санаи 12-уми майи соли 1933 дар шаҳри Москваи Руссия дар оилаи олими маъруфи АИ СССР А. Н. Вознесенский дида ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1957 Донишкадаи меъмории Москваро ба итмом расонидааст. Соли 1960 аввалин маҷмӯаи ашъори ӯ бо номи “Ҳотамкорӣ” ба табъ мерасад. Баъдан маҷмӯъаҳои “Хати амудӣ” , “Рӯзномаи дӯстдоштаи ман” , “Нақши созандаи ҳунарманд” ва дигарон ба нашр мерасанд. Суруду таронаҳои ӯ ба зуди дар тамоми гӯшаю канори СССР-и бузург маҳбуби дилҳо мегарданд.

А. А. Вознесенский бо як қатор мукофотҳо, ордену медалҳо қадрдонӣ гаштааст. Соли 1978 барои маҷмӯъаи шеърҳо бо номи “Нақши созандаи ҳунарманд” сазовори Мукофоти давлатии СССР гаштааст. Мавсуф баъди бемории вазнин соли 2001, санаи 1-уми июн дар шаҳри Москва вафот кардааст. Ҷомеъаи шаҳрвандии Руссия ва халқи бузурги рус хотираи ин ситораи шеъри СССР-ро то кунун пос дошта , ба хотирааш мактабу муассисаҳо ва гулгаштҳоро арзонӣ доштаанд.

Устод М. Қаноат дар ёддоштҳои худ аз ин дӯсти аёми ҷавонию даврони фаъолияти кории хеш хело хуш ёд кардааст.

Қайд бояд намуд, ки адабиёти сатҳи баланди шӯравии солҳои 1960-1990 кам ҳам бошад ситораҳои нурбахшеро аз ҳисоби бонувони эҷодкор боқӣ гузоштааст, ки дар ин хусус устод Мӯъмин Қаноати бузург дар навиштаҳояш зиёд ёд кардааст.

6 kazakova 2021Казакова Римма Фёдоровна яке аз ин бонувон, ситораи дурахшони назми СССР, дӯст ва ҳамкори хело наздики устод Мӯъмин Қаноат буд. Мавсуф санаи 27 - уми январи соли 1932 дар шаҳри Севастополи Ҷумҳурии Мухтори Қрим таваллуд гаштааст. Ин шоира факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербургро хатм намудааст. Аввалин шеърҳои ӯ дар матбуоти даврӣ солҳои 50-уми асри 20 чоп гашта, баъдан соли 1956 маҷмӯъаи шеърҳояш бо номи “Дар Шарқ вомехӯрем”, соли 1960 “Дар онҷое ту ҳастӣ” ба нашр расида оҳиста-оҳиста номи ӯ дар сатҳи СССР машҳур гашт.

Баъдан таронаҳои лирикии зиёдеро, ки ба қисмати кулли онҳо аз тарафи бастакороне чун И. Крутой, А. Пахмутова, В. Боровиков ва дигарон оҳанг баставу онҳоро А. Пугачёва, София Ротару, Ф. Киркоров, Л. Лещенко ва дигарон суруд мехонанд эҷод намудааст. Ҳамроҳи дигар устодони шеъри шӯравӣ чун устод Мӯъмин Қаноат солҳои 1976- 1981 ба ҳайси котиби Иттифоқи нависандагони СССР фаъолият намудааст.

Бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гаштааст. Санаи 19-уми майи соли 2008 вафот кардаву дар шаҳри Маскав мадфун ҳаст.

Ба номаш ҳоло мукофоти умумируссиягии “Ибтидо” соли 2008 барои шоирони ҷавони то 35 сола таъсис дода шудаву мактабу кӯчаву гулгаштҳои Руссия номи шоираро доранд. Дар борааш чи тавре, ки гуфтем устод дар хотираҳояш ёддошт дорад.

7 bela-ahatova 2021Белла Аҳатовна Ахмадулина шоираи дигари ин насли пурғулғула ва машҳури охирҳои солҳои 50-ум ва аввали солҳои 90-уми сатҳи шӯравӣ буда, мавсуф санаи 10-уми апрели соли 1937 дар шаҳри Москва таваллуд шудааст. Соли 1960 Донишкадаи адабии ба номи Горкийро хатм намудааст. Барои мактубаш ба КМ КПСС оиди хоҳиши қатъ намудани фишор нисбати Пастернак барои гирифтани Мукофоти Нобели барои асари “Доктор Живаго” мавсуф соли 1959 аз донишкада хориҷ карда шудааст. Соли 1962 маҷмӯъаи аввалини ашъори ӯ бо номи “Тор” ба чоп расидааст. Баъдан маҷмӯъаҳои “Тундбод”, “Шамъ”, “Роз”, “Боғ” ва ғайраҳоро ба табъ мерасонад. Барои маҷмӯъаи “Боғ” ӯ сазовори Мукофоти давлатии СССР дар соли 1989 мегардад.Ахмадулина шоираи навовар ҳаст ва дар шеъри шӯравӣ ва рус навовариҳои зиёде дорад. Бо мукофотҳои зиёде қадршиносӣ гаштааст.Шоира санаи 29 ноябри соли 2010 баъди бемории вазнин ҷаҳонро падруд гуфтааст.

Устод Мӯъмин Қаноат аз ин дӯст ва ҳамкасби худ дар ёддоштҳояш ёдоварӣ намуда, ӯро шоираи соҳибҷамол номидааст ва дар ҳақиқат Белла Ахмадулина шоираи зебое буд.Зебогии ӯро шахсан чандин бор аз забони устод Қаноат шунидаам.Дар Руссия ба хотираи зинда нигоҳ доштани номи ин шоирабонуи тавонои СССР ва Руссия корҳои зиёде анҷом шудааст ва ӯ арзанда ин гиромидошт низ бешаку шубҳа ҳаст. Ба хотирааш мукофоти адабии Руссия-итолиёвӣ барои шоирони ҷавони аз 18- то 35 сола бо номи “Белла” соли 2013 таъсис дода шудааст.Рӯҳаш шод бодо, шод!

8 andrey-dmitrievich 2021Андрей Дмитриевич Дементевро кӣ намедонад?!Ин ном барои мо мактаббачагону донишҷӯёни асри пор шиносу бисёр азиз буд. Ин шоири маъруфи шӯравӣ санаи 16.07.соли 1928 дар шаҳри Твер таваллуд гаштааст.Солҳои 1946-1949 аввал дар факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Калуга ва баъдан солҳои 1949-1952 дар Дошикадаи адабии ба номи М.Горкий дар Москва таҳсил намудааст. Таронаҳои зиёди зебо ва мағрубаш аз ҷониби овозхононе чун С.Ротару, И.Кобзон, Л.Лешенко,В.Толкунова ва дигарон сароида мешуданд мешаванд. Солҳои зиёде дар маҷаллаи сернашр ва машҳури “Юност” - и Москва , азҷумла солҳои 1981-1992 ба ҳайси сармуҳаррир иҷрои вазифа менамуд.Аввалин маҷмӯъаи ашораш бо номи “Таронаҳои лирикӣ” соли 1955 чоп гаштааст.Баъдан маҷмӯъаҳое чун “Чашмони ошиқона”, “Роҳ ба сӯи фардо”, “Се рӯз”, “Ман озод мезиям”, “Ҳама аз ишқ ибтидо мегирад”, “Барф дар Байтулмуқаддас” ва ғайраҳо чоп гаштаанд.Солҳои 1981-1991 ҳамроҳи устод Мӯъмин Қаноат яке аз котибони ИН СССР буданд. Барои маҷмӯъаи шеърии “Ҷидду ҷаҳд” соли 1985 ба гирифтани Мукофоти давлатии СССР ноил гаштааст. Ин шоири маъруфи шӯравӣ, ки дар борааш устод Мӯъмин Қаноат борҳо ёдоварӣ мекард, санаи 26.06.соли 2018 дар шаҳри Москва вафот кардааст.Халқи адабпарвари рус ва Ҳукумати Федератсияи Руссия ба хотираш чандин лавҳаҳои хотиравӣ ва номи кӯчаю муассисаҳоро арзонӣ доштааст .Ин шоир барҳақ ситораи шеъри шӯравӣ ва рус буд!Бояд гуфт,ки ин шоир ба Афғонистони “сотсиалистӣ” сафар ва дар як шеъраш аз шоири пуштунтабор Сулаймон Лоиқ ёд намудааст.

9 sulaymonov 2021Олжас Сулаймонови машҳур, шоири маъруфи насли шоирони маъруфи шӯравии солҳои 60-уми асри пор, бемуҳоббот ин наздиктарин дӯсти устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат мебошад. Олжас Сулаймонов (Омарович) санаи 18 майи соли 1936 дар дар оилаи коргар,дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон таваллуд гаштааст .Соли 1959 факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Қазоқистонро ба итмом расонидааст. Соли 1959 то соли 1961 дар Донишкадаи адабии ба номи М. Горкии шаҳри Москва таҳсил намудааст.

Солҳои 1971-1981 котиби Правленияи Иттифоқи нависандагони Қазоқистон шуда кор намудааст. Солҳои 1984-1992 ба ҳайси котиби 1-уми Правленияи Иттифоқи нависандагони Қазоқистон ва котиби Иттифоқи нависандагони СССР кор намудааст. Солҳои 1984-1991 Вакили Шӯрои Олии СССР ва Вакили халқии СССР будааст. Лауреати Мукофоти комсомоли умумииттифоқ ва дигар мукофотҳои давлатӣ мебошад.Ин шоири ифтихории Қазоқистон, ки обрӯи Қазоқистонро дар СССР ва ҷаҳон шӯҳрат бахшидааст соли 2016 бо унвони олии Қаҳрамони меҳнати Қазоқистон қадршиносӣ гаштааст.

Аз соли 2001 инҷониб намояндаи доимии Қазоқистон дар ЮНЕСКО (Париж) ҳаст ва Ҳукумати Қазоқистон то имрӯз ба қадри ин марди наҷибу яке аз абармардони маъруфи адабии имрӯзаи Осиёи Миёнаи мустаъқили 30 соли истиқлол ( ду нафари дигар дар минтақа устодон Қаноат ва Айтматов буданд,ки мутаасифона аз олам гузаштаанд)мерасад. Аввалин маҷмӯъаи шеърии ӯ “Арғамоқ” соли 1961 нашр гаштааст. Солҳои 1962 маҷмӯъаи “Шабҳои офтобӣ”, соли 1964 маҷмӯъаи “Лаҳзаи неки тулӯъ” чоп гашта шоирро дар сатҳи шӯравӣ машҳур гардонид. Баъдан китобҳои зиёдаш мисли “Сояи Маҷнун”, “Замин ба инсон таъзим кун”, “Гулхани Осиё”, “Аз и Я”, “Аз январ то апрел”, “Соли маймунҳо” ва ғайраҳо ба нашр расиданд. Ашъори устод Олжас Сулаймонов дар СССР ва хориҷа зиёд чоп гаштааст. Ӯ наздиктарин дӯсти устод Мӯъмин Қаноат буда, устод Қаноат ҳанӯз соли 1963 ба ӯ шеъри худ “Дашти қазоқ”- ро бахшидааст. Эҳтироми ин шоири бузурги Осиёи Миёна ба устод Мӯъмин Қаноат ба ҳадде баланд буд, ки ба синну солии солораш ва нотобияш нигоҳ накарда, дар ҷашни бошукӯҳи 80 солагии устод Мӯъмин Қаноат, махсус аз Париж парида ба Маскав омада буд. Дар ҷашни дӯсти бузурги М. Қаноат иштирок ва суханронӣ намудааст.Пешакӣ дар гуфтугӯи телефон бо устод Қаноат изҳор доштааст, ки чи тавр ман дар ҷашни 80 солагиятон иштирок намекардаам?!Охир Чингиз Айтматов рафт, дар ин даштҳои беканораи ватани бобоиямон Осиёи Миёна имрӯз танҳо дӯсти азизам шумо мондаед!

Бояд гуфт,ки ҷашни устод дар Москва бо иштироки намояндагони дипломатию фарҳангии адабии бархе аз кишварҳои дӯстдори фарҳанги ноби порсӣ аз қабили кишварҳои қирғизу қазоқ, арманиву рус,юнониву белорусу гурҷӣ, булғорӣ, афғониву иронӣ ва намояндагони тоҷикон-созмонҳои ҷамъиятӣ ва муҳоҷирони тоҷики муқими Руссия дар сатҳи олӣ анҷом ёфтаву, обрӯи Тоҷикистон ва миллати тоҷикро димпломатияи халқии тоҷик хело он давра хело боло бурда буд.

Ин буд чанд шаммае аз рӯзгори як қисм аз дӯстони устод Қаноат, ба истиллоҳ “Аждарҳои назми шӯравӣ”.

Шояд оянда оиди муносибати дӯстона ва кору пайкори устод Қаноат бо адибоне чун Расул Ғамзатов, Чингиз Айтматов,Ярослав Смеляков, Фозил Искандар, Граховский, Анор, Булат Окуҷава , Мжелайтес, Мартинкявичюс, Қайсин Қулиев , Давид Кугултинов, Мустай Карим, Нодир Дунбадзе, Юрий Ритхеу ва дигарон хоҳем навишт. Насли ҷавони тоҷик аз рӯзгори бузургони миллат ва дӯстонашон бояд огаҳӣ дошта бошанд.

Ин шуарои бузурги адабии башарият, асрҳо ному эҷоду фаъолияташон вирди забони мардуми ҷаҳон хоҳанд монд. Ашъору номи онҳо пули дӯстии байни мардуми ҷаҳон ҳоҳанд буд ва бешак вақто, ки дар ин кишварҳо мардуми адабпарвар аз дӯстону насли онҳо сухан мекунанд номи дӯсти онҳо, устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат ва дар ин асос Тоҷикистон ёд оварда хоҳад шуд.

Ба ин бошад хонандаи азизи ман шакке нест!

“Гардад замона кӯҳнаву хомӯш намешавад,

Он шӯълаҳои ҷаста бурун аз даҳонӣ ман!”

 

Варқаи Зайниддин,

Узви ИЖ Ҷумҳурии Тоҷикистон.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi