03:04:55 27-уми Феврали 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29      

НАВРӮЗ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

Наврӯзи бузург, ин чашни миллӣ, бостонӣ ва басо дӯстдоштании мардуми оритабор ва мардуми Шарқ, ки аз тарафи иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ дар соли 2010 қабул ва бо қатънома дар бораи «Рӯзи байналмиллалии Наврӯз» эълон гаштани санаи 21-уми март, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гаштану қадршиносӣ гаштааст, ҷашни миллӣ ва ифтихории мо тоҷикону дигар миллатҳои дӯсту бародари минтақа ҳаст т ва он ба ростӣ боиси ифтихори ҳар як фард низ бояд бошад.

navruz-2014 2022Ибораи Наврӯз бо миллати мо алоқамандии зич дорад.Ба он хотир, ки маънои номи ин миллат худ фари шоҳист ва ин ибораи тоҷ ва фари шоҳӣ касро ба гармӣ, нармӣ, зебоӣ, нур, тозагӣ, ақл, хирад, шодмонӣ, бардамӣ, накукорӣ, созандагӣ бурда, худ ифодагари ҷаҳони Наврӯз ҳаст ва ин ном аз ин ҷашни бузурги ориёӣ маъво гирифтааст.Ин ифодагари ғалабаи нур бар зулмот, рӯшани бар торикӣ, некӣ бар бадӣ, адолат бар беадолатӣ, ҳикмат бар ҷохилист. Ин амал нишонаи созандагии миллати мо ба рағми сӯзандагии ҳасудонаш ҳаст.Зиҳи миллате, ки худованд ҷаҳон офариду ту Навруз офаридӣ! Наврӯз миёни маросиму оинҳои қадимаи ниёгонамон бешубҳа яке аз муқаддастарин ва пойдортарин ҷашнҳост. Ин ҷашн- фалсафаи зиндагии мардуми тоҷик ҳаст. Наврӯз ҷашни ваҳдатофару оромист ва фалсафаи бузурге аз қаъри асрҳо зери ин ҳикмати бузурги Наврӯз ниҳон аст.Маҳз ин ҳикмати бузург аст,ки Наврӯзи оламафрӯз имрӯз ҷаҳонгир аст ва ин ҷашни бузургро аз мардуми Чину Муғулистон сар карда то лаби баҳри Адриатика(кишвархое чун Босния, Мекедония, Албания ва Косов) ҷашни миллии худ медонанд ва дар арзу тӯли чандин ҳазор километр ҷашн мегиранд!

Ин ҷашнро имрӯз дар сар то сари олам бо муҳаббатномаи хосае мепазиранд ва ҷашн мегиранд, зеро он дар қатори садҳо ҳикматҳои доштааш боз як ҳикмати бузурги дигаре низ дорад: «Ваҳдатсароӣ»! Чашни Наврӯзчи тавре,ки дар боло ишора кардем , ин аслан на як ид балки фаротар аз як ҷашн ҳаст.Наврӯз ин симои тоҷикона, симои ориёна дорад ва дар ин ҷашн тамоми шукӯҳу шаҳомати давраи таърихии миллати мо (таърихи 6-ҳазорсола) тӯли таърихи дуру дарози худ инъикос ёфтааст.Фалсафаи пурҳикмати наврӯзӣ он қадар пурқувват ҳаст, ки он дар тӯли таърих тавонист,ки аз болои ҳам Искандари Мақдунӣ, ҳам арабҳои бадавӣ, ҳам ӯрдуи Чингизхон ва дигар саҳронишиони ғосиб ғалабаи бечунучарои мардуми форсизабонро таъмин намояд ва онҳоро маҷбур намояд ,ки назди ин ҷашну фарҳанги бузурги миллии ориёиҳо сар хам кардаву мутеъи он гарданд ва дар заминаи ин фарҳангу фалсафа фарҳанги худро барои оянда созанд!           

Нарӯз ифтихори миллӣ мост! Аз ин рӯ ҳар яки Шуморо ба муносибати ин иди кӯҳанбунёд, иди баҳор ва зебоӣ, некӯ ва некӯкорӣ,иди дӯстии байни миллатҳо табрик гуфта, ба ҳамаатон саодатмандӣ сарбаландӣ ва хушбахтии оилавиро орзӯ менамоям.    

Наврӯзатон муборак мардуми сарбалани Тоҷикистони азиз!                                      

Дар ин росто ба хотири ин чашни бузург бо камоли майл муште аз хирвори навиштахои малакутии бобокалонам, шоир Мирзо Лиқои Дарвозӣ «Мухаммаси Наврӯзӣ»-ро,ки ба рамзи бехтарин нишонаи Наврӯзӣ-давраи растохези табиат, зебогии кӯҳу даман ва атру гуҳару гулҳо бахшида шудааст бо камоли эҳтиром пешкаш менамоям.Мухаммаси мазкур фикр мекунам,ки шояд яке аз беҳтарин абёти шеъри бахшида ба Наврузи хуҷастапай ва қадами мубораки ӯ бо накҳати гулҳояш дар адабиёти ба ном классики тоҷик бошад. Порчаеро аз ин мухаммас ба шумо пешниҳод менамоям ,бихонед ва лаззат баред азизони дил!

«Мухаммаси Наврузӣ»

Наврӯз шуд азизон фасли баҳор омад,

Мурғи дили маро зуд завқи шикор омад,

Дар гӯшаи гулистон моро гузор омад,

Дидам фиғони булбул аз ҳар канор омад,

Аз шавқи нолаҳошон гулҳо қатор омад.

…………

Гардида боз пайдо мӯи миёни сунбул,

Чун мим танг бошад , яъне даҳони сунбул,

Карда арақ зи нахват гирди лабони сунбул,

Кай метавон бигӯям,шарҳу баёни сунбул,

Бо булбулони хушхон ногаҳ дучор омад.

………….

Чашмам фитода ногоҳ ,ёрон ба рӯи насрин,                                                               

Чун арғувон шукуфта, бар тан либоси рангин,

Бар қатли ҷони ушшоқ барбаста ханҷари кин,

Аз бӯи атрсояш овоза рафт дар Чин,

Дар айни дилрабои лолаузор омад,                                                         

…………..                                

З-он пас шунида бошӣ ,хушбӯ гули суманро,

Дида ҳама намоён ҳар сӯ гули суманро ,

Бошад миёни нозук чун мӯ гули суманро,

Мушки сиёҳ бошад, гесу гули суманро,

Булбул зи шавқи бӯяш дар марғзор омад.

……………..

Аз хоки тира ногаҳ пайдо бигашт райҳон,

Пероҳани кабудаш зебо бигашт райҳон,

Дар бӯву дар карашма раъно бигашт райҳон,

Машҳур дар баҳорон ҳарҷо бигашт райҳон,

Андози абрӯвонаш чун дунби мор омад.

…………….....

Сар бар бикард вақте аз зери хок савсан,

Кард аз ҳаё арақҳо чун шармнок савсан,

Наззора карда ҳар сӯ бо чашми пок савсан,

Зад хирқаи сабурӣ аз ғӯсса чок савсан,

Вақти нишот бошад, хуш бош,ки ёр омад!

….....................

Дар кӯҳсор гашта , гулгун либоси лола,                                          

Чун гарқ гашта аз ғам дар хун либоси лола,

Буда зи беқарори маҷнуни хос лола,

Гардид дилсиёҳӣ афъоли хоси лола,

Ӯ аз дами шаҳидон дар кӯҳсор   баромад.

………………….     

Гардид бар дарахте чун ғунча боз садбарг,                                     

Кард аз даҳони чун мим оғози ноз садбарг,                                        

Ҳам сурх ҳам сафед ҳаст ранги қабои садбарг,            

Хушбӯ дар гулистон ,бошад миҷози садбарг,                                  

Фурқат кашида булбул дар интизор омад.    

…………………

З-он пас шукуфта бошад чун рӯи арғувонҳо,                                     

Шуд дар назар намоён гесӯи арғувонҳо,                                            

Наргис шукуфта доим аз хӯи арғувонҳо,                         

Дар ҷилва медарояд чун гӯи аргувонҳо,                                         

Ҳар як ба қадри ҳиммат андар баҳор омад,

………………….                                                                            

То чанд пеша гири авсофи чанд гулҳо ,                    

Мурғи дили ту тарсам,афтад ба банди гулҳо,              

Шояд, ки ҳамчу булбул гардад писанди гулҳо,    

Ширин кунад даҳонат лабҳои қанди гулҳо,                                         

Ин ҷумла дилфиребанд,хуш дор ёр омад!                                      

………………….

Инҳо ба бӯи як гул сар баркашида аз хок,

Бо пойбӯси ӯянд аз гӯсса синнаҳо чок.

Ҳар як ба қадри ҳиммат бо дидаҳои намнок,

Ё Раб насозӣ моро лоиқ ба ҷамъи нопок.

Ин ҷумла дилфиребанд, хуш дор, ки ёр омад.

…………………

Бошад зи ҳусни он гул ҳарду ҷаҳон мунаввар,

Бо сад ҳазор алвон буяш зи ҳад фузунтар,                                                          

Рухсорааш зи гулҳо сад бор лолагунтар,                  

Ё Раб,бисоз моро з-он бӯи гул тавонгар,       

Аз синаи Лиқо ҳам афғони зор омад.

Варқаи Зайниддин, Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дарачаи 1-ум, Корманди фахрии Прокуратураи Тоҷикистон, Узви ИЖ-и ЧТ, Аълочии матбуот, фарҳанги Тоҷикистон

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi