13:18:26 08-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 25 26 27 28

МАВЛОНО УСТУРЛОБИ ИНСОНИ ОРМОНИИ БАШАРИСТ…

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад…

 Ҷалолиддин Муҳаммад ибни Баҳоиддин маъруф ба Мавлавӣ ё Мавлонои Балхи аз бузургтарин чеҳраи саршиносу мушоҳири Ирон ва падари ирфону маърифати ҷаҳон ба шумор меравад. 

Инҷо тафсилоти бозгӯии тарҷумаи ҳоли ӯ фурӯгузорӣ мекунем ва танҳо ҳаминро хотирнишон месозем, ки хонаводаи ӯ аз дудмони мӯҳтарами Балҳ дар Хуросони бузурги Ирон буд ва тибқи баъзе манобеи таърихиву адабӣ гуё насабаш ба Абубакри Халифа мерасад ва падараш аз сӯи модар духтарзодаи Султон Алоиддини Муҳаммади Хоразмшоҳ буд ва ба ҳамин ҷиҳат ба Баҳоидини Валад маъруф шуд. Ҷалолиддини Муҳаммади Балхӣ, ки баъдҳо ба унвони Ҷалолиддини Румӣ иштиҳор ёфт, имрӯз яке аз бузургтарин шоирони ирфони машриқзамин ва суханпардози номвари ваҳдати вуҷудӣ дар  тамоми даврон эътироф гардидааст.ҳолиё ҷаҳон аз дидгоҳи Мавлоно ба шигифт омада ва ҳамин таҷдид дар маърифати афкору атвори Мавлоно муҷиби тағйири масири зиндагии садҳо одамони бо кешу мазҳабу адёни мухталиф гардидааст. 

Муаллифи ин сутур бо устоди донишгоҳи Хуҷанд, узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, дилбохтаву шефтаи шеъру шахсияти Мавлонои Рум адабпажӯҳ ва шоир устод Нурали Нурзод суҳбате ороста, ки дар зер фишурдаи онро манзури шумо хонандагони арҷманди нашрияи Вароруд мегардонем: 

-Имрӯз пас  аз гузашти ҳашт қарн ҳанӯз Мавлонову осору суҳани ӯ побарҷост.Чи сирре дар мондагориву бақои ӯву осораш нуфуҳта аст? 

Ба номи он, ки дил кошонаи уст,

Нафас гарди матои хонаи уст.

 -Вақте исми Мавлоно ба сари забонҳо ҷорӣ мешавад, эҳсос мекунам, ки пушти ин вожа шахсияти як нафаре нуҳуфта аст, ки тавониста як ҷаҳонеро дар худ ғунҷоиш диҳад. Ба иттифоқи пажӯҳишгарон дар таърихи адабиёти форсу тоҷик беш аз 5000 шоирон қалам ба даст гирифтаву исми шоирро бар гардани  вуҷуди худ овехтаанд. 

Аммо инҷо суоле бармехезад, ки миёни ин анбӯҳи бузурги суханварон чаро Мавлоно? Мавлоное, ки мо 800 умин солгардашро таҷлил кардем ва тибқи амри Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон акнун ҳамасола 30 сентябр рӯзи Мавлоно дар тақвими миллати мо ҳак шудааст. Фикр мекунам, посухи аввалия ба ин суолро ҳанӯз ба рӯзгори хеш худи Мавлоно гуфта буд:

 Офтоби маърифатро нақл нест,

Машриқи ӯ ғайри ҷону ақл нест.

 Мавлоно барҳақ яке аз он ҷеҳраҳои беназиру соҳибном дар адабиёти оламшумули форсу тоҷик маҳсуб мегардад, ки бо анҷоми рисолати инсониву суханварии хеш исмашро дар саҳифаҳои абадият рақам зад ва фаротар аз ин тавонист бо хориқаи нотакрору фитрати мунаввараш оташе дар бешаи андешаҳои инсоният афрӯзад.

 Дар як ҳадиси қудсӣ омадааст, ки «Худованд гуфт: ман ганҷе будам пинҳон, хостам шинохта шавам, биофаридам офардигонро то шинохта шавам». Бо мурур ба асолати маънии ин каломи  саршор аз маърифат ман яқин мешуморам,ки ваҷҳ ё худ санади мондагории исму амали Мавлоно пеш аз ҳама он аст, ки дар канори анҷоми рисолати худ аз ин роҳ ба қаламрави мамлакати қалбҳои инсоният новобаста аз маҳдудаҳои милливу мазҳабӣ ва дигар инҳисор раҳ ёфт.

 Агарчи то сини 38-солагӣ ин ин рисолатро дар шахсият, андеша ва амали худ ба ҳайси як фақеҳ собит кард, баъдан чароғонии вуҷуди Мавлоно аз оташи ишқе, ки бар асари бархурд бо Шамси Табрез таҷаллӣ кард, илали мондагории ҳазрати Мавлоноро боз ҳам буруз бахшид. ҳамин ишқе, ки  фаротар аз ҳамаи таалуққот ва ҳар чӣ дар пиндору андешаи башарӣ буд,  тавонист бо ҳузури хеш дар оинаи ҷони Мавлоно тамоми қавонин ва меъёру марзҳоро бишкаста Худовандгори нардбони осмон – Маснавии маънавиро ба сурати як инсони ормонӣ дар пешоруи башарият мутаҷаллӣ созад.

 Шеъру андешаи Мавлоно мунҳасир ба як миллату халқият ва ё мактабу мазҳаб нест, балки  тафаккури посухгӯ ба ниёзҳои равонии башарӣ аст, ки ба масобаи ормони инсоният қарор гирифта, аз камолоти гӯяндаи худ паём расонидааст. Санади ин гуфтор тарҷумаи  осори Мавлоно ба соири забонҳост ва чун вақте ин кор анҷом ёфт, ҷомеаи башарӣ дар симои Мавлоно як мубаллиғи андешаву ормонҳои худро пайдо кард.

 Ба иттифоқи пажӯҳишгарон ҳатто ба рӯзгори хеш вақте Мавлоно даргузашт, пояи тобути ӯро ҳазорон нафар аз намояндагони адёни масеҳию насронӣ ва  намояндаҳони ақвоми мухталиф бардоштаву ба роҳи абадият гуселаш карданд. Ба назари ман, ҳамон Шайхе ҳам, ки дар оинаи пиндори Мавлоно ба ҷустуҷӯи инсон, пайдо кардани ончи нопайдост дар даст чароғ рӯзону шабон шаҳр ба шаҳр, русто ба русто мегардад, худи Мавлоност:

 Дӣ Шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,

К-аз деву дад малуламу Инсонам орзуст.

 Яъне Мавлоно, ки дар пайи ҷустуҷӯи як нафар инсони ормонӣ буд ва тавонист, ки дар худаш ҳамон инсонро кашф намояд ва барои дигарон манзур созад. Агар он инсонро худи Мавлоно пайдо накард, башарият дар симои Мавлоно он ормониинсонро пайдо кард ва шеъру андешаи Мавлоноро меҳроби  саодати маънавии хеш мешуморад. Ламъаҳои ин оташи ҷонсӯзи беранг ва партави анвори ин офтоби беғуруби маърифат фосилаҳои қарнҳоро барҳам задаву имрӯз Шарқу Fарбро ба ҳам васлу карда… ҳарчанд худ:

 На Шарқиям, на  Fарбиям, на барриям на баҳриям,

На аз кони табииям на аз афлоки гардонам.

На аз ҳинду на аз Чинам, на аз Булғору Сиқсинам,

На аз мулки Ироқинам на аз хоки Хуросонам…

 Гуфта, ки тақвияти маҷмӯи ин андеша ба шинохти асолати Инсон ба дар  ҷаҳоншиносии Румӣ ва барҳам задани ҳамаи авомили зоҳирии садҳои мазҳабиву динӣ дар андешаҳои Мавлоност. Маҳз, ҳамин оташи инсоншинохтӣ ва инсонгароии Мавлоност, ки дар бешаи андешаҳои Шарқу Fарб, Арабу Аҷам, Ислому моварои он оташи фурӯғи маърифат ва асолатшинохт афрӯхт ва номи Мавлоноро дар авроқи адабият ва равоқи синаҳои мардуми ориф- ҳар он нафаре, ки берун аз қаволибу қавонини тафаккур, мазҳаб ва дини худ ба ҷустуҷӯи ҳақиқат ва шинохти холиқи олам қадам бардошт, мунаққаш сохт.

 Аз илали дигари мондагории Мавлоно осори ӯ маҳсуб мешавад, Мурур ба мӯҳтавои Қуръони паҳлавии ӯ ин амрро собит месозад, ки танҳо дар  ҳамин асар беш аз 1800 мавзӯъ матраҳ шудааст. Тафаккур дар ин нусрати маънавӣ ҳикматеро кашф менамояд, ки ҳаргиз як нафар инсон бидуни фоиз будан аз як нерӯи фавқутабии наметавонад ин шоҳкориро ихтироъ намояд ва ҷони башариятро тасхир намояд, ҳамин Мавлоно буд, ки бо инояти Худованд ва фаязони анвори ҳақ дар фитрату сиришти ӯ тавонист, ин нори ҷонсӯз ва созандаву офаринанда, на сӯзандаро  мувафаққона истифода намояд ва маҷмӯан чеҳраи ростини инсони ормониро дар симои худ нақш бандад.

 -Ба андешаи Шумо нигоҳи Мавлоно ба ишқ ин ҷавҳари ҳастӣ чи гуна аст? Ва мехостам дидгоҳи Шуморо оиди мулоқоти Мавлоно бо Шамс бидонам.Оё чи амр муҷиб гашта, ки Мавлонои фақеҳ ба як орифи шуридадил табдил ёбад?

 ақиқати таҷаллии ишқ дар ниҳоди Мавлонои фақеҳ танҳо баъд аз 38-солагӣ зуҳур кард ва метавон гуфт, ки каъбаву бутхонаву майхона ва хонақоҳи ишқи Мавлоно дар вуҷуди Шамси Табрезӣ ҷилва рехт. Дарси ишқ ё ба таъбири худ дарси  ваҷду ҳолро Мавлоно дар мактаби иродати Шамси Табрезӣ омӯхт. Ин аст, ки дар як ғазали хеш Мавлоно Шамси пиру муриду дарду давое ва раҳнаварди сӯи ҳақиқат медонад:

 Пири ману муриди ман, дарди ману давои ман,

Фош бигуфтам ин сухан, Шамси ману  Худои ман.

Аз ту ба ҳақ расидаам, эй ҳақи ҳақгузори ман…                    

Лаҳзаҳои бархурди ӯ бо Шамси Табрезӣ дар аксари сарчашмаҳо ва кутуби пажӯҳишӣ мазкуранд, ки тафсилоти нақли онро сарфи назар мекунам.  Аммо нуктаи ҷолиб он аст, ки ин мулоқот ҷанбаи ғайбӣ дошта, то иттифоқ афтоданаш дар каломи пири Шамси Табрезӣ, бобо Камоли Ҷандӣ пешгӯӣ шуда буд. Мутобиқи нақли Абдураҳмони Ҷомӣ Рӯзе Бобо Камол вайро (яъне Шамси Табрезӣ)гуфт: «Фарзанд Шамсиддин аз он асрор ва ҳақоиқ, ки фарзанд Фахриддини Ироқиро зоҳир мекунад, бар ту ҳеҷ лоеҳ намешавад?»

 Гуфт: Беш аз он мушоҳида меафтад, аммо ба воситаи он, ки вай бо баъзе мусталаҳоти варзида метавонад, ки онҳоро дар либосе неку ҷилва диҳад ва маро он қувват нест. Бобо Камол фармуд,ки: ҳақ субҳона ва таъоло туро мусоҳибе рӯзӣ кунад, ки маъориф ва ҳақоиқи аввалин ва охиринро ба номи ту изҳор кунад ва йанобеъ ҳукм аз дили ӯ ба забонаш ҷорӣ шавад ва дар либоси ҳарфу савт дарояд. Тирози он либос номи ту бошад» ва ҳамин мусоҳиб Мавлоно буд.

 Нуктаи аслӣ аз таъкиди ин матлаб он аст, ки бархурди Мавлонову Шамс як воқеияти тасодуфӣ набуда, балки амри азалист,ки аз милоди Худовандгори Маснавӣ бо сурати нав башорат овард. ҳамин аст, ки асолати ишқ дар андешаи Мавлоно дар оинаи вуҷуди Шамси Табрезӣ таҷаллӣ дорад. Мавлоно бо ҳузури пайдо кардани ишқ дар ниҳодаш собит намуд, ки инсон метавонад садоқати олиро дар худаш нисбати инсон таҷассум намояд. Яъне ишқ аз нигоҳи ӯ воқеан як василаи камолоти рӯҳии инсон маҳсуб мегардад.Дар Маснави ишораҳоест дар бораи ишқ.                                              

Иллати ошиқ зи иллатҳо ҷудост,

Ишқ устурлоби асрори Худост.

 Дар канори ин ки ишқро Мавлоно устурлоби асрори Худо медонад, боз ҳам ҷойгоҳи мафоҳими ишқи маҷозӣ ва осмонӣ аз назар ӯ дур нест. Вақте Мавлоно

 Ишӯҳое к-аз пайи ранге бувад,

Ишк наб-вад оқибат нанге бувад.

 мегӯяд, ошкор мешавад, ки Шамси Табрезӣ барои Мавлоно мазҳарии таҷаллии Худовандӣ аст ва маъбади ишқу ирфон. Аз сӯи дигар ишқ аз нигоҳи Мавлоно василаи иртиботи инсон бо Худост.Ба қавли худи Мавлоно ишқ инсонро пила-пила то мулоқоти худо мебарад ва ин ишқ на ба ҳар дил фуруд меояд. Чун Мавлоно мегӯяд

 Оташ аст ин бонги ною нест бод

ҳар ки ин оташ надорад, нест бод.

 Назари дигари Мавлоно роҷеъ ба ишқ ин ҳамон ҳолати авҷ ё ваҷдест, ки инсон бояд расад ба мисли Мансури ҳаллоҷ, ки бо садои "Аналҳақ" дар авҷи дарёи маввоҷи ишқ ғарқ гардид. Мавлоно ин асрорро дар бархурд бо Шамс тавонист кашф кунад. Ин ҷо танҳо ёдоварӣ аз як ҳолати бархурди Мавлоно бо Шамс кофист, ки румузи ишқ аз диди Мавлоно ҷилва пайдо кунад.

 Мутобиқи ривоёт вақте Мавлоно бо ҷамъе аз шогирдон машғули тадрис буд, иттифоқан дарвеше омаду китобашро гирифта аз ӯ пурсид ин чӣ китобест, ки мехони? Мавлоно гуфт "Ин дарси қилу қол аст, ки ту надонӣ" Дарвеш китобро ба оташ партоб намуд, ва чун Мавлоно ба хашм омад аз ин амали дарвеш, ӯ дасташро самандвор андаруни оташ бурд ва китобро берун овард бидуни ҳеҷ газанде. Ё тибқи ривояте, гуё дарвеш он китобро ба дарё мандозад ва чун Мавлоно ба хашм меояд онро аз об хушк берун меорад.

 Ва чун ҳазрати Мавлоно аз бархурд ба ин ҳолат ба ваҷд омад , суол кард, ки ин чӣ амал буд?, Он дарвеш, ки ҳамон Шамс буд, дар посух гуфт, "ин дарси ваҷду ҳол аст, ки ин ҳам ту надонӣ". ҳамин як ҷумлае буд, ки ба қавли худи Мавлоно як оташе дар бешаи андешаҳои ӯ ангехт. Ба ин тариқ, Ишк аз диди Мавлоно як оташест, ки фурузон аст чун хуршед ва нардбонест пила –пила то мулоқоти Худо мебарад инсонро. ҳамин ишқ буд, ки дар саропои Шамси Табрези таҷаллӣ кардааст, ки Мавлоно дар мазоҳири маъбади ишқи ба ӯ ҷониби ҳақиқати кулл раҳ гирифтааст.

 -Имруз эронию афғонӣ, тоҷик ва ё дигар милал Мавлоноро аз худ медонанд.Оё шумо дар ин маврид чи андеша доред ва миллияти Мавлоноро чи мешуморед?

 -Албатта ҳар як шахсияти бузурге, ки метавонад дар доираи меъёрҳои башарӣ зиндагӣ кунад, барояш мазҳаб, забон, нажод меъёрҳои маснуӣ дониста мешавад. Мавлоно ҳам мегӯяд:

 Ҷумла як зотанд, аммо мутасиф

Ҷумла як маъно иборат мухтлиф

 Аз илали дигари шукӯҳи Мавлоно ин аст, ки Маснавии Маънавӣ ба соири забонҳо тарҷума шуд ва имрӯз вақте як нафар ин шоҳасарро бо забони олмонӣ ё инглисӣ ва дигар забон мехонад, фикр мекунад, ки дар доираи ниёзҳои рӯҳонии ӯ нигошта шудааст, яъне дархури ниёзҳои равонии ӯст. .Шоир, олим, нависандаи ростин  шахсиятҳоеянд,ки аслан бояд дар доираи қонунбандӣ ва инҳисори фикриву иҷтимоиву ҷуғрофӣ зиндагӣ накунанд.ҳадафи аслии зиндагии эшон бозгӯӣ ва шарҳу тафсири авотифе мебошад, ки ба ниёзҳои тамоми ҷомеаҳо, ақвому милал посухгӯ бошад.

 Намоди ҳамин гуна шахсият барои мо Мавлоност.Бо ин ҳама  муштаракоти рӯҳонӣ, ки аз шеъру андешаи Мавлоно маншаъ мегирад ва ӯро шахсияти ормонии башарӣ муаррифӣ менамояд,  мо низ ифтихор намоем,ки Мавлоно фарзандест, ки аз дудмони миллати мо ва ин хоку оби ин макон бархоста. Аслан набояд мо рӯи масъалаҳои ҷуғрофиёи зиндагонии Мавлоно  баҳс кунем. Забону андешаи тоҷиконаи Мавлоно худ оинаи таҷаллии ин ҳақиқат аст.

 (идома дорад)

Суҳбаторо Фирдавси Аъзам

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/1666-2010-02-02-20-39-53.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi