Қ. ЧАҚАЛЗОДА: МАН БОЗОР СОБИРРО ЧАППА КАРДА МЕХОНАМ
Дар атрофи бинои мӯҳташами Театри давлатии академикӣ драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳар рӯз мошинҳои зиёди қарордоштаро мебинед. Миёни мошинҳо мошинҳои истеҳсолашон нав, ки нархи 50- 70 ҳазор доллари амрикоӣ доранд, дидан мумкин аст. Кас ин манзараро дида шукр мекунад, ки сатҳи зиндагии ҳунарпешахои театрии мо ҳам хеле боло рафтааст. Ба қарибӣ барои огоҳӣ ёфтан ба театр, ба ҳузури ҳунарманди басе ширингуфтор, рамузфаҳм, гӯянда ва эҷодгари латифаҳои намакин Қиёмиддин Чақалзода рафта,ӯро барои сӯҳбат ба саҳни театр, он ҷое, ки мошинхои зиёд қатор меистоданд, даъват намудаму саволи дар фикрам ғалаён доштаро ба ӯ гуфтам;
- Қиёмиддин Чақалзодаи азиз, муборак шавад, ки ба ман гуфтанд ин мошини бадвоҳимаи сафеди рақами давлатиаш 5000 аз Шумо будааст?
-О, бародар, ҳар касе гуфтааст дуруст гуфтааст, вале ин мошин азони ман не, сояаш аз они ман аст -гуфту хуб хандид.
- Пас аз они кист?
-Чи хуш, ки дар рӯ барӯи мо бинои зебои «Ориёнбонк» қарор дорад. Мошинҳои қимматбаҳо азони онҳост ва сояҳои қиматхояшон азони мост. Насибашон кунад!
-Пас дурӯғ аст, ки мошин доред?
-Не, ман мошин дорам. «Опел». Рақами давлатиаш ЕВ 51 40 01 РТ. Соли гузашта,яъне соли 2009 қарзу қавола карда,ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ ин мошинро харидам,ҳар рӯз бо ҳамин мошин ба Файзобод рафта меоям.
- Ҳуҷҷати ронандагӣ - праваро бо латифаҳои дилкафкунандаатон гирифтагистед? Шунидани он ба кас ҳаловат мебарад?
-Не.е..е…е…. Ман ҳуҷҷати ронандагиро ҳанӯз соли 1964 дар ДОСААФ-и шаҳри Душанбе, шабу рӯз хондаву ҳар рӯз 5-6 қатра хуни дил об кардаву умр хазон карда хонда гирифтаам. Маро бепул хононданд барои ба хизмати ҳарбӣ бурдан, ки дар онҷо бе касб набошам. Ба Туркманистон ба хизмат рафтам ва аз велосипед, мотосикл, мошинҳои оддӣ сар карда, КАМАЗу танкаҳои пуриқтидорро ҳай намудам, яъне идора кардам.
Баъди хизмат, ба Ватан баргашта дар театри Файзобод ронандаи автобус будаму ҳам барандагӣ мекардам.Маошам аз ҳисоби ронандагӣ буд. Баъд ба Институти давлатии санъат ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда,онро дар назди нобиғаҳо соҳаи санъат ба мисли Низом Нурҷонов, Ғаффор Валаматзода, Ҳанифа Мавлонова, Шоиста Мулоҷонова ва дигарон хатм намудам ва соли 1968 аввалин шуда ба кор ба Театри давлатии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ омадам ва аз тақдир хеле миннатдорам,ки маро бо тезӣ Артисти Халқии СССР Аслиддин Бурҳонов ба шогирдии худ қабул намуд ва ягона шахсе,ки ҳамроҳи Аслӣ Бурҳонов дар саҳна як нақшро бозидааст,ин ман дублёри он ҳастам.
Аслӣ Бурҳонов дар нақши бозии нақши В.И.Ленин ҳамто надошт, То имрӯз нақши Ленинро касе чун Аслӣ Бурҳонов бозӣ карда натавонистааст. Ман дар нақши асосии намоишномаи «Садо аз тобут» се маротиба ба устодам Аслӣ Бурҳонов бозидам. Баъд устод ба ман дуо дод,ки минбаъд ин нақши асосиро ман бозам. Ман 30 маротиба қаҳрамони асосии «Садо аз тобут»-ро бозидам ва баҳои баланди устодам Аслӣ Бурҳоновро гирифтам.
- Чи шуд,ки дар театр Шумо соҳиби мошини «Жигулӣ» шудеду бо ин мошин хизмати Аслӣ Бурҳоновро ҳам кардаед?
-Хамон соли 1986 буд. Аз хизмати ҳарбӣ омадам,дар театри Файзобод кор кардам,Институтро хатм намудам.Оиладор ҳам шуда будам.Ҳушёр шуда будам. Талаб карда метавонистам Хамон сол ба театр як мошини «Жигули»-и 01 доданд.Маъмурият онро ба Меҳмон Бахтӣ,ки мудири адабии театрамон буд ва нозам меғунҷид,ба наздашон даромада,илтимос намудам,ки мошинро ба ман диҳад,зеро ҷои зисти ман на Душанбе,балки Файзобод аст. Устод Меҳмон Бахтӣ,ки ҳоло Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошанд,розӣ шуданд, ки мошинро ман гирам.
Воқеан, ба маблағи 5000 сӯми замони шӯравӣ он мошин «Жигули»-ро харида будам ва 23 сол хизмати маро кард, мошини бисёр бақувват,сипас онро ба яке аз писаронам тӯҳфа кардам, то кори хонаро анҷом диҳад. «Жигули»-ро баъди як ё ду сол фурӯхт ва ба ҷои он мошини «Опел» харид. Ман 10 сол бе мошин будам. Ин қиссаи мошиндории аввалини ман ҳаст. Ҳоло ҳар хел мошинро чун хамир мешӯрам, хамир мекунам. Дар ҳақиқат бо «Жигули» хизмати устод Аслӣ Бурҳонов ва дигар устодони саҳнаи театри тоҷикро кардам ва ифтихор ҳам дорам.
- Ҳоло бо «Опел» ба Файзобод рафта меоед. Ба нозирони БДА бисёр рӯ ба рӯ мешавед. Гирифтори садама шудед ё не?
- Ман бо нозирони БДА дӯстии сахт дорам. Бисёри онҳоро ман намешиносам. Вале онҳо маро мешиносанд ва эҳтиром доранд. Чун надониста мошини маро манъ мекунанду ман аз дохили он мебароям, нозир худ ба худ хандида мегӯяд:
- Акаи Қиёмиддин, ба Шумо роҳи сафед. Зиндаву ҷовид бошед барои мо кифоя. Хандонед ва умри моро бо ин ханда дароз намоед.
- Агар бо суръати баланд омада бошед, чӣ?
-Медонед, ман дар ҳаётам мошинро аз 80 боло нарондаам. Дар шаҳр аз рӯи 50-60 меронам.
-Қиёмиддин Чақалзода бе тасма мошинро идора мекунад?
-Тасма бандам, баданам қичиқак мекунад. Нозирони БДА ба ман иҷозат додаанд, ки ҳамеша бе бастани тасма гардам.
- Тирамоҳи соли гузашта мошини Шуморо аз қафо «Тангем» зад.
Қиёмиддин Чақалзода баробари додани ин савол боз сахт хандида гуфт: - Ҳаво чангу ғубори сахт. Биниши роҳ се метр. Чун дигарон эҳтиёткорона ва бо тарс мошин мерондам. Чароғак сурх шуду мошинро қарор додам. «Тангем»-е худ ба худ омаду ба қафои мошини ман зад. Аз мошин берун шуда «О, бача! Курӣ? Чӣ кор кардӣ?»-савол додам. Соҳиби « Тангем»,ки марди миёнсол буд , бо ғурур гуфт:
- О, ман ба гаражам даромаданӣ шудам, ту аз куҷо пайдо шудӣ?!... Барои ин ҷавоби аҷоиб мо бо он ронанда дӯст шудем.
- Ҳоло шоири тавонои халқи тоҷик Бозор Собир, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад, дар Душанбе қарор дорад. Аз рӯи шунидаам бо мошини «Опел»-атон хизмати он касро мекунед.
-Бале ман бо Бозор Собир дӯсти наздик ҳастам, ман Бозор Собирро чаппа карда мехонам. Ӯ дар бораи ман ва ман дар бораи вай шеърҳо эҷод кардаем. Ба ғайр аз «Опел»-и ман боз даҳҳо мошинҳои ҳозиразамон дар хизмати устод Бозор Собир мебошад. Бозор Собир тамоман дигар шудааст, олими забардаст аст . Ҷаҳонро таҳлил мекунад,муқоиса мекунад ва хулосаҳои дуруст мебарорад. Шакли ҷамъиятии сотсиалистиро ятимпарвартарину сағирпарвартарин медонад. В.И.Ленину И.В.Сталинро дӯст медорад ва васф менамояд.
Устод Бозор Собир вақте ки аз Амрико озими Ватан мешаванд, аввало дар Маскав ба зиёрати В.И.Ленин рафта,гулчанбар мегузорад. Чун мехоҳад ба сари гӯри И.В.Сталин гулчанбар барад, бо ходимони қабристон бо бо забони русӣ суол мекунад,вале ходимони қабристон ба Бозор Собир иҷозат намедиҳанд,ки ба зиёрати қабри Сталин равад. Устод пас гашта,андаке тағйири либос намуда, боз ба қабристон рафта,бо ходимони он бо забони англисӣ савол мекунад.Сипас ӯро иҷозат медиҳанд, ки ба сари қабри Сталин гулчанбар гузорат ва зиёрат намояд.
Ба мошини «Опел»-устод савор шудам. Аз тасмаи магнитафон дар овози худи Қиёмиддин Чақалзода шунида шуд:
Ту Бозорӣ,ту Бозорӣ,
Дар ин олам «Гули хорӣ»
Ба захми хори гул охир
Гирифтори,гирифторӣ…
Қиёмиддин ғазалбофаст,
Ғазал чӣ, ки асалбоф аст,
Агарчанде дағалбоф аст,
Валекин азбағалбоф аст.
-Қиёмиддин Чақалзода, синнатон ба 65 расидаву ин қадар ҷавон менамоед?
-Ханда,ханда,боз ханда….
Кароматуллоҳ Аҳмадов, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3180-2010-09-22-05-22-39.html