БУРХИ ВАЛӢ - ҚУТБИ ОРИФОН АСТ

Инак асрҳост, ки ҳамасола мақбараи Бурхи Сармасти Валиро дар саргаҳи Оби Мазор, яке аз шохобҳои дарёи Хингоб, ҳазорон нафар эътиқодмандон зиёрат мекунанд. Дар бораи ин бузургвор миёни мардум даҳҳо асотиру ривоятҳои халқӣ аз даҳон ба даҳон паҳну парешон шудаанд. Аммо он қиссаву ҳикоятҳоеро, ки сарчашмаҳои хаттӣ дар бораи ин чеҳраи маъруфи таъриху фарҳангамон гуфтаанд, мутаассифона, то ба ҳол ба таври бояду шояд наомӯхтаем.
«Қут-ул-қулуб»- Абӯ Толиби Маккӣ (вафоташ соли 996-и мелодӣ) яке аз қадимтарин сарчашмаҳои хаттии тасаввуф мебошад, ки дар он дар бораи Бурхи Валӣ сухан меравад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо Абӯ Толиби Маккӣ дар Эрон таваллуд шуда дар Макка ба воя расидааст. Тасаввуфро дар назди олими машҳури замонаш Абӯ Саиди Арабӣ, ки яке аз шогирдони Ҷунайдуллоҳи Бағдодӣ будааст, омӯхтааст.
Баъдтар аз Макка ба Басра ва аз он ҷо ба Бағдод рафта таҳсилашро дар назди муаллифи яке аз аввалин китобҳое, ки дар бораи ҷараёни мазҳабӣ- фалсафии тасаввуф навишта шудааст, «Китоб-ул-лумаъ фи тасаввуф» Абӯ Насри Сарроҷ ( вафоташ соли 988 мелодӣ) идома медиҳад. Маҳз дар ҳамин давра дар ӯ хоҳиши ба мисли устодаш навиштани китобе дар бораи назарияи тасаввуф пайдо мешавад ва ба навиштани китоби «Қут-ул-қулуб» шурӯъ мекунад.
Номи пурраи китоб «Қут-ул-қулуб фи муъомалат-ал- маҳбуб», яъне «Ғизои дилҳо дар муомилот бо маҳбуб» мебошад. Ин китоб чи дар замони худаш ва чи дар даврони баъдӣ аз сӯи муҳаққиқин баҳои баланд ва мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст. Уламои бузурги тасаввуф ҳамчун Муҳиддин ибни Арабӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Алӣ ибни Усмони Ҳаҷвирӣ, Муҳаммади Порсо ва ғайра дар навиштаҳои худ борҳо ба ин китоб истинод овардаанд. Абӯ Толиби Маккӣ тибқи маълумоти сарчашмаҳо соли 996 мелодӣ аз дунё чашм мепӯшад.
Китоби «Қут-ул-қулуб» асосан дар баёни шарҳу тафсири истилоҳоти тасаввуф аст. Дар боби шарҳи калимаи «идлол»- ки ба маънои нозу эркагии маҳбуб ҳаст, Абӯ Толиби Маккӣ дар китобаш мисоли эркагии Ҳазрати Бурхро меорад. Дар ирфон истилоҳи муҳиб асту маҳбуб аст. Муҳиб дӯстдор, маҳбуб дӯстдошта. «Идлоли маҳбуб», яъне нозу эркагии маҳбуб. Ба қавли Абӯ Толиби Маккӣ Бурх маҳбуби Худо, дӯстдоштаи Худост. Дар «Қут-ул-қулуб» ин қисса чунин оварда шудааст:

«Ва аз нозу карашмаи маҳбубон ва дӯстдоштагони Худо ва касоне, ки дар мақоми унси ҳазрати Ҳақ ҳастанд, муноҷоти Бурхи сиёҳпӯст аст, ки Худои таборак ва таъоло Калими Худ, Мӯсоро амр кард, ки аз вай бихоҳад, ки барои бани Исроил талаби борон кунад. Чунки онҳо муддати ҳафт сол буд, ки дучори қаҳтсолӣ шуда буданд. Ҳазрати Мӯсо (А) ҳафтод ҳазор бор барои онҳо талаби борон кард. Худо ваҳй фиристод ба Мӯсо, ки чӣ гуна ман дуои онҳоро иҷобат бикунам, дар сурате, ки онҳо бисёр зулм кардаанд, гуноҳ кардаанд ва ботини палиди онҳо монеъ аз он аст, ки дуои онҳо иҷобат бишавад.
Онҳо бидуни, он ки ба ман бовар дошта бошанд, дуо мекунанд. Аз макри Ман худро дар амон мебинанд. Баргард, бирав назди бандае аз бандагони Ман, ки вайро Бурх гӯянд. Ва ба ӯ бигӯ, ки берун ояд ва дуо кунад, то дуои ӯро Ман иҷобат бикунам. Мӯсо (А) ҳазрати Бурхро намешинохт. Мӯсо алайҳисалом рӯзе дар роҳ мерафт. Ногоҳ бо бандаи сиёҳпӯсте дучор омад, ки дар пешонаи ӯ аз сабаби саҷдаи зиёд осори гарду ғубор ҳувайдо буд. Вай чодареро дар гардани худ печонда буд. Мӯсо (А) тавассути фаросати худ ӯро шинохт ва бар ӯ салом гуфт. Ва аз ӯ пурсид:
Номи ту чист?
Ӯ дар ҷавоб гуфт:
- Номи ман Бурх аст.
Ва Бурх илова кард:
- Ин ту ҳастӣ, ки муддатҳост дар ҷустуҷӯи мо мебошӣ, то берун биёям ва барои шумо дуои талаби борон бикунем?
Пас ҳазрати Бурх берун шуд ва дар муноҷоташ бо Худои бузург ин ҷумлаҳоро гуфт:
- Оё кори Ту ин аст? Ҳилми Ту ин аст? Оё ба Ту чунин менамояд, ки абрҳои Ту кам шуданд? Бодҳо аз итоати Ту сарпечӣ мекунанд? Он чӣ дар хазинаҳо дорӣ кам мешаванд? Ё ин, ки хашму ғазаби Ту бар гунаҳкорон шиддат гирифтааст? Оё Ту Ғаффор нестӣ? Қабл аз ин, ки бандаҳои хатокорро биёфаринӣ, Ту раҳматро халқ кардӣ ва ба меҳрубониву шафқат амр кардӣ. Пас барои чӣ он чи, ки Худат амр кардӣ, хилофи онро мекунӣ? Оё Ту ба мо нишон медиҳӣ, ки ин кори ношуданист ё худ имконнопазир аст? Ё аз марг метарсӣ ва мехоҳӣ, ки зудтар ин мардумро уқубат бикунӣ, азоб бидиҳӣ?
Муноҷоти ҳазрати Бурх ҳанӯз тамом нашуда буд, ки бани Исроил аз борон сероб шуданд ва Худои таборак ва таъоло дар муддати ним рӯз гиёҳу алафи фаровоне бирӯёнид, то ҳадде ки баландиашон то ба зонуҳои онҳо расида буд. Пас ҳазрати Бурх аз дуои талаби борон баромад».
Ҳамин қиссаеро, ки аввалин шуда Абӯ Толиби Маккӣ дар «Қут-ул-қулуб» овардааст, баъдан бархе аз шуаро ва уламои тасаввуф аз қабили Шайх Фаридуддини Аттор, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Муҳаммади Порсо, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Мавлавӣ Ҷунунӣ ва ғайра дар осори хеш бо каме дигаргуниҳову тағйирот ворид кардаанд.
Султони Ҳамад, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3235-2010-09-29-05-54-46.html