13:37:16 02-уми Июни 2025 сол

«ХУНИ ҚАЛАМ»-И БОЗОР СОБИР АЗ ЧОП БАРОМАД

Китоби нави шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир бо номи «Хуни қалам» аз чоп баромад. Китоби мазкур аз гулчини шеърҳо иборат буда, ба 30-солагии ёдбуди бародари шоир профессор Темур Собиров бахшида шудааст.

 

bozor sobirКитоби мазкур бо теъдоди 2000 нусха ба табъ расида, шеърҳоеро дар бар гирифтааст, ки дар солҳои гуногун ва дар минтақаҳои мухталиф аз ҷониби муаллиф бо фасоҳати хоса иншо шудаанд. «Чун қалам нест касе ҳамхунам», «Дубора созамат Ватан», «Зинда бодо дар ҷаҳон шӯриш!», «Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд», «Бо чамидан, бо чашидан, бо шамидан, бо шунидан», «Кӯчаҳои ҷавонӣ», «Овози овезон», «Оби анори дилро аз дидаам фушурдам», «Аҷам ҷамъ аст», «Хати риш» ва ғайра аз қабили шеърҳое ҳастанд, ки дар маҷмӯа ҷой дода шуда, ҳолати равонии муаллифро дар давраҳои гуногун то ҷойе бозгӯ мекунанд.

 

Дар ин маҷмӯа, ҳамчунин, шеърҳое ба табъ расидаанд, ки устод Бозор Собир онҳоро ба чеҳраҳои шинохтаи тоҷик бахшидааст. Аз ҷумла, «Китоби «Тоҷикон» (ба хотираи Бобоҷон Ғафуров), «Қаҳрамони Наврӯз» (ба хотираи Бӯринисо Бердиева), «Тақ-тақи бӯру тахта» (ба хотираи доктори математика Темур Собиров), «Садафи нохуни ту моро бас» (ба Саидқул Билолов), «Барои ҷӯраам Раҳими Мусулмониён», «Ба устод Мӯъмин Қаноат», «Дар ёдбуди Мастон Шералӣ» ва ғайра.

 

Сабаби «Хуни қалам» ном гирифтани маҷмӯаро метавон аз муаррифиномаи китоб дарёфт: «Соҳибқаламони бузург ва пайғамбарон ба қалам савганд ёд кардаанд. Ба адиби ҳақиқӣ аз қалам наздиктар касеву чизе нест.

 

Чуноне ки Бозор Собир гуфтааст, қалам ҳамхуни ростини адиб мебошад. Ва ин қадар китобҳое, ки мебинем, бо хуни сиёҳу сабзу гулгуни қалам навишта шудаанд. Ва чуноне ки дар ин маврид ҳам шоир гуфтааст, дар гардани қаламкашон ғайр аз хуни қалам нест:

 

Ман хуни қалам рехтаам ин ҳама бебок,

Дар гардани ман ғайри ҳамин хуни қалам нест».

 

Бояд зикр намуд, ки маҷмӯаи «Хуни қалам» дар фурӯш озод буда, ҳаводорони шеър метавонанд онро аз дӯконҳои китобу рӯзномафурӯшӣ дарёфт кунанд.

 

Пайрав Назаров, АМИТ "Ховар"

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3475-l-r------.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854