ЁДЕ АЗ ҲОҶӢ ҲУСАЙНИ КАНГУРТӢ
Дар боғи фарҳангӣ-истироҳатии ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Ғайбуллоҳ Афзалов маросими гузоштани хишти аввали бунёди осорхонаи Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, шоир ва хаттоти машҳури охири асри 19 ва ибтидои асри 20 баргузор гардид.
Дар ин маросим инчунин меҳмонон, азҷумла Прокурори генералии ҶТ Салимзода Шерхони Одина, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» Лутфулло Давлатов, директори корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе Анвар Бозоров, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чиллахон Холов иштирок карданд. Сипас саҳни назди нимпайкараи шоир ва хаттоти машҳур ба ҷои шеърхониву таронасарои алоқамандони шеъру адаби ноҳия ва меҳмонони онҳо табдил ёфт.
Дар Кохи фарҳангии ҷамоат бошад дар ин иртибот чорабиние баргузор гардид, ки дар он Малика Шукурова, раиси ноҳия, Абдулҳамид Самад, Салимзода Шерхони Одина, шоира Хосият Вализода ва пайвандону наздикони Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ зикри хайри ӯро карданд. Чиллахон Холов ва ҳунармандони ноҳия барои аҳли маҳфил консерти дилнишин намоиш доданд.
Раҷабалӣ Худоёров, махсус барои сомонаи «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3653-2010-11-24-06-27-09.html