21:26:30 02-уми Июни 2025 сол

ЁДЕ АЗ ШЕЪРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Дар маҷлисгоҳи бинои Иттиҳоди Нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори 100-солагии зодрӯзи  устод Мирзо Турсунзода дар мавзӯи «Мирзо Турсунзода ва шеъри муосири тоҷик» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он шоирону нависандагон, мунақиддон ва аҳли зиё ширкат карданд. Мизи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ адабиётшиноси маъруфи кишвар, доктори илмҳои филологӣ профессор Абдунабӣ Сатторзода ифтитоҳ намуд.

 

Мехмон БахтиӮ дар бораи нақши устод Мирзо Турсунзода дар инкишофи адабиёти муосири тоҷик, ба хусус назми он, андешаҳои муфидеро ироа намуд. Сипас дар мавзӯи « Чанд мулоҳиза дар бораи шеъри устод Мирзо Турсунзода» Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, «Нашри асарҳои Мирзо Турсунзода», профессор А. Кӯчаров, «Таъсирпазирии Мирзо Турсунзода аз суханони гузаштагон»- мудири шӯъбаи маншиносӣ, таҳқиқ ва нашри осори хаттии Институти Шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимуҳаммади Хуросонӣ, «Сувари хаёл дар шеъри Мирзо Турсунзода» адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода суханрониҳо карданд.

 

Суханварон аз хизматҳои шодравон Мирзо Турсунзода дар муаррифии шеъри муосири тоҷик дар ҷаҳон, дар тарбияи кадрҳои ҷавон ва рушду нумӯи адабиёти советии тоҷик дар солҳои 50-70-уми асри гузаштаи мелодӣ ёдовар шуда дар баробари ин изҳор доштанд, ки мутаассифона то ба имрӯз куллиёти пурраи ин адиби забардаст, ки дар замони шӯравӣ ба гирифтани унвони баланди «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» сазовор шуда буд, рӯйи чопро надидааст.

 

Ҳатто дар замони шӯравӣ бо вуҷуди он ки нашри шашҷилдаи куллиёти асарҳои устод Мирзо Турсунзода ба нақша гирифта шуда буд, вале он мутаассифона, амалӣ нагардид ва танҳо чор ҷилди осори Мирзо Турсузода рӯйи чопро диду халос. Ҳозирин зарурати дар соли ҷашн ба табъ расондани Куллиёти мукаммали шоирро таъкид карданд.

 

 

 

 

Дар муҳокимаи маърӯзаҳо нависанда Холмурод Шарифов, адабиётшинос Шаҳобиддини Шуҷоъ, ҳунарманди синамо ва театр Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов  ва дигарон ширкат варзида оиди паҳлӯҳои мухталифи зиндагӣ ва осори ин марди шариф ибрози ақида намуда,  зикри хайри ӯрокарданд.

 

Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  сӯҳбати мизи мудавварро ҷамъбаст намуда иброз дошт, ки чунин чорабиниҳо ба муносибати 100-солагии ин адиби бузург ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон аз ин ба баъд бештар баргузор хоҳанд шуд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4602-yode-az-shere-mirzo-tursunzoda.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854