НАВРӮЗ ШУДУ ЛОЛАИ ХУШРАНГ БАРОМАД
Чу омад ба сӯи ҳамал офтоб,
Ҷаҳонро шавад тоза аҳди шубоб
Наврӯз чист? Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва з-ин чиҳат рӯзи нав ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст… ва аввал рӯзест аз замона ва бад-у фалак оғозид гаштан.
Ин хулосаи ривоятест, ки Берунӣ дар "Ат-Тафҳим" дар хусуси Наврӯз ба даст медиҳад, кӯҳанҷашне,ки ҳамзоди фарҳангу тамаддуни ориёист ва дар тӯли таърихи мутамодӣ, чӣ он гоҳ ки Эрон таҳти султаи бегонагон будааст ва чӣ замоне,ки эрониён худ бар ин густураи васеъ ҳукумат мекарданд, Наврӯз ҷонмояе будааст,ки фарҳанги ориёиро намояндагӣ мекардааст. Гузори рӯзгорон ва омаду шуди ақвом дар ин мавзеъ натавониста аз ҷило ва гармиву равшании ин ҷашн бикоҳад, балки тавони созгории афзунтаре бад-он бахшидааст,то дар тору пуди зиндагии мардуми ин сарзамини кӯҳан даромехта шавад, ба гунае,ки ҷузви ҷудоинопазири фарҳанги ориёист.
Имрӯз низ дар густарае, ки аз шимоли Чин то Аврупоро дар бар мегирад, гарчи ҳукуматҳои мухталифе бар онҳо ҳоким аст ва ҳатто гоҳ фосилаи байни онҳо ва Эрон мушоҳида мешавад, Наврӯз намуде аз ҳузури ин тамаддуни решадор ва устувор аст,ки дар ҷо-ҷои ин қаламрави васеъ нақши пайвандгарро ба ӯҳда дорад.
Аз қирғизу қазоқу ӯзбеку туркману озарӣ ва турк то ворисони аслии ин ойини куҳан-эрониёну тоҷикону афғонҳо ва мардуми нимҷазираи Ҳинд ин танаввуъ ва рангорангӣ дар Наврӯз ба ваҳдат мерасад. Ҷашне,ки бо худ покизагиву гармӣ ва меҳрубониро ба ҳамроҳ меоварад. Ҳамаи рангҳову малолатҳо бадал ба рангинкамоне мегардад, ки танаввуъ ва зояндагӣ ва ҳаёти фарҳангӣ ва тамаддуни ориёиро намояндагӣ мекунанд.
Наврӯз фурсатест, ки ҳамагон рахти танро нав кунанд ва ҷомаи ҷонро низ аз олудагиҳову нопокиҳо бипироянд, ғубори кудуратро аз дилҳо пок кунанд ва бар сари ҳар суфрае сабзию сумбулу оинаву Қуръону об ва ғайра - намудҳои рӯишу покию сафо, руҳу равонро сайқал диҳанд.
НАВРӮЗ ДАР ШЕЪРИ ФИРДАВСӢ
Ҳамосасарои бузурги Тӯс Фирдавсӣ дар боби пайдоиши Наврӯз ба дасти Ҷамшед мегӯяд:
Ҳама карданиҳо чу омад падид,
Ту гуфтӣ ҷуз аз хештанро надид.
Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андар нишохт.
Ки чун хости, дев бардоштӣ,
Зи Ҳомун ба гардун барафроштӣ.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар - у гоҳ фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯй,
Шигифтӣ фурӯ монд аз бахти ӯй.
Ба Ҷамшед бар гуҳар афшонданд,
Мар он рӯзро "рӯзи нав" хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин,
Баросуд аз ранҷи дил тан зи кин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Бимондааст аз он Хусравон ёдгор.
Бадеҳист, ки ҳеч яке аз ин афсонаҳоро далели эҷоди чашни Наврӯз наметавон донист. Фақат метавон гуфт,ки шояд ҷашни Наврӯзро ин подшоҳи достонӣ,ки шахсияти ҳиндуэронист ва дар вуҷудаш тақрибан наметавон тардид кард, марсум ва мутадовил карда бошад. Бешак, ин ҷашн аз чашнҳои бисёр қадимаи эронӣ аст ва дар зумраи ҷашнҳоест,ки аз аз аҷдоди ориёиён ба ирс ба эшон расида ва ақаллан баъд аз замони Зартушт маъмул гардидааст. Бад-ин сурат замони пайдоиши ин ҷашнро метавон дастикам то ҳудуди бист қарн қабл аз милод иртико дод.
НАВРӮЗ МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ҶАҲОН ШУД
Иди миллии мардуми Эрону Тоҷикистону Афғонистон ва миллату қавмҳои дигар дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна - Наврӯз, ки ҳар сол дар рӯзи 21 март, ҳамчун рӯзи баробарии шабу рӯз ва фарорасии соли нави мардуми машриқзамин таҷлил мешавад, ба унвони як иди бисёр қадимаву мансуб ба миллату қавмиятҳои зиёд, яке аз 76 рукни фарҳангие гардид, ки вориди феҳрасти нави мероси маънавии Созмони Милали Муттаҳид шуд.
Дархости сабти ҷаҳонии Наврӯз ба унвони мероси ғайрималмуси ҷаҳонӣ тақозои муштараки кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Ҳинд, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Покистон ва Туркия буд. Ба ҷуз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, дар Туркия ва Ироқ низ, умдатан курдҳо Наврӯзро ҷашни бузурги худ медонанд ва онро гиромӣ медоранд.
Ҳамакнун бузургдошти Наврӯз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар сатҳи давлатӣ сурат мегирад ва фаро расидани он бо таътили умумӣ ҳамроҳ аст. Сойири мардуми ҷаҳон дар асрҳои гузашта бо таваҷҷӯҳ ба инсонӣ будани ҷашни Наврӯз мавҷудияти зебоиҳои зиёди фарҳангӣ ва ҳунарӣ аз Наврӯз ба унвони ҷашни миллии хеш таҷлил мекунанд ва онро комилан пазируфтаанд. Дастикам беш аз 300 миллион нафар дар ҷаҳон ҳарсола дар оғози баҳор Наврӯзро ҷашн мегиранд ва маросими марбут ба онро баргузор мекунанд.
Шаҳноз Комилзода, барои «Рӯзгор»