09:32:04 01-уми Июни 2025 сол

ДАР БИШКЕК ЛАВҲАИ ЁДБУДИ САДРИДДИН АЙНӢ ГУЗОШТА ШУД

Дар пойтахти Қирғизистон лавҳаи ёдбуди Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муъосири тоҷик насб шудааст. Ин лавҳа дар хиёбоне дар шаҳри Бишкек, ки ҳудуди беш аз панҷоҳ сол номи Садриддин Айниро дорад, гузошта шуд.

Садриддин АйниИн амр ба ибтикори ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ва пуштибонии шаҳрдории Бишкек анҷом шуд ва дар маросими ифтитоҳии лавҳаи ёдбуди устод Айнӣ мақомоти қирғиз ва намояндагони сафорати Тоҷикистон суханронӣ кардаанд. Маросими ифтитоҳи ин лавҳа ба ҷашни Наврӯз бахшида шуда ва дар чаҳорчӯби тадобири наврӯзӣ дар Бишкек баргузор шудааст.

Қодиршоҳи Муруват, муъовини раиси Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳадаф аз гузоштани лавҳае ба ёдгорӣ аз маъруфтарин нависандаи қарни 20-и тоҷик дар Қирғизистон, ошонии бештари мардуми ин кишвар бо адабиёт ва фарҳангу ҳунарии тоҷикон будааст.

Вай гуфт, ки тоҷикаборони Қирғизистон бо осори Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ошно ҳастанд. Аммо Сиёвуш, шоъири тоҷики муқими Қирғизистон мегӯяд, осори андаки устод Айнӣ ба забони қирғизӣ тарҷума ёфтааст ва аз ин рӯ бештари қирғизон осори устод Айниро ба забони русӣ хондаанд.

Садриддин Айнӣ аз аввалин нависандагони румоннавис дар Осиёи Миёна маҳсуб шуда ва бештари осори вай ба инъикоси зиндагии мардум дар Аморати Бухоро ва фақру фасод дар он замон ихтисос ёфтаанд.

Румонҳои "Дохунда" ва "Ғуломон" ва достонҳои "Марги судхӯр", "Ятим", "Мактаби кӯҳна" ва "Ёддоштҳо"-и Айнӣ аз муҳимтарин осори адабии вай ба шумор меоянд. Бархе аз ин осори устод Айнӣ дар даврони Шӯравӣ ба забонҳои русӣ ва ӯзбакӣ тарҷума шуда буд.

Ба гуфтаи масъулони Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон лавҳаи ёдбудӣ сардафтари адабиёти муосири тоҷик дар пойтахти Қирғизистон, нахустин иқдом дар зарфи солҳои тӯлонӣ барои таблиғ ё муаррифии дубораи осори Айнӣ ба сокинони пойтахти ин кишвар будааст.

Ибтикори тоҷикона

Дар Қирғизистон беш аз 55 ҳазор тоҷик аксаран дар ҷануби ин кишвар ба сар мебарад. Ба гуфтаи Қодиршоҳи Муруват ин кишвар шаш мактаби тоҷикӣ фаъол будааст. Оқои Муруват афзуд: “Кӯдакони тоҷиктабори Қирғизистон имкони таҳсил ба забони модариро доранд ва барои дарёфти кутуби дарсӣ Тоҷикистон ба онҳо кумаки муассир мекунад.”

Ба гуфтаи муъовини раиси Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон мардуми тоҷиктабори ин кишвар ба монанди сокинони бумии кишвар дар вазъи оддӣ ба сар мебаранд.

Оқои Муруват мегӯяд: “Тоҷикони мо дар Қирғизистон умдатан ба хотири боғдорӣ ва кишоварзии худ шӯҳратёр ҳастанд ва барои бахши умдае аз онҳо боғпарварӣ ва кишоварзӣ манбаъи даромади рӯзгорашон аст."

Вай бо изҳори сипос ба давлати Тоҷикистон гуфт, ки дар соли ҷорӣ панҷоҳ нафар аз ҷавонон бар асоси имтиёзиҳои вижа дар донишкадаҳо ва донишгоҳҳои олии Тоҷикистон барои идомаи таҳсил пазируфта шуданд.

Ниёзи тоҷикон ба ҷонибдории маънавӣ

Масъулони Ҷамъияти тоҷикони ба номи устод Рӯдакии Қирғизистон мегӯянд, ки тоҷикони муқими ин кишвар муштоқи дидори фарҳангиён ва адибони тоҷикистонӣ ҳастанд. Қодиршоҳи Муруват, муъивини ин созмон гуфт, тоҷиконе, ки дар Қирғизистон ба сар мебаранд, орзӯи баргузории барномаҳои ҳунарӣ ва фарҳангӣ бо ширкати ҳунармандони тоҷик дар Қирғизистон ҳастанд.

Шоъир Сиёвуш, шаҳрвани тоҷиктабори Қирғизистон мегӯяд, ки дар Қирғизистон шоъир Гулрухсорро, ки бархе аз осораш ба забони қирғизӣ тарҷума шудааст, хуб мешиносанд.

Вай афзуд: “Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ, баргузории тадобири мухталифи фарҳангӣ, ҳунарӣ ва адабӣ барои ошноӣ бо ҳамдигар дар миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ барҳам хурда ва осори нависандагону шуъарои ин кишварҳо дигар ба забонҳои мухталифи шӯравии пешин тарҷума намешаванд. Хуб мешуд, ки мақомоти кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо дарназрдошти он, ки дар қаламравии Тоҷикистон сокинони зиёди қирғизтабор ба сар мебаранд ва ҳамчунин дар Қирғизистон теъдоди зиёди тоҷикон зиндагӣ мекунанд, суннати баргузории тадобири фарҳангӣ дар қаламрави ҳамдигарро барқарор мекарданд. Ҳамчунин бо истифода аз нерӯи ҷавон, бояд тарҷумонҳои хуби осори адибони қирғизу тоҷик тарбият шаванд.”

Шоъир Сиёвуш аз давони Шӯравӣ ёдовар шуд, ки осори нависандагон ва шуъаро ва дромнависони қирғиз ва тоҷик дар теотрҳо ва телвизюҳои ду кишвар ба намоиш медаромад.

Ҳамкорӣ ва ошноии фарҳангии қирғизон ва тоҷикон

Ҷингиз Айтматов, яке аз нависандагони мумтози қирғиз аст, ки дар Тоҷикистон аз маҳбубияти зиёде бархӯрдор аст. Дар теотрҳои Тоҷикистон дар солҳои қаблӣ бархе аз осори ин нависандаи саршинос рӯйи саҳна меомад ва ҳамчунин китоби “Дуроҳаҳои буҳронӣ” ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда буд.

Дар теотри ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе намоишномаи “Алвидоъ Ноҳӣ”-и Марк Баяджиев, дромнависи қирғиз рӯйи саҳна омада буд ва нақши қаҳрамони аслиро дар ин намоишнома Маҳмуди Воҳид, яке аз ҳунармандони фақид ва овозадор дар Тоҷикистон иҷро карда буд.

Ҳамчунин Фаррухи Қосим, коргардони саршиноси теотри тоҷик дар авоили солҳои 1990 дар Қирғизистон намоишномаи “Шоҳ Лир”- Уилям Шекспирро рӯйи саҳна оварда буд. Чанде қабл Барзуи Абдураззоқ, коргардони дигари теотр дар Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек намоишномаи “Пайраҳаи тӯлонӣ ба Макка”-ро рӯйи саҳна овард.

Оқои Абдураззоқ, ки дар Қирғизистон ба ҷуз аз ин намоишнома, се асари дигари теотриро таҳия кардааст, мегӯяд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар арсаҳои теотр ва синамо дар муқоиса бо ҳамкориҳои дигари фарҳангӣ миёни ин ду кишвар беҳтар ба роҳ монда шудааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854