01:10:39 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ...

Дар арафаи Наврӯз фонди китобхонаҳои ноҳияи Тавилдара боз ба миқдори 2000 нусха китоб афзун гардид. Феълан дар ноҳияи Тавилдара 6 китобхона амал мекунад, ки фонди умумии онҳо зиёда аз 13 ҳазор  нусха китобро ташкил медиҳад.

kitobФаъолияти босамари китобхонаҳо дар деҳот метавонад дар раванди дигаргунсозиҳои ҷомеа, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва ташвиқу тарғиби бештари китоб саҳми босазо гузорад. Пеш аз ҳама барои расидан ба ҳадафи асосӣ, яъне китобхонаро ба маркази ҳақиқии маърифатомӯз ва ҷои дӯстдоштаи хонандагони доимӣ табдил додан, бояд захираи китобхонаро бо адабиёти пурмазмуну баландғоя ҷавобгӯи талаботи имрӯза ва ба фаҳмишу идрок ва ҷаҳонбинии хонанда мутобиқ сохтан зарур аст.

Дар ин раванд дар яке аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳуриамон ноҳияи Тавилдра дар самти фаъолияти китобхонаҳо, ки ҷои асосии баланд бардоштани сатҳи савод ва маърифатонокии мардумони деҳот башумор меравад, чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

«Дар ноҳияи Тавилдара 6 китобхона ҳоли ҳозир фаъолият дорад, ки захираи умумии онҳо 13 ҳазор китобро ташкил медиҳад. Дар соли 2010 мо қариб 2000 нусха китоби нав ба китобхонаҳои ноҳия зам кардем. Имсол бошад бо мададу дастгирии Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳия дар моҳи январи боз 2000 китобро ройгон ба китобхонаҳои ноҳия ворид кардем»-гуфт зимни сӯҳбат ба мо директори хонаи фарҳанги ноҳияи Тавилдара Акбар Раҷабов. 

Азбаски ноҳия Тавилдара 4 ҷамоату 62 деҳа дорад, дар бештари маҳалҳои аҳолинишин зарурати сохтмони китохонаҳо ба миён омадааст. Сафи китобхонҳо дар ноҳия махсусан дар фасли зимистон, ки айёми камчинии барқ ва нисбатан фориғ будан аз корҳои кишоварзӣ ҳаст, зиёд мешавад.

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва дасгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра бунёди китобхонаву дигар иншооти фарҳангӣ ба анҷом расонида мешавад, ки он метавонад, ба амалӣ шудани сиёсати фарҳангӣ дар ин гӯшаи дурдасти кӯҳистон мусоидат намояд.

Далер САФАРОВ, Тавилдара, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi