Покӣ, озодагӣ, одамият, дониши амиқ хираду фазилат ва марди донову роҳбари тавоно будани ӯро мегуфтанд. Аз Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ «рафтани» Ҷӯрабекро аксар фоли бад пиндоштанд. Афсӯс мехӯрданд, аксар дар ақидае буданд, ки солҳои бесоҳибии кишвар маҳз Ҷӯрабек буд, ки хазинаи нусхаҳои кишварро ҳифз кард. Ҳазорҳо нусхаҳои хаттӣ, чопи сангӣ ва китобҳои чопи муосирро ройгон вориди ганҷина сохт, соҳибназаронро нагузошт, ки аз Институт бираванд, балки фазое фароҳам овард, ки донишмандони зиёде мехостанд узви ин даргоҳи илм бошанд.
Баъди аз кор «рафтани» Ҷӯрабек Назрӣ боре аз назди Институт мегузаштам, ки бо донишмандони маъруф Зоҳир Аҳрорӣ, Амрияздон Алимордонов (рӯҳашон шод бошад) рӯ ба рӯ омадам. Гарм салому ҳолпурсӣ кардем. Бинам ранҷидахотир менамуданд. Шӯхиомез гуфтам черазабониву чеҳрафурӯзи куҷост? Зоҳир Аҳрорӣ дар ҷавоб: «Чӣ гӯям, ки ногуфтанам беҳтар аст». Нав ба қадри Ҷӯрабек расидем».
Чунин ба назар мерасад, ки Ҷӯрабек ҳама хубиҳоро, меҳру муҳаббатро, дӯстиву рафоқатро, одамиятро, ҳама муқаддасотро бо худ бурду зиштиҳоро боқӣ гузошт. Дар Институт моҳии берун аз об шудем. Ариза навиштам, ки аз кор биравам, Амрияздон намегузорад ва чанд гилаи дигар пеш овард. Амрияздон дар ҷавоб, пояи устувор дар Институт Шумоед. Шумо равед, ман равам, кӣ мемонад? Таҳаммул бояд кард, ин ҳам мегузарад. Худи ман ҳам дар ҳамин ҳолам.
Вақте вориди Институт мешавам, хаёл мекунам, ки мисли пеш симои Ҷӯрабеки азизро мебинам, суханҳои ширину гуворои ӯро мешунавам. Чун ба худ меоям мебинам, ки ҳама хобу хаёле аст. «Ёд бод, он рузгорон ёд бод», мегӯяму вориди дафтар мешавам, ба умеде, ки набинам он чиро, ки нодиданист. Шукр, ки Шумо ҳастед. Худам ҳам оқибати Институтро хуш намебинам. Боз бинем, ки аз Худои олам чӣ бармеояд? Аз чанд нафари дигар ҳамин ҳарфҳоро шунидам ва оқибат ҳамон шуд, ки гуфтанд.
Дар ҳунари мусиқӣ ва сурудхонӣ бозсозӣ кард
Чиҳилу се сол аст, ки ман ин марди ҳунарманду хирадмандро мешиносам ва эҳтиром мекунам, мисли ҳамае онҳое, ки фазилату ҳунару шахсияти ӯро аз наздик хуб медонанду аз дӯстиаш ифтихор доранд.
Ман танҳо ду лаҳзаро мисол овардам, ки худам шоҳид будам. Бо Ҷӯрабек Назрӣ ҳам дар театри Лоҳутӣ, ҳам дар Филармонияи давлатӣ даҳҳо чунин консертҳо баргузор кардем, таърифу тавсиф ва ҳамду сано шунидем. Дар консертҳое, ки дар шаҳри Душанбе ва атроф баргузор мешуд худам ба сифати тамошобин ба хотири лаззати маънавӣ бурдан иштирок мекардам. Медидам, ки мардум бо ӯ ҳамовоз мешуданд. Махсусан дар хондани сурудҳои «Шудам ошиқ», «Аз дасти ғамат», «Эй подшаҳи хубон», «Ашк», «Ман тарабам», «Суруди анҷум», «Модари ман» ва ғайра.
Ҳеҷ ёдам намеравад, ки соли 1973 дар зали консертии Филармония давлатӣ консерти Ҷӯрабек ду рӯз пайи ҳам баргузор шуд. Ду рӯз ҳам толор пур аз тамошобин буд. Мӯҳлати консерт одатан то якуним соат қабул шудааст, вале дар хондани Ҷӯрабек дар ҳар ду рӯз ҳам вақт риоя нашуд. Ним соат шогирдон ва на камтар аз се соат худаш мехонд, мардум намегузоштанд, ки ӯ аз саҳна биравад ва аксар сурудҳоро бо Ҷӯрабек замзама мекарданд. Дар консерти рӯзи аввал аз ӯ хоҳиш карданд, ки суруди «Менигарему меравем»-ро бо ҳозирин такрор бихонад:
Ҳастии мо низоми мо, мастии мо хироми мо,
Гардиши бемақоми мо, зиндагии давоми мо,
Даври фалак ба коми мо, менигарему меравем.
Ҳоло ҳам лаззати он сурудро фаромӯш накардаам. Бисёре аз фарҳангиён мегӯянд, ки солҳои ҳафтоду-ҳаштоди қарни бист Ҷӯрабек Назрӣ дар ҳунари мусиқӣ ва сурудхонӣ бозсозӣ кард. Иштибоҳ намекунанд, ман ҳам дар ин ақидаам. Ҳатто аксари ҳунармандони маъруфи мо дар доираи минтақа мечархиданд, вале ҳанӯз ибтидои солҳои ҳафтодум маълум буд, ки суруди Ҷӯрабек Назрӣ маҳаллу минтақа надорад, балки барояш «Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чӣ масҷид ҷӣ куништ». Бо тору баяну мандалину таблаку оҳангҳои офаридааш, бо сурудҳои баландмазмун ва садои довудиаш дар ҳунар нақши носутурданӣ гузошт. Тоҷикона, ошиқона ва орифона хонд ва инро касе дарк мекунад, ки аз олами суруду мусиқӣ огаҳӣ дорад ва бо шахсияти Ҷӯрабеку ҳунари ӯ хуб ошно аст.
Муъмин Қаноат: «Ҷӯрабек нолаҳои беназир дорад»
Ҷӯрабек унвонҳои зиёде дорад – доктори илм, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳо, узви Иттифоқи нависандагон, Арбоби шоистаи РСС Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. «Албатта ин ҳама унвон аст ва унводорҳо ҳам кам нестанд… Унвони ҳақиқӣ бо ахлоқи ҳамида, бо рафтору кирдору гуфтору пиндори нек дар ҷомеа, байни мардум эътибору эҳтиром пайдо кардан аст» - мегӯяд худи Ҷӯрабек Назриев.
Ҳарфи профессор Қосимшоҳ Искандаров хеле ҷолиб аст, ки гуфтааст «Хушбахтона Ҷӯрабек Назриев бо саъйу кӯшиши хастанопазираш дар байни мардум ба ин мақому мартаба соҳиб шуд, унвони олии донишмандӣ, ҳунармандӣ, одамият, шахсият ва ҷавонмардӣ насибаш гашт, ки муборакаш бод!» (Родмарди андеша ва ҳунар, Душанбе 2007, саҳ. 14).
Ҳақ ба ҷониби шоири мутафаккир Мӯъмин Қаноат аст, ки мегӯяд: «Ҷӯрабек Назрӣ ҳарчанд ходиму хидматгузори беҳини илму фарҳанг аст, дар мутрибӣ ва овозхонӣ мақоми баландро соҳиб шуд. Аз охири солҳои шаст то навад дар овозхонӣ сабкӣ хоси худро касб карда, шӯҳрати беандоза ёфт. Ба тадриҷ ин услуб ба як мактаби зебои мусиқӣ табдил ёфт. Чун хунёгари маънӣ пазируфта шуд… Ҷӯрабек нолаҳои беназир дорад (Родмарди андеша ва хирад, Душанбе 2007 саҳ 15-16).
Аз хираду фазилат ва ҳиммату ҳунари волои Ҷӯрабек Назрӣ қадршиносӣ ва истифода бояд кард, зеро ҳунарманди асил ва «ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор» аст.
Алиризо Раҳмонқулов, Ҳунарманди Шоистаи РСС Тоҷикистон
Чанд сухан дар бораи муаллифи мақола:
Алиризо Раҳмонқулов, ҳунарманди шоистаи РСС Тоҷикистон-актёр, режиссер, ровӣ, рассом зодаи шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон. Хатмкардаи Институти рассомии шаҳри Тошканд ва Мактаби олии партиявии шаҳри Маскав, дар соҳаи фарҳангу журналистика. Аз ҷавонӣ вориди дунёи ҳунару фарҳанг шуд. Солҳо директори Театри академикии ба номи Лоҳутӣ ва Филармонияи давлатии Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон буд. Беш аз 60 сол аст, ки дар ин ҷода содиқона хизмат мекунад ва мақолаҳои зиёде дорад, дар боби ҳунару ҳунармадон.