23:09:23 15-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ОНЕ, КИ ДАР РАҲИ ДИЛҲО БО ҚАЛАМ ҚАДАМ МЕЗАНАД

Рӯзи 29-уми март дар толори асосии Маҷмаъаи рӯзнома ва маҷалланашркунии «Шарқи Озод», воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт, дар чаҳорчӯбаи маҳфили «Хайрандеш» шаби эҷодии шоири шинохтаи тоҷик Ҷамшеди Раҳимзоди 32 сола бо ширкати шоирон, овозхонҳо ва дӯстдорони каломи мавзун баргузор гардид.

/images/stories/2012/03/30_khayrandesh_1_30312.jpg

Мутаассифона, дар ин маҳфил худи шоир бо сабаби шиддат гирифтани бемориаш, ки  наздик ба 15 сол аст ӯро бистарӣ кардааст, натавонист иштирок бикунад. Вале тӯли ҷаласа, ки бештар аз ду соат идома ёфт, ӯ бо аҳли толор пайваста дар тамоси телефонӣ буд. Худ шеър мехонд ва суханрониҳои ширкаткунандагони маҳфилро мешунид. Аҳли маҳфил махсусан суханронии модари Ҷамшедро бо таваҷҷӯҳи зиёд гӯш карданд.

Ӯ қиссаи талхи фоҷиаи Ҷамшедро ба ҳозирин нақл намуд. Ба гуфтаи ӯ писараш аз хурдӣ дар дил орзу мепарваридааст, ки баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар факултети  филологияи тоҷики Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон идома дода шоир шавад. Мактаби мутавасситаи ба номи Абдулқодири Бедили ноҳияи Айниро хатм карда барои идомаи таҳсил ба Душанбе меояд.

/images/stories/2012/03/30_jamshed_kitob_30312.jpgҲини имтиҳонҳои дохилшавӣ ба бемории зуком гирифтор мешавад. Бемориаш торафт хурӯҷ мекунаду билохира ӯро аз пой меафтонад. Ӯ аз ду пои равон маҳрум мегардад. Падарии нокоми Ҷамшед тамоми дороияшро сарф менамояд то писарашро табобат кунад. Вале табибон дар муолиҷаи ин беморӣ оҷиз мемонанд. Падар бо ҳасрати зиёду ғами андӯҳи бепоён ин ҷаҳони фониро нобаҳангом тарк мекунад.

Ҳама гаронии ин фоҷиа ба дӯши нозуки модари Ҷамшед меафтад. Ӯ тамоми корҳои аздасташ меомадагиро мекунад, ки писараш ноумеду маъюс дар зиндагӣ набошад. Он орзуе, ки дар дил писараш мепарварид, яъне шоир шуданро  амалӣ созад. Ва Ҷамшедро ба орзуяш мерасонад.

Ҷамшед китоби нахустинашро бо номи «Ҷоми ашки Ҷамшед» (соли 2000) ба падараш бахшидааст. Китоби дуввуми ашъораш «Ҷоми сухан»-ро ӯ ба модари азияткашидаи хеш эҳдо намудааст. Ҷамшед дар зиндагиаш ду шахсияти бузурги миллатро  бештар аз дигарон ҳурмату эҳтиром мекунад.

Яке хунёгари бузурги машриқзамин Аҳмад Зоҳир асту дигаре шоири маъруфи тоҷик устод Лоиқ Шералӣ. Ба хотири ин ҳарду бузургмард ду маҷмӯаи ашъори худ «Аҳмадзоҳирнома» (2006) ва «Лоиқнома»-ро  (2011) иншо кардааст. Ӯ азҷумла дар бораи ин ду тан дар ашъораш чунин мегӯяд:

Баҳри ман дар ин ҷаҳон аз ҳар чӣ қиммат,
Шеъри Лоиқ бошаду овози Аҳмад.
Ин қадар бар зодаат, эй зиндагонӣ,
Медиҳи имконият, э бар ту раҳмат.

Ду ишқи лоязол дар ин аҳди мо гузашт,
Тан медиҳад ба ин ду тан оне, ки ошиқ аст.
Аз он якест Аҳмади Зоҳир ба ҳофизӣ,
В-он дигаре ба шоири устод Лоиқ аст.

Ҷамшед бо кӯшишу талошҳои модари хеш ва дигар дӯстону ақрабояш на танҳо ба орзуи деринаи худ, яъне шоир шудан, расид, балки ҳатто соли 2010 факултаи филологияи ДМТ-ро бо баҳои аъло хатм кард.

Дар ин маҳфили адабӣ  шоирон Хайрандеш, Шарифи Мисайзод (Шайдо), журналистон Гули Зард, Султони Ҳамад ва дигарон дар бораи Ҷамшеди Раҳимзод ва ашъори ӯ фикр андешаҳои худро иброз карданд. Овозхони маъруфи кишвар, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонфар ва овозхонҳои ҷавон таронаҳои бар ашъори Ҷамшеди Раҳимзод сурудаашонро ба аҳли толор пешниҳод карданд.
«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi