20:12:54 28-уми Июни 2025 сол

ШАБАКАИ ИҶТИМОИИ "INSTAGRAM" ДАР РУСИЯ РАСМАН БАСТА ШУД

Шабакаи иҷтимоии "Instagram", ки ба ширкати амрикоии "Meta Platforms" тааллуқ дорад, аз нисфи шаби 14 март дар Федератсияи Русия масдуд шудааст.

1 Instagram 2022Қаблан аз шаҳрҳои мухталифи Русия, аз ҷумла аз Маскав низ дар бораи мушкили дастрасӣ ба ин хадамот гузориш шуда буд.

Шабакаи иҷтимоии "Фейсбук", ки ба "Meta" тааллуқ дорад, рӯзи 4 март дар Русия масдуд шуд.

Ширкати Meta ба корбарони шабакаҳои иҷтимоии худ иҷоза додааст, ки дар саҳифаҳои худ даъватҳо барои хушунат алайҳи низомиёни Русияро нашр кунанд. Додситонии кулли Русия аз додгоҳ хостааст, ки "Meta"-ро ифротгаро эътироф кунад ва Кумитаи тафтишоти Русия алайҳи боздошти Марк Зукерберг бар асоси моддаҳои таблиғи терроризм ва даъватҳои оммавӣ ба ифротгароӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Бастани мессенҷери "WhatsApp", ки ба "Meta" тааллуқ дорад, ба нақша гирифта нашудааст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ