17:30:26 28-уми Июни 2025 сол

ЭРДУҒОН САЪЙ ДОРАД МУЛОҚОТИ ПУТИН ВА ЗЕЛЕНСКИЙРО ТАШКИЛ КУНАД

Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар нишасти матбуотӣ дар Брюссел дар пайи нишасти НАТО гуфт, ки Анқара саъй дорад мулоқоти президентҳои Русия ва Украина Владимир Путин ва Владимир Зеленскийро ташкил кунад.

2 туркия-русия 2112Вай зикр кард, ки "кишварҳое буданд, ки барои кори анҷомдодашуда ба Туркия изҳори сипос кардаанд" ва итминон дод, ки дар сурати зарурати миёнаравӣ дар мулоқотҳои раҳбарон, ҷониби Туркия ба ин омода аст.

"Зеленский шахсан мехоҳад, ки Туркия нақши миёнаравро бар дӯш гирад. Путин низ бархӯрди мусбат дорад", - гуфт Эрдуғон.

Раисиҷумҳури Туркия ҳамчунин гуфтааст, ки Анкара ба ироаи кумакҳои башардӯстона ба Украина идома медиҳад.

Рӯзи 10 март дар Анталия бо ширкати як ҳамтои турк мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Украина баргузор шуд.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ