07:13:39 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Тақозои нави падари гиторнавоз аз додгоҳ

Падари гиторнавози гурӯҳи мусиқии "Парем" Ҳакимҷон Ҳазратқулов бо пешниҳоди аризаи даъвоӣ ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хостори пардохти зарари маънавӣ ба маблағи 228 ҳазор сомонӣ аз ширкати "Бабилион" шудааст.

hakimhazratkulov 45451Муродқул Ҳазратқулов дар сӯҳбат бо "Рӯзгор" ин хабарро тайид кард ва гуфт, писараш корманди шуъбаи муштариёни ин ширкати мобилӣ буд, вале дар замони бистарӣ будани ӯ "Бабилион" ҳама дархостҳо барои кӯмакро нодида гирифтааст ва ба чандин муроҷиаташ посухи рад додааст.

Муродқул Ҳазратқулов, ки худ аз собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, бар ин назар аст, ки агар ин ширкат кӯмаки инсондустӣ мекард, шояд фарзандаш намефавтид. Дар аввалин мурофиа додгоҳ ҷонибҳоро ба муҳтавои аризаи шикоятӣ ошно кардааст ва акнун қарор аст то 20 январ дуввумин ҷаласаи он баргузор гардад.

Мусибати хонаводагӣ ба оилаи Ҳазратқуловҳо 17-уми марти соли 2013 расид. Ҳакимҷон Ҳазратқулов дар як бозии рафиқонаи футбол аз косахонаи сар захмӣ гардид ва дар бемористони ҷумҳуриявии "Қараболо" бистарӣ шуд. Аммо табобати чилусерӯза ӯро кӯмак накард ва билохира бо ҳамон захму ҳамон дард аз олам даргузашт. Муродқул Ҳазратқулов мегӯяд бо вуҷуди он ки табобат дар ин бемористон ройгон буд, вале табибон пайваста аз ӯ пул меситониданд ва муддати ин 43 рӯз 10 ҳазору 470 сомонӣ ришва гирифтаанд.

Баъди марги фоҷеавии гиторнавоз падараш ба додгоҳ шикоят бурд ва дар мурофиаи ниҳоие, ки 6-уми декабри соли 2013 доир шуд, додгоҳ Илҳом Носиров ва Шуҳрат Бобоев-духтурони муолиҷи Ҳакимҷон Ҳазратқуловро аз 16 то 20 ҳазор сомонӣҷарима кард. Ин ду тан тибқи қарори додгоҳ муддати ду сол наметавонанд ба кори табобати беморон машғул шаванд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi