10:12:15 20-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Масҷиди Набавӣ аз ибтидо то имрӯз - II

Абдушариф Боқизода, барои «Рӯзгор»

Оташсӯзӣ ва бозсозӣ

Соли 654 ҳ. баробар ба соли 1256 м. дар масҷиди набавӣ оташсӯзие ба амал омад ва аксари бинои он аз байн рафт. Як сол пас соли 655 ҳ. (1257 м.) халифа Мустаъсим Биллоҳ ба бозсозӣ ва бинои он пардохт, вале ба сабаби истилои муғулҳои муҳоҷим бар Бағдод нотамом монд. Пас аз он султони Миср Рукнуддини Бейбарс барномаи такмили бинои маҷсидро рӯи даст гирифт ва пас аз чанде онро бар ҳамон асли пешин бино кард. Ин аввалин оташсӯзӣ дар масҷиди набавӣ буд.

masjidi-nabavi 458745Пас аз инқирози хилофати аббосиён дар соли 656 ҳ. (1258 м.) ба дасти муҳоҷимони муғул сарпарастӣ ва идораи Мадина ба дасти подшоҳон – мамлукҳои Миср гузашт, ки дар эъмори масҷиди Паёмбар (с) корҳои баёдмондание анҷом доданд. Соли 886 ҳ. (1481 м.) масҷиди набавӣ бар асари фурӯ рехтани соиқа (оташак)-е аз осмон боз дучори оташсӯзӣ гардид ва малик Ашрафи Қойтбой ба бозсозӣ ва бинои он пардохт ва соли 888 ҳ. (1483 м.) бинои онро ба итмом расонд.

Гуфтанист, ки дар ин тавсиа девори шарқии масҷид аз паҳлӯи ҳуҷраи Паёмбар (с) ба андозаи ду зироъ ва рубъе васеъ карда шуд, ки дар умум 120 м2-ро ташкил медиҳад.

Пас аз поёни ҳукми мамлукҳо дар Миср соли 923 ҳ. (1517 м.) хулафои усмонӣ сарпарастӣ ва идораи масҷиди набавиро ба даст гирифтанд ва ба иҷрои ислоҳоте дар он пардохтанд, вале бинои малик Қойтбой ба муддати 377 соли дигар ҳамчунон побарҷо буд, то он ки дар деворҳои масҷид тарқишҳое ба вуҷуд омад. Пас аз омӯзиш ва таҳқиқи мавзӯъ султон Абдулмаҷид соли 1265 ҳ. (1848 м.) ба бозсозӣ, тавсиа ва бинои масҷиди набавӣ амр кард ва пас аз 13 сол онро дар соли 1277 ҳ. (1861 м.) ба итмом расонданд.

Султон Абдулмаҷид барои ин кори азим ҳайати бештар аз сесаду паноҷҳнафараи коншиносон, оҳангарон, сангтарошон, гачкорон, наҷҷорон ва хаттотон ва ғайраро бо тамоми васоил ва таҷҳизоти зарурӣ аз Остона (Истанбул) ба Мадина равона кард ва илова бар маъмури хосси худ дар ин кор онро ба василаи  қосидони худ аз пойтахти хилофат пайваста пайгирӣ, назорат ва роҳнамоӣ мекард. Онҳо дар теппаҳои беруни Мадина дар рӯ ба рӯи Абёри Алӣ дар Водии Ақиқ кӯҳ ва маъдане аз сангҳои сурхи ақиқӣ кашф ва аксари маводди сохтмониро аз он омода карданд. Дар беруни шаҳр корхонаҳои гачгудозӣ ва ғайра ба кор андохтанд ва масҷидро бо меъмории нодире бино карданд.

Султон Абдулмаҷид дар тарафи шимоли масҷид ҳуҷраҳое барои таълими  Қуръон бино кард ва масҷидро дар ҷои миъзанаи асосӣ 5 зироъ ва рубъе тавсиа дод, ки дар умум 1300 м2-ро ташкил медиҳад.

Оли Саъуд ва Маҷиди набавӣ

 Бинои масҷид то нимаи дуюми асри бист бар ҳамон меъмории маҷидӣ боқӣ монд, то он ки мамлакати Саъудӣ дар замони малик Абдулазиз Оли Саъуд моҳи рабеъулаввали соли 1372 ҳ. (1952 м.) ба тавсиаи ҷадиде дар он оғоз кард ва писараш малик Суъуд онро дар моҳи рабеъулаввали соли 1375 ҳ. (10/1955 м.) ба итмом расонд.

Тарҳи дувумин тавсиаи масҷиди набавӣ дар даврони ҳукми хонадони Оли Саъуд дар замони малик Фаҳд ибни Абдузазиз соли 1405 ҳ. (1984 м.) ба мавриди иҷро бароварда шуд ва пас аз даҳ сол дар соли 1414 ҳ. (1994 м.) ба итмом расид. Ин охирин ва бузургтарин тавсиае буда, ки дар таърихи масҷиди набавӣ ба амал бароварда шуд. Шукӯҳи он имрӯз ҳар бинандаеро маҷзуб месозад. Масҷиди набавӣ ин навбат бо тамоми таҷҳизоти муосири барқӣ, васоили сардкунанда, имконоти оби ошомиданӣ ва ғуслу вузӯ, микрофонҳо, маркази тавлиди нерӯи барқ, дастгоҳҳои пахши мустақими радиоӣ ва телевизионӣ ва ғайра муҷаҳҳаз сохта шуд.

Ҳарчанд дар бораи ҳаҷми рақамҳои тавсиаи масҷид тайи мароҳили гуногуни он ва ҳамин тавр чанд сантиметр эътибор шудани зироъ дар байни муаррихон ва коршиносони соҳа ихтилофи назар вуҷуд дорад, вале бар асоси рақамҳои фавқ масоҳати умумии масҷиди набавӣ пас аз тавсиаи маҷидӣ (султон Абдулмаҷид), ки имрӯз ҳам қисмате аз он дар ҷиҳати қиблаи масҷид ҳифз шудааст, ҳудуди 15 000 м2 ва ба гуфтаи мураттибони китоби Тавсиату-л-ҳарамайни-ш-шарифайн бештар аз даҳ ҳазор (10 303) м2-ро ташкил медодааст.

Дар тавсиаи аввали Саъудӣ 4056 м2 аз бинои маҷидӣ боқӣ гузошта ва 6247 м2-и он аз байн бурда шуд. Сипас ба қисмати зоилшуда бештар аз 6 000 м2-и дигар афзуда шуд ва маҷмӯи тавсиаи аввали Саъудӣ 12 270 м2-ро ташкил дод ва ба ин тартиб масоҳати умумии масҷид бо изофаи 4056 м2 боқимонда аз бинои маҷидӣ ба 16 326 м2 расид, ки барои 28 000 намозгузор гунҷоиш доштааст.

Аммо дар тавсиаи дуюми ходими Ҳарамайн малик Фаҳд масоҳати 82 000 м2 ба он афзуда шуд ва масоҳати он дар маҷмӯъ 98 326 метри мураббаъро ташкил дод, ки барои ҳудуди 180 000 намозгузор гунҷоиш дорад.

Масоҳати сатҳи масҷид 67 000 метри мураббаъ буда, 8750 метри мураббаи он финоҳои қуббапӯш ва мавзеи гунбазҳо ва 58 250 метри мураббаи он барои намоз омода аст, ки гунҷоиши 90 000 намозгузорро дорад. Пас дохили масҷид ва сатҳи он дар маҷмӯъ гунҷоиши ҳудуди 270 000 намозгузорро дорад. Саҳнҳои атрофи масҷид масоҳати 235 000 метри мураббаъро ташкил медиҳанд, ки 135 000 метри мураббаи он барои намоз пешбинӣ шуда ва гунҷоиши 430 000 намозгузорро дорад. Ба ин тартиб масҷиди набавӣ пас аз тавсиаи дуюми он дар замони малик Фаҳд бо сатҳ ва саҳнҳои атрофаш дар умум гунҷоиши ҳудуди 700 000 намозгузорро дорад.

Қисматҳои афзудашуда бар масҷиди набавӣ тайи мароҳили гуногуни тавсиаи он дар фазилат, афзоиши аҷр ва дигар аҳком дар назди ҷумҳури уламо ҳукми ҳамон қисматеро доранд, ки масҷид дар замони ҳаёти Расули Худо (с) шомили он буд ва аҷру савоб ва арзиши ибодатии намоз дар ҳама ҷои он, ба ҷуз равзаи муборака, яксон аст. Ривоят шуда, ки саҳобагони киром ва салафи солеҳ пас аз тавсиаи масҷид дар замони халифаи дуюм Умар (р) ва сеюм Усмон (р) ва Валид дар қисматҳои афзудашудаи он намоз мехонданд.

Саҳнҳои атрофи масҷид низ бахшҳои мукаммили он ба шумор мераванд, ҳарчанд ҳанӯз ба бинои масҷид шомил нашудаанд, пас намоз дар онҳо низ ҳамон аҷру савоб ва ҳукми намоз дар дохили масҷидро дорад.

Доктор Ризвон Фазлурраҳмон масоҳати масҷид дар замони Расули Худо (с) ва ҳаҷми тавсиаҳои гуногунро дар он то тавсиаи аввали суъудӣ дар ҷадвале овардааст, ки баъзе рақамҳояш аз гуфтаҳои боло фарқ доранд ва зикри он аз фоида холӣ нест.

Дар замони Расули Худо (с) соли 7 ҳ./628 м. 2475 м2

Дар замони Умар (р) соли 17 ҳ./638 м. 1100 м2

Дар замони Усмон (р) 29-30 ҳ./649-650 м. 496 м2

Дар замони Валиди Умавӣ 88-91 ҳ./707-710 м. 2369 м2

Дар замони Маҳдии Аббосӣ 161-165 ҳ./779-782 м. 2450 м2

Дар замони Ашрафи Қойтбой 886-888ҳ./1481-1483м. 120 м2

Дар замони султон Абдулмаҷид 1265-1277 ҳ./1848-1861 м. 1293 м2

Дар замони малик Абдулазиз ва писараш малик Суъуд 1370-1375 ҳ./1951-1955 м. 6024 м2

Дар маҷмӯъ 16327 м2

Аз чароғ то барқ

Масҷиди набавӣ дар имтидоди асрҳо бо васоили рӯшноидиҳандаи муносиб бо ҳар давр, аз қабили чароғ, қандил, шамъ ва ахиран неруи барқ таъмин шудааст. Гӯянд аввалин касе, ки дар масҷиди набавӣ дар замони Расули Худо (с) чароғ овехта, Тамими Дорӣ (р) буда ва ба қавле Умар ибни Хаттоб (р) будааст. Ба гуфтаи Самҳудӣ дар замони Ибни Забола (ибтидои асри 3 ҳ.) дар масҷиди набавӣ 256 қандили доимӣ ва 100 қандили дигар барои вақтҳои зарурӣ вуҷуд дошта ва дар саҳни он 4 машъал буд, ки дар болояшон чароғдонҳои бузург насб шуда ва 6 фонус ҳам мавҷуд буд, ки кормандони хадамоти масҷид пас аз намози хуфтан барои берун кардани мардум ва бастани дарҳои он онҳоро ба даст мегирифтанд.

Ин амал ҳамеша фузунӣ меёфт ва масҷид давра ба давра бо васоил ва хадамоти рӯшноидиҳии бештар ва беҳтаре муҷаҳҳаз мешуд, то он ки дар арафаи ҷашни ёдбуди ба хилофат расидани султон Абдулҳамид дар 25 шаъбони соли 1326 ҳ./1907 м. барои аввалин бор неругоҳи хурди барқие дар шимоли масҷид коргузорӣ ва дохил ва саҳнҳои атрофаш бо неруи барқ таъмин карда шуд. Ифтитоҳи он бо расидани аввалин қатора (поезд) ба Мадина аз маркази хилофат шаҳри Остона (Истамбул) дар 22 шаъбони ҳамон сол рост омад.

(давом дорад) 

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №30, 25 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi