10:00:43 06-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Сада-мероси ғайримоддии башарият

Он садоқат ба Ватан, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровониро таблиғ менамояд.

6 декабр зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид. Дар робита ба ин навиди фарҳангӣ ба унвони АМИТ «Ховар» мақолаи сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов расид, ки дар он оид ба нишони иттиҳоду сарҷамъӣ будани ин ҷашни аҷдодӣ сухан меравад.

zubaydullo davlatov 458787454— Ҷашни Сада баъди гузашти асрҳои зиёд дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гашт ва дар ҷомеаи мо умри дубора ёфт. Ва инак ба Феҳристи мероси ғайрмоддии башарият ворид гардидани он мояи ифтихору сарбаландии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Бешак, Сада таҷассуми ғояҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд.

Сада мисли Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои миллии ориёитаборон ба шумор рафта, онро ҳар сол мардуми тоҷик дар баҳманмоҳи 11-уми солшумории шамсӣ, ки ба 21 январ-20 феврал рост меояд, ҷашн мегирад. Ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармои он ба охир расида истодааст. Сада панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар гирифта, аз наздик омадани фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ мужда мерасонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон изҳор намуданд, ки «эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ меоварад».

Дар ҳақиқат, Сада ин пирӯзии равшанӣ бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва некӣ бар бадӣ мебошад.

Шинохти таърихи бостонӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи халқамон, эҳёи беҳтарин расму ойинҳои гузашта дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии моро мукаммалу устувор менамояд.

Дар асоси маълумоти «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, ин ҷашнро шоҳ Ҳушанг ба муносибати кашф шудани тарзи оташафрӯзӣ таъсис додааст. Номи ҷашни Сада аз рақами 100 (сад) гирифта шудааст. Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби «Ат-тафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ин ҷашнро аз миқдори рӯзҳои боқимонда то иди Наврӯз – яъне 50 шабу 50 рӯз медонад. Дар «Осор-ул-боқия» чунин сатрҳоро мехонем: «Пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт (яъне ҳангоми ҷашни Сада) мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро аз панҷ рӯзе, ки аз обонмоҳ (яъне 27 октябр) мешумориданд ва охири зимистон (-и бузург)-ро, ки 10 рӯз ба баҳманмоҳ мегузашт (яъне 30 январ) ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд».

Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», Имомуддин Закариёи Қазвинӣ дар «Аҷоиб-ул-махлуқот», Умари Хайём дар «Наврӯзнома» доир ба ҷашни Сада маълумоти арзишманд додаанд. Ба ин хотир, давоми асрҳои зиёд ниёгони мо гулхани оташро рамзи гиромидошти ин ҷашн мешумориданд.

Пайдоиши ҷашни Сада ба рушди пешаи кишоварзӣ алоқаманд буда, ба иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат алоқаманд аст ва ба яке аз воситаҳои таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ табдил ёфтааст.

Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада низ моро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва киштукори баҳорӣ омодагии ҳаматарафаро вусъат бахшем.

Таъкид месозам, ки ин кор, хусусан дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳони муосир ниҳоят зарур ва муҳим мебошад. Дар ҷашни Сада ба намоиш гузоштани шириниҳо ва хушкмеваҳои маҳаллии аз ҷиҳати экологӣ тоза сабаби ҷалби меҳмонону сайёҳон ва дар баробари ин, воситаи таблиғи заҳмати деҳқонону боғдорон ва ҳунармандон мегардад.

Ободу сарсабз гардонидани табиати мамлакат, гулгашту кӯчаҳо, тозаву озода намудани хонаву кошона ва маҳалли зист аз ҷумлаи суннатҳои ҷашни Сада ба ҳисоб мераванд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ойинҳои неки ҷашни Садаро ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ идома дода, дар густариши оинҳои миллӣ саҳм гузоранд. Солҳои охир идҳои миллии Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашнҳои расмӣ табдил ёфтаанд.

Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» дар бораи моҳият ва маънои номи ҷашни Сада чунин маълумот медиҳад: «Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки байни рӯзи даҳум аст ва байни рӯзи ёздаҳум, оташҳо зананд ба гавз ва бодом ва гирд ба гирди он шароб хӯранд ва лаҳву шодӣ кунанд. Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб».

Садаро аҷдодони мо шабона ҷашн мегирифтанд. Оташафрӯзӣ дар торикии шаб муҳимтарин нишони Сада буда, мазмуни пирӯзии равшанӣ бар зулмотро дорад. Ҷашни Сада аз омад – омади баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, огоҳӣ аз анҷоми фасли сармо ва наздик омадани Наврӯз — соли нави аҷдодӣ башорат медиҳад.

Давоми садсолаҳо собит шудааст, ки ҷашни Сада арзишҳоеро, чун садоқат ба Ватан, осоишу ваҳдати инсонҳо, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровонӣ таблиғ менамояд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi