КРОКУС СИТИ - ИМРӮЗ ҒАМИ ҲАР ЯКИ МОСТ
ЯК сол пеш дар ин толори бузурги Россия дар чорабинии байналмилалие ширкат доштем...
Дар ҳамин толори консертии акнун ба хун оғӯшта ва сӯхта.
Имрӯз харобиҳои он ҷигархунам кард. Аз дирӯз садои фарёди зану кӯдакони бегуноҳи он дар гӯшам ово медиҳанд...
Ман бо либоси миллӣ порсол ифтихор доштам, ки Тоҷикистонро муаррифӣ мекунам.
Садҳо намояндагони миллатҳои дигар бо дидани либоси банда аз куҷойӣ буданам суол мекарданд ва бо ман акс мегирифтанд. Номи Тоҷикистонро такрор мекарданд.
Инак наворҳои ба зону зада ларзидани тоҷикзабоне бо гумони даст доштан дар амали терористӣ ва боиси марги садҳо нафар шудани онҳо,(агар ин далел тасдиқ гардад) сархаму дилшикастаам кардаву беморам намуда.
Наметавонам бовар кунам. Наворҳои айни тирпарронӣ сабтшударо гаштаву баргашта тамошо мекунам.
Бовар наметавонам кард, ки ин нафари чун барги бед ларзон одам кушта тавонад...
Дар сабт он автоматбадастон хеле паҳлавонҷуссаву тамриндида метобанд. Аммо ин ду ҷавони харобаи бечораҳол, ки латукӯбшудаву тарсхӯрдаанд, тутивор такрор мекунанд. Инҳо ба террорист монанд нестанд. Инҳо ба дом афтодаанд, вале агар заррае ба ин кор шариканд, пас сазовори ҳар зулму тааддӣ ҳастанд...
Рӯзи дароз Худо гуфтам, ки ин овозаҳо дурӯғ бошанд...
Ҳоли ҳамватанони бегуноҳам акнун дар ғарибӣ аз ҳоли маъюбони ин амали терористӣ беҳтар нахоҳад шуд.
"Эй ҳамватанон миллатам афгор шудаст .
Айби дигарон ба гарданаш бор шудаст" ???
Мехоҳам исбот шавад, ки тоҷик нестанд он террорист он. Ҳарчи зудтар аз ин доғи нангин халос шавем...
Мешуда бошем???
Ҳуриниссо Ализода