Ёди рӯзгори ширин
"АҲМАД ЗОҲИР: САДОИ ИШҚ ВА ДИЛТАНГӢ" - ВИДЕО
Рӯзи 12 июни соли 2021 дар толори Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе рӯйнамоии китоби арзишманди нависанда, журналисти маъруфи тоҷик Султон Ҳамад таҳти унвони "Аҳмад Зоҳир: садои ишқ" ба муносибаи 75 солагии хунёгари бузурги Шарқ Аҳмад Зоҳир бо ташаббуси гурӯҳи "Равшандилон, "Рӯзгор-Синамо" ва Маркази Исмоилия ва маҳфили шеъру тарона баргузор гардид, ки ба ҳамагон писанд омад.
Дар ин кори хайр махсусан, фарзандони шодравон Султон Ҳамад бо сарвари Субҳиддини Султон саҳми шоиста гузоштанд. Аз ҳама бештар суханронии шоир ва донишманди сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо ба ҳозирин хуш омад. Ӯ дар бораи мақоми Аҳмад Зоҳир дар доираи фарҳанги мусиқиии Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, Ҳиндустон андешаҳои арзишманд изҳор намуда, дар фарҷом, шеъри худро бахшида ба устоди фақид Султон Ҳамад чун ҳусни мақтаъ қироат кард, ки хеле ҷолиб ва хотирмон буд.