16:12:28 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

35-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб пули мошингузари маркази ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб иттилоъ доданд.

Pul-dar-VarzobПули мошингузар дар замони то соҳибистиқлолии мамлакат сохта шуда, бинобар зиёд гузаштани мошинҳои гаронвазн пурра корношоям гардид. Хушбахтона, бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ин пул дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланду иқтидори 60 тонна сохта ва дар доираи иншооти ба шарафи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёдшаванда ба истифода дода мешавад.

Дар ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 158 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмуъ солҳои 2022-2023 иҷрои корҳои сохтмонии иншооти тасдиқгардида 71 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Варзоб Фируз Баротзода, бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар се мавзеи Ҷамоати деҳоти Лучоб бо масоҳати 3000 метр ва дар се мавзеи Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ бо масоҳати 3600 метр хати оби нӯшокӣ сохта шуд, ки ҳазорон нафар сокинони ин мавзеъҳо бо оби тозаи нӯшокии таъмин гардиданд. Ҳамчунин ҳамвор ва мумфаршкунии роҳҳои маҳаллии деҳаҳои Дашти мирон, Яккачашма ва Чанории Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ ба масоҳати 4 километр, роҳи маҳали деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Чорбоғ ба масоҳати 1,6 километр ба анҷом расонида шуд. Дар ноҳия ҳамчунин як пули чорвогузар ба чарогоҳи тобистона бо дарозии 60 метр ба истифода дода шуд.

Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар биноҳои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, Кумитаи идораи замини ноҳия ва Корхонаи фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайри манқул”, Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Пуғус ва ҳаммоми замонавӣ дар мавзеи Зоғар муташаккилона идома доранд, ки иҷрои корҳо дар ин иншоот аз 90 фоиз зиёд мебошад.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi