17:10:25 16-уми Июни 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Шӯришиён дар Ниҷер аз мулоқот бо раисиҷумҳури барканоршуда бо Нуланд монеъ шуданд

Муовини котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои сиёсӣ Виктория Нуланд рӯзи 7 август ба Ниҷер сафар карда, бо раҳбарони низомиёне, ки дар ин ҷумҳурӣ қудратро ба дасти худ гирифтаанд, сӯҳбати тӯлонӣ анҷом дод.

vicroria nuland 5545487Ба гузориши хабаргузории РИА Новости, ки ба нашрияҳои расонаҳои амрикоӣ такя мекунад, Виктория Нуланд рӯзи душанбе вориди Ниҷер шуд ва бо фармондеҳи шӯришиён - раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ниҷер таъиншуда Мусо Салау Барму ва ҳамроҳонаш мулоқот кард.

Ҷузъиёти музокироти Нуланд бо шӯришиён оварда нашудааст, аммо манобеъи Амрико мегӯянд, ки сӯҳбат, ки беш аз дувуним соат идома кард, ошкоро ва печида буд ва ба ҷустуҷӯи роҳи ҳалли дипломатии бӯҳрон дар Ниҷер дахл дошт.

Илова бар ин, муовини вазири хориҷаи Амрико хостори дидор бо раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Базум шуд, аммо ҷониби Ниҷерия ба Виктория Нуланд чунин имкон надод.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi