06:31:07 07-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

АСҲОБИ КАҲФ

Достони Асҳоби каҳф дар адабиёти бадеии миллатҳои мусулмон, бахусус адабиёти давраи исломии форсу тоҷик бозтоби густардае ёфтааст. Дар адабиёти тасаввуфии мусулмонон ба Асҳоби каҳф ба ҳайси мазҳари камол, таҷаллии сифоти ҷавонмардони соҳибдил, аҳли футувват ва бандагони солеҳ менигаранд ва онҳоро ба унвони намунаи инсони раҳёфта мепазиранд. Онҳо аслан аз ашрофзодагон, вазирон ва коргузорони рад­даҳои болоии кишвар буданд, ки дар роҳи нашри арзишҳои имонӣ ва ислоҳи вазъи иҷтимоии кишвар аз баҳри мақому мансаб ва ҳама чиз гузаштанд.

mazor 7845126556

Авлиё асҳоби каҳфанд, эй ануд,

Дар қиёму дар тақаллуб ҳам рукуд.

Эй басо асҳоби каҳф андар ҷаҳон,

Паҳлуи ту, пеши ту ҳаст ин замон.

Асҳоби каҳф (ар: أصحاب كهف – ба маънои аҳли ғор ва ё ғорнишинон) достони қуръонӣ, Қуръони карим барои тасбити ақидаи мӯъминон ва исботи растохези ҷисмонии мурдагон дар рӯзи қиёмат достони ҷавонони мӯъминеро дар сураи Каҳф (18/9-26) зикр менамояд, ки дар гузаштаҳои дур барои ҳифзи имони худ аз зулми подшоҳи вақт ба ғоре паноҳ мебаранд ва солиёни дарозе дар он ҷо ба хоби амиқ фурӯ мераванд. Қуръон дар ҳаждаҳ оят ба баёни ҷузъиёти ин ҳодисаи таърихӣ пардохта, тафосил ва раванди рӯйдоди он­ро ба сурати навори зиндае аз пеши чашм мегузаронад.

Назари аксари муфассирон бар он аст, ки Асҳоби каҳф мӯъминоне бар дини яҳуд буда, зиндагонӣ, даъват ва ғорнишин гаштани онҳо ба замони пеш аз ҳазрати Исо (ъ) рост меомад ва дубора барангехта ва бедор шудани онҳо бошад, пас аз Исо (ъ) ба вуқӯъ пайвастааст, зеро достони онҳо дар осор ва ривоятҳои динии мардуми яҳуд низ мавҷуд аст. Ба назари баъзе муфассирон таърихи зиндагонии онҳо ба замони рисолати Мусо (ъ) – паёмбари банӣ Исроил мувофиқ меояд. Вале аз баъзе шавоҳиди таърихӣ бармеояд, ки онҳо аз ҷумлаи пайравони дини насронӣ буда, пас аз рисолати Исои Масеҳ (ъ) дар садаҳои аввали солшумории милодӣ гузаштаанд. Ғолибан ба назар мерасад, ки таърихи зиндагонӣ ва ғорнишин гаштани онҳо ба дав­рони фармонравоии яке аз коргузорони пурнуфуз ва ҳокимони сахтгири Рум Трожен (Trajan) дар сар­за­ми­ни Шом дар солҳои 98-117 пас аз милод рост меояд ва он ба таври дақиқ пас аз илҳоқи комили сар­за­мин­ҳои ҷануби Шом дар соли 106 м. ба империяи Рум рӯй додааст. Диёнати масеҳӣ дар ин давра то андо­зае дар миёни дав­лат­дорон ва коргузорони рад­даҳои болоии императорӣ нуфуз карда буд. Трожен соли 112 м. дар бораи қатли масеҳиёне, ки ба император ва кишвари Рум садоқат надошта бошанд, фармон дод ва шояд ҳамин вазъ сабаби пинҳоншавӣ ва ба ғор паноҳ бурдани Асҳоби каҳф гардида бошад. Ва замони аз хоб бархостани онҳо дар давраи ҳокимияти им­ператори Руми Шарқӣ Теодосиюс (Тедосис=Theodosius)-и ду­юм дар солҳои 407-450 м. сурат гирифтааст, замоне, ки масеҳият ба унвони диёнати расмии кишвар амал мекард. Ҳарчанд аксари ривоятҳои масеҳӣ ва осори дигари ривоӣ зуҳури аввали Асҳоби каҳфро ба замони фармонравоии император Дақёнус (Дакйус – Деций) дар солҳои 249-251 пас аз милод мусодиф дониста­анд, вале адами интибоқи замонбандии ҳаводис ва шавоҳиди мӯътамади таърихӣ онро рад менамоянд.

Дар бораи шаҳр ва сарзамини Асҳоби каҳф низ дар байни аҳли таҳқиқ ихтилофи назар вуҷуд дорад, баъзеҳо онро дар Осиёи хурд дар шаҳри Эфесус дар шимоли-ғарбии шаҳри Тарасус, ки дар он замон пойтахти шарқии империяи Рум буд, донистаанд ва баъзе дигар онро дар наздикиҳои пойтахти мамлакати имрӯзаи Урдун шаҳри Аммон гуфтаанд, ки дар он замон, ҳамон гуна ки дар сарчашмаҳои юнонӣ сабт шуда, ба шакли музофоте бо номи Филаделфия (Philadelphia) тобеи империяи Рум буд. Онҳо ба таври дақиқ водӣ ва рустоеро бо номи Раҷиб (Рақим) дар назар доранд, ки дар шимоли-ғарбии шаҳри Аммон воқеъ шудааст. Ба андешаи аксари муфассирон калимаи «Рақим», ки дар оят зикр шудааст, ба сарзамин ва ё водие ишора дорад, ки ҳодисаи Асҳоби каҳф дар он ҷо гузашта ва каҳфи мазкур низ дар он воқеъ шудааст. Аксари муҳаққиқони ғарбӣ, аз ҷумла мураттибони луғатномаи «Ислам Энциклопедический словарь» низ назари дуюмро тарҷеҳ дода, Асҳоби каҳфро ғайр аз «ҳафт хуфтаи эфесӣ»-и маъруф дар Ғарб медонанд. Ахиран – соли 1963 ҳайати бос­тон­шиносони урду­нӣ бо раёсати Рафиқ Вафо Даҷонӣ дар наздикиҳои шаҳри Аммон дар саҳ­рои Балқо каҳфе бо ҳамон тав­сифоти қур­ъонӣ кашф намуда, ки бо лаҳҷаи мардумӣ ба он Раҷиб гуфта ме­ша­вад ва ба гуфти онҳо он ҳамон «Ра­қим»-е аст, ки зик­ри он дар Қуръон омада. Бостоншиносони урдунӣ дар даруни каҳф ҳашт қабр пайдо кар­да, ки дар ҳафт қабри он устухонҳои ҷасади дафншудагон вуҷуд до­ранд ва яке аз онҳо холӣ аст. Ҳам­чунин онҳо косахонаи сар ва ҷоғи болои сагеро дар остонаи дари ғор пай­до кардаанд. Дар ин каҳф сик­каҳои византие низ ёфт шуда, ки санаи таърихии онҳо ба аҳди ҳузури румиён дар сарзаминҳои Шом бармегардад.

mazor 784512Дар он давраҳои таърих аз як сӯ, ширку бутпарастӣ дар дарбори императорони Рум ва коргузорони маҳаллии тобеи онҳо ба сурати беравияе ривоҷ ёфта ва аз сӯи дигар, зулму ситами миллатҳои тобеи мустаъмарот ба авҷи худ расида буд. Ин вазъи вахими эътиқодӣ ва нобаробариҳои иҷтимоӣ гурӯҳи ҷавонони яктопарастро ба дод оварда буд. Ба назар мерасад, ки онҳо то ҳади имкон ба даъвати мардум пардохта ва ба ислоҳи вазъи динӣҷтимоии кишвар кӯшидаанд, вале ба сабаби пастии маърифати фар­ҳангии мардум ва ҳамин тавр бар асари сиёсати сахте, ки коргузорони румӣ дар баробари ҳар гуна анде­шаи нав ба иҷро гузошта буданд, аз ислоҳи умумии он оҷиз монданд. «Мо гузориши онҳоро бо ҳақ бар ту қисса мекунем: Онҳо ҷавононе буданд, ки ба Парвардигора­шон имон оварданд ва бар ростӣ ва ҳидояташон афзудем ва бар дилҳояшон рабт (қувват ва устуворӣ) бахшидем, ҳангоме қиём карданд (ва) гуфтанд: Парвардигори мо (ҳамон) парвардигори осмонҳо ва замин аст, ғайр аз Ӯҳаргиз Худои дигаре нахонем, ки дар он сурат қатъан беҳуда ва ботил гуфтаем. Инҳо қавми мо ҳастанд, ки ба ҷои Ӯ худоёне ги­рифтаанд (ва) чаро дар (исботи ҳаққонияти) онҳо далели ошкоре намеоваранд?. Пас чӣ касе золимтар аз он аст, ки бар Худо дурӯғе бибофад?». (18: 13-15).

Илова бар ин, арзишҳои эътиқодӣ, дину имон ва ҳаёти худашон низ дар маърази хатар қарор гирифт ва ноилоҷ аз байни онҳо ҷудо гашта ва дар гӯшае танҳо ба Худо рӯй оварданд ва аз Ӯ мадад ҳостанд. Ху­до ба онҳо амр кард ба он ғоре, ки барояшон қаблан шинохта буд, паноҳ баранд: «Ва чун аз онҳо ва он чи парастиш мекунанд, ба ҷуз Аллоҳ, канора гирифтед, пас ба он ғор паноҳ баред, Парвардигоратон бароятон раҳмати хешро паҳн ме­созад ва барои шумо дар коратон кушоиш мебахшад». (18: 16).

Вақте ба он ғор дохил шуданд ва дар фазои кушодае аз он ҷой гирифтанд, Худо бар гӯшҳояшон хоб аф­канд ва солиёни дарозе ҳамон тавр хуфта боқӣ монданд. «Пас дар он ғор бар гӯшҳояшон солҳои чанде (хоб) аф­кандем, он гоҳ эшонро барангехтем, то бидонем, ки кадоме аз ду гурӯҳ аз мӯҳлати истодаи онҳо огоҳ­тар аст». (18: 11, 12).

Бино ба фармудаи Қуръон Худо бар гӯшҳояшон хоб афканда ва робитаи шуна­воиро дар он­ҳо бо берун комилан қатъ карда буд, вале чашмонашон ҳамчунон кушода боқӣ монда бу­данд, ки бинанда он­ҳо­ро бедор мепиндошт. «Ва онҳоро бедор пиндорӣ, дар ҳоле ки хуфтаанд». (18: 18). Илова бар ин, онҳо ба каҳ­фе паноҳ бурда буданд, ки рӯшноии офтоб пагоҳу бегоҳ ба он мерасид ва ҳаво­яш тоза мешуд. Вақте офтоб ту­лӯъ мекард, аз болои ғор ба самти рост мегузашт ва дар бегоҳҳангоми ғу­руб онҳоро ба чап бурида мегузашт. «Ва офтобро ҳангоме тулӯъ кунад, мебинӣ, ки аз ғори онҳо ба самти рост мегузарад ва чун ғуруб намояд, онҳоро ба тарафи чап бурида мегузарад ва онҳо дар паҳно ва саҳни кушодае аз он ҷой гирифтаанд». (18: 17).

Ҳамчунин Худованд онҳоро дар аснои хоб ба чапу рост паҳлу мегардонд, то ҷисм­ҳояшон ба як паҳлуқолаб нагиранд ва хун дар баданашон ҳамеша дар ҳаракат бошад. Онҳо умуман, дар вазъе қарор дош­танд, ки шахс аз мушоҳидаи манзараи он ба ваҳшат меафтод. «Ва онҳоро ба росту чап (паҳлу) мегар­донем ва сагашон (банди) дастони худро дар остонаи дар (-и ғор) паҳн намудааст. Агар бар онҳо сар бикашӣ (ва чашмат ба онҳо биафтад), аз онҳо рӯ ба гурез ниҳӣ ва аз тарси онҳо ваҳшатзада гардӣ». (18: 18).

Аҷибтар он аст, ки сагашон низ дар остонаи дари каҳф дастони худро дар зери даҳонаш паҳн гу­зошта буд ва дар он хоби сангин бо онҳо ҳамроҳ буд. «Ва сагашон (банди) дастони худро дар остонаи дар (-и ғор) паҳн намуда аст». (18: 18).

Саранҷом Худованд онҳоро пас аз хоби сангине, ки муддати сесад сол бо солшумо­рии офтобӣ ва сесаду нӯҳ сол бо тақвими моҳтобӣ тӯл кашид, бедор сохт ва марду­ми шаҳрро ба воситаи худашон аз ҷои онҳо огоҳ намуд. «Ва ҳамин тавр онҳоро (пас аз он хоби амиқ дубора) барангехтем, то дар миёни худ аз ҳам пурсиш намоянд». (18: 19).

Ин растохези ҷисмонӣ дар за­моне сурат гирифт, ки диёнати масеҳӣ ба ди­ни расмии кишвар – императории Рум табдил ёфта ва мардум озодона маросими динии худро ба ҷой мео­варданд, вале дар байни онҳо дар бораи зинда гардонидани мурдагон дар рӯзи қиёмат, ки бо ҷисму рӯҳҳарду бошад ва ё танҳо растохези рӯҳонӣ сурат гирад, шакку тардидҳое ба вуҷуд омада буд ва Худо бо ин намоиши қудрати хеш барояшон исбот намуд, ки он бо ҷисму рӯҳ харду сурат мегирад. «Ва ҳамин тавр (мардумро) бар онҳо огоҳ намудем, то бидонанд, ки ваъдаи Аллоҳҳақ аст ва дар омадани қиёмат шакке нест (ва вуқӯи ин ҳодиса) дар замоне буд, ки дар кори онҳо бо ҳам низоъ ва ихтилоф доштанд». (18: 21).

Асҳоби каҳф вақте аз хоб бархостанд, худро ба гунае вазнин ҳис карданд ва аз якдигар пурсиданд, ки чанд муддате дар он ҷо дар хоб монда бошанд ва худ ба худ гуфтанд, шояд рӯзе ва ё нимарӯзе дар он ҷо монда бошем. Эҳсоси гуруснагӣ карданд ва якеро бо пули нуқрае, ки ҳамроҳ доштанд, барои хариди таоме ба шаҳр фиристоданд ва ба вай таъкид карданд, ки эҳтиёт ва зиракиро аз даст надиҳад, то касе ҷои онҳоро пайхас накунад, зеро агар ба дасти душман афтанд, ё онҳоро сангсор менамоянд ва ё ба дини худашон бармегардонанд. «Ва ҳамин тавр онҳоро (пас аз он хоби амиқ дубора) барангехтем, то дар миёни худ аз ҳам пурсиш намоянд. Гӯяндае аз онҳо пурсид, ки (дар ин ҷо) чанд мондед? Гуфтанд: Рӯзе ва ё қисмате аз рӯз мондаем. (Дар ниҳоят) гуфтанд: Парвардигоратон ба миқдори истодаи шумо огоҳтар аст. Ҳоло якеатонро бо ин пули нуқраатон ба шаҳр фиристед, бубинад (дар он ҷо) чӣ таоми хубтаре аст, пас бароятон хӯрдание аз он биоварад, лекин ҳушёр ва боэҳтиёт бошад ва касеро бар шумо огаҳ насозад! Зеро онҳо агар ба шумо даст ёбанд, ё сангсоратон мекунанд ва ё ба дини худашон бармегардонанд ва дар он сурат дигар ҳаргиз растагор нагардед!». (18: 19, 20).

Мардуме, ки дар он замон ба гунае ба ин ҳодиса шиносоӣ ва наздикӣ доштанд, дар бораи адади Асҳоби каҳф низ бо ҳам ихтилофи назар доштанд ва бо пешгӯиҳои тахминӣ баъзе онҳоро ҳамроҳи сагашон чор тан, қисме аз мардум шаш тан ва порае ҳам ҳашт тан мегуфтанд. Худованд ин ҳадсу гумонҳои онҳоро ба боди интиқод кашида, Паёмбар (с) ва мусулмононро аз баҳсу мунозираи беҳосил дар ин бора боз медорад ва донистани шумораи дақиқи онҳоро ба илми худ бармегардонад. «Хоҳанд гуфт, ки се тан буданд (ва) чору­машон сагашон буд ва аз боби тахмини ба ғайб мегӯянд: Панҷ тан буданд (ва) шашумашон сагашон буд. Ва мегӯянд: Ҳафт тан буданд (ва) ҳаштумашон сагашон буд. Бигӯ: Парвардигорам аз шумораи онҳо бохабар аст, онҳоро намедонад, магар андаке. Пас дар бораи онҳо ҷуз ба зоҳир ҷидоле надошта бош ва дар бораи онҳо аз касе аз инҳо напурс!». (18: 22). Ба гуфтаи Қуръон ҷуз чанд нафаре аз мардуми он замон шумораи Асҳоби каҳфро ба таври дақиқ намедонист. Ибни Аббос мегӯяд: Ман аз ҳамон андаке ҳастам, ки Худо онҳоро истисно намудааст ва адади дақиқи Асҳоби каҳфро медонам, онҳо ҳафт нафар буда ва ҳаштумашон сагашон буд, зеро Худо ду назари аввалро накӯҳиш намуда, пас аз зикри қавли сеюм чизе нагуфтааст.

qoran 546455412Ба ҳар ҳол вақте мардум ва подшоҳи замон Асҳоби каҳфро зинда дарёфтанд ва намоиши қудрати Ҳақ таъо­лоро дар зинда гардонидани мурдагон бо чашмони худ диданд, Худо рӯҳи онҳоро қабз кард ва ба хоби абадӣ фурӯ рафтанд. Подшоҳ ва бузургони кишвар дари ғорро бастанд ва дар пеши он ибодатгоҳе бино карданд. «Пас гуфтанд: Бар (дари ғори) онҳо биное бисозед ва дари ғорро бибандед, Парвардигора­шон аз (ҳоли) онҳо огоҳ аст. Онҳое, ки бар амри эшон ғалаба доштанд, гуфтанд: Бар (дари) онҳо масҷид ва ибо­датгоҳе мегирем». (18: 21).

Хулоса, он ҷавонони муъмин дар он каҳф сесад сол ҳамчунон хобида боқӣ монданд ва нӯҳи дигар бар он афзуданд ва Худо миқдори дар ғор мондани онҳоро беҳтар медонад, зеро ғайби осмонҳо ва замин барои Ӯ маълум аст ва Ӯ касеро дар ҳукми хеш шарик намесозад. «Ва (он ҷавонони муъмин) дар ғорашон сесад сол (дар хоб) монданд ва нӯҳ (-и дигар бар он) афзуданд. Бигӯ: Худо ба миқдори истодаи онҳо огоҳтар аст, аз Ӯст ғайби осмонҳо ва замин, чӣ бино ва шунавост!. Онҳо ба ғайри Ӯ сарпарасте надоранд ва Ӯ дар ҳукми худ касеро шарик насозад». (18: 25, 26).

Сесаду нӯҳ сол он асҳоби каҳф,

Пешашон якрӯз бе андӯҳу лаҳф.

В-онгаҳе нанмудашон як рӯз ҳам,

Ки ба тан боз омад арвоҳ аз адам.

(Мавлонои Рум)

Зикри саги Асҳоби каҳф дар ин достон ба унсгирӣ, таълимпазирӣ ва вафодории он нисбат ба соҳибаш ишора дорад ва ба гунае ҳамкории вайро бо инсон дар корҳои хайр ифода мекунад ва Худованд ба поси ин садо­қат вайро низ дар канори Асҳоби каҳф ба хоби амиқ фурӯ бурд. Саги Асҳоби каҳф дар адабиёти динӣ ва тасвирҳои бадеӣҷойгоҳи хосе дорад ва ба ҳайси махлуқе қаламдод шудааст, ки гавҳари некӣ ва пайравӣ аз аҳли имон вай­ро аз ҳайвоноти дигар мутафовит сохтааст. Шайх Саъдӣ дар бораи саги Асҳоби каҳф мегӯяд:

Писари Нӯҳ бо бадон биншаст,

Хонадони нубувваташ гум шуд.

Саги асҳоби каҳф рӯзе чанд,

Пайи некон гирифту мардум шуд.

Достони Асҳоби каҳф ва эҳёи ҷисмонии он ҷавонони мӯъмин ҳаёти динӣ ва фарҳангу адабиёти қавмҳои пе­шинро, ки ҳамзамон ва ё пас аз онҳо зистаанд, зери таъсири ҷозибаи илоҳии худ қарор додааст ва то ҷое дар осори ривоӣ ва фарҳанги мардумии онҳо танидааст, ки ба достони онҳо пӯшиши устуравӣ низ дода­анд ва дар сарзаминҳои гуногуне, чун Андалус, Осиёи сағир, Яман ва ғайра ҳуфраҳои даруни кӯҳҳо ва каҳфҳоеро ғори Асҳоби каҳф номидаанд. Шояд достони «хуфтагони ҳафтгонаи эфесӣ», ки дар Ғарб маъруфият дорад, бар ҳамин асос дар он ҷо роиҷ гашта бошад.

Достони Асҳоби каҳф дар адабиёти бадеии миллатҳои мусулмон, бахусус адабиёти давраи исломии форсу тоҷик бозтоби густардае ёфтааст. Дар адабиёти тасаввуфии мусулмонон ба Асҳоби каҳф ба ҳайси мазҳари камол, таҷаллии сифоти ҷавонмардони соҳибдил, аҳли футувват ва бандагони солеҳ менигаранд ва онҳоро ба унвони намунаи инсони раҳёфта мепазиранд. Онҳо аслан аз ашрофзодагон, вазирон ва коргузорони рад­даҳои болоии кишвар буданд, ки дар роҳи нашри арзишҳои имонӣ ва ислоҳи вазъи иҷтимоии кишвар аз баҳри мақому мансаб ва ҳама чиз гузаштанд.

Авлиё асҳоби каҳфанд, эй ануд,

Дар қиёму дар тақаллуб ҳам рукуд.

Эй басо асҳоби каҳф андар ҷаҳон,

Паҳлуи ту, пеши ту ҳаст ин замон.

Достони Асҳоби каҳф аз дидгоҳи Қуръон воқеияти таърихӣ буда, онро ҳафриёти бостоншиносӣ низ таъ­йид намудаанд. Дар худи Қуръон ва ривоятҳои суннат дар бораи таърихи вуқӯи ҳодиса ва мансубияти на­жодии Асҳоби каҳф чизе наомадааст ва дар бораи ин ки дақиқан аз кадом дини осмонӣ пайравӣ мекарданд, ба ҷуз ин ки мӯъмин ва яктопараст буданд, низ маълумоте дода нашудааст. Ҳамчунин дар Қуръони карим ва ривоятҳои суннати набавӣ зикре аз номи онҳо наомадааст ва он аз назари мавзӯъбандиҳои қуръонӣ ва барномаҳои таълимии он аҳамияти баланди динӣ ва назокати маърифатие барои мусулмонон надорад, балки фурӯ рафтан дар он навъе абас ва талоши беҳуда низ ба шумор меравад. Бинобар ин, дар чор мав­ри­ди мазкур - таъри­хи вуқӯъ, мансубияти нажодӣ, мансубияти динӣ ва баёни номҳои Асҳоби каҳф дар байни таъ­рихнигорон ва ҳатто баъзе муфассирон ихтилофи назар вуҷуд дорад ва ҳамин чиз ба интишори ривоят­ҳои устуравӣ дар бораи онҳо дар миёни пайравони динҳо ва намояндагони тамаддунҳои гуногун мусо­идат кардааст.

Вале дар ривоятҳои аҳли Китоб, ба хусус осори ривоии насрониён, номҳои Асҳоби каҳф ба тафсил зикр шу­дааст, ки ба забони юнонӣ аз: Ямлихо, Максималино, Маҳсамалино, Косотонис, Биронис, Динамос ва Колус иборат будаанд. Дар ин ривоятҳо номи саги онҳо «Қатмир» ва ё «Қитмир» низ омадааст. Шояд аз тариқи ҳамин ривоятҳои аҳли Китоб бошад, ки баъдҳо ин номҳо ва баъзе тафсилоти дигаре дар бораи достони онҳо ба сарчашмаҳои динӣ ва адабиёти бадеии мусулмонон низ роҳ ёфтаанд. Таъсири фарҳанги динӣ, ривоятҳои устуравӣ ва осори наклии аҳли Китоб ба сарчашмаҳои динӣ ва мероси адабии мусул­монон аз даврони насли дуюм ва сеюми уммати Ислом – тобеин ва табаатобеин кам-кам шурӯъ гардида ва пас аз он ба таври умумӣ вориди ҳавзаи фарҳангии онҳо гардидаанд.

saydali 45451245Абдушариф Боқизода

Суҳбат бо муаллифи мақоларо ин ҷо бихонед: http://ruzgor.tj/din/7174-abdusharif-boqizoda-tamomi-jahon-ba-marifati-islomi-nijoz-dorad-9159.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi