ВОКУНИШҲО БА ТАЪСИСИ ДУБОРАИ КУМИТАИ ДИН
Раёсати умури дин дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки аз соли 2006 ба ин сӯ ба танзими фаъолияти муассисаҳои динӣ, сафари Ҳаҷ, таҳқиқи адабиёти мазҳабии ворида ва мавъизаи рӯҳониён машғул буд, дубора ба Кумитаи дин табдил ёфт. Идибек Зиеёв, сардори раёсати умури дин дар вазорати фарҳанг, дар як тамоси телефонӣ бо мо ҳаҷми зиёди кор дар ин идораро яке аз далоили муҳими таъсиси дубораи кумита унвон кард: “Зарураташро, ки диданд, дубора ба таъсиси ин кумита пардохтанд”.
То ҳоло дар раёсати умури дин дар вазорати фарҳанг 18 нафар бо ҷойи кор фаро гирифта шудаанд. Онҳо дар чор моҳи ахири соли гузашта фаъолияти бештар аз 80 созмони динии ғайриисломӣ ва зиёда аз 3 ҳазор масҷидро таҳқиқу баррасӣ ва номнавис карданд.
Назари коршинос
Эълони таъсиси дубораи Кумитаи дин ва он ҳам дар назди раисиҷумҳури Тоҷикистон назарҳои мухталифи коршиносон ва раҳбарони муассисаҳои динӣ дар кишварро ба дунбол доштааст. Абдуллоҳ Ҳакими Раҳнамо, таҳлилгари тоҷик, таъсиси ин кумитаро зарур шуморид ва гуфт, ҳамаи хадамот ва раёсати ҷудогонае, ки то ин муддат ба мавзӯи дину оин сарукор дошта, дар назди ниҳодҳои давлатӣ фаъолият мекарданд, дар ҳамҷоягӣ як кумитаи босалоҳиятро ташкил диҳанд.
Аммо ҷаноби Раҳнамо мегӯяд, бояд раёсати ин кумитаро афроде ба дӯш гиранд, ки марҳилаи муносибати кунунии дину давлатро дарк кунанд: “Зеро дар ду соли ахир муносибати дину давлат он муносибати пешина нест. Ин муносибат аз набард ба ҳамкорӣ ва аз бадгумониву мубориза ба ҳамкорӣ дар ҳалли масоили ҷомеа табдил шудааст. Барои ҳамин касоне, ки тафаккури пешинаи Шӯравӣ доранд, агар дубора ба ҳамин кумита кашида шаванд, он вақт ин фазои солим боз осеб мебинад”.
“Давлатикунонии дин”
Иддае дигар аз коршиносони умури мазҳабӣ мегӯянд, ин тасмими мақомоти расмӣ ба дунболи иқдомҳои ба гуфтаи онҳо “давлатикунонии дин” гирифта шудааст.
То кунун Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки қаблан донишкадаи мустақил буда, аз тарафи баъзе аз кишварҳои арабӣ маблағгузорӣ мешуд, дар ду соли гузашта ба таҳти ҳимояти давлат гирифта шудааст. Ҳамчунин қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, ки соли гузашта аз тарафи порлумон ва раиси ҷумҳур ба имзо расид, имкон медиҳад, ки имомони масоҷид танҳо бо машварати раҳбарони мақомоти маҳаллӣ соҳиби ин унвон шаванд.
Сайидаҳмади Қаландар, аз коршиносони умури мазҳабӣ, мегӯяд, ин кумита дар ҳоле таъсис меёбад, ки баҳсҳои мазҳабӣ дар кишвар авҷ гирифтаанд ва ин кумита бояд аз ин баҳсҳо ҷилавгирӣ кунад: “Барои нигоҳ доштани амният, оромӣ, аз таассуби диниву мазҳабӣ нигоҳ доштани одамон ва барои садди роҳ шудан ба ворид гардидани мазоҳибе, ки аслан заминаҳои бумӣ надоштанд, фаъолияти кумитаи нав таҳти сарпарсатии раёсати ҷумҳур имконияти бештар медиҳад”.
Пӯшишҳои исломии духтарон, додгоҳи пайравони Ҷамоати таблиғ, боздошт ва ҳукми зиндони пайравони ҷараёни тозапайдои Салафия ва таҳсили бенизоми ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ аз умдатарин баҳсҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад,ки дар чанд соли ахир дардисарҳоеро эҷод кардааст.
“Зарурате набуд”
Бо ин ҳол, Воҳидхон Қосиддинов, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби исломӣ дар Осёии Марказӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, заруратеро барои таъсиси ин кумита намебинад. Зеро ба гуфтаи вай, муҳимтарин кореро, ки аз номнависи такрории созмонҳои динӣ иборат буд, раёсати умури дин дар вазорати фарҳанг анҷом додааст.
Аз назари ҷаноби Қосиддинов, ин кумита шояд мисли кумитаи қаблӣ ба танзими сафари Ҳаҷ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунад ва ҳамчунин назорат аз болои муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масоҷидро тақвият бахшад.
Вале дар ҳамин ҳол, раҳбарони бархе аз муассисаҳои динӣ, бахусус, созмонҳои динии ғайриисломӣ аз ин иқдом пуштибонӣ мекунанд. Зеро то замоне ки собиқ кумитаи дин фаъолият дошт, теъдоди ин созмонҳо ба 87 адад мерасид ва дар фаъолияти тақрибан чорсолаи раёсати умури дин фаъолияти 15 чунин созмони ғайриисломӣ қатъ карда шуд.
Игор Самиев, раҳбари Иттиҳоди масеҳиён дар Душанбе, гуфт, “агар мақомот ба чунин натиҷа расидаанд, пас, барои фаъолияти муассисаҳои динӣ ҳам мувофиқ аст. Зеро созмонҳои динӣ озодтар мешаванд. Кумита низ дар алоҳидагӣ метавонад қарорҳои худро қабул кунад. Фикр мекунам, ин беҳтар мешавад”.
Сохтори Кумитаи дин дар Тоҷикистон барои дуввумин бор аст, ки тағйир мебинад. Ин кумита то соли 2006 дар Тоҷикистон фаъол буд ва танҳо дар моҳи ноябри соли 2006 аз тарафи раиси ҷумҳур ба раёсати умури дин дар вазорати фарҳанг табдил шуд. Ҳоло фаъолияти дубораи ин кумита то се моҳи дигар оғоз мешавад ва қарор аст, ки намояндагиҳои он дар минтақаҳои кишвар таъсис ёбанд.
Каюмарси Ато, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/1929-2010-03-14-18-41-14.html
-
20.10.2026 15:45
213
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
200
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
369
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
321
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
828
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
790
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
16.10.2026 22:15
350
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
175
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
10.10.2026 12:45
209
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
12.10.2026 00:59
439
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
355
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
448
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
20.10.2026 15:33
184
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
19.10.2026 22:17
195
Иттиҳоди сабзи Душанбе ва Ереван: Тоҷикистону Арманистон экосистемаҳо ва пиряхҳоро якҷоя ҳифз мекунанд
-
19.10.2026 22:15
195
Экология ва амнияти озуқаворӣ: Мавқеи Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумонии ИДМ дар Санкт-Петербург
-
19.10.2026 22:20
174
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
248
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
14.10.2026 23:06
378
Ишқи заминӣ ва осмонӣ: Сирри ғазалиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
-
30.09.2026 11:18
311
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
423
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
232
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
396
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
344
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
570
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
217
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
256
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
867
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
632
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2449
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1513
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
12.10.2026 00:57
417
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
312
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
04.10.2026 20:51
374
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
14.10.2026 23:13
478
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
390
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
380
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































