08:25:29 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУҲАММАДШАРИФИ ҲИММАТЗОДА: «РИСОЛА ДАР БАЁНИ ҒИНО ВА МУСИҚӢ»

Қисмати дуввум

1.Ҳадиси ду канизе, ки назди Оиша (р) тағаннӣ мекарданд ва Абубакр (р) дохил шуд ва онҳоро аз ғино манъ кард ва Расули Худо (с) ӯро гуфт: "эй Абубакр, онҳоро бигузор, зеро айёми ид аст". ва ҳадиси дигар аз Оиша (р) ва ду канизе, ки барои ӯ ғинои "Биос"-ро тағаннӣ мекарданд ва Абубакр (р) онҳоро манъ кард ва гуфт, мизмори шайтон? Расули Худо (с) гуфт: онҳоро бигузор". Дар ҳадис ибораи " онҳо муғанния набуданд" омадааст. Ибни Қайсаронӣ ин ду ҳадисро барои мубоҳ будани ғино шоҳид овардааст.

Ва аммо Ибни Ҷавзӣ бар он радд карда гуфтааст, ки ин ду ҳадис ба ғино ишорат намекунанд ва мардум дар он замон шеър иншод мекаданд ва онро ғинои тарҷеъ меномиданд ва ин гуна ғино табиатҳоро аз ҳадди эътидол хориҷ намекунад ва ғиное, ки Ансор рӯзи "Биос" миёни худ месуруданд куҷост ва ғинои ҷавони бериши хубсурат бо асбоби мусиқӣ куҷо? Ғиное, ки нафсҳоро маҷзуб мекунад ва дар он ғазалҳое дар бораи холу рухсор, зулфу қаду қомат меравад? Абутайиби Табарӣ гуфтааст: ин ҳадис ҳуҷҷати мост, зеро Абубакр (р) амали онҳоро "мизмори шайтон" номид ва Паёмбар (с) қавли ӯро инкор накард ва Оиша (р) дар он вақт хурдсол буд ва баъд аз балоғаташ чизе аз ӯ дар ин бора нақл нашудааст, магар дар баёни мазаммати ғино. 

Ибни Таймия дар ин бора гуфтааст: "дар ин ҳадис баёни он аст, ки ин чиз аз одати Паёмбар (с) набуд, аз ҳамин сабаб Абубакр (р) онро мизмори шайтон номид ва Паёмбар (с) амали канизҳоро манъ накард ва дар ҳадиси мазкур наомадааст, ки Паёмбар (с) ғинои онҳоро гуш мекард, амр ва наҳй ба гуш кардан тааллуқ дорад на ба муҷаради шунидан".

2.Ҳадиси Ибни Умар (р) ҳангоме, ки найи шубонро шунид ва гушҳои худро маҳкам кард ва гуфт: "Ҳамроҳи Расули Худо (с) будам ва ӯ мисли ҳамин савтро шунид ва ҳамин тавр кард". Ин ҳадис нуқтаи назари онҳоеро, ки адами ҷавоз ва ҳалол будани ғиноро муътақиданд таъйид мекунад, аз ҳамин сабаб онро Ибни Ҷавзӣ оварда ва гуфтааст: ҳаргоҳ бархурди эшон нисбати савте, ки аз ҳадди эътидол хориҷ намешавад чунин аст, пас нисбати ғинои аҳли замона ва олоти мусиқии онҳо чӣ хоҳад буд?

Ибни Таймия гуфтааст: "Баъзе аз мардумон мегӯянд, ки Расули Худо (с) Ибни Умарро ба маҳкам кардани гушҳояш амр накард, ҷавоб дода мешавад, ки Ибни Умар хурдсол буд ва ё гуфта мешавад, ки ӯ гуш намекард, балки мешунид (!) ва дар ин ҳолат гуноҳе нест"!

Ҳадиси ҳабашиҳое, ки дар масҷид рӯзи ид мерақсиданд ва Расули Худо (с) Оиша (р) –ро ба тамошои он даъват кард. Ин ҳадисро Ибни Қайсаронӣ овардааст  ва Ибни Абудунё ва Ибни Ҷавзӣ  ин ҳадисро наовардаанд.

3.Ва аммо хабар аз асҳоби Расули Худо (с) дар бораи инки онҳо дар "Ариш" ғино гуш мекарданд ва дар бораи инки Ибни умар (р) барои фурухтани муғанния сафар кард ва инки ӯ ва Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ғинои бо удро гуш карданд, инҳо хабарҳое ҳастанд, ки танҳо Ибни Ҳазм онҳоро аз мароҷеъи муътамад нақл кардааст, валекин ин ба мазҳаби ӯ созгор нест, зеро мазҳаби Ибни Ҳазм ин буд, ки ҳар хабареро, ки дар Китоб ва Суннат наомадааст онро намепазируфт ва ҳуҷҷат намедонист. Бисёр ғариб аст, ки ӯ дар инҷо ин коро кардааст ва барои ибоҳати ғино ҳамин хабарро далил овардааст!

Ибни Ҳазм моро атрофи анвои ғино дар ҳайрат намегузорад, яъне ӯ агарчӣ дар ин мавзуъ ҳарфи тулонӣ нагуфтааст, вале ғиноро ба лаҳв тавсиф карда, онро ҳамроҳ бо уд ва шунидан аз канизи муғанния ҷоиз гуфтааст. Ва маънии раъйи Ибни Ҳазм ин аст, ки ӯ ҳамаи мароҳили ғиноро ҳалол медонист. Баъд аз овардани ин муқаддима мепардозем ба нақл ва тарҷумаи рисолаи Ибни Ҳазм дар баёни "Ғинои лаҳв оё он мубоҳ аст ё ҳаром"

Абумуҳаммад (Ибни Ҳазм) баъди ҳамду сано ва дуруду саловот бар Расули Ӯ- хотами паёмбарон мегуяд: Аммо баъд, Худованд туро ва маро бо тавфиқаш таъйид кунад ва ба лутфи хеш барои адои ҳуқуқаш моро кӯмак намояд. Ту аз ман хостӣ, то бароят дар бораи ғинои лаҳв чизе тақдим кунам, ки оё он аз ҷумлаи маҳзурот аст ва ё аз ҷумлаи мубоҳот. Аҳодисе дар бораи манъи он ва аҳодисе дар бораи ибоҳати он ворид шудааст ва ман аҳодиси манъкунандаро зикр мекунам ва иллатҳои онҳоро баён мекунам ва аҳодиси иҷозатдиҳандаро зикр мекунам ва сиҳҳати онҳоро равшан месозам – Худо хоҳад ва Худованд барои ёфтани савоб тавфиқдиҳанда аст.

Ҳадисҳои манъкунанда:

1. Ончи аз Саъид ибни Абуразин аз бародараш, аз Лайс ибни Абусалим аз Абдурраҳмон ибни Собит аз Набйи карим (с) ривоят шудааст, ки фармуданд: "Худованд муғанния ва фурухтану баҳои он ва таълиму гуш кардани ӯро ҳаром гардондаст".

2. Лоҳиқ ибни Ҳусайн ибни Умар ривоят кардааст… аз Яҳё ибни Саъид, аз Муҳаммад ибни Ҳанафия, аз Алӣ ибни Абутолиб, ки гуфт: Расули Худо (с) фармуданд: "Ҳаргоҳ уммати ман понздаҳ хислатро анҷом диҳад болои он бало нозил мешавад: ҳаргоҳ мол даст ба даст бигардад ва амонат ғанимат шавад ва закот товон дониста шавад ва мард дар итоати занаш бошад ва шахс модарашро оқ (нофармон) шавад ва падарашро ҷафо кунад ва садоҳо дар масоҷид баланд шавад ва раҳбари қавм залилтарини онҳо бошад ва мардро аз тарси шарри у икром карда шавад ва абрешим пушида шавад ва занҳои муғанния ва асбоби мусиқӣ гирифта шавад ва охири ин уммат аввалашро лаънат кунад, ҳангоми анҷоми ин корҳо бояд онҳо зуҳури боди сурх ва масху хасфро мунтазир шаванд".

Ҳадис: Абуубайда ибни Фузайл ибни Иёз… аз Кайсон мавлои Муовия ва Муовия аз Расул (с) : Расули Худо (с) аз нуҳ кор наҳй карданд ва ман шуморо аз онҳо наҳй мекунам: "огоҳ бошед, ки аз ҷумлаи нуҳ чиз ғино, навҳа, тасовир, шеър, тилло, ҷилди дарандаҳо ва абрешим мебошад". 

Ҳадис: Салом ибни Мискин аз шайхе, ки дар маҷлиси Ибни Масъуд ҳозир шуда буд ривоят кардааст, ки ӯ мегуфт: "Ғино дар қалб нифоқро меруёнад". 

Ҳадис: Абдулмалик ибни Ҳабиб…(Лисон-ул-мизон: 174 ва Ат-таҳзиб: 736 Ибни Ҳаҷар гуфтааст: Ибни Ҳазм дар шаъни ӯ фаҳш гуфта ӯро ба дуруғ нисбат додааст ва ҷамоае баъди Ибни Ҳазм аз ӯ пайравӣ карданд, вале касе қабл аз ӯ Ибни Ҳабибро ба дуруғ муттаҳам накардааст, ваф: 238 ҳ.) аз Қосим аз Абуумома гуфт:

Расули Худо (с) –ро шунидам, ки мегуфт: "таълими муғаннияҳо ва харидан ва фурухтани онҳо ва нигоҳ доштани онҳо ҳалол нест ва самани онҳо ҳаром аст ва Худованд дар китобаш нозил кардааст: "ва баъзе аз мардумон касест, ки лаҳвулҳадисро мехарад, то аз роҳи Худо (мардумонро) бидуни илм гумроҳ кунад" ва қасам ба зоте, ки ҷони ман ба дасти ӯст баланд намекунад марде ҳанҷараи худро ба ғино, магар, ки ду шайтон пушти ҳам савори ӯ мешаванд ва бо пойҳои худ дар сина ва пушти ӯ мезананд, ин ҳолат то сокит шудани ӯ идома меёбад".

Ҳадис: Аз Абдулмалик ибни Ҳабиб… аз Қосим аз Абуумома аз Расули Худо (с): "Худованд таълим додани муғаннияҳо ва харидану фурухтани онҳо ва хурдани самани онҳоро ҳаром гардондааст…".  ва дар ҳадис ворид шудааст: "муғаннияҳоро нафурушед ва нахаред".

Ҳадис: Бухорӣ зикр кардааст: Ҳишшом ибни Аммор гуфт… Абдурраҳмон ибни Ғанами Ашъарӣ, Абуомир ё Абумолики Ашъарӣ гуфт: Ӯ Набӣ алайҳиссаломро шунид, ки мегуфт: "Аз уммати ман қавме мебошад, ки фарҷ (зино) ва ҳарир ва хамр ва асбби мусиқиро ҳалол мешуморад". 

Ибни Шаъбон ривоят кардааст… аз Муҳаммад ибни Мункадар аз Анас гуфт, Расули Худо (с) фармуд: "Ҳарки дар маҷлиси муғанния бинишинад дар гушҳои ӯ рӯзи қиёмат сурб рехта мешавад…".

Аз Саъид ибни Ҷубайр аз Ибни Аббос дар бораи фармудаи Худованд: "Ва баъзе аз мардумон касест, ки лаҳвулҳадисро мехарад, то гумроҳ кунад (мардумро) аз роҳи Худо…", гуфт, лаҳвулҳадис иборат аз ғино аст.

Ибни Абушайба ривоят кардааст…аз Абумолик Ашъарӣ, ки ӯ паёмбар (с) –ро шунид, ки мегуфт: "Мардумоне аз уммати ман хамрро менушанд ва онро бо номи дигар меноманд, болои сарашон олоти ғино ва муғаннияҳо месароянд Худованд эшонро дар замин фуруд мебарад".

Ҳадис: "Худованди таъоло аз ду савти малъун – савти муғанния ва савти ноиҳа наҳй карданд".

Ибни Ҳазм ҳамаи ин ҳадисҳоро нақл карда гуфтааст: "ҳеҷ кадоми ин ҳадисҳо саҳеҳ нестанд, аз ҷумла ҳадиси 1- ӯм, ки он аз Оиша (р) ривоят шудааст дар санади он Саъид ибни Разин аз бародараш ривоят кардааст, ки ҳеҷ кадоми онҳо фарди маълум нестанд. Ва аммо ҳадиси дуввум, ки аз Али (р) ривоят шудааст, ҳамаи касоне, ки дар санади ин ҳадис то Яҳё ибни Саъид ҳастанд кӣ будани онҳо маълум нест ва Яҳё ибни Саъид аз Муҳаммад ибни Ҳанафия як калима ҳам ривоят накардааст ва замони ӯро дарк накардааст. Ва аммо ҳадиси севвум, ки аз Ибни Масъур (р) ривоят шудааст дар он шайхе мавҷуд аст, ки номаш зикр нашудааст ва касе ӯро намешиносад.

Ва аммо ҳадиси чаҳорум, ки аз Муовия (р) ривоят шудааст дар санади ин ҳадис марде бо номи Кайсон мавҷуд аст, ки кӣ буданаш дониста намешавад ва Муҳаммад ибни Муҳоҷир дар ҳадис заъиф аст ва дар ҳамин ҳадис наҳй аз шеър омадаст, дар ҳоле ки асҳоб онро мубоҳ медонистанд. Ва аммо ҳадиси панҷум, шашум ва ҳафтум, ки аҳодиси Абдулмалик ибни Ҳабиб мебошанд, ҳамаашон ҳалоккунанда ҳастанд.

Ва аммо ҳадиси ҳаштум, ки он аз Абуумома ривоят шудааст дар санади он Исмоил ибни Айёш (дар Таҳзиб: 58 омадааст: қавме ӯро ғайри муътамад гуфтаанд ва гуруҳе ӯро сиққа хондаанд ва аз Яҳё ибни Маъин дар бораи ӯ пурсида шуд, гуфт: дар аҳли Шом нисбаташ чизе нест, вале ироқиҳо ривояти ҳадис аз ӯро написандиданд ва гуфта шудааст, ки ривояти ӯ аз аҳли Ҳиҷоз навиштаҳояш гум шудааст ва дар ҳифзаш аз аҳли Ҳиҷоз фаромушӣ пайдо шуда буд) ва ӯ заъиф буд ва Қосим низ мисли ӯ буд.

Ва аммо ҳадиси нуҳум, ки онро Бухорӣ ривоят кардааст, онро Бухорӣ ба таври муснад ривоят накардааст, балки дар он гуфтааст: "Ҳишом ибни Аммор гуфтааст…" ва инчунин дар ривоят аз Абуомир ва ё Абумолик шакк воқеъ шудааст ва  Абуомирро дониста нашудааст, ки кӣ ҳаст. Ва аммо аҳодиси даҳум аз Ибни Шаъбон онҳо ҳалоккунанда ҳастанд.  

Ва аммо ҳадиси якӯми Анас, ки қаблан оварда шуд дар он афроди маҷҳул мавҷуд ҳастанд ва ҳеҷ кас аз афрои сиққа аз асҳоби Молик онро ривоят накардаанд ва аммо ҳадиси дуввум, ки аз Макҳул аз Оиша ривоят шудааст, бояд донист, ки Макҳул Оиша (р) –ро мулоқот накардааст ва замони ӯро дарк накардааст ва дар он инчунин шахси ношинос – Ҳошим ибни Носеҳ ва Умар ибни Мусо мавҷуд мебошад ва инчунин ҳадис мунқатеъ аст. Ва аммо ҳадиси севвум, ки аз Абдуллоҳи Дурӣ ривоят шудааст, дониста нашудааст, ки ӯ кист.

Ва аммо ҳадиси Ибни Абушайба дар он Муовия ибни Солеҳ мавҷуд аст, ки ӯ заъиф аст ва Молик ибни Абумарям шахси номаълум аст. Ва аммо "наҳй аз ду савти малъун" ровиаш маълум нест. Бо ин далилҳо ҳарчи дар ин мавзуъ (наҳй аз ғино) ривоят шудааст ҳама аз эътибор соқит мебошанд.

Ва аммо тафсири ояти "Ва баъзе аз мардумон касест, ки лаҳвулҳадисро мехарад…" ба ғино, ин тафсир аз Расули Худо (с) наомадааст ва аз ҳеҷ саҳобие собит нашудааст, балки ин қавли баъзе аз муфассирон аст, ки қавли онҳо ҳуҷҷат шуда наметавонад. Ва агар ин тафсир саҳеҳ бошад дар он чизе, ки ба он тааллуқ бигирад мавҷуд нест, зеро Худованди таъоло фармудааст: "…то ки гумроҳ кунад (мардумро) аз роҳи Худо…" ва ҳар кореро, ки инсон барои гумроҳ кардани мардум аз роҳи Худо анҷом бидиҳад он гуноҳ ва ҳаром аст ва агарчи он харидани мусҳаф ва ё таълими Қуръон бошад. Ва тавфиқ аз ҷониби Худост.

Ва чун дар баёни ҳурмати ғино чизе, аслан саҳеҳ нашудааст ва Худованд фармудааст: "Ва дар ҳақиқат чизҳоеро, ки (Худованд) барои шумо ҳаром гардондааст, ба таври муфассал баён кардааст".  ва фармудааст: "Ӯ зотест, ки барои шумо ҳама чизе, ки дар рӯи замин аст, офаридааст".  Ва Расули Худо (с) аз тариқи Саъд ибни Абуваққос (тариқи ӯ тариқи ссбит аст) фармуданд: "Ҷурми касе аз ҳама, дар ислом бузургтар аст, ки аз чизе бипурсад, ки он ҳаром набуд ва ба сабаби суоли ӯ он чиз ҳаром гардид". Пас саҳеҳ он аст, ки ҳар чизеро, ки Худовқанд ҳаром гардондааст, барои мо муфассалан баён кардааст ва ҳар чизеро, ки ҳаром будани онро бароямон баён накардааст, пас он ҳалол аст.

Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ҳадисеро аз тариқи Оиша (уммулмуъминин) овардааст, ки Абубакр (р) дар ҳуҷраи Оиша дохил шуд ва назди ӯ ду каниз тағаннӣ мекарданд (ғинои рӯзҳои Миноро) ва аз олати мусиқи истифода мекарданд ва Расули Худо бо савби худ болои худро пушида буд. Абубакр онҳоро аз ғино манъ кард, Расули Худо (с) савбашро аз худ дур кард ва гуфт: "эй Абубакр онҳоро бигузор, зеро ин рӯзҳо рӯзҳои ид аст".

Ва дар ҳадиси дигар, ки он низ аз Оиша (р) ривоят шудааст, дар он омадааст: "Расули Худо (с) дохили ҳуҷраи Оиша гардид ва назди ӯ ду каниз тағаннӣ мекарданд (ғинои Биосро), Расули Худо бар ҷойгаҳ хобида ва рӯи худро гардонида буд, сипас Абубакур дохил шуд ва маро манъ кард (аз шунидани ғинои канизҳо) ва гуфт: "мизмори шайтон назди Расули Худо!" Расули Худо бар Абубакр рӯ овард ва гуфт: "онҳоро бигузор".

Агар гуфта шавад, ки Абуусома ин ҳадисро аз Ҳишшом ибни Урва аз падараш ривоят кардааст ва гуфтааст: "онҳо (манзур канизҳои назди Оиша тағанникунанда) муғанния набуданд", дар ҷавоб гуфта шудааст, ки Оиша (р) гуфтанд: "тағаннӣ мекарданд" ва Оиша ғинои онҳоро исбот карданд ва гуфтани ӯ (Оиша), ки "онҳо муғанния набуданд" маъноаш ин аст, ки онҳо сарояндаи хуб набуданд ва Расули Худо (с) қавли Абубакр: "мизмори шайтон"-ро шунид ва ӯро инкор кард (манъ кард), вале ғинои канизҳоро инкор накард ва ин ҳуҷҷатест, ки касе наметавонад онро хилоф кунад ва бояд таслими он шавад.

Абудовуди Сиҷистонӣ аз Мусо аз Нофеъ ривоят кардааст, ки ӯ гуфт: "Ибни Умар савти найро шунид ва ангуштонашро дар гушҳои худ гузошт ва аз роҳ дур шуд ва гуфт: эё Нофеъ, оё чизеро мешунавӣ? Гуфт: Не. Сипас ӯ ангуштонашро аз гушҳои худ баланд кард ва гуфт: "Ҳамроҳи Расули Худо (с) будам ва ӯ ҳамин гуна савтро шунид ва ҳамин тавр кореро кард". (Дар муснади Абудовуд бар таълиқи ин ҳадис омадааст: Абуалии Луълуӣ гуфт: аз Абудовуд шунидам, ки мегуфт: "ин ҳадис мункар аст") Агар ин кор ҳаром мебуд, ҳаргиз Расули Худо барои Ибни Умар шуниданашро иҷозат намедод ва Ибни Умар низ барои Нофеъ онро иҷозат намедод.

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi