Мактабҳои «киха ва «лоло»
Сафаралӣ Раҷабов, муаллими кимиё
Аз замоне, ки дар олам аввалин мактаб пайдо шуд (мактабҳои ҷангалӣ дар Ҳиндустон, "Хонаи дониш" дар Вавилон ва ғайра) чандин ҳазорсолаҳо паси сар шудааст. Мо падару модарон, ки "мазза"-и мактабро ҳанӯз аз ҳамон замонҳои дур эҳсос кардаем, то ҳол ҷигарбандони худро ба мактаб мефиристем ,то илму адаб омӯзанд, ба ҳаёти иҷтимоӣ, оилавӣ, меҳнат тайёр шаванд.
Аз замоне ки мактаб дар ҷамъият пайдо шуд, мо чун Бузаки Ҷингилапо аз афсонаи тоҷикӣ аз саҳар то бегоҳ меҳнат мекардему ба хона "дар шохҳоямон "алаф" ва дар "сина"-аамон "шир"-и фарзандонро меовардем ва оварда истодаем. Азбаски "гул"-и дониш дар талу пуштаҳо намеруяду мо онро барои фарзандон оварда наметавонем, (ба таври профессионалӣ онҳоро илм омухта наметавонем) илмомузӣ ва дар баробари ин тарбияи профессионалии фарзандонро низ ба мактаб ҳавола месозем. Худо накунад ки рузе аз саҳро биёему дар хона Алулаку Булулаку Хиштаки Сари Танӯраки худро пайдо накунем ва эҳсос намоем, ки онҳоро гурги "бедонишию беахлоқӣ" дар набудани мо хӯрдааст.
Он вақт мо бонги изтироб мезанем ва чун Бузаки Ҷингилапо рӯи боме баромада пойкубӣ карда фиғон мебардорем:
-"Кӣ хурдааст Алули ман, кӣ бурдааст Булули ман....?" Он гургро аз куҷо пайдо мекунем то ишкамашро бо "шохҳои тези худ дарронда Алулаку Булулаку Хиштаки Сари Танӯраки худро чун дар афсона наҷот бидиҳем? Билхосса дар замоне ки чор тарафи Тоҷикистон кушода асту ҷигарбандони мо имконияти на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар дилхоҳ мактаби олии ҷаҳон таҳсил намуданро доранд ва талабот нисбати сифати донишу тарбия чанд зина болотар гаштааст, оё беҳтар он нест, ки сари чӣ гуна махлуқ будани гурги бедонишию бефазилатӣ андеша ронда, роҳҳои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб - ҷаҳонбинии тангу бемаърифатӣ ва дар баробари ин усулҳои мусоидат намудан ба беҳтар шудани сифати донишу ахлоқ, маънавиёту тафаккури ҷигарбандони худро пайдо намоем? Чаро мо аз муаллимону мактаб ва ғайра шикоятҳо дорему аз худ не?
Дар замоне, ки аз маҷмӯи мактабҳо имконияти якеро интихоб намудан пайдо шудааст, мактабро барои тифлони худ чӣ гуна бояд интихоб намоем? Барои чӣ бисёриҳо ба мактаб баргардонидани арзиши аслӣ ва қимати пешинаи ӯро талаб мекунанд? Мактаби нави миллӣ дар амалияи худ аз мактаби шуравӣ кадом анъанаи некро ба мерос нагирифтааст? Агар мо падару модарон ба ин гуна саволҳои муҳим ҷавоби асоснок ёфта натавонем, аниқ дар кори таълиму тарбия саҳм гирифтанамон хеле мушкил мегардад. Чаро?
Агар аҳамият дода бошед дар бозор фурӯшандаи ноболиғе, ки шояд аз дарс гурехта ба фурӯшандагӣ машғул аст, ба мо ду навъи молро пешниҳод мекунад: моли оддӣ ва оригиналӣ, якеро метавонад "одноразовий" ё чинӣ ном бараду дигареро моли ҳақиқӣ. Вақте ки мо аз байни мактабҳои оддию ғайриоддӣ якеро интихоб карданӣ мешавем , масали "зихна ду бор пул медиҳад"-ро пеши назар оварда мактаби оригиналиро интихоб менамоем. Кӣ ба мо кафолат додаст, ки яке оригинал асту дигарӣ не? Оё пеш аз истифодаи ин "дору" мо ба дастурамал менигарем, аз "духтур"-мутахассиси кордон маслиҳат мепурсем? Албатта не , зеро тақлид дар хуни мо шиштааст. Ҳамсоя рафт, мо ҳам рафтем, дар пушти дарвозаи мактабе, ки одам зиёд буд, он ҷо давидем...
Акнун хуб мешавад ки натиҷаи тақлидкорӣ (аниқтараш натиҷаи надонистани принсипҳои интихоби мактаб ва қои¬даҳои назорати донишандӯзии фарзандону инкишофи ӯ ҳамчун шахсият, бепарвогии омӯзгорон, миси худро ба ҷои тилло нишон додани онҳо)-ро дар экрани хаёли худ чун дар экрани телевизиони хонагиамон тамошо кунем. Тайёред? Сар кардем. Дар ин кор аз таҷрибаи ТВ истифода мекунем.Дар он ҷо аввал як саҳнаро нишон медиҳанд ва дар атрофи он мулоҳизарониҳо ибтидо мегирад. Азбаски газета ТВ нест, ин "саҳна"-ро дар экрани хаёли худ тамошо кунед ва баъд ба мулоҳизаронӣ мегузарем.
Ана шумо фарзанди худро ба яке аз литсей ё гимназияи бонуфуз ва овозадори шаҳр бурда мондед. Дар ин ҷо хондан ба ҳар кас муяссар намешавад (конкурс), хушбахтона ба Шумо муяссар шуд. Хуб чанд вақте гузашт, баҳоҳо дар рӯзнома хубу аъло, стипендияи президентии талабагӣ ҳам фарзанди Шумо мегирад, каме дар таҳсил лангиданашро шунида, Шумо боз ҳамёнатонро кушода бо муаллим, дар хусуси дарсҳои иловагӣ маслиҳат мекунед (боке не, муҳимаш фарзанд дониш гирад) Ана рӯзе фаро расид, ки як хеши дуратон меҳмонатон гашт (касбаш муаллими химия) ва аз ҷигарбанди Шумо хоҳиш кард, ки формулаи қанди ангур-глюкозаро нависад (натавонист), саволи дигаре дод: кадом адад калон аст, ? ё 2/4- фарзандатон ?-ро интихоб кард (ҳол он ки ҳарду адад баробаранд). Хешатон ба Шумо маслиҳат дод ки дигар ба мактаби оригиналӣ пул надиҳед... Чи хел намедиҳед?
Ҳама медиҳанд-ку? Айб мешавад... Табъатон хира шуд: маълум мешавад, ки шумо ин қадар пул медиҳеду фарзандатон дар мактаби ғайриоддӣ-оригиналӣ ҳатто программаи мактаби миёнаро аз худ накарда истодааст...Алам намекунад? Албатта алам мекунад. Пас айб дар ош буд ё дар мош? На дар ину на дар он, балки дар худи Шумо. Чӣ хел? Ба ёд биёред саҳар чӣ гуна бо маршрутка ба кор рафтед ва ба ронанда чӣ гуфтед? "Ягон ҷо ист, мефароям". Ана ҳамин хел Шумо фарзандатонро ба "маршрут- ка"-мактаби оригиналӣ савор карда гӯё ба "ронанда" гуфтед, "ягон ҷо бар, худаш мефарояд". Шумо-ку истгоҳи мушаххас-"Донишистон"-ро ном нагирифтед, пас барои "ронанда" чи фарқ дошт, ки фарзанди Шуморо дар куҷо фарорад?
Дар истгоҳи "Бедонишистон" ё "Донишистон"? Аммо дар асл дар як гӯшаи хаёлатон ин фикр буд, ки фарзандатонро албатта то ба "Донишистон" бурда мерасонанд. Вале боре ҳам аз худ напурсидед, ки "Ин роҳ, ки меравад, ба "Донишистон" аст?" Мувофиқи ҳуҷҷатҳо (баҳоҳо) фарзандатон дар он ҷо дар "Донишистон" аст,( вале дар асл не) Пас "Донишистон" дар куҷо буд? Бале, дар он тарафи дарё.. Тифли Шумо чӣ гуна ба он тарафи дарё гузашт? Ба воситаи кадом пул? Пули чӯбӣ? Оҳанӣ? Не. Пули қоғазӣ, сомонӣ.
Ба он тарафи дарё гузаштан танҳо як тарафи масъала, шаҳраки "Донишистон" дарвозаи калоне дорад, ки бо қулф маҳкам аст. Калидаш дар куҷо бошад? Калид дар даруни тухм, тухм дар даруни сандуқ, сандуқ дар болои дарахт, дарахт дар пушти куҳи Қоф...аммо тухмро шикастан муаммо дорад, яъне сирр... Ин сирро ки медонад , дар кадом қоғаз ин сирр навишта шуда бошад? Аҷаб содда будаед Шумо, албатта дар қоғази сомонӣ... Не-е, Шумо ин корро ин тавр намемонед, лозим шавад рафта онаи зорашонро нишон медиҳед, чӣ магар кисаи Шумо бетаг аст? Онҳо тушбераро хом шумурдаанд...Меоед назди директори мактаби оригиналӣ, охир Шумо шартнома доред.
Албатта дуруст аст, ки шартномаро ба ҷои шумо занатон имзо карда буд,(дар сафари хизматӣ будед) аммо ин аҳамият надорад. Вориди мактаб мешавед, дар соҳили ҷӯи мактаб пушти мизи корӣ, директор нишастаасту дар ҷӯи дониш мактаббачаҳо оббозиро меомӯзанд. Аз фикратон мегузарад: "Чархофалак чӣ лозим бошад?" (баъд мефаҳмед).Савол медиҳед: "Чаро фарзанди Шумо дар ҷӯи дониш шино карданро дуруст наомӯхтааст?".
Шуморо ба назди сардори департаменти дониш мефиристанд, сардори департамент ба назди менеҷер Шуморо мефиристад, менеҷер Шуморо (ба кулбаи торике медарорад, ки он ҷо бояд гурбаи сиёҳро кофта ёбед) ба назди роҳбари синф, роҳбари синф ба назди муаллими химия, муаллими химия ба назди муаллими математика.....
Шумо саргаранг шудед, зеро директор Шуморо чунон устокорона ба чархофалак шинонд ки худатон нафаҳмидед (ин усули корро усули чархофалак мегӯянд) ва баъди ду-се бор чарх задан саратон ба дард даромад ва зери лаб дашноме дода аз баҳри ҳама чиз гузаштеду аз мактаб баромадед. Раҳ ба раҳ аз хусуси он андеша мекунед ки чаро дигарон дар олимпиадаҳо соҳиби медал мегарданду фарзанди Шумо ҳатто программаи мактаби миёнаро аз худ карда наметавонистааст?!
Наход муаллимони мактаби оригиналӣ баҳоҳои фарзанди шуморо аз будаш зиёд нишон дода бошад? Дар мактаби оригиналӣ хонда босавод шудани фарзандатон ин орзу, хости Шумо буд ва Шумо онро чун воқеият қабул кардед. Хаёл кардед пул мисли чӯбчаи сеҳрноки шуъбадабоз ҳама корро ба ҷои Шумо бо як дастафшонӣ иҷро мекунад. Акнун Шумо гаранг шудед, воқеан ин нишонаи хуб аст Чаро?
Назорати донишазхудкунӣ ва инкишофи шахсияти кӯдак хеле мураккаб аст,-мисли механикаи квантӣ (фанни мураккаб). Агар аз хондани механикаи квантӣ саратон ба дард надарояд, дар оянда онро фаҳмиданатон душвор.
Хеши дуратон хушбахтона, боз дар хона (кораш дар шаҳр буд нашудаасту боз шабро дар хонаи шумо мегузаронад). Ана ҳамин хеши дуратон ба Шумо асли воқеаро мефаҳмонад. "Мо дар давраи иқтисоди бозорӣ зиндагӣ дорем ва тамаддуни имрӯзаи моро тамаддуни спектакл -намоишнома низ номидан ба ҳақиқат наздик аст.Чаро? Дар спектакл механданд, фарзандатон соати 8 ба мактаб рафта соати 11 омад магар ин хандаовар нест? Синфи 8-и мактаби оригиналии давлатӣ ба спектакл меравад (бо пул албатта).Вақте мепурсед ки чиро тамошо кардед, дар саҳна киро дидед ва чи фаҳмидед, аҳли синф хомӯш ва яке аз онҳо мегуяд: "Дар "Орзуи падар"-ро тамошо кардем (актер Муҳаммадҷон Шодиевро дар яке аз нақшҳо дидаанд) ва Лоиқ Шералиро дидем (ҳол он ки ин шоир кайҳо дар қайди ҳаёт нест ва ҳунари актерӣ надошт). Магар ин хандаовар нест?
Албатта Шумо мисолҳои худро доред ва аз эҳтимол дур нест, ки онро ба дӯстон нақл карда муҳокима низ мекунед.Замони мо замонест, ки дар он ҳама чиз ба намоиш гузошта шудааст, (ороиши мактабҳо аз ороиши кадом спектаклҳо фарқ доранд? Магар ба Шумо ҳамаи инро барои он ороишу реклама намекунанд, ки Шумо масалан маҳз ба ҳамин мактаб биёед? Ё барои таҳсил пул намедиҳед? Ё барои пурра аз худ кардани программа ба муаллими хусусӣ пул намедиҳед?), мақсад аз намоиш фурӯш аст. Дар чунин спектакл, мутаасифона, ба мизоҷон (падару модарон) нақши дуюмдараҷа пешбинӣ шудааст ва иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ аксар вақт қаҳрамонони ҳақиқии марказӣ нестанд. (Магар хандаовар нест, ки масалан литсей ё гимназия номи калон дораду толибилмаш дар назди дигар муаллимон ё маркази рушди истеъдод барои тайёрии ҷиддӣ ба имтиҳон меравад?
Имтиёзҳои пулии давлатӣ ё статуси махсуси давлатӣ чӣ маънӣ доштааст? Дар намоишномаи театр бозии актёр нақши асосӣ дорад, аммо дар намоишномаи зиндагии мо бозӣ нест. Дар ин ҷо танҳо чи гуна худ ва моли худро фурӯхтан, инчунин чи гуна баҳои худро баланд бардоштан аҳамият дораду халос. Ин театр нест, ба ин ҷо одамонро барои он таклиф менамоянд, ки бисёртар харанд, истеъмол кунанд.(спектакли истеъмол-бозор, универмаг, маркази савдо ва ғайраю ҳоказо). Ҳаёти ҳаррӯзаи мо шабеҳи спектакл аст. Имрӯз спектакле, ки ба харид ва истеъмол даъват мекунад (тавассути рекламаю навиштаҷотҳо ва ғ.), аз спектакли театр дида одамонро зиёдтар ба худ ҷалб карда метавонад (барои ҳамин одамон ба театр кам мераванд, барои ҳамин мо кӯдаконро қариб, ки ба зӯрӣ ба театр мебарем). Беҳуда ҳаҷвнигори шинохта Убайдуллои Раҷаб дар мусоҳибаи худ бо журналистон намегӯяд, ки имрӯз ҳама чиз, аз ҷумла театр ба бозор кӯч бастааст. Мактаб низ истисно нест. Агар чуқуртар аҳамият диҳед дар мактаби шуравӣ муаллим бо шогирд сару кор мегирифт.
Имрӯз бошад гӯё муаллим нею менеҷер, бо шогирд нею гӯё мизоҷ (муштарӣ) сару кор дорад. Маҳз барои ҳамин давлат ва вазорати маориф ҳамаи чораҳои заруриро барои зина ба зина беҳтар кардани сифати дониш, (қабули программаи сифат) ва ҷалби хонандагони дар ҳақиқат қобилиятнок ба мактабҳои ба истилоҳ оригиналӣ дида истодааст. Дар ин ҷода кор хеле зиёд аст. Аз рӯи кадом аломатҳо ё мисолҳо характери намоишӣ-спектаклиро муайян кардан мумкин аст? Мисолҳо хеле зиёданд ва аз ҳама аламовараш ин аст, ки аксарияти мактабҳо ба яхпораҳои бузург- айсбергҳо шабоҳат пайдо кардаанд, ки падару модарон (агар мутахассис набошанд) танҳо қисми дар болои об будаи онро мебинанду халос, ҳол он ки қисми асосии ин яхпора аз назар ноаён зери об аст. Барои ҳамин баъзан чунин ҳам мешавад ки муаллими дорои этикаи баланди профессионалӣ ба маоши баланди мактаби "оригиналӣ" нигоҳ накарда (спектакли истеъмол ба дилаш мезанад) метавонад ба мактаби оддӣ баргардад." Баъди шунидани ин суханҳои ҳикматомези хеши дуратон (одами наздикатон) бешубҳа ба худ қоил мешавед, ки дар ҳақиқат агар фарзанди Шумо саводи казоӣ нагирифта бошад, худи Шумо низ дар ин кор саҳм гузоштаед.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 16 октябри соли 2013