06:49:15 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Болоравии нархи барқ зарбаи нав ба ҷайби мардум аст

Темур Раҷабализода, "Рӯзгор"  

Бонки ҷаҳонӣ бори дигар ба масъулини ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки нархи қувваи барқро дар кишвар афзоиш диҳанд. Дар тавсияҳои Бонки ҷаҳонӣ, ки барои рушди соҳаи энергеткии Тоҷикистон исрол намудааст, таъкид шудааст, ки боло бурдани нархи барқ аз омилҳои асосии ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба ин соҳа мебошад.

quvvai-barq-4556988Ҳамчунин, ин ниҳоди байналмилалӣ иброз доштааст, ки бо нархҳои мавҷудаи барқ сармоягузорӣ дар бахши энергеткии Тоҷикистон чандон фоидаовар набуда, гароншавии нархи барқ мардумро ба сарфакорӣ водор хоҳад кард. Мувофиқи созиши Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон нархи барқ дар соли 2013 бояд ҳадди ақал 3 сент сари ҳар киловатро ташкил медод, аммо феълан  нерӯи барқ барои мардуми Тоҷикистон бо арзиши 2,5 сент фурӯхта мешавад.

Ҳарчанд баъди ин тавсияи ахири Бонки ҷаҳони, то ҳанӯз сохторҳои марбута расман барои боло бурдани нархи барқ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоде накардаанд, вале бархе аз ниҳодҳо ҷонибдори боло бурдани арзиши нерӯи барқ мебошанд.

Ширкати "Барқи тоҷик", аз ҷумлаи ниҳодҳое мебошад, ки барои рушди соҳаи энергетика, афзоиши нархи барқро дар Тоҷикистон зарур меҳисобад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат, дар суҳбат ба "Рӯзгор" иброз намуд, ки тибқи тавсияи Бонки ҷаҳонӣ арзиши барқ дар Тоҷикистон бояд ҳадди ақал 2,5 сент бошад, лекин айни ҳол нархи миёнаи барқ дар кишвар 1,83 сент аст, ки ин хеле арзон мебошад ва яке аз сабабҳои норасоии барқ ва бӯҳрони энергетикӣ низ дар Тоҷикистон ҳамин аст.

Номбурда илова намуд, ки ба назари ӯ нархи барқ бояд афзоиш ёбад, то тамоми хароҷоти соҳа пӯшонда шаваду системаи энергетикии кишвар пеш равад: "Лекин вобасат ба тавсияи Бонки ҷаҳонӣ Ширкати "Барқи тоҷик" то ҳол расман барои боло бурдани нархи барқ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоде накардааст".

Ин дар ҳолест, ки Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, то вақте ки қочоқи нерӯи барқ ва системаи нодуруст дар бахши энергетикаи кишвар вуҷуд дорад, бо боло бурдани нархи барқ хеҷ гоҳ системаи энергетикӣ пеш намеравад ва хароҷоти ин соҳа низ пушонида нахоҳад шуд.

Ба қавли ин коршинос, роҳҳои дигари рушди системаи энергетикӣ ва пушонидани хароҷоти бахши энергетикӣ дар кишвар вуҷуд дорад, ки масъулин намехоҳанд аз он истифода баранд: "Масалан, насби ҳисбкунакҳои барқии муосир, агар дар ҳама ҷо дуруст роҳанозӣ гардад ва онро дуруст амалӣ намоянд, ин яке аз роҳҳои беҳтарини сарфи нерӯи барқ, рушди система мебошад, лекин масъулин намехоҳанд инро, зеро агар чунин кор воқеан ҳам амалӣ гардад, онҳо аз ришва хурдан мемонанд".

Бояд зикр намуд, маслиҳати Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати боло бурдани нархи қувваи барқ дар ҳолест, ки иддае аз соҳибназарон амалишавии чунин тавсияро боз як зарбаи навбатӣ задан ба ҷайби мардуми кишвар арзёбӣ намуданд.

Абдулло Ашуров, як хабарнигори тоҷик, ки бештар масъалаҳои иқтисодиро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба шароити пасте, ки мардуми кишвар доранд ва маоше, ки онҳо мегиранд, набояд нархи барқ афзоиш ёбад, зеро мардум қудрати пардохти онро надоранд.

Ин мусоҳибамон қайд намуд, ки дар мавриди афзоиш додани нархи нерӯи барқ Бонки ҷаҳонӣ як сиёсати нодурустеро ба роҳ мондааст ва аз чунин тавсияи ин бонк комилан норозӣ мебошад.

Лозим ба ёдоварист, Тоҷикистон бо вуҷуди он ки ҳудуди 60 дарсади манбаҳои оби Осиёи Марказиро дар ихтиёр дораду зарфияти рӯдхонаҳояш барои истеҳсоли 527 миллиард киловатт-соат қувваи барқ кифоят мекунад, ҳар сол дар фасли зимистон аз сабаби камбуди тақрибан 3-5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ маҷбур аст, дар кишвар лимити барқ ҷорӣ кунад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №28, 11 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi