23:00:45 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Чароғи сеҳрноки Аловуддин" оё гармиву равшанӣ дорад?

Мактуби бетаҳрир

Вазорати маорифи ҷумҳурӣ таи чанд соли охир иқдоми хуберо пеш гирифтааст, ки дар давраи вазнинии замистон, яъне моҳи январ мактаббачаҳоро аз дарс озод намуда ба таътили зимистона мефиристад. Зеро дар ин давра гарм нигаҳ доштани синфхонаҳо аз имкон берун аст. Чун ҳарсола мактаббачаҳо дар ин давра ба театру кино,сирку осорхонаҳо ҷалб карда мешаванд, ки ин кори хуб аст.

aladin 554554Махсусан театрҳои ҷумҳурӣ ҳадал имкон ин лаҳзҳоро мехоҳанд хуб истифода баранд ва хонандагонро ҳар чи зиёдтар ба театр ҷалб намоянд. Азбаски фарзандони мо дар мактабҳои ноҳияи Синои шаҳр зиндагӣ мекунанд,аксаран онҳо ба Tеатри ҷавонони ба номи М.Воҳидов ва гоҳу ногоҳ ба Tеатри русии В.Маяковский ва Tеатри Лухтак мераванд. Ногуфта намонад, ки хонандагон бояд аз тамошои спектаклҳо ғизои маънавӣ бигиранд ва дар бораи некиву бадӣ,росту дурӯғ, эҳтироми падару модар, устодону ҳамсинфон,нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ғайраҳо маълумоти дақиқ пайдо намоянд.

Ба назари мо вақти он расидааст, ки ба хонандагоне, ки алакай синашон аз 7 сола боло аст, намоиш додани асарҳои шеру паланг ва сагу маймунро кам кунем ва ё хубтараш накунем, зеро давру замон дигар аст, фаҳмишу тасаввуроти хонандаи имрӯз дигар аст. Хусусан намоишҳо бо иштироки деву париҳо, аҷинаву ҷодугарҳо ба руҳияи кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. (Олимон инро кайҳо исбот кардаанд). Аксари кӯдакҳои имрӯзаи мо норасоии руҳӣ ва қалбӣ доранд, зеро воқеаҳои нохуши солҳои охири асри гузашта ва аввали асри мо ба равони падарону модарони онҳо таъсири манфии худро расонидааст ва хоҳу нохоҳ он ба фарзандон мегузарад. (Ин кор омӯзиши махсусро тақозо дорад).

Намоиши навбатие,ки ба муносибати пешвозгирии Соли нави мелодӣ фарзандони мо дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов тамошо карданд "Аловуддин ва чароғи сеҳронок" ном дошт (муаллиф ва таҳиягар Нозим Меликов). Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки ин намоиш ба соли нав ягон алоқамандие надорад. Дигар ин, ки садоҳои даҳшатноки деву аҷинаҳо маризии руҳии кудаконро боз инкишоф медиҳад.Сюжаи асар сохтаву бофта аст ва сатҳи он аз Аловуддине,ки мо солҳои кӯдакӣ мехондем хеле поён аст. Коргардон кӯшидааст, ки ба воситаи чароғҳо ва садоҳои даҳшатноки деву аҷинаҳо ин камбудиро пӯшонад, вале ҳайҳот…

Шояд ин нуқсонҳоро худи коргардон Нозим Меликов низ медонад ва барои бо руҳи болида равон кардани хонандагон дар охири намоиш сурудҳои тӯёнаи Зафарча ва дигар овозхонҳои кӯчагиро мемонанд то мактаббачаҳо ба рақс андармон шуда, аз деву аҷинаҳо фаромӯш кунанд. Аз чунин сурудҳои бемаънӣ бозорҳо пур, ҳоҷати ба театр рафтан нест.Наход инро роҳбарони театр надонанд? Дар ҳолате, ки аз ин сурудҳо аксари мардуми Тоҷикистон ба дод омадаанд. Театр ба ҷои боло бурдани завқи мактаббача, баръакс онро поён мефарорад ва тасдиқ мекунад, ки маҳз ҳамин суруду рақсҳо барои миллати мо муҳиманд ва санъати асилу муҳим ҳамин аст.

Ба болои ин сард будани бинои театр барои саломатии фарзандони мо хеле хатарнок аст, ки ин камбудиро роҳбарияти театр чандин сол аст, ки ҳал карда наметавонад ва ё ҳал кардан намехоҳад.Чӣ мантиқ дорад, ки ба хотири аз хунукии қаҳратун эҳтиёт кардани мактаббачаҳо онҳоро ба таътили зимстона мефиристанд ва ҳамзамон онҳоро ба биноҳои сарду хунуки театрҳо мебаранд. Як сол пеш низ дар ин мавзу бо роҳбарияти ин театр арзи дил карда будем. Нархи чиптаҳои намоишҳои театрӣ то 10 сомон омада расидааст,ки дар ин шароит аксари хонаводаҳо имконияти равон кардани 4-5 фарзандро ба театру кино надоранд. Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва вазорати маориф оиди ин масъала бояд андеша намоянд.

Сифати бозии артистон низ беҳбудиро тақозо дорад. Ҳатто бозиҳои  то як андоза хуби Моҳпайкар Ёрова (дар нақши модар), Назримад Мусоев, (дар нақши Шоҳ), Абдумӯмин Шарифов, (дар нақши мӯсафеди афсонагӯ), Қамар Мирзоалиев (дар нақши марди мусофир) ва баъзе дигарон наметавонад ковокии асарро пӯшонад. Баръакс, сару либоси духтари шоҳи афсона,ки онро Заррина Бадалова мебозад, аз сару либоси олуфтасатангҳои имрӯза қариб, ки фарқе намекунад. Нақши асосии намоиш Аловуддин (ҳанарманд Ватандор Шеров) бошад хира ва ниҳоят суст аст, ки онро ҳар бинандаи чалласавод ҳам бараъло эҳсос менамояд.

Саҳнаи тӯйи духтари шоҳ барои мо калонсолон ҳатто хандаовар аст. Дурӯғ ҳам ба эбаш-да, муҳтарам ҳунармандон! Табиӣ ва ё сунъӣ бозидани ҳунарманд ба виҷдони коргардону худи ҳунарманд вобаста аст, аз ин шояд ба кӯдак чандон таъсири манфӣ нарасад, вале барои кӯдакони хурдсол нишон додани саҳнаҳои даҳшатнок бо иштироки деву аҷинаҳо аниқ ба равони мактаббача зарари ҷиддӣ мерасонад, ки ин нобахшиданист. Аз роҳбарияти Театри давлатии ҷавонон хоҳишмандем ин андешаҳои моро ба инобат бигирад ва оянда барои бачаҳои мо намоишҳои сатҳи бадеияшон хубтарро пешниҳод намояд.

Ҳошим Қосимов, Душанбе

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi