22:15:53 05-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ЯК НОБОЛИҒ БО АЙБИ ҲАМДАСТӢ БО ҲИУ

Идораи умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти як хонандаи мактаби миёна бо айби ҳамдастӣ бо Ҳаракати Исломии Узбакистон хабар додааст. Насибуллоҳи Зобирзода, муҳассили синфи 11 дар ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, дар ҳоле мавриди боздошт қарор гирифтааст, ки ба амакаш Зайлобиддин Иброҳимов ва чаҳор шарикони аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ панаҳбурда ғизову хӯрок мебурдааст.

 

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, оқои Иброҳимов ва шарики вай ҳанӯз аз соли 2006 ба гумони узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар таҳти пайгард қарор доштанд. Насибуллоҳ барои онҳо, ки дар як хона панаҳ мебурданд, хӯроку дигар муҳимот мерасонд. Идораи умури дохилии Суғд мегӯяд, ки нисбат ба Насибуллоҳ аз рӯи моддаҳои 36 қисми 5 ва 187 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - ҳамдастӣ дар ҷиноят ва иштирок дар иттиҳодияи ҷиноӣ муттаҳам дониста мешавад, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

 

 

Мақомоти интизомии вилояти Суғд мегӯянд, ки ҷалби ҷавонон ба созмонҳои тундрави мазҳабӣ дар ин охирҳо афзоиш меёбад ва сар аз соли ҷорӣ то имрӯз 15 нафар бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ғайриқонунии тундрав мавриди боздошт қарор гирифтаанд. Аммо ин барои аввалин бор аст ки як ноболиғ бо ҷурми ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои тундрав пайваста аз сӯи идораҳои давлатӣ дар вилояти Суғд ба маҳкама кашида мешавад.

 

Аксар ҷавонони суғдӣ мегӯянд, ки ҳадди аққал як бор дар ин охирҳо дар бораи фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ ба мисли «Ҳизб-ут-таҳрир» шунидаанд. Пайрав як сокини Хуҷанд аст. Ӯ мегӯяд, ки аз рӯи шунидаш ҷавонҳое, ки аз шароити номусоиди кор ва бепулӣ азият мешаванд, бо таблиғоти ин гуна гурӯҳҳо фирефта мешаванд.

 

Мубинҷон, яке аз дигар ҳамсӯҳбатонам, мегӯяд, ки аксар ҷавонҳое, ки огоҳона ва ё тасодуфӣ ба ҳамкории ин гуна гурӯҳҳо мепайванданд, дониши нокофии сиёсиву мазҳабӣ доранд ва на ҳамеша дарк мекунанд, ки пайомади воқеии ҳамкорӣ бо ингуна созмонҳо чӣ буда метавонад.

 

Мубинчон меафзояд, ки дар аксар ҳолатҳо чунин ҷавонон қурбони равобити хешутаборӣ, фирефтаи ҳарфҳои калонсолон мешаванд, ки барояшон, ба қавле, дар интихоби “роҳи дуруст” дар ислом раҳбарӣ мекунанд. Дар мисоли боздошти Насибуллоҳи мактабхон ӯ гуфт, эҳтимолан ин ҷавон бо хости волидонаш ба амаки дар ҳолати бад қарордоштааш кӯмак мекарду ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё иттиҳоми ҷиноии онҳо кор надошт.

 

Дар ҳамин ҳол коршиносони суғдӣ ҳам перомуни ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва ба маҳкама кашидани онҳо назарҳои гуногун доранд. Мирзоолими Мирзораҳим, як коршиноси ҷавони суғдӣ, мегӯяд, набуди шароити озоди зист ва ҳам сатҳи пасти маърифати ҷавонон, ки онҳоро ғарқи мушкилот гардонидаанд, ноилоҷ онҳоро ба доми гурӯҳҳое мепартояд, ки аз ҷониби давлат ғайриқонунӣ маҳсуб дониста шудаанд.

 

Иддае аз коршиносон мегӯянд, ки ин ҷо мушкил боз ҳам дар нотавониҳои давлат дар таъмини сокинонаш бо кору зиндагии шоиста аст, ки натиҷааш афзоиши сафи бекорон шудааст. Ноқаноатмандиҳои иҷтимоиву сиёсӣ, мегӯянд онҳо, нафарони зиёдро аз зиндагӣ дилсард мекунад ва агар бархе ноогоҳона ба узвияти гурӯҳҳои даъваткунанда ба сарнагун кардани давлати дунявӣ ҷалб шаванд, дигарҳо баръакс бо иродаи қавиву ҳадафмандона ба ин кор ҷалб шуда, боз пайравони дигарро ба сафи худ ҷалб мекунанд.

 

Қамари Аҳрор, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854