АФЗОИШИ ИБТИЛО БА ВИЧ АЗ РОҲИ ҶИНСӢ
Масъулони созмонҳои марбут ба мубориза бо густариши Эйч Ой Ви (ВИЧ) дар Тоҷикистон ва минтақа мегӯянд, ин вирус дар Тоҷикистон аз роҳи иртиботи ҷинсӣ густариши бештар пайдо мекунад.
Ин дар ҳолест, ки истифодаи сурангҳои муштарак дар миёни мӯътодон дар ин кишвар наҳваи аслии густариши вируси Эйч Ой Вӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Масъулони барномаҳои алайҳи вируси Эйч Ой Вӣ ва Эйдз ҳамзамон аз ҳамкории бештари фаъолони рӯҳонӣ бо онҳо ибрози хушнудӣ мекунанд. Ширкаткунандагони ин конфаронс дар бораи масоили марбут ба муҳоҷират ва густариши вируси Эйч Ой Вӣ ва бемории Ейдз дар натиҷаи ин раванд табодули назар карданд.
Дар Тоҷикистон ба гуфтаи ширкаткунандагон 11 дарсад аз афроди дорои вируси Эйч Ой Вӣ ки сабти ном шудаанд, афроде ҳастанд, ки дар муҳоҷират гирифтори ин вирус шудаанд. Вале Матлюба Раҳмонова, муъовини раиси маркази мубориза бо Эйч Ой Вӣ гуфт, ки нақши муҳоҷирони корӣ дар густариши ин вирус дар бештари маворид иғроқангез будааст.
Вай гуфт, ки бештарин мавориди ибтило ба вируси Эйч ой Вӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон дар миёни муътодони маводд бо суранг буда вале мавориди ибтило ба ин беморӣ аз роҳи ҷинсӣ низ дар солҳои ахир ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст. Хонум Раҳмонова гуфт: “Агар дар соли 2003 фақат 8 дарсади афроди сабтшуда аз роҳи робитаи ҷинсӣ мубталои вируси Эйч ой Вӣ шудаанд, дар 9 моҳи соли 2009 теъдоди онҳо 27% дарсадро ташкил медиҳад.”
Бо ин ҳол ширкаткунандагон нишасти Душанбе таъкид карданд, ки рӯҳониёни тоҷик ҳамакнун бештар моиланд бо созмонҳои мухталиф дар заминаи мубориза бо густариши Эйч Ой Вӣ ҳамкорӣ кунанд.
Мушовири барномаҳои ИКУ ё Барномаи рушди Ҳуланд дар Тоҷикистон мегӯяд ки мардум ба ҳарфи онҳо гӯш медиҳанд. Вай гуфт таҳқиқе, ки онҳо анҷом додаанд нишон медиҳад, ки нигоҳи рӯҳониён дар бораи бархурд бо бемории Ейдз ва вируси Эйч ой Вӣ оҳиста оҳиста тағйир мекунад. Барои мисол вай гуфт:
“Назарсанҷии мо нишон медиҳад, ки 72 дар сади рӯҳониён дар Тоҷикистон бо истифодаи кондум мувофиқ ҳастанд. Ва дар ҳоле, ки қаблан куллия муллоҳои тоҷик муътақид буданд, ки вируси Эйч Ой Вӣ нафрини худо будааст, аммо ҳоло фақат танҳо 56 дарсади рӯҳониён бар ин бовар буда ва муллоҳои зиёде ҳастанд, ки дар барномаҳои созмонҳои ғайридавлатӣ ширкат мекунанд ва кӯмак мекунанд, то бархурди мардум бо афроди мубтало ба ин вирус тағйир ёбад, то онҳо табъиз нашаванд.”
Бо ин ки ба гуфтаи корогаҳон мавориди ибтило ба вируси Эйч Ой Вӣ аз роҳи иртиботи ҷинсӣ дар Тоҷикистон афзоиши се баробар пайдо кардааст, тибқи омори созмони дигари ширкаткунанда дар нишасти рӯзи сешанбе дар Душанбе 92 дарсади мардҳо дар ин кишвар бо шумули муҳоҷирони мавсимии корӣ бо ҳамсарони худ кондум истифода намекунанд.
Би-Би-Си