ДАРХОСТИ ОХИРИН ТОҶИКИ ГУАНТАНАМО
Сарнавишти минбаъдаи охирин шаҳрванди Тоҷикистон, маҳбуси Гуантанамо, ки ҳаштумин соли умрашро ин ҷо сипарӣ мекунад, ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад. Умар Абдуллоеви 30-сола, ки ҳанӯз ҳам дар Гуантанамо аст, бори дуввум аст, ки аз додгоҳи Амрико мехоҳад, ӯро ба Тоҷикистон истирдод накунад, зеро бим дорад, ки дар ватанаш азобу шиканҷа хоҳад шуд.
Вай бим дорад, ки баъди бозпас фиристода шуданаш ба Тоҷикистон айни баъзе бандиёни дигар, ҷояш гӯшаи зиндон ва ё дучори шиканҷа хоҳад шуд. Вакили дифоъи Абдуллоев дар ариза ба додгоҳ навиштааст, қатъи баррасии парвандаи Умар Абдуллоев дуруст нест ва бояд идома ёбад ва агар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ӯ кишвари муносиб барои паноҳгоҳ наёбад, пас Абдуллоев ҳақ дорад, дар Иёлоти Муттаҳида бимонад.
Аризаи Умар Абдуллоев ба додгоҳ баъди он ироа шуд, ки ҳукумати Барак Обама дастури бозпас фиристодани ӯ ба Тоҷикистонро содир кард ва додрас Реггӣ Велтон ҳам баррасии парвандаи ӯро муттавақиф намуд.
Дар аризаи шикоятии вакили дифоъи Умар Абдуллоев омадааст, бо ин кор “додрас дастурҳои возеҳи Додгоҳи олии Амрикоро” нодида гирифтааст, ки ба бандиёни Гуантанамо ҳақ додааст, аз боздошти худ ба додгоҳҳои мулкии Иёлоти Муттаҳида шикоят баранд.
Ба гуфтаи вакил, ҳукумати Амрико бо иҷоза барои бозпас фиристодани Умар Абдуллоев “ба гӯшаҳои беназорати зиндонҳои Тоҷикистон” ӯро бо ҳарфҳои ногуфтааш аз ҳаққи таҷдиди назари аризааш маҳрум хоҳад кард.”
Муттавақиф кардани баррасии парвандаи Умар Абдуллоев, ба гуфтаи вакили дифоъаш, ӯро ба хатари “бадтарин сарнавишти эҳтимолӣ, яъне супурдан ба чанги шиканҷа” дучор хоҳад кард.
Достони Умар Абдуллоев тӯлонист. Ӯро соли 2001 баъди оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон, дар Покистон боздошт карда ва сипас ба Гуантанамо андохтанд. Абдуллоев дар муҳокимаҳои додгоҳӣ гуфтааст, ки қурбонии ҳарисии маъмурони амниятии Покистон шудааст, ки ба хотири инъом гирифтан, ӯро бо роҳи фиребу шиканҷа ба дасти маъмурони амниятии Амрико супурдаанд.
Дар шарҳи ҳоли Умар Абдуллоев, ки як созмони ҳомии ҳуқуқи Амрико нашр кардааст, мехонем, ки ӯ замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон соли 1992 дар синни 13-солагӣ бо хонаводааш аз тарси таъқиб ба Афғонистон фирор карда, то соли 1994 дар урдугоҳи Имом Соҳиб, наздикии шаҳри Кундуз ба сар бурдааст. Баъди шунидани хабари қатли падараш дар Тоҷикистон, Умар бо наздиконаш орзуи бозгаштро аз сар дур карда ва соли 2001 бо модараш ба урдугоҳе дар Пешовари Покистон рафтаанд. Ва 25 ноябри соли 2001 ба дасти маъмурони амниятии Покистон афтида ва сарнавишташ то ба Гуантанамо кашидааст.
Маркази ҳимояти ҳуқуқи конститутсионии Амрико мегӯяд, маъмурони амниятии Тоҷикистон се дафъа дар Гуантанамо бо Умар Абдуллоев мулоқот ва ба ӯ таҳдид намудаанд, ки дар сурати ҳамкорӣ накардан бо онҳо, баъди бозгашт ба Тоҷикистон “рӯзаш сиёҳ” хоҳад шуд.
Маркази ҳуқуқии мазкури Амрико мегӯяд, тарси Умар Абдуллоев аз бозгашт ба ватанаш асос дорад, зеро ду бандии дигари тоҷик Руҳиддин Шарипов ва Собит Валихонович баъди истирдод ба Тоҷикистон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.
Вазоратҳои умури хориҷа, дохила ва кумитаи амнияти Тоҷикистон то кунун доир ба қазияи Умар Абдуллоев ибрози назар накардаанд. Дар маҷмӯъ 11 шаҳрванди Тоҷикистон дар Гуантанамо бандӣ буданд ва ба истиснои як ду нафар, доир ба сарнавишти бақияи онҳо иттилои зиёде дар даст нест.
Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико ваъда дода буд, то охири ҳамин сол Гуантанаморо мебандад ва аз ин рӯ парвандаи баъзе аз бандиёни Гуантанаморо лағв карда ва мехоҳанд, онҳоро ба кишварҳояшон баргардонанд.
Тоҳири Сафар, «Озодӣ»