ТАЛОШИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ТАШХИСИ ЗУКОМИ ХУК
Вазорати беҳдошти Тоҷикистон бурузи зукоми хук дар Тоҷикистонро баъид намедонад, вале мегӯяд, то ҳол ягон ҳодисаи гирифторӣ ба ин маризӣ дар Тоҷикистон сабт нашудааст.
Ахиран, сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо ҳушдоре ба шаҳрвандони худ, ки дар Тоҷикистон қарор доранд ё ба Тоҷикистон омаданиянд, муроҷиат карда ва гуфтааст, эҳтимол дорад, дар сурати бурузи ин маризӣ дар ин кишвар тадобири амниятие барои ҷилавгирӣ аз густариши маризӣ анҷом шавад, аз ҷумла, маҳдудияти сафар, муоинаи ренгтенӣ ба ҳангоми убуру мурур аз марз, карантин ва ё дигар.
Сафорати Амрико ҳамчунин гуфтааст, ки натавонистаст дар мавриди вуҷуди ибтило ба бемории зукоми хук дар Тоҷикистон аз мақомоти давлатӣ иттилоъе дастрас кунад, аммо тибқи иттилоъи дигар манобеъ ҳадди ақал ду ҳодисаи гирифторӣ ба зукоми хук дар Тоҷикистон сабт шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, вазорат расман ҳеҷ муроҷиате ё дархосте аз сафорат дарёфт накардааст.
Аммо Мирзоев дар мавриди иттилоъи сафорат мабнӣ бар гирифтории ду нафар ба зукоми хук таъкид кард, ки ахиран намунаҳои 500 маризи зуком барои таҳлил гирифта шуданд ва 166 намунаи афроди гумонбар ба зукоми нав барои ташхиси дақиқ ба референс-лабораторияҳо ё лабораторияҳои сарпараст ба шаҳри Лондони Бритониё фиристода шудаанд.
Вай гуфт, вазорати тандурустии Тоҷикистон мунтазири посухи ин намунаҳо дар рӯзҳои наздик аст. Вале Аъзам Мирзоев ҳамзамон гуфт, ин панҷсад нафар табобат гирифта, аз муроқибати пизишкон озод шудаанд.
«Озодӣ»